Фанни Иқтисоди миллӣ

Моҳият ва мундариҷаи амалиётҳои оффшорӣ

Пайдоиши амалиётҳои оффшорӣ бо паст кардани андоз аз даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ бо тартиби қонунӣ ба миён омадааст. Соҳибкор-резидент ӯҳдадор аст аз гардиш ва фоидае, ки аз фаъолияти худ дар дохил ва хориҷи мамлакат ба даст овардааст, андоз супорад. Соҳибкоре, ки дар фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ иштирок мекунад, ду маротиба андоз месупорад. Андозбандии дукарата – ин андозбандӣ намудани фоидаи иштирокчии хориҷӣ дар корхонаи муштарак ҳангоми ба хориҷа интиқол додани он ва боз андозбандӣ кардани ҳамин фоида дар мамлакати иштирокчии хориҷӣ мебошад. Аз ин рӯ барои бартараф кардани андозбандии дукарата ва ҳавасманд намудани фаъолияти иқтисодии берунмарзии соҳибкор бисёр мамлакатҳо байни худ дар бораи бартараф кардани андозбандии дукарата созишнома (конвенсия, шартнома) мебанданд. Ба ғайр аз бартараф кардани андозбандии дукарата барои ҳавасманд намудани гардиши тиҷоратии байналхалқӣ принсипи ба ҳадди камтарин расонидани андозҳо дар асоси қонун истифода бурда мешавад, ки асоси амалиётҳои оффшориро ташкил мекунад. Амалиётҳои оффшорӣ (англ. off chore – дар фосила аз соҳил ҷойгиршуда, берун аз ҳудуди мамлакат) асоси қонунии амалиётҳои тиҷоратӣ ва молиявии байналхалқие мебошанд, ки аз ҷониби корхонаҳое амалӣ карда мешаванд, ки дар ҳудуди дорандаи мақоми бандари андозӣ, ки маркази «офф-шор» яке аз намудҳои он ба ҳисоб меравад, ба қайд гирифта шудаанд. Амалиётҳои оффшорӣ асбоби молиявие мебошанд, ки қонунгузории амалкунандаро вайрон накарда, барои банақшагирӣ ва ба ҳадди камтарин расонидани андозбандӣ ва барои ҳимояи сирри тиҷоратӣ истифода бурда мешаванд. Амалиётҳои оффшорӣ дар бар мегиранд:

а) хизматрасониҳои машваратӣ доир ба кам кардани андозбандӣ, интихоби минтақаи оффшорӣ ва ғ.;

б) хизматрасониҳо доир ба таъсис ва бақайдгирии корхона (ширкат)-ҳои оффшорӣ, доир ба кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, доир ба фурӯхтани ин корхонаҳо ва ғ.;

в) хизматрасониҳо доир ба истифодаи самараноки ширкатҳои оффшорӣ дар гардиши тиҷоратии байналхалқӣ;

г) хизматрасониҳо доир ба идоракунии ширкати оффшорӣ тавассути идоракунандаи ваколатӣ;

д) амалиётҳои ҳаннотӣ доир ба идоракунии сармоя (дилинги асъорӣ, инвеститсияҳо, соҳиб шудан ва ихтиёрдорӣ кардани амволи хориҷӣ, амалиётҳо бо амволи ғайриманқул, амалиётҳои трансфертӣ, трастӣ ва ғ.);

е) хизматрасониҳои консалтингӣ оиди банақшагирии андоз. Банақшагирии андоз маънии истифода бурдани омилҳои гуногун (ҷуғрофӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ)-ро бо мақсади кам кардани талафоти андоз дорад.

Асоси амалиётҳои оффшориро махфӣ будани соҳибкории оффшорӣ ташкил мекунад. Дар бисёр доираҳои ҳуқуқи оффшорӣ қонунҳои махсус қабул карда шудаанд, ки барои ифшо кардани иттилооти махфӣ аз ҷониби шахсоне, ки ба он дастрасии хизматӣ доранд, ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунанд. Ҳифзи сирри тиҷоратӣ одатан аз пинҳон доштани соҳиби воқеии ширкати оффшорӣ иборат мебошад. Чунин пинҳондорӣ бо роҳи баровардани саҳмия ба тақдимкунанда ё дар асоси истифода бурдани идоракунандаи ваколатӣ (яъне соҳиби номӣ) – и ширкати оффшорӣ таъмин карда мешавад. Махфият инчунин бо мавҷудияти суратҳисобҳои бонкии ширкати оффшорӣ алоқаманд аст, ки иттилоот дар бораи онҳоро бонк танҳо дар ҳолати тафтишоти судӣ (масалан, дар вақти делоҳои ҷиноӣ аз рӯи савдои маводи мухаддир ва монанди онҳо) метавонад диҳад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *