Фанни Иқтисоди миллӣ

Танзими давлатии иқтисоди миллӣ, сиёсати давлатии буҷетӣ, андоз, молиёт ва пулию қарзӣ

С 1. Зарурияти танзими давлатии иқтисоди бозоргонӣ ва шарҳи ботавсили он

С 2. Шакл ва усулҳои танзими давлатии иқтисод

С 3. Самт ва равандҳои танзими давлатии иқтисод

С 4. Таҳлили нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ, молиёт, андоз ва пулию қарзӣ

С 5. Омилҳои ба танзими давлатии иқтисоди миллӣ мусоидаткунанда

САВОЛИ 1. Бавуҷудоӣ ва арзи вуҷуд доштани давлат на танҳо аз ҷиҳати таърихӣ зарур, балки ҳамчун омили муҳим ва пешрафти ҷамъият ба ҳисоб меравад. Сиёсати иқтисодии давлат – ин омили муҳим ва зарури унсури иқтисодиёт, аз он ҷумла иқтисодиёти бозоргонӣ ба ҳисоб меравад.

Дахолати давлатӣ дар иқтисодиёт ҳамчун объекти зарурӣ барои дилхоҳ давлат новобаста аз оне, ки он аз рӯи системаи бозорӣ ё ин ки маъмурӣ-тақсимотӣ фаъолият мекунад, зарур аст. Дар иқтисодиёти тақсимоти давлат ҳамаи ҳуқуқҳо ва ӯҳдадариҳоро оиди истеҳсол ва тақсимоти молу хизматҳо ба зиммаи худ мегирад. Ин тарзи танзими давлатӣ дар давраи собиқ ИҶШС арзи вуҷуд дошт, ки ғайрисамаранок будани худро нишон дод.

Бояд қайд намуд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ дар назди давлат вазифаи бевоситаи ташкили истеҳсоли молҳо ва тақсимоти захираҳо намеистад. Ё ба тарзи дигар гӯем, давлат ҳуқуки озодона тақсим намудани захираҳо, сармоя ва молҳои истеҳсолшударо надорад, чи тавре ки ин амалиёт дар иқтисодиёти маъмурӣ-фармонфармоӣ ба амал бароварда мешуд. Дар системаи бозорӣ –ин пеш аз ҳама танҳо қарор барои қабули мақсади истеҳсолкунандаю истеъмолкунанда мебошад ва аз ҳамин нуқтаи назар вазифаи танзими давлатӣ дар ин ҷо нисбатан мавқеи хосаро дорад.

Механизми бозорӣ қодир нест, ки ҳамаи проблемаҳои тараққиёти иқтисодиро ҳал намояд. ҳанӯз дар давраи вуҷуд доштани рақобати озод қисмати зиёди қувваҳои истеҳсолкунанда ба қатори моликияти хусусии классикӣ мерасад ва давлат зарурат пайдо менамояд, ки қатор сохторҳои иқтисодиро, ба монанди роҳи оҳан, почта, телеграф ва ғайрахо ба зиммаи худ гирад. Ҷоннок гардидани мутаҳидшавии байнидавлатӣ дар асоси тақсимоти меҳнат ба баландгардидани ҷараёнҳои иқтисодии умумӣ ба сарҳадҳои миллӣ, боиси ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ-иҷтимоӣ, вобаста ба мудофиа, илм, танзими муносибатхҳи иҷтимоӣ, такрористеҳсоли қувваи корӣ, муҳoҷират, экология ва ғ. оварда мерасонад. Маҳз ҳамин ва дигар сабабҳо боиси зарурати дахолати сохторҳои давлатӣ дар механизми танзими ҳалли қарорҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мегардад. Аз ҳамин нуқтаи назар муҳим он аст, ки дар кадом соҳаҳо ва ба кадом миқдор бояд дахолати давлат дар икқисодиёт ба амал бароварда шавад, сиёсати иқтисодӣ чӣ тавр бояд сурат гирад ва танзими давлатӣ ба кадом самтҳо равона карда мешавад.

Саволи 2. Иқтисодиёт таърихан тибқи ду усул: усули ғайридавлатӣ (бозорӣ) ва давлатӣ сурат мегирад. Танзими ғайридавлатӣ аз- ҷониби субъект ва агентиҳои алоҳидаи иқтисодӣ- ширкат ва фирмаҳо перомони тақсими бозори фурӯш ва ташаккули нархҳо, ҳавзаи тиҷорат, савдои яклухту чакана, биржаҳои молию пулӣ, музояда, намояндагиҳо, низоми иттилоотӣ асъор ба роҳ монда мешавад. Ин тарз ва усули танзим ҳамаҷониби иқтисодӣ миллиро фаро гирифта наметавонад. Бинобар ин танзими комили иқтисодиёт аз ҷониби давлат ба роҳ монда мешавад.

Танзими давлатии иқтисодиёт – маҷмӯи тадбир ва меъёрҳои муайяни қонунгузорӣ, иҷроя ва назоратие мебошад, ки ба мақсади таъмини рушди иқтисод ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ нигаронида шудааст. Он ҳамчун ҷузъи муҳимтарини микроиқтисод, алалхусус, такрористеҳсоли ҷамъияти сурат гирифта, ба мақсади ҳавасмандгардонии рушди иқтисод, танзими шуғл, ва бартараф намудани нобаробариҳои иқтисодӣ истифода карда мешавад.

Таҷрибаи ҷаҳони аз он гувоҳи медиҳад, ки танзими давлатии иқтисодиёт вобаста аз шароитҳои таърихӣ, захираҳои иқтисодӣ, захираҳои молию пулӣ, ҳалли масъалаҳои иқтисодию ҷтимоӣ, таҷрибаи хоҷагидорӣ ҳархела сурат мегирад.

Таҳлили ақоидоти иқтисодчиёни ғарб ва тағрибаи хоҷагидорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки танзими иқтисод ҳамчун тамсилаи иқтисоди миллӣ ва танзим тибқи шакл ва методҳои маъмуристандартӣ ба амал бароварда мешавад.

Саволи 3. Дар олами муосир чунин методҳои танзими давлатии иқтисод бештар истифода карда мешавад: ҳуқуқи маъмурӣ, иқтисодӣ, мустақим ва ғайримустақим.

Танзими ҳуқуқӣ — аз ҷониби давлат ҳамчун қоидаи «бозиҳои иқтисодӣ» барои фирмаҳои тавлидгар ва истеъмолгарон пешбарӣ кор мешавад. Он дар шакли низоми қонун ва қонунгузориҳо, қоида ва меъёрҳо тибки ҳуқуқи моликият, соҳибкорӣ, қарордодҳо, ташкили муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайра сурат мегирад.

Танзими маъмурӣ – ҳамчун кулли чорабиниҳо оиди таъсири зуроварии маъмурӣ ба натиҷаи фаъолияти хоҷагидории субъектҳои иқтисодӣ ташкил карда мешаванд. Тадбирҳои маъмурӣ дар шакли пешниҳоди патент, литсензия, ҳиссаҷудокуниҳо, сармоягузориҳои давлатӣ, қарз ва ёрдампулиҳо, имтиёз ва ғайра зуҳур мегардад.

Танзими давлатӣ мустақиман ҳангоми муайян кардани стандартҳо, Хадди ақали музди кор, имконияти истеъмолкунанда, кор карда баромадани чораву қонунҳо барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ истифода карда мешавад. Дар баъзе давлатҳо доираи танзими маъмурӣ хеле ҳам маҳдуд буда, он фақат ҳифзи муҳити зист ва ҳаёти иҷтимоии аҳолиро фаро мегираду халос.

Танзими иқтисодӣ -асосан хислати хоси иқтисоди бозорӣ буда, ҷанбаҳои гуногун ва мураккаби онро инъикос менамояд. Доираи таъсири он ба воситаи густариши бозор, тақозо, арза, рақобат, дараҷаи тамарқузи мол, хадамоту сармоя ба роҳ монда мешавад.

Дар шароити бозор вазни қиёсии танзими иқтисодӣ нисбат ба усули маъмурӣ афзалият дорад. Усулҳои танзими иқтисодӣ чунин лаҳзаҳоро дар бар мегирад: танзими молиявӣ; танзими пулию қарзӣ; танзими андоз; танзими буҷавӣ; танзими фискалӣ (хазинадорӣ); танзими иҷтимоӣ; танзими давлатӣ; таҳрезӣ барномасозӣ ва пешбинии давлатӣ.

Танзими пулию қарзӣ яке аз муҳимтарин методҳои танзими давлатии иқтисод буда, он ба воситаи фишангҳои бамеъёрдарории бонкӣ, танзими стафкаи фоизи бонк, гузаронидани амалиётҳои пулӣ дар бозори асъор, назорат ба ҳаҷм ва суръати гардиши пул ба амал баровыарда мешавад.

Давлат ба воситаи ин фишангҳои иқтисодӣ имконият дорад ба равандҳои таварум дар даврони бӯҳрон ва касодӣ бо воситаи таъсири стафкаи фоиз ва сармоягузорӣ таъсир расонида, ҳолати чандири ва истиқлоли иқтисодиро барқалоли ва минбаъд онро равнақу ривоҷ диҳад.

Танзими андоз-фишанги эътимодноки баланд бардоштани дараҷаи самаранокии рӯшди иқтисод мебошад. Он имкон медиҳад, ки дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таркиби истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва таносуби оқилонаи тақозо ва арзои пули таъмин карда шуда, ғайримизоҷонии макроиқтисодӣ алалхусус ғайританосубии байни захираҳои маҳдуди ҷамъият ва тақозои беинтиҳои инсон, буӯҳронҳои иқтисодӣ, дараҷаи баланди тааррум, бекорӣ ва ғ. Бояд аз байн бурда шавад.

Танзими буҷавии давлат асосан бо роҳи батартибдарории хароҷотҳои давлатӣ, интишори заюҳои давлатӣ (облигатсияҳо), дастгирии соҳибкорӣ идавлатӣ ва ғ. Ба амал бароварда мешавад.

Танзими хазинадории (фиксалии) давлатӣ бошад тибқи танзими низоми андозбандии даромади корхонаҳои давлатӣ ва мунисипалӣ, молу амволи аҳолӣ ва ғ. Сурат мегирад.тарз, усул ва фишангҳои танзими давлатии зерсохти бозор гуногунҷабҳа буда, усулҳои зиёдро дар бар мегирад.

Cаволи 4. Дар доираи сиёсати макроиқтисодӣ иҷрои вазифаҳои вобаста ба рушди механизмҳои танзими муносибатҳои бозоргонӣ, баланд бардоштани самаранокии идораи маблағҳои давлатӣ ва андозбандӣ, такмили низоми муайян намудани дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, омор, сиёсати молия ва пулу қарз пешбинӣ шудаанд.

Шаҳодати ин дар давраи соли 2007 то 4 млрд. 788,5 сомони афзудани ҳаҷми ММД аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,3 % зиёд мебошад.

Дар нимсоли авали соли 2007 Буҷети давлатӣ (БД) бо дарназардошти буҷети иловагӣ ба андозаи 5 % зиёд иҷро гардида, ба он 1 млрд. 107,3 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 357,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Гарчанде Буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввал дар маҷмӯъ иҷро гардида бошад ҳам, андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 88,6 %, аксизи дохилӣ 92,2 % ва андоз аз фурӯши пахта 96,8 % иҷро шуд, ки дар натиҷа ба БД 3,8 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ, қарздиҳии хурд яке аз фишангҳои босамари стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисодиёт дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ солҳои охир барои афзоиш додани қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Масалан дар 5 моҳи соли 2007 аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои маблағгузорӣ, ҳамагӣ 360,1 млн. сомони қарзҳои хурд дода шудаанд, ки аз он ҷумла ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 109,4 млн. сомонӣ, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 55,0 млн. сомонӣ ё 2 маротиба зиёд мебошад.

Даp нимсолаи авали соли 2007 қарзи берунаи ҶТ аз ҳисоби азхуд намудани қарзҳои ҷалбшаванда ба маблағи 37,6 миллион доллари амрикоӣ (ДА) зиёд шуд ва аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ ба маблағи 17,2 млн. ДА кам гардида, ба ҳолати то 1 июли соли 2007 886,8 млн. ДА-ро ташкил дод.

Cаволи 5. Бояд қайд намуд, ки омилҳое ки ба ҷараёни танзими давлатӣ таъсир мерасонанд аз рӯи самти фаъолияташон шартан ба се гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: Омилҳои иқтисодӣ: танзими молию-қарзӣ, танзими андоз, танзими буҷаи давлатӣ, сиёсати гумрук, соҳибкорӣ ва танзими давлатии зидимонополӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ, танзими сиёсати инвеститсионӣ ва ҷалб намудани инвестисияи хориҷӣ, баланд бардоштани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ ва ғ.

Омилхои иҷтимои: меъёрҳое, ки стандартҳои минималии истеъмол ва ӯҳдадориҳоро муайян мекунад: музди ади ақал ва нафақа, минимуми кафолати хизматҳои тандурустӣ, маориф, манзил ва ғ., имтиёзи андоз, ки ташкили ҷойҳои нави кориро ҳавасманд мекунад, танзими шуғл, яъне таъмини шуғли пураи аҳолӣ дар иқтисодиёт; паст кардани сатҳи бекорӣ дар дараҷаи ниҳоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва умуман омилҳое, ки ба ҷиҳатҳои иҷтимоӣ равона карда шуд-д.

Омилҳои экологӣ. Бояд қайд намуд, ки муаммоҳои экологӣ бе иштироки фаъоли давлат ҳал када намешавад ва аз ин рӯ масъалаҳои ҳифзи муҳити атроф дар таҳти назорати давлат қарор дорад ва дахолати давлат дар ин самт нисбатан васеъ мебошад.

Системаи танзими давлатии ҳифзи муҳити атроф дар Ҷумҳури Тоҷикистон асосан аз қабули Қонун «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» оғоз гардид, ки элементҳои асосии он аз инҳо иборат мебошад:

-иҷозат додан ба партовҳо, ки аз тарафи комитетҳои муҳити зисти минтақавӣ дода мешавад;

-шартнома ва иҷозатномаҳо (литсензия) барои истифодаи комплексии захираҳои табиӣ, ки барои онҳо меъёри ҳаҷми партовҳо муқаррар карда шудааст;

-ҳақмузд барои ифлоскунӣ, ҷорӣ намудани санксияҳо ва ҷаримаҳо (ҳақмузд ба фондҳои экологӣ бо ду роҳ ба амал бароварда мешавад: аз рӯи партовҳо дар ҳаҷми меёъри муқарраршуда ва зиёд накардан аз меёъри муқарраршуда);

-системаи фондҳои экологӣ;

-системаи андозҳо, муайян намудани ставкаи андоз, имтиёзи андоз ва ғ.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ сарчашмаи асосии маблағгузориҳои ҳифзи муҳити зист аз инҳо иборат мебошад: маблағҳои буҷавӣ, маблағи хусусии корхонаҳо, маблағи фондҳои экологӣ, грантҳо ва лоиҳаҳои инвеститсионии хориҷӣ. Дар шароити ҳозира аз ҳисоби хароҷотҳои давлатии буҷавӣ ба ин соҳа он қадар маблағҳо ҷудо намешаванд ва асосан сарчашмаи маблағгузориҳо аз ҳисоби фондҳои экологӣ суръат мегирад. ҳамин тавр, танзими давлати пеш аз хама ба стратегияи рушди иқтисодии кишвар нигаронида шуда, танҳо дар холати комёб шудан ба сиёсати нави иқтисодӣ, ки ба ҷанбаҳои мушаххаси тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии дарозмӯҳлати ҷумҳурӣасос ёфтааст, амалан татбиқ мегардад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *