Фанни Иқтисоди миллӣ

Аҳамияти истеҳсолот ва шаклҳои зуҳуроти он

Вуҷуд доштани ҷамъияти инсонӣ бе истеҳсолот номумкин аст. Чунки барои инсон мувозин нигоҳ доштан ва барқарор кардани воситаҳои зарурии ҳаёти худ , эҳтиёҷ ба неъматҳои гуногун – хурока, пушока, доруворӣ, молу маҳсулот, сару либос, хонаву ҷой, нақлиёт, воситаҳои рузғор дорад. Инсон бо дастони худ он неъматҳое, ки барои ӯ зарур аст, аз табиат ба шакли нимтайёр гирифта онро меофарад. Офарандаи дасти инсонро истеҳсолот мегӯянд.Дар ҳар як маврид ба мақсади дархост намудан ва қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи худ инсон ба табиат муроҷиат менамояд ва неъматҳои худододро истифода мекунад. Дар ин ҷо вай кор (фаъолият)-еро анҷом медиҳадки он худ натиҷаи меҳнат мебошад. Маҳз меҳнат ва ақл табақаи инсонро аз қатори ҳайвонот ва тайёрхурандаи табиат ҷудо кард. Меҳнат инсони иқтисодӣ ва охирон , истеҳсолотро ба вуҷуд овард.Меҳнат- сарчашмаи ғизо ва ҳаракатдиҳандаи истеҳсолот сурат гирифт. Хамин ақида аз ҷониби бузургони фарҳанги тоҷик А.Берунӣ, Абуали ибни Сино, Закариёи Розӣ ва дигарон махсус қайд карда шудааст. Мувофиқи гуфтаҳои онҳо бидуни ақл ва меҳнат дар олам чизе ба даст намеояд. Вале худи меҳнат бе истифодаи олот ва асбобу анҷом, худ аз худ неъмат намеофарад. Аз ин ҷиҳат хоҳ нохоҳ одам ба табиат таъсир расонида, онро шаклан дигаргун месозад ва барои рафъи муҳтоҷӣ ва тақозои худ мувофиқ мегардонад.

Меҳнат- амалиёти бошуурона ва мақсадноки фаъолияти инсон буда, бо ёрии он одамон неъматҳои моддию маънавӣ ва хадамот ба вуҷуд меоранд. Ба ин мақсад онҳо кули дониш,малака ва маҳорати худро баҳри истифодаи захираҳои комёбу маҳдуди иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷҳои номаҳдуд ва беинтиҳои худ истифода мекунанд.

Предметҳои меҳнат- чизҳое мебошанд, ки одамон мустақиман ба онҳо ( бо воситаи кор, фаъолият, меҳнат) таъсир расонда хосиятҳои зохирии онҳоро барои тавлиди неъматҳои иқтисодӣ истифода мекунанд. Ба онҳо чизҳое, ки ба шакли тайёр аз табиат гирифта мешаванд (мева, моҳӣ, ангишт…) ё худ маводҳое, ки дубора зери таъсири меҳнати инсон қарор мегиранд (пахта,ангишт, нафт, газ…) дохил мешаванд Он чизҳое, ки ба он меҳнати инсон таъсир мерасонад ва минбаъд барои коркарди маҳсулоти навбатӣ истифода мегарданд, ашё, маводи хом ё худ нимфабрикатҳо меноманд. Табиат, замин ва дар мазмуни фаррох- олами моро фарогиранда-унсурҳои умдаи пердмети меҳнат мебошанд. Онҳо ҳамчун манбаи моддии маҳсулоти тайёр( дар оянда) хизмат карда метавонанд.

Воситаҳои меҳнат- чиз ё гурӯҳи чизҳое мебошанд, ки инсон ба воситаи онҳо (дос, болға,бел,каланд, мошин,экскаватор…) ба предметҳои меҳнат (замин) таъсир расонида, неъматҳову маҳсулот ва молу хизматҳо тавлид менамояд. Онҳо нишондиҳандаи муҳимтарини дараҷаи инкишофи истеҳсолот мебошанд. Дар шароити ҳозира воситаи меҳнат ҳамчун низоми пурраи истеҳсолоти мошинӣ (қисми корӣ), муҳаррик (двигатель), қисми вогузор (идоракунӣ), техникаи кибернетикӣ. Компютерикунонию автоматикунонии истеҳсолот сурат мегиранд.Воситаҳои меҳнат ва предметҳои меҳнат дар якҷоягӣ- воситаҳои истеҳсолотро ташкил медиҳанд. Он дар адабиёти муосири ғарб ҳамчун сармоя (капитал), молҳои сармоягузорӣ (инвеститсионгӣ) ё худ неъматҳои сармоявӣ ном бурда мешавад.

Дар илми иқтисодӣ омилҳои истеҳсолотро ҳамчун ҳодисаҳои махсусу ҷудогонаи мансуби иқтисодиёт фарқ мекунанд. Ба омилҳои истеҳсолот чор унсури асоси мансуб мебошад: меҳнат, замин, сармоя ва фаъолияти соҳибкорӣ. Илова бар ин, чор унсури иловагӣ ҳам ҷой дорад: технологӣ , иттилоот,энергия, экологӣ.

Истеҳсолот се омили гуногуннамудро дар бар мегирад.

1.Омили якум- инсонӣ. Барои истеҳсолот одамоне, ки дорои донишҳои зарурӣ ва малакаи меҳнати мебошанд, лозиманд.

Меҳнат дар истеҳсоли материалӣ- ин фаъолияти мақсадноке мебошад, ки одамон бо ёрии воситаҳои сохташудаашон предметҳои табиатро тағйир дода онро барои қаноатмандии талаботҳои худ мутобиқ менамоянд.

2. Омили дуюм-моддӣ- воситаҳои меҳнат. Ба онҳо он маводҳои моддие дохил мешаванд, ки бо ёрии онҳо одамон неъматҳои фоидаовар истеҳсол менамоянд.

Ба гурӯҳи воситаҳои меҳнат шароитҳои табии раванди истеҳсолӣ дохил мегарданд. (Мисол, об, дар стансияҳои гирдоэлектрикӣ ё дар иншооти метеоративӣ барои мақсадҳои хоҷагидорӣ) истифода мегардад. Инчунин ба он техника дохил мегардад, ки бо дасти одамон сохта шудааст. Дар навбати худ ба он олоти меҳнат дохил мегардад

(мисол,инструментҳо, мошинҳо, таҷҳизот, дастгоҳҳои истеҳсолоти кимиёвӣ ва ғр.

3. Омили сеюм- олоти меҳнат. Ин ашё ё маҷмӯи ашёҳое мебошад, ки инсон барои қаноатмандии худ ташкил менамояд. Олоти меҳнат ба ашёи табиат, ки ба коркард нигаронидааст ва ашёи хом, ки ба коркард аз тарафи меҳнати инсон дучор нагардидааст, тақсим мегардад.

Ҳамаи се омил бо ёрии технология ба ҳам вобаста мебошанд.

Технология – маҷмӯи донишҳо оиди усулҳо ва воситаҳои гузаронидани равандҳои истеҳсолӣ мебошад.

Хамаи омилҳои номбаргардида ( ё ин ки захираҳои истеҳсолот дар ҳар як лаҳзаи додашуда дар муносибат бо бо талабот маҳдуд мебошанд.Ин маҳдудият метавонад мутлақ (захираҳоро умуман зиёд намудан номумкин аст) ва нисбӣ бошад ( омилҳоро зиёд кардан мумкин аст вале дар фарқият бо рушди талабот).

Омили якум – миқдори коргарон- зиёд намудани он мумкин нест, ё қариб ки мумкин нест.Дар ин ҷо ҳудуди он миқдори умумии аҳолии ҳар як мамлакат ва махсусан ҳиссаи қобилиятнокии одамон ба меҳнат ба ҳисоб меравад.

Омили дуюм- воситаи меҳнат – мумкин аст то ҳаҷми зарурӣ зиёд карда шавад. Вале онро яку якбора кардан мумкин нест, чунки барои сохтани мошинҳои нав ва сохтмони биноҳои нав як чанд сол лозим аст.

Омили сеюм- пеш аз ҳама замин ва канданиҳои фоиданок – мутлақо маҳдуд карда шудааст. Дар ин ҳолат захираҳои кашфкарашуда боигариҳои табиат ва захираҳои потенсиалиро( ки ҳоло на он қадар ба назар гирифта шудаанд) фарқ менамоянд. Тадқиқотҳое, ки дар бисёр мамлакатҳо гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки захираҳои кашфгардида — нафт,газ ва ангиштсанг метавонад фақат то мобайнҳои садсолаи ХХ1 расад.

Вобаста ба ин, имкониятҳои истеҳсолиро муайян кардан мумкин аст. Имкониятҳои табии-ҳаҷми на он қадар калони барориши маҳсулот дар ҳолати пурра истифодабарии захираҳо ба даст меояд.

Дар ҳолати норасоии воситаҳои хоҷагидорӣ, аз ҳамаи вариантҳои пешомадаи истифодаи омилҳои истеҳсолот, роҳи аз ҳамаи қулайтарин ва зарурӣ интихоб менамоянд. Мисол мегирем, дар заводҳои мошинбарорӣ маҳсулотҳои зерин бароварда мешаванд: а) барои эҳтиёҷоти шаҳрвандон ( мошинҳои сабукрав, яхдонҳо, чангкашакҳо ва ғр; б) барои артиш ( танкҳо, ракетаҳо ва ғр.). Хукумат ва соҳибони корхонаҳои мошинбарорӣ, тағйирёбии талаботро ба назар гирифта, бояд самаранок истифодабарии захираҳои истеҳсолиро ҳал намоянд.

Холо дар мамлакатҳои тараққикардаи иқтисодӣ миллион намуди маҳсулот дар ҳисоб гирифта мешавад. Тарзи ҳалнамоии масъалаҳои мушкили пешомада баъдтар дида баромада мешаванд.

Кайд кардан мумкин аст, ки интихоби имкониятҳои мувофиқи истеҳсоли гуногун дар давраҳои гуногуни тараққиёти хоҷагидорӣ иҷро карда мешавад. Дар ин ҳолат маҳдудияти шароитҳои истеҳсолоти анъанавӣ, ки дар боло номбар намудем , аз ҳисоби омили муҳим- прогресси техникӣ аз сар гузаронида мешавад.

Зинаҳои раванди истеҳсолот

Авлодони қадимаи инсон аз ҳайвон на он қадар фарқ менамуданд, Воситаҳои мавҷудиятро онҳо бартариятан бо роҳи ҷамънамоии маҳсулоти тайёри табиат ба даст меоварданд. Албатта он вақт истеҳсолоти мунтазам вуҷуд надошт. Дар натиҷа, инсон хама вақт гурустна мемонд.

Тақрибан 10 ҳазор сол пеш кашфиёти нав ба вуҷуд омад, ки револютсия- инқилоби аграриро пеш овард- ин коркарди замин, заминдорӣ ва чорводорӣ. Хамин тариқ, аввалин бор мунтазам иқтисодиёти истеҳсолкунанда бу вуҷуд омад.

Хамин гунна зинаи тоиндустриалии истеҳсолот ба вуҷуд омад, ки ба бавуҷоии саноат замина гузошт. Дар ин зина соҳаи аввалиндараҷаи иқтисодиёт- хоҷагии қишлоқ ба вуҷуд омад. Дар зинаи индустриалии истеҳсолот- соҳаи дуюмдараҷаи иқтисодиёт- истеҳсолоти саноати мошинсозӣ асос ёфт. Бо ёрии техникаи мошин, хоҷагии қишлоқ тараққӣ меёфт ва вобаста ба ин масъалаи демографӣ тараққӣ менамуд.Аҳолии сайёра то рафт зиёд мегарадид. Истеҳсолот имкониятҳои нав ба навро ба вуҷуд меовард. Пешравии истеҳсолот ва болоравии иқтисодиёт дар ҳама мамлактаҳои сайёра нобаробар тараққӣ меёфт. Аз ин ҷо мамлакатҳое, ки пешравии бештарро ба даст оварданд, ба мамлакатҳои тарақикардаи саноатӣ дохил шуданд. Аз ин ҷо нобаробарӣ ба вуҷуд омад.

Вале барои зинаи муосири тараққиёти талабот ва истеъмолот дастовардҳои иқтисодиёти индустриалӣ нокифоя аст. Дар ҳолати меҳнати механизатсияшуда коргар як дастгоҳро идора мекунад ва барои сифати баланди маҳсулотро таъмин намудан қодир нест, ки ба ин техникаи навтаринро сохтан номумкин аст.

Коргарон Воситаи истеҳсолот
Воситаҳои меҳнат Олоти меҳнат
Шароитҳои табии меҳнат техника Ашёи табии Ашё
Олоти меҳнат Шароитҳои умум.меҳнат

Назарияи иқтисодии муосир фаъолияти нави хоҷагидориро инъикос менамояд. Барои охирҳои асри Х1Х ва аввалҳои асри ХХ сохтори нави постиндустриалӣ хос аст. Он як қатор хусусиятҳои фарқкунанда дорад:

1.Истеҳсолот, ки аз дастовардҳои нави инқилоби илмию-техникӣ асос ёфтааст ва барои таъминнамоии қаноатмандии умумии ҳамаи доираи талаботҳо қодир аст.

2. Иқтисодиёти замони муосир ду соҳаи ҳамдигарро пуркунандаи истеҳсолотро дар бар мегирад: материалӣ (боигарҳои молиро ташкил менамояд) ва ғайримтериалӣ (арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва ғр.-асарҳои маданияти руҳӣ ва фарҳангӣ, илмӣ ва ғр.)

3.Ба истеҳсолоти муосир соҳаи махсуси хизматрасонӣ дохил мешавад, ки ба он 2/3 ҳамаи коргарон машғуланд.

Хизматрасонӣ –чунин фаъолияти мақсадноке мебошад,ки натиҷаи фоидаи он дар вақти кор маълум мегардад ва бо қаноатмандии ягон намуд талабот вобаста аст. Хизматрасонӣ ба ду намуд тақсим мешавад, ки ба соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ мувофиқат менамояд. Хизматрасониҳои материалӣ ва ғайриматериалиро фарқ менамоянд.Ба хизматрасониҳои материалӣ дохил мегардад: (нақлиёти боркашӣ, алоқа оиди хизматрасониҳои истеҳсолӣ, тиҷорат, хизматрасонии зистию-маишӣ ва ғр.) Ба хизматрасониҳои ғайриматериалӣ бошад дохил мешавад:- маориф, тандурустӣ, хизматрасонии илмӣ, маданият, хизматрасонии иҷтимоӣ, кредитнамоӣ, суғурта ва ғр.)

4.Ҳозир дар сохтори истеҳсолот инфрасохтори махсус ҷудо шуда меистад- маҷмуи намудҳои хоҷагидоӣ таъминкунандаи шароитҳои умумии истеҳсолот ва фаъолияти ҳаёти одамон.

Инфрасохтор шаҳодат медиҳад, ки истеҳсолоти муосир ва зургурӯҳҳои он байни худ бо алоқаҳои мустаҳкам ва васеъ алоқаманд аст. Онҳоро фаъолияти хоҷагидори муттаҳид сохта, шакли системаваиро қабул менамояд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *