Фанни Иқтисоди миллӣ

Хизматрасониҳое, ки бо хизматрасонии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ алоқаманданд

Хизматрасонии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ бо хизматрасониҳои нақлиёт, алоқа, мубодилаи иттилоот, таблиғоти шабакавӣ ва ғ. алоқаманд аст. Нақлиёт ҳаракати мол (бор) – ҳо ва одамон (мусофирон) – ро байни дув а зиёда мамлакатҳо таъмин мекунад. Вобаста аз намуди нақлиёте, ки дар боркашонӣ истифода бурда мешавад, алоқаҳои баҳрӣ, дарёӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилиро фарқ мекунанд. Алоқаҳои байналхалқӣ мустақим ва омехта мешаванд. Алоқаҳои байналхалқии мустақим бо як намуди нақлиёт хизматрасонӣ карда мешаванд; алоқаҳои омехта бошанд, аз рӯи тартиб бо дув а зиёда намудҳои нақлиёт. Ҳамлу нақли омехтаи бор ва одамон метавонанд бо як ҳуҷҷати нақлиётӣ ба расмият дароварда шаванд, ки тамоми намудҳои нақлиёти дар он истифодашавандаро дар бар мегиранд. Чунин ҳамлу нақлҳо баъзан интиқоли омехтаи мустақим номида мешаванд. Мол бо ёрии воситаҳои ҳамлу нақл аз макони истеҳсолот то нуқтаи истеъмолот интиқол дода мешавад. Ҳамзамон нақлиёт гӯё ҷараёни истеҳсоли молро дар ҳудуди бахши муомилот идома дода, ба арзиши аввалаи он (нарх) арзиши бо маҳсулоти нақлиёт дар вақти интиқол ба миён овардаро илова мекунад. Воситаи нисбатан умумӣ ва самараноки интиқоли ҳаҷми зиёди борҳо ба масофаи дурр нақлиёти баҳрӣ ба шумор меравад. Ба ин намуди нақлиёт қариб 80% ҳаҷми савдои байналхалқӣ рост меояд. Барои ҳамлу нақли баҳрӣ ва ҳавоӣ коносамент истифода бурда мешавад. Коносамент (фр. Connaissement, англ, bill of lading B/L), қоғази қиматноке мебошад, ки ҳуқуқи моликиятро ба моли мушаххаси дар он нишондодашуда инъикос менамояд. Барои ҳамлу нақли баҳрӣ – ин ҳуҷҷати нақлиётие мебошад, ки шартҳои шартномаи ҳамлу нақли баҳриро дар бар мегирад ва дорандааш ҳуқуқи идора кардани борро соҳиб мегардад. Мафҳуми коносамент, маълумотҳои ҳатмии он, шартҳои тартибдиҳӣ дар Кодекси баҳрнавардии тиҷоратӣ муайян карда шудаанд. Коносамент аз ҷониби таҳвилгар ба борфиристонанда дода мешавад ва воқеаи бастани шартномаро тасдиқ менамояд. Коносамент ба тамоми бор дода мешавад, новобаста аз он, ки ҳамлу нақл бок адом тарз амалӣ карда мешавад: бо пешниҳод намудани тамоми киштӣ, хонаҳои алоҳидаи киштӣ ё бе чунин шарт. Коносамент хаттӣ, чартерӣ, соҳилӣ, бортӣ мешавад. Дар коносаменти хаттӣ иродаи фиристонанда инъикос карда мешавад, ки ба бастани шартномаи ҳамлу нақли бор равона карда шудааст. Коносаменти чартерӣ – ин коносамент барои тасдиқи қабули боре дода мешавад, ки дар асоси чартер ҳамлу нақл карда мешавад. Чартер шартномаи кирокунӣ, яъне шартнома дар бораи киро кардани киштӣ барои иҷро намудани сафар ё барои мӯҳлати муайян мебошад. Коносаменти чартерӣ ҳуҷҷат барои ба расмият даровардани шартномаи ҳамлу нақли баҳрӣ ба ҳисоб намеравад, зеро дар ин ҳолат шартномаи алоҳидаи киро намудани киштӣ дар шакли чартер баста мешавад. Чун коносаменти хаттӣ, коносаменти чартерӣ низ муносибатҳои байни таҳвилгар ва шахси сеюм – дорандаи коносаментро муайян мекунад. Коносамент забонхат барои тасдиқи қабули бор барои ҳамлу нақли баҳрӣ, инчунин ҳуҷҷати идоракунандаи бор мебошад, ки таҳвилгар ба фиристонанда медиҳад. Ҳамзамон шартномаи хариду фурӯши молҳо, инчунин дигар амалиётҳо нисбати мол тавассути коносамент бе супоридани ҷисмонии худи мол амалӣ карда мешаванд. Коносаменти соҳилӣ – коносаменте мебошад, ки барои тасдиқи қабул намудани бор аз фиристонанда дар соҳил, чун қоида, дар анбори таҳвилгар, дода мешавад. Коносаменти бортӣ вақте дода мешавад, ки мол ба киштӣ бор карда шудааст. Ҳангоми дар болои киштӣ қабул намудани боре, ки барои он коносаменти соҳилӣ дода шуда буд, дар коносамент дар бораи ба киштӣ бор намудани бор қайд карда шуда, санаи боркунӣ ва дигар қайдҳо нишон дода мешаванд. Баъзан коносаменти соҳилӣ бо коносаменти бортӣ иваз карда мешавад. Дар коносамент чун қоғази қиматнок бояд маълумотҳои ҳатмӣ дар бораи бор мавҷуд бошанд. Набудани онҳо коносаментро аз вазифаҳои ҳуҷҷати идоракунии мол маҳрум мекунад ва он дигар чун қоғази қиматнок амал намекунад. Коносамент дар якчанд нусха бароварда мешавад, ки як нусхаи он ба фиристонандаи бор супорида мешавад. Ҳангоми додани бор бо як нусхаи коносамент дигар нусхаҳои боқимонда қувваашонро гум мекунанд. Гирандаи бор дар коносамент бо се роҳ муайян карда мешавад. Вобаста аз ин коносаментҳои номӣ, ордерӣ, ва барои тақдимкунандаро фарқ мекунанд. Дар коносаменти номӣ номи гирандаи муайян нишон дода мешавад. Коносаменти ордерӣ – коносаменте мебошад, ки бор ё бо фармоиши фиристонанда ё гиранда ё ин к ибо фармони бонк дода мешавад. коносаменти ордерӣ намуди нисбатан паҳнгашта дар таҷрибаи ҳамлу нақли баҳрӣ ба ҳисоб меравад. Дар коносамент барои тақдимкунанда нишон дода мешавад, ки он барои тақдимкунанда дода шудааст, яъне дар он ягон маълумоти мушаххас дар бораи шахсе, ки ҳуқуқи гирифтани борро дорад, мавҷуд нест ва аз ин рӯ бор дар бандари таъинот ба ҳар шахсе, ки чунин коносаментро пешниҳод мекунад, бояд дода шавад. Қисмати асосии ҷараёни боркашониҳои баҳрии байналхалқиро борҳои резанда ва болоиҳам гузошташаванда (нафти хом, маҳсулоти нафтӣ, маъдан, ангишт, ғалла) ташкил мекунанд. Дар савдои байналхалқии нафту газ нақши муҳимро системаҳои хатҳои қубурӣ мебозанд. Дар ҳамлу нақли байналхалқии мусофирон мавқеи пешсафиро нақлиёти ҳавоӣ ишғол мекунад, ки бо суръати тези расонидани мусофирон дар хатсайрҳои дури сафар нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт фарқ мекунад. Дар шартномаҳои хариду фурӯши молҳо ӯҳдадориҳои ҷонибҳо оид ба таъмин намудани интиқоли молҳо дар зинаҳои гуногуни ҳаракати онҳо аз анбори таъминкунанда то анбори гиранда ба тартиб дароварда мешаванд, тартиби тақсим намудани хароҷотҳои нақлиётӣ ва дигар хароҷотҳои ҳамроҳикунанда байни фурӯшанда ва харидор пешбинӣ карда мешаванд ва шартҳои аз фурӯшанда ба харидор гузаштани хавфи нобудшавии ногаҳонӣ ё зарарёбии мол дар роҳи ҳаракат муайян карда мешаванд. Шартномаи хариду фурӯш муносибатҳои байни фурӯшанда ва харидорро танзим менамояд ва ба муносибатҳои мутақобилаи онҳо бо интиқолкунандагон дахл надорад. Доираи муносибатҳои харидорон ва фурӯшандагон бо интиқолкунандагон бо шартномаи ҳамлу нақли аз ҷониби онҳо басташуда муайян карда мешавад. Таҷрибаи савдои байналхалқӣ навъҳои гуногуни шартҳои бунёдии таҳвили молҳоро истифода мебарад, ки бо ин ё он тарз омили нақлиётиро дар нархи савдои берунмарзӣ ба инобат мегиранд. Бо банизомдарории шартҳои бунёдии шартномаҳои хариду фурӯш Палатаи савдои байналхалқӣ машғул аст. Нашри охирини қоидаҳои тафсири шартҳои бунёдӣ соли 1990 бо номи «ИНКО- ТЕРМС-90» (INCOTERMS- 90) баромада буд. Дар ИНКОТЕРМС истилоҳҳо ба чор гурӯҳ тақсим шуда буданд (ниг. ба ҷадвал): гурӯҳи «Е» шартҳои EXW-ро дар бар мегирад, ки мувофиқи онҳо харидор моли барои боркунӣ тайёрро дар анбор (завод) – и фурӯшанда мегирад; гурӯҳи «F» шартҳоеро дар бар мегирад, ки мувофиқи онҳо фурӯшанда ӯҳдадор аст, ки молҳоро то воситаҳои нақлиёти аз ҷониби харидор нишондодашуда дастрас намояд (шартҳои FCA,FA, FOB); гурӯҳи «С» шартҳоеро дар бар мегирад, ки пешбинӣ мекунанд, ки фурӯшанда бояд шартномаи ҳамлу нақл бандад, аммо хавфи гум шудан ё зарар ёфтани молҳо ва хароҷотҳои иловагӣ, ки бо ҳодисаҳои баъди бор кардан ё фиристонидани молҳо ба миён омадаанд, бар дӯши ӯ нест (CFK, C1F, СРТ, С1РМ); гурӯҳи «Д» шартҳоеро дар бар мегирад, ки мувофиқи онҳо тамоми хавф ва хароҷотҳо, ки бо таҳвили мол ба нуқтаи таъинот алоқаманданд, бар дӯши фурӯшанда мебошанд (ДАF. ДЕS , DEQ, ДДИ ва ДДР).

Истилоҳҳое, ки ба Инкотермс-90 ворид карда шудаанд

Гуруҳ Рамз Шарт
«E» EXW Франко-завод
«F» FCA FAS FOB Франко-таҳвилгар Озод аз аввал то охири борти киштӣ Озод дар борт
«C» CPP CIF CPT CIP Арзиш ва фрахт Нарх, суғурта, фрахт Интиқол пардохт карда шудааст, то … Нархи интиқол ва суғурта пардохт карда шудаанд, то…
«Д» ДAF ДES ДEQ ДДИ ДДP То сарҳад расонида шуд То киштӣ расонида шуд То бандар расонида шуд Бе пардохти боҷ расонида шуд Бо пардохти боҷ расонида шуд

Ҷараёни бурда расонидани мол дар савдои байналхалқӣ дар бар мегирад: а) ҳамлу нақли мол бо ҳудуди мамлакати содироткунанда аз нуқтаи истеҳсолии дохилӣ А то нуқтаи наздисарҳадӣ (бандар)–и Б мамлакати содироткунанда (фурӯшанда); б) ҳамлу нақли баҳрӣ ё транзити байналхалқӣ аз нуқтаи Б то нуқтаи наздисарҳадӣ (бандар)-и В мамлакати воридоткунанда (харидор) дар ҳолате, ки мамлакатҳо-шарикон сарҳади умумии хушкӣ надоранд; в) ҳамлу нақли мол бо ҳудуди мамлакати воридоткунанда аз нуқтаи В то нуқтаи дохилии истеъмоли мол Г. Амалиётҳои нақлиётии байналхалқӣ амалиётҳое ба ҳисоб мераванд, ки бо ҳаракати борҳои савдои берунмарзӣ дар қитъаҳои хатсайри ҳамлу нақли нисбати мамлакати воридоткунанда ва мамлакати содироткунанда берунаи Б – В алоқаманд мебошанд. Муносибатҳои ҳуқуқие, ки дар чунин амалиётҳои нақлиётӣ байни фиристонанда ва қабулкунанаи бор, инчунин байни онҳо ва интиқолкунандагон ба миён меоянд, хислати байналхалқӣ доранд. Хизматрасониҳои нақлиётӣ – ин моли махсуси савдои байналхалқӣ мебошанд. Хизматрасониҳои нақлиётии байналхалқӣ дар бозорҳои нақлиётии байналхалқӣ хариду фурӯш карда мешаванд. Нархҳои хизматрасониҳои нақлиётӣ ва шартҳои пешниҳод намудани онҳо дар як ҳолат объекти гуфтушунид байни ҷонибҳои манфиатдор ба ҳисоб мераванд, дар дигар ҳолат аз ҷониби худи интиқолкунандагон муайян карда мешаванд. Самаранокии ҳамлу нақли нақлиётӣ бисёр вақт бо муносибатҳои логистикӣ бо он муайян карда мешавад. Логистика (аз юнонӣ logike — мантиқ) – ин муайян кардани усулҳои нисбатан самараноки фаъолияти тиҷоратӣ, пеш аз ҳама бо роҳи ҳаракати мол мебошад. Дар айни замон системаи нақлиётии панаврупоӣ ташаккул ёфта истодааст. Долонҳои нақлиётии мултимодалии байналхалқӣ бо чунин шароит сохта мешаванд, ки ба боркашониҳои параллелие, ки метавонанд фаъолияти иқтисодии занҷираҳои амалкунандаро вайрон кунанд, роҳ дода нашавад. Дар Аврупо аксар вақт байни ҳамлу нақлҳои мултимодалӣ ва омехта сарҳад мегузоранд. Ҳамлу нақлҳои мултимодалӣ – ин ҳамлу нақле мебошанд, ки модулҳо – бор дар контейнерҳо борбандӣ шуда дар «пакетҳо» дар зарфмонакҳо ё трейлер интиқол дода мешаванд. Ба фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ муассисаҳои алоқа низ машғул мешаванд. Нисбати муросилотҳои почтавии байналхалқӣ қоидаҳои гумрукии гузаронидани молҳо тавассути сарҳади гумрукӣ амал мекунанд. Ин қоидаҳо ҳам барои мамлакатҳои ИДМ ва ҳам барои мамлакатҳои хориҷи дур якхела мебошанд. Назорати гумрукии муросилотҳои почтавии байналхалқӣ, чун қоида, бояд бо тартиби интихобӣ гузаронида шавад. Ҳадафи асосии он пешгирӣ намудани интиқоли молҳои мамнӯъ (яроқ, маводи мухаддир, маводҳои тарканда, сахттаъсири заҳролуд, радиоактивӣ ва ғ.), инчунин бе иҷозатномаҳои дахлдор баровардани арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Ба миқдори кам гузаштан аз меъёрҳои муқаррарнамудаи иҷозати ашёҳо наметавонад асос барои баргашта ба фиристонандагон фиристодани чунин муросилотҳои почтавии байналхалқӣ гардад. Нақши муҳимро дар алоқаҳои иқтисодии берунмарзии муосир мубодилаи иттилоотии байналхалқӣ бозӣ мекунад. Мубодилаи иттилоотии байналхалқӣ – ин супоридан ва гирифтани маҳсулоти иттилоотӣ ва росонидани хизматрасониҳои иттилоотӣ ба як мамлакат тавассути сарҳади давлатии мамлакати дигар мебошад. Объектҳои мубодилаи иттилоотии байналхалқӣ иттилооти ҳуҷҷатноккардашуда, захираҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳои иттилоотӣ, воситаҳои мубодилаи иттилоотии байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд. Иттилооти ҳуҷҷатноккардашуда – ин ҳуҷҷат, яъне иттилооте мебошад, ки дар ҳомили моддӣ бо маълумотҳои зарурӣ сапт карда шудааст ва имконият медиҳад то он шинохта шавад. Он ба оммавӣ ва махфӣ тақсим мешавад. иттилооти оммавӣ барои доираи номаҳдуди шахсон пешбинӣ карда шудааст. Инҳо алоқаҳои чопӣ, овозӣ, аудиовизуалӣ ва дигар алоқаю маводҳо мебошанд. Иттилооти махфӣ ба гурӯҳи маҳдуди шахсон пешбинӣ карда шудааст. Захираҳои иттилоотӣ аз ҳуҷҷатҳо ва ҷамъи ҳуҷҷатҳои алоҳида, ҳуҷҷатҳо ва ҷамъи ҳуҷҷатҳои дар системаҳои иттилоотӣ (китобхонаҳо, бойгониҳо, хазинаҳо ва ғ.) ҷойгирбуда иборат мебошанд. Маҳсулот (ё маҳсулотҳо) — и иттилоотӣ иттилооти мувофиқи талаботи истифодабарандагон таййёр ва ҳуҷҷатноккардашуда, мебошад, ки барои қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон – истифодабарандагон пешбинӣ карда шудааст ё истифода карда мешавад. Хизматрасониҳои иттилоотӣ – ин амали субъектон (соҳибон ва дорандагон) оиди бо маҳсулоти иттилоотӣ таъмин намудани истифодабарандагон мебошад. Воситаҳои мубодилаи иттилоотии байналхалқӣ аз системаҳои иттилоотӣ, шабака ва шабакаҳои алоқа иборат мебошанд, ки ҳангоми мубодилаи иттилоотии байналхалқӣ истифода бурда мешаванд. Объектҳои мубодилаи иттилоотии байналхалқӣ ба объектҳои ҳуқуқи моликиятии соҳибмулкон дохил мешаванд ва ба таркиби моликияти онҳо дохил карда мешаванд. Муносибатҳое, ки бо ҳуқуқи моликият алоқаманд буда, дар натиҷаи иҷро кардан ё гирифтани хизматрасонии иттилоотӣ ба миён омадаанд, бо шартнома дар байни соҳибмулк ё дорандаи маҳсулоти иттилоотӣ ва истифодабарандагон муайян карда мешаванд. Расонидани хизматрасонии иттилоотӣ барои истифодабаранда ҳуқуқи муаллифӣ барои иттиллоти ба даст овардаи ҳуҷҷатноккардашударо ба вуҷуд намеорад. Дар солҳои охир дар бозори байналхалқии хизматрасониҳои иттилоотӣ ва таблиғотӣ шабакаи Internet (Интернет) васеъ истифода бурда мешавад. Он ба фурӯшанда имконият медиҳад, ки: а) маҳсулоти худро ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналхалқӣ таблиғ намояд. Ҳамзамон таблиғот метавонад на танҳо хислати умумӣ дошта бошад, балки бо нишон додани суратҳои мол, тавсифи борҷома, шартҳои боркунӣ ва ғ. муфассал карда шавад, илова бар ин феҳрасти молҳо метавонад ҳар қадар васеъ бошад; б) ширкат (корхона) — и худро бо мақсади ба ҳамкорӣ ҷалб намудани шарикони хориҷию ватанӣ таблиғ намояд; в) конъюнктураи нархии бозорро зуд-зуд мушоҳида намояд; г) лоиҳаҳои худро барои ҷалб намудани сармоягузорон таблиғ намояд; д) низоми фармоиши моли фурӯхташавандаро ҳам аз тарафи намояндагони савдои худ ва ҳам аз ҷониби харидорон ташкил кунад; е) ҳамкории мутақобили фавриро бо намояндагони савдои худ бо ёрии почтаи электронӣ ва дастрасии мустақим ба захираҳои иттилоотии шарикон ташкил кунад;

ба харидор:

а) ёфтани ширкатҳое, ки моли заруриро мефурӯшанд; б) ба конъюнктураи бозор баҳо дода, ширкати мувофиқ – харидори моли заруриро интихоб намояд; в) ба ширкатҳои фурӯшанда бо ёрии почтаи электронӣ дархостҳои мушаххаскунанда фиристад ва ҷавоб гирад; г) молро фармоиш диҳад; д) пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои нақлиётии экспедиториро интихоб кунад; е) таҳвили намудани борро фармоиш диҳад; ж) дар ояндаи на он қадар дурр пардохтҳоро анҷом диҳад.

Ҳам харидорон ва ҳам фурӯшандагон метавонанд аз Интер­нет барои пайдо намудани иттилооти маълумотии хислати гуногун оид ба қонунгузорӣ, қоидаҳои гумрукӣ, шартҳои пардохт, ахборот аз биржаҳо ва ғ. истифода баранд. Интернет имрӯз аз маҷмӯи истифодабарандагони иттилоот ва компютерҳо-серверҳои иттилоотии дар байни худ пайвасткарда иборат мебошад, ки дар онҳо иттилооти гуногун нигоҳ дошта мешавад. Ин иттилоот асосан тавассути технологияи «тори анкабути ҷаҳонӣ» «World Wide Web «(ихтисоран — WWW ё WEB) дастрас мебошад. Ин технология чунин номро барои он соҳиб шудааст, ки ҳар як исифодабаранда новобаста аз макони ҷуғрофии ҷойгиршавии серверҳо озодона метавонад аз як сервер ба дигараш гузарад ва бо ин гузаштанҳояш гӯё Ҷаҳонро бо тор мепечад. Сервер (аз англ, serve – хизмат расонидан) – ин намояндагии ширкат (корхона) дар шабакаи Интернет мебошад. Ҳар ширкат метавонад бо осонӣ WEB-маркази худро бо дизайни худ ва пешниҳод намудани иттилоот дар ҳаҷми лозима ташкил намояд. Барои кори самаранок дар шабака доштани шабака бо имконияти гузарониши на кам аз 64 Кбит/с зарур аст. Серверҳои иттилоотӣ ба ғункунии ин ё он иттилоот махсус гардонида мешаванд. Барои ҳамин серверҳо доираи муштариёни худро доранд, ки аз онҳо дидан менамоянд (иттилоотро тамошо мекунанд). Одатан тасвири ҳар як сервер ба системаҳои ҷустуҷӯии глобалии махсус ворид карда шудаанд, аз ин рӯ вақте истифодабаранда серверҳои иттилоотии ба ӯ заруриро дар Интернет (аз рӯи калимаҳои калидӣ) ҷустуҷӯ мекунад, ба ӯ рӯйхати чунин серверҳо пешкаш карда мешавад. Серверҳое мавҷуданд, ки шумораи зиёди истифодабарандагонро бо манфиатҳои махсуси муайян доро ҳастанд. Серверҳои на он қадар маълум низ ҳастанд, ки на он қадар машҳур буда, истифодабарандагони кам доранд. Дар бизнес ҳангоми ташкили сиёсати маркетингӣ ва ҷойгир намудани таблиғот ба инобат гирифтан зарур аст, ки таблиғот дар кадом сервер ҷой дода мешавад. Бо ин мақсад бояд серверҳои махсусро ҷустуҷӯ намуд, ки бо иттилоот дар соҳаи бизнес сару кор доранд. Боз якчанд усулҳои таблиғот дар Интернет мавҷуданд, ба монанди: • ба ҳар тараф фиристодани пешниҳодҳо тавассути системаи телеконференсияҳо, мустақиман паҳн намудани пешниҳодҳо тавассути почтаи электронӣ ва ғ. Пешниҳоди ташкил намудани www-сервер «таҳти калид» дар ҳудуди фармоишгар пешниҳод намудани шабакаи Интернет, таъминоти дастгоҳҳо ва барномаҳои сервериро дар бар мегирад. Миқёси намояндагӣ дар шабака метавонанд гуногун бошанд. Ширкатҳое, ки сервери худро пешкаш мекунанд, чун қоида, вариантҳои гуногуни ҷойгиркунии таблиғотро пешниҳод мекунанд. Онҳо метавонанд чунин бошанд: а) варақаи боздид. Ин www – саҳифаи на он қадар калон бо иттилооти асосӣ дар бораи ширкат ва фаъолияти он, хосият ва нархи хизмарасониҳои пешниҳодшаванда мебошад. Одатан www – саҳифа бо истинод ба суроғаи электроние ҳамроҳ карда мешавад, ки ҳар шахс метавонад дарҳол бо шахси васлкунанда алоқа намуда, тафсилҳои заруриро аниқ намояд. б) дарахти www – саҳифаҳо. Дар шабака дарахти www – саҳифаҳо ҷойгир карда мешавад, ки бо истинодҳои матнӣ ва графикӣ алоқаманд мебошанд, ё ба гуфти дигар сервери виртуалӣ сохта мешавад. Арзишнокии шабакаи Интернет пеш аз ҳама дар имконияти робита дар реҷаи вақти воқеӣ бо ҳар сарчашмаи иттилоотӣ мебошад. Иттилоот танҳо вақте арзишманд ба ҳисоб меравад, ки ба гирандаи зарурӣ дар вақти зарурӣ рассад. Барои ҳамин, барои фаъолияти шабакаи Интернет унсурҳои зерсохтор аҳамияти махсус доранд, яъне он захираҳо, он системаҳое, ки сифати шабакаи Интернет аз онҳо вобаста аст ва ба истифодабаранда имконият медиҳанд, то иттилооти заруриашро ба даст орад. Ба захираҳои нишондодашуда пеш аз ҳама системаи суроғавӣ дар Интернет ва нуқтаи мубодилаи трафикро дохил намудан зарур аст. Трафик — (англ, trqfic – ҳаракат, шумораи барномаҳои радио ва ғ.) – ин иттилоотест, ки тавассути шабака паҳн карда мешавад. дар солҳои охир намуди нави алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ – хизматҳои байналхалқии аудиторон пайдо шуда, фаъолона рушд мекунад. Дар ҷаҳон зиёда аз 40 шабакаҳои муҳосибии байналхалқии глобалӣ (NAF) амал мекунанд, ки ба мизоҷон хизматрасониҳо оид ба аудитро пешниҳод мекунанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *