Фанни Иқтисоди миллӣ

Интернет- мағозаҳо

  • 1.Ҳайати коркунони интернет -мағоза ва намудҳои ҷалбкунии харидор ба интернет- мағозаҳо.

Ҳайати коркунони интернет-мағоза аз ҳайати коркунони корхонаҳои анъанавии савдои чакана, чи бо гурӯҳи мансабҳо, ва чи дар қисми ба ҷо оварии ӯҳдадориҳо фарқ мекунад.

Проблемаи асосии интернет-мағозаҳо, монанди савдои анъанавии корхонаҳо ҷалбкунии харидорон мебошад. Вариантҳои имконпазири ҳалли онҳо бисёр гуногунанд. Интернет шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ бо харидорон ва бисёр усулҳои ҷалбкунии мизоҷон ба мағоза ва ҳавасмандкунии онҳоро ба харид кардан пешниҳод менамояд.

Шиносои аввалин бо сомона пеш аз ташриф ба он сар мешавад, яъне аз номи сайт ва мақолаҳои шиносоӣ дар рӯйхати сомонаҳои дигар. Истеъмолкунанда баҳо медиҳад ва аз рӯйхат онҳоеро интихоб мекунад, ки ба ӯ назар ба дигар сомонаҳо бештар писанд меоянд. Агар руйхат пур бошад ва ба якчанд саҳифаҳо тақсим шуда бошад, он гоҳ эҳтимол сомонаҳое, ки дар саҳифаҳои якум ва дуюм нағунҷидаанд, тамоман аз назар гузаронида намешаванд. Як қатор сомонаҳоро интихоб карда, мизоҷ омӯхтани паиҳами онро сар мекунад. Баъзе сомонаҳо ва хатогиҳо диққати онҳоро ҷалб наменамояд.

Сомонае, ки ороиши покиза ва навигатсионӣ, равшан дорад ва инчунин зудпурборшаванда (загрузка) аст, барои таасуроти хуб пайдо кардан шароити муосид меоварад. Сомонаи сустпурборшаванда (бигзор бо таъсири графика), инчунин ҳаваскорона иҷро шуда таъсири бад меоварад. Мизоҷ бо ӯ шиносоиро давом намедиҳад. Фарз кунем, ки ба бисёр душвориҳо нигоҳ накарда истеъмолкунанда ба сомонаи интернетмағоза ташриф меоварад.

Саҳифаи аввал –рӯи сомона. Барои ҳамин ороиш ва мазмуни саҳифаи аввал масъулияти бештарро талаб менамояд. Сайтсозон амиқ андешида, баъд онро бодиққат ва бо меҳри махсус иҷро мекунанд. Вазифаи асосии саҳифаи аввал – боварӣ ҳосил кунонидани муштарӣ ба он, ки ӯ аллакай чизе, ки дар ҷустуҷӯяш буд ёфт ва он маҳз дар ҳамин сомона ҷойгир аст.

Барои ба он муваффақ гардидан якчанд роҳҳои муҳим вуҷуд дорад.

Барои ин лозим аст:

-дар он ягона пешниҳоди харидуфурӯш ҷойгир кардан; Онро лозим аст то қадри имкон мухтасар ифода кард. Маълум аст, ки чӣ қадар равшан ва аниқ пешниҳод ифода карда шавад, ҳамин қадар имконият бисёр аст, ки мизоҷ маҳз ба ин интернет-мағоза боз ташриф оварад;

-дар саҳифаи аввал сутуни хабарҳоро ҷойгир кардан лозим аст. Он ба сомона бисёрамалиро илова мекунад, вале бо баробари ин хабарҳо бояд хеле зуд ва мунтазам нав карда шуда бошанд –ахборҳои кӯҳнашуда обрӯи идораро паст менамояд;

— ороишро оддӣ, функсионалӣ, вале аслӣ бояд кард. Диққати махсусро ба навигариҳо, ки бояд содда ва бевосита фаҳмо бошанд, гузошт;

-ҷойгир кардан дар саҳифаи якум, маълумот дар бораи ҳамаи сайтҳои тақсимшуда, барои он ки истеъмолкунанда фаҳмиши пурра оиди он ки ӯ метавонад чизе ёбад ё бигирад, дошта бошад;

Роли муҳимро, бешубҳа «Интерфейси табрикӣ» мебозад. Ин фаҳмиш ба худ ҳамаи он чизе, ки ба мизоҷ осон гардонидани интихоби мол ва мусоидати харидорӣ намуданро мефаҳмонад. Лозим аст ба ҳозирҷавобӣ, хушмуомилагӣ, нотарсона расонидани ёрӣ ба мизоҷ диққати махсус бояд дод. Агар бисёр мактубҳои якхела оянд, лозим аст, ки тақсимоти «Саволҳои алоқаманд» бояд сохт. Набояд аз миқдори зиёди мактубҳо тарсид: агар ӯ ҳаст, яъне бо интернет –мағоза ҳамаш хуб аст.

Доштани «саҳифаи сипосгузориҳо» мувофиқи мақсад аст (ба монанди китоби шикоятҳо ва пешниҳодҳо). Ҳатто агар харидор корозмуда нест, онҳо бисёри вақт ё фикрҳои шавқовар ё ин ки мураккаб баён менамоянд. Ғайр аз ин ҳиссиёти муштариёнро водор карда, шумо албатта ӯро маҷбур мекунед то ки ӯ боз ташриф оварад ва инчунин рекламаи иловагӣ хоҳад гирифт. Дар ин ҷо хизматрасонии шахсии ба ҳар тараф фиристодани мактубҳо, бояд истифода шавад. Агар зарур бошад ба сомонаи махсуси почта барои пурра кардани «китоби шикоятҳо ва пешниҳодҳои» худ дохил шуда, ба харидор аз ҳама беш фикр оиди беасосии соҳиби сомона меояд. Ҳар як дархости қабулшуда бояд бо мактуби ҷавобӣ таъмин карда шавад.

Муҳим аст, ки молҳо ба шӯъбаҳо тақсим карда шаванд. Агар саҳифаи якум бо рекламаи «сӯзон» ё молҳои арзон пур шудаанд, дар ин ҳолат навкор худро гум мекунад: инсон ба омӯхтани истифодабарии интернет-мағоза дар он вақт, ки ба ӯ лозим аст, ки осони чизе харидорӣ намояд, майл пайдо карда наметавонад, вале дигар вақт (вақти холигӣ) ӯ ба ин саҳифа ташриф намеоварад.

3.2. Зебосозии маълумотии интернет-мағоза

Ҳаракати шиддатнокии интернет-мағозаҳо – ин натанҳо web- сомона бо web-витрина ва рӯйхати молҳо, балки таъмини барномаҳои бисёр мушкил, кори шабонарӯзӣ ва таъмини воридсозии ҳамаи комплекси молу тиҷорат муомилотҳо мебошад.

Интернет-мағозаро аз нуқтаи пурра фурӯхташавии функсияи тиҷоратии он дида мебароем:

  • додани маълумот ба мизоҷ оиди мол (хизматрасонӣ);
  • гирифтани фармоиш аз мизоҷ оиди мол(хизматрасонӣ);
  • гирифтани пардохт;
  • дастрас кардани мол;

Сомонаи мағоза бояд ба чунин сохти асосӣ ҷудо шавад:

1. саҳифаи хонагӣ (ё ки саҳифаи асосӣ).

— ин саҳифаи якумест, ки тамошобин, баъди гирифтани web- суроға мебинад; Чун қоида дар ӯ бояд нишонаҳои: номи мағоза (сарлавҳа), логотип, меню бо услуби руҷӯъ (ссылка) ба боқимонда саҳифаҳои мағоза ишора шуда бошанд.

2. саҳифаҳои иловагӣ –саҳифаҳое, ки маълумот дар бораи молҳо (ё хизматрасонӣ) доранд. Дар ин ҷо метавонад якчанд қисмҳо аз намуди молҳо бошанд:

  • тартиби интихоби мол;
  • дар бораи корхона (одатан ба онҳо дохил мешавад руҷӯъ (ссылка) дар саҳифаи асосӣ); — тартиби пардохт;

-дастрас намудан;

Ба намуди умумӣ дар web-сомона «мағозаи вертуалӣ» бояд бошад:

  • номгузорӣ (корхона ё web–сомона);
  • рӯйхати электронии молҳо ва хизматрасониҳо;
  • прайс – саҳифа;
  • шакли фармоиши молҳо;
  • маълумот оиди намудҳои пардохт;
  • шакли дархости маълумоти иловагӣ;
  • нишонаҳои корхона: суроға, почта, телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ;
  • шакли қайдкунии муштариён (китоби меҳмонон);
  • руҷӯъ(ссылка) ба дигар web-сомонаҳо;
  • маълумот барои дастгирии диллерон ва дистрибйуторҳо;
  • маълумот дар бораи навигариҳо; — таҳлили маълумотҳо, шарҳҳо; Рӯйхати корӣ бо сабади стандартӣ.

Сабади стандартӣ метавонад ба асосӣ ва фаръӣ ҷудо шавад. Аввал харидор дар сабади фаръӣ моли ба ӯ маъқулро интихоб мекунад ва баъди он ки фикр дар бораи харидорӣ намуданро аниқ ифода кард, танзими фармоишӣ сар мешавад, як қатор молҳоро ба сабади асосӣ мегузоранд. Ҳамоно молҳое, ки дар сабади фаръӣ монда буданд, «интизори» ташрифи дигар ба мағоза ҳастанд.

Дар интернет мағозаҳо дар вақти ба харидорон хизмат расонидан принсипи корхӯрдаи онҳо, ки дар асоси ҷамъкунӣ ва таҳлили оморӣ оиди афзалиятҳои харидорон маълумот медиҳад, истифода мешавад. Инро ба асос гирифта, ба харидор имконияти нигаронии ӯ маҳз ба гирифтани молҳо, тахфифи ҷамъҳо ва ғайра дода шудааст.

Зиёда аз ин, харидори қайдгардида метавонад ҳамаи он сабадҳое, ки ӯ ҷамъ карда буд, бубинад. Ин ба ташкили сабадҳои стандартӣ иҷозат медиҳад. Ҳоҷат ба чунин сабад дар он ҳолат пайдо мегардад, ки агар харидор доимо хариди стандартӣ намояд, масалан дар як рӯз, як ҳафта, як моҳ. Бо вуҷуди ин ӯ метавонад якчанд сабадҳои намунавӣ созад ва баъд фармоишро тағйир диҳад.

Боз як навъи дигари сабад иттиҳодиявӣ мебошад. Он аз тарафи супоришдиҳандагони иттиҳодиявӣ, барои автоматикунонии ҷараёни таъминкунии калонтарин узви дуркардашудаи ҷуғрофии корхонаҳо, истифода бурда мешавад. Дар вақти онро ба шакли муайян даровардан, ниёзи алоҳидаи бандҳои корхонаҳо –шӯъбаҳо, офисҳо ба ҳисоб гирифта мешавад. Моҳияти сабади иттиҳодиявӣ дар он аст, ки худ маҷмӯи якчанд сабадҳои боз ҳам хурдтарро нишон медиҳад.

3.3. Талаботи асосӣ ба тавсифи мағозаи электронӣ

Дар марҳилаи аввал бо таркиби лозимии иҷрокунии аломатҳо таъмин шудан лозим аст. Аломатҳо метавонанд чунин бошанд: паҳнкунии мувофиқи маълумот оиди корхона, истеҳсолкунии он мол ё хизматрасонӣ; бевосита фурӯхтани молҳо ё хизматрасониҳо; зиёд кунии ҳиссаи шахсии худ дар бозори мақсаднок; ташкил кардани обрӯи мусоиди корхона ва маҳсулот; амалӣ гирифтани маълумот аз истеъмолкунандагон оиди сифати мол, оиди сатҳи хизматрасонӣ ва ғайраҳо.

Барои расидан ба сифати талаботи давомоти web–саҳифаҳо лозим аст, гузаронидани пешкаши сегмени бозор (яъне тақсим кардани он ба гурӯҳҳои яктаркибаи потенсиалӣ харидорон) тақсими мақсадноки сегмент (яъне он қисми бозоре, ки идора корро сар мекунад). Бо вуҷуди он ба мақсад мувофиқ нишон додани хусусияти ахлоқи мақсадноки потенсиалӣ гурӯҳи харидорон. Ин имкон медиҳад , ки web–саҳифаҳоро тартиб диҳанд, барои он ки онҳо ба мақсаднок интихоби гурӯҳи харидорон шавқе пайдо кунанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *