Фанни Иқтисоди миллӣ

Чораҳои ғайритарифии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ

Чораҳои ғайритарифии танзими фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ ин маҷмӯи чораҳои хислати иқтисодӣ, маъмурӣ ва техникӣ (ба истиснои тарифи гумрукӣ) мебошанд, ки савдои озоди байни давлатҳоро душвор ва ё маҳдуд мегардонанд.

Ин маҷмӯи чораҳо чунинанд:

  • квотакунонӣ;
  • литсензиякунонӣ;
  • назорат аз болои содироти мол ва технологияҳои таъиноти духела.

Квотакунонии содирот ва воридот маҳдудиятҳои миқдорӣ ё арзишии воридот ва содиротро дар бар мегирад, ки аз ҷониби мамлакат ё гурӯҳи мамлакатҳо нисбати молҳои (хизматҳо) муайян ба мӯҳлати муайян ҷорӣ карда мешаванд. Дар савдои байналхалқӣ квотакунонӣ дар ҳолате истифода бурда мешавад, ки инро шароитҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ё вазъияти муносибатҳои пардохтӣ талаб кунанд. Ба сифати танзимкунандаи талабот ва пешниҳод дар бозори дохилӣ баромад мекунад. Инчунин ба сифати чораи ҷавобӣ ба амалҳои табъизии шарикони хориҷӣ низ метавонад хизмат кунад.

Дар як қатор мамлакатҳо квотаҳои тарифӣ маълуманд, ки дар доираи миқдор ё арзишашон молҳои воридотӣ ба андозаи муқаррарӣ андозбандӣ карда мешаванд, дар ҳолати гузаштан аз маҳдудиятҳои муайяншуда нисбати молҳо ставкаҳои баландкардашудаи боҷҳо истифода бурда мешаванд.

Тақсимоти квота ё додани иҷозатнома ҳангоми муайян намудани маҳдудиятҳои миқдорӣ, чун қоида, бо роҳи озмун, музояда ё ба тартиби амалан гузаронидани амалиётҳои содиротию воридотӣ, то иҷро шудани квота гузаронида мешавад.

Квота ва квотаи умумиро фарқ мекунанд.

Квотаи умумӣ маҳдудкунии миқдории воридот ва содиротро, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ҷорӣ карда мешаванд, дар бар мегирад.

Квота – ин ҳисса (қисм) – и квотаи умумӣ мебошад.

Ҳуқуқ ба воридот ё содирот кардани моли квоташаванда бояд юо иҷозатнома тасдиқ карда шавад.

Литсензия ҳуҷҷати расмие ба ҳисоб меравад, ки амалӣ намудани амалиётҳои содиротӣ ё воридотиро дар муддати вақти муайяншуда иҷозат медиҳад. Ҳамлу нақли мол барои содирот баъди барасмият даровардани иҷозатномаи содиротӣ амалӣ карда мешавад.

Иҷозатномаҳо ба ҳар як намуди мол мувофиқи ФМ ФИБ ба расмият дароварда мешаванд.

Иҷозатномаҳо якдафъагӣ ва генералӣ мешаванд.

Иҷозатномаи якдафъагӣ барои амалӣ намудани амалиёти содиротӣ ё воридотӣ бо як шартнома дар муддати 12 моҳи ҷорӣ, сар карда аз рӯзи додани иҷозатнома, дода мешавад.

Мӯҳлати амали иҷозатнома барои содироти молҳои «ҳассос» ва технологияҳои таъиноти духела дар ҳар як ҳолат вобаста ба шартҳои амалиёти содиротии мушаххас муайян карда мешавад.

Иҷозатномаи генералӣ ба ҳар як намуди моли содирот ё воридотшаванда бо нишон додани миқдор ва арзиши он, бе муайян намудани харидор ва ё фурӯшандаи мушаххаси мол, ба расмият дароварда мешавад. Асос барои додани иҷозатномаи генералӣ қарори дахлдори Ҳукумати ҶТ ба ҳисоб меравад.

Ба дигар шахси дархосткунанда додани иҷозатнома манъ аст.

Соҳиби иҷозатнома нусхаи асли онро ба мақоми гумруки ҷои бақайд гирифтааш месупорад. Иҷозатнома асос барои гузаронидани барасмиятдарории гумрукии молҳо (хизматҳо) – и литсензияшаванда мебошад.

Мавқеи махсусро дар фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ мол ва технологияҳои таъиноти духела ишғол мекунанд.

Мол ва технологияҳои таъиноти духела – ин таҷҳизот, маводҳо, ашёи хом, технологияҳо ва иттилооти илмӣ-техникӣ мебошанд, к ибо мақсадҳои шаҳрвандӣ истифода бурда мешаванд, аммо метавонанд барои истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, аз он ҷумла яроқи қатли ом (кимиёвӣ, бактериологӣ. ҳастаӣ) ва воситаҳои мушакии таҳвили он истифода бурда шаванд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *