Фанни Иқтисоди миллӣ

Карзи байналхалкӣ, шакл ва намудхои он

Чун категорияи иқтисодӣ, қарзи байналхалқӣ муносибатҳои байни қарздиҳандаҳо-содироткунандагон ва қарздорон-воридоткунандагони мамлакатҳои гуногунро доир ба пешниҳод кардан, истифода кардан ва адо кардани қарз, инъикос менамояд. Ба қарзи байналхалқӣ омилҳои зиёд таъсир мерасонанд: тавозуни пардохт, андозаи ставкаи фоиз, намуди асъор, сатҳи даромаднокии амалиётҳои қарзӣ, қурби асъор ва ғ. Қарзҳои байналхалқӣ молӣ, молиявӣ ва тиҷоратӣ мешаванд. Қарзҳои молӣ – ин қарзҳо дар намуди мол ё маҳсулоти муайян мебошанд. Қарзи молиявӣ – ин қарзи пулӣ мебошад, ки бонкҳо бо шартҳои баргардонидан, мӯҳлатнок ва пардохт пешниҳод карда мешаванд. Дар муносибатҳои байналхалқӣ таҷрибаи пешниҳод намудани қарзҳои синдикатӣ васеъ истифода карда мешаванд. Қарзҳои синдикатӣ (консорсиалӣ, аз лот. coricor-tium — иштирок) – қарзҳое мебошанд, ки аз ҷониби ду ё зиёда қарздиҳандагон, яъне синдикатҳо (консорсиумҳо) – и бонкҳо ба як қарзгир пешниҳод карда мешаванд. барои пешниҳод намудани қарзи синдикатӣ гурӯҳи бонкҳо-қарздиҳандагон воситаҳои муваққатан озоди худро барои мӯҳлати муайян муттаҳид мекунанд. Қарзҳои облигатсиониро метавон яке аз намудҳои қарзи байналхалқӣ хон два аз ин рӯ субъекти хоҷагидор метавонад қарзи асъориро дар бонки ваколатдори худ (бонке, ки қарзҳо мавҷуданд ё гирифта шудаанд, масалан еврооблигатсияҳо) гирад. Қарзи тиҷоратӣ – ин қарз чун яке аз намудҳои ҳисоббаробаркуниҳо мебошад, яъне ҳисоббаробаркунӣ бо мавқуф гузоштани пардохтҳо. Намудҳои асосии қарзи тиҷоратӣ чунинанд:

  • қарзи ширкатӣ;
  • қарзи векселӣ;
  • қарзи ҳисобӣ;
  • қарз бо ҳисоби кушода;
  • факторинг;
  • ферфетикунонӣ;
  • овердрафт;
  • қарзи аксептӣ.

Қарзи ширкатӣ – ин шакли анъанавии қарздиҳии содирот мебошад, ки содироткунанда ба харидори хориҷӣ (воридоткунанда) қарзро дар намуди мавқуф гузоштани пардохт пешниҳод мекунад. Яке аз шаклҳои қарзи ширкатӣ пешпардохти харидор (воридоткунанда) ба ҳисоб меравад, ки баъди бастани шартнома ба содироткунанда пардохт карда мешавад. Қарзи векселӣ – ин қарзе мебошад, ки бо роҳи ба воридоткунанда пешниҳод намудани вексели интиқолӣ, ки бо гирифтани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва ҳамроҳикунандаи мол аксепт карда мешавад, ба расмият дароварда мешавад. Мӯҳлати қарзи векселӣ аз намуди мол вобаста мебошад. Ба таҳвили мошин ва таҷҳизот одатан ба мӯҳлати то 3-7 сол қарз дода мешавад. Ҳангоми содирот намудани ашёи хом ва маводҳо қарзҳои векселии кӯтоҳмуддат пешниҳод карда мешаванд. Қарзи ҳисобӣ низ бо вексел алоқаманд аст, аз ин рӯ қарзи ҳисобӣ – ин қарзе мебошад, ки аз ҷониби бонк ба дорандаи вексел бо роҳи харидории вексел то фаро расидани мӯҳлати пардохт аз рӯи он, пешниҳод карда мешавад. Қарз бо ҳисоби кушода дар ҳисоббаробаркунӣ байни контрагентҳои доимӣ, хусусан ҳангоми таҳвилҳои бисёркаратаи молҳои якхела пешниҳод карда мешавад. Ин ба ҳисоббаробаркунӣ бо ҳисоби кушода монанд аст. Содироткунанда арзиши маҳсулоти ҳамлу нақл кардаро ба тарафи дебети суратҳисобе, ки барои харидор кушодааст, мегузаронад. Харидор қарздории худро дар мӯҳлатҳои бо шартнома муайянкардашуда (як маротиба дар як моҳ, семоҳа ва ғ.) адо мекунад. Факторинг (англ, factor — миёнарав) хизматрасониҳои савдову-комиссионӣ ва миёнаравии бонк мебошад. Он намуди қарздиҳии кӯтоҳмуддати содирот ва фаъолияти тиҷоратии миёнаравӣ ба ҳисоб меравад. Хизматрасониҳои факторингӣ одатан аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ё ширкатҳои махсус расонида мешаванд, ки бо харидорон аз рӯи ҳисоби кушода ҳисоббаробарӣ мекунанд. Факторинг дар бар мегирад: а) ситонидан (инкассатсия кардан)-и қарздории дебитории мизоҷ (харидор); б) ба ӯ пешниҳод намудани қарзи кӯтоҳмуддат; в) аз хавфи қарзӣ аз рӯи амалиётҳои содиротӣ озод намудани ӯ. Арзиши хизматрасонии факторингӣ аз намуди хизмат, вазъи молиявии мизоҷ ва ғ. вобаста аст. Одатан мизоҷ комиссия ба андозаи 0,5-3% маблағи гардиш, инчунин фоизҳо аз рӯи қарзҳои гирифтаро пардохт мекунад. Факторинг гардиши сармояро суръат бахшида, хавфи напардохтанро аз байн мебарад. Ҳадафи асосии факторинг бе таъхир ва ё дар мӯҳлатҳои бо шартнома муқарраргардида гирифтани воситаҳо ба ҳисоб меравад. Дар натиҷа фурӯшанда аз қобилияти харидории харидор вобастагӣ надорад. Бонк бо харидор дар бораи кафолат додани пардохтҳои ӯ, дар ҳолати ба миён омадани мушкилиҳои молиявӣ ё бо харидору фурӯшанда дар бораи гузашт намудани маблағҳои дар ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ба шуъбаи факторингии бонк шартнома мебандад.

Форфетикунонӣ (фаронс. a forfait – бутун, маблағи умумӣ) шакли қарздиҳии содирот аз ҷониби бонк ё ширкати молиявӣ бо роҳи аз ҷониби онҳо бе гардиш ба фурӯшанда харидорӣ кардани векселҳо ва дигар талаботҳои қарзӣ аз рӯи амалиётҳои савдои берунмарзӣ мебошад. Форфетикунонӣ, чун қоида ҳангоми таҳвили мошин ва таҷҳизот ба маблағи калон бо мавқуфгузории дарозмуддати пардохт (то 5-7 сол) истифода карда мешавад. Овердрафт (англ., overdraft тавозуни манфӣ дар ҳисоби ҷории мизоҷи бонк мебошад). Овердрафт – ин шакли қарзи кӯтоҳмуддате мебошад, ки бо роҳи ба суратҳисоби мизоҷ навиштани воситаҳои зиёдар аз бақияи он, аз ҷониби бонк амалӣ карда мешавад. Дар натиҷаи чунин амалиёт тавозуни манфӣ, яъне бақияи дебетӣ – қарздории мизоҷ ба бонк ба вуҷуд меояд. Бонк ва мизоҷ байни худ шартнома мебанданд, ки дар он маблағи зиёдтарини овердрафт, шартҳои пешниҳоди қарз, тартиби адо кардани он ва андозаи фоиз барои қарз муқаррар карда мешаванд. Ҳангоми овердрафт тамоми маблағҳое, ки ба ҳисоби ҷории мизоҷ гузаронида мешаванд, барои адои қарз равона карда мешаванд. Барои ҳамин ҳаҷми қарз бо мурури ворид шудани воситаҳо тағйир меёбад, ки ин овердрафтро аз қарзи оддӣ ҷудо мекунад. Фоизҳо аз рӯи ставкаҳои мавҷуда ё мувофиқакардашуда ситонида мешаванд. Дар ИМА барои он мизоҷони бонк, ки дар он муддати дуру дароз суратҳисоб доранд, овердрафт метавлнад ройгон пешниҳод карда шавад. Шакли қарзи «овердрафт» аввалин маротиба дар Англия ба вуҷуд омада, дар айни замон дар бисёр мамлакатҳои мутараққи истифода бурда мешавад. Қарзи аксептӣ – ин қарзе мебошад, ки аз ҷониби бонк дар шакли аксепти вексели интиқолӣ, ки аз тарафи содироткунанда ва воридоткунандагон ба бонк пешниҳод карда мешаванд, дода мешавад. Бо ин шакли қарз содироткунанда имконияти ба бонк пешниҳод кардани векселҳоро барои гирифтани маблағи муайян дар доираи меъёри қарзӣ пайдо менамояд. Бонк ин векселҳоро аксепт карда, саривақт пардохт намудани онҳоро аз ҷониби қарздор кафолат медиҳад. Исилоҳи «қарзи аксептӣ» одатан дар он ҳолатҳое истифода карда мешавад, ки бонкҳо танҳо траттҳои содироткунандагони мамлакати худро аксепт мекунанд. Яке аз намудҳои қарзи аксептӣ қарзи аксептӣ-рамбурсӣ ба ҳисоб меравад. Рамбурс (фаронс. rembourser) дар савдои байналхалқӣ пардохт кардани моли харидашуда тавассути миёнаравии бонк дар шакли аксепти бонки воридкунандаи тратт, ки аз ҷониби содироткунанда пешниҳод карда мешавад.

6.6. Дилинги асъорӣ

Дилинги асъорӣ – ин амалиёти ҳаннотӣ оид ба аз ҷониби бонк хариду фурӯш кардани асъор ба воситаи кормандон-дилерони худ мебошад. Дилинги асъорӣ савдои асъорро ҳам дар бозори беруна ва ҳам дар бозори дохилии мамлакат дар бар мегирад. Самаранокии дилинг вобаста аст, аз:

  • ҳаҷми сармояи барои бозӣ дар биржа кофӣ;
  • таъминоти иттилоотии зарурӣ;
  • сатҳи коммуникатсияҳо (системаҳои иттилоотӣ-дилингӣ, ки барои таҳлили техникии тамоюлҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати тағйирёбии қурби асъор пешбинӣ карда шудаанд);
  • кордонии дилерон.

Барои баланд бардоштани самаранокии дилинг дар мамлакатҳои хориҷӣ марказҳои дилингӣ мавҷуданд. Ба низомҳои дилингӣ талаботҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд. Онҳо бояд:

  • ҳаҷми зарурии иттилоотро пешниҳод кунанд;
  • пешниҳод кардани имкониятҳои техникӣ аз рӯи таҳлили он;
  • таъмин намудани кор дар реҷаи мустақими вақт (on line).

Дилинг барои танзим намудани бозоргирии ҷории бонк пешбинӣ карда шудааст. Дилинги ҷорӣ дар шакли классикӣ ду намуди амалиётҳои кӯтоҳмуддатро дар бар мегирад: а) амалиётҳои амонатӣ оид ба танзим намудани ҳисоби муросилотии асъории ҷорӣ. Агар барои пардохт воситаҳо камӣ кунанд, он гоҳ бонк амонатҳои кӯтоҳмуддати асъориро ҷалб менамояд. Агар барзиёдии доимӣ ба миён ояд, онро дар бозори байнибонкӣ ҷойгир мекунанд; б) амалиётҳои асъории конверсионӣ («Форекс» — аз англ. foreign exchange).

Бонкҳо иваз намудани воситаҳоро аз як асъор ба дигараш бо супориши мизоҷ амалӣ мекунанд, инчунин дар тағйирёбии қурб барои гирифтани фоидаи ҳакамӣ ҳаннотӣ мекунанд. Дилинги молиявӣ низ вуҷуд дорад, ки баъзан дилинги асъорӣ-молиявӣ номида мешаванд. Аломати хоси он чун ҳакам дар бозорҳои гуногун ва дороиҳои молиявӣ кушодани мавқеъҳои фоизӣ ва асъори бо хавф алоқаманд ба ҳисоб меравад. Ҷудо мекунанд:

  • дилинги молиявии оддӣ;
  • дилинги молиявии мураккаб.

Дилинги оддӣ – ин ҳаками ду дороиҳои молиявӣ, масалан амалиётҳои мубодилавии навъи доллар рубл; Дилинги молиявии мураккаб – ин амалиётҳо бо қоғазҳои қиматнок (облигатсияҳои асъорӣ), ҳакам дар амонатҳо ва қарзҳои бонкӣ.

Бозори қарзҳои байнибонкӣ хислати вусъати баланди ҷунбиши меъёрҳо барои қарзҳо дар давоми рӯз ва ҳафтаро доро мебошад ва имконияти гирифтани фоида аз ҳисоби бозӣ ва мӯҳлатҳои гуногуни воситаҳои ҷалбкардашуда ё ҷойгиркардашударо фароҳам меорад. Сегментҳои номбаршудаи бозор зич алоқаманд мебошанд, аз ин рӯ кори бонкҳо дар секунҷа ба амал меояд: бозори амалиётҳои асъорӣ-мубодилавӣ, бозори қарзҳои байнибонкии асъорӣ ва рублӣ ва бозори қоғазҳои қиматнок ва воситаҳои фоизӣ – векселҳо, ГКО. Дилинги молиявии мураккаб, ки баъзан инжиниринги молиявӣ номида мешавад, ҳакам дар ставкаҳои фоизии мувофиқ наоянда, қурбҳое, ки тавассути дигар дороиҳои молиявӣ ҳисоб карда мешаванд, мебошад. Вазифаи асосии дилерон – якҷоя алоқаманд кардани тамоми шӯъбаҳои бонк, муайян кардан, ки онҳо оё захираҳои барзиёд ё нокифоя надоранд, ва мувофиқан ба таври моҳирона гузаронидани идоракунии захираҳои пулии бонк. Дилингро амалӣ карда истода, бонкҳо бо провайдерон кор мекунанд. Провайдер (анг. provider — таҳвилкунанда) – ин маркази мағзӣ мебошад, ки дар он иттилоот дар бораи эҳтиёҷи бонкҳо ба пулҳои ниҳоят кӯтоҳ ҷамъоварӣ шуда, алоқаҳои суғуртавӣ ҳамоҳанг карда мешаванд. ҳаҷми пулӣ барои провайдерро дилероне, ки маблағҳои калони пулиро ҷамъоварӣ мекунанд, таъмин менамоянд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *