Фанни Иқтисоди миллӣ

Бандари андозӣ ва маркази «офф-шор»

Бандари андозӣ (мафҳумҳои монанд паноҳгоҳи андозӣ, оазиси хазинавӣ) давлат ва ё ҳудуди на он қадар калоне мебошад, ки сиёсати ҷалб намудани сармояи қарзии хориҷиро бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ ва дигар сабукиҳо мегузаронад. Бандари андозӣ имтиёзҳоро ба соҳибкорон (ширкатҳо) — и хориҷӣ ва маҳаллӣ пешниҳод мекунад. Баъзан андозбандии имтиёзнок танҳо ба намуди алоҳидаи даромади бадастоянда паҳн мегардад, масалан, дар Люксембург – ин реҷаи имтиёзноки андоз барои бонкҳо; дар Швейсария ва Лихтенштейн – барои ширкатҳои миёнарави холдингӣ ва тиҷоратӣ; дар ҷазираҳои Багам – озодии пурра аз андози даромад. Қонунгузории мамлакатҳое, ки бандари андозӣ доранд, барои сохторҳои тиҷоратӣ пураа озод кардани онҳо аз андоз (Ирландия, Либерия) ё андозбандӣ кардани онҳоро бо андози умумии на он қадар баланд (маблағи ягона) (Лихтенштейн, ҷазираҳои Антил, Панама ва ғ.) пешниҳод мекунанд. Дар Швейсария андозаи нисбатан пасти андоз муқаррар карда шудааст, ки дар шароитҳои муайян метавонад ситонида нашавад. Аке аз намудҳои бандари андозӣ маркази «офф-шор» ба ҳисоб меравад. Марказҳои «офф-шор» – ин давлат ё ҳудудҳои на он қадар калоне мебошанд, ки асосан дар соҳилҳои баҳрӣ ва ҷойҳои рушди сайёҳии байналхалқӣ ҷойгир шудаанд ва сиёсати ҷалб намудани сармояи қарзии хориҷиро бар хилофи бандарҳои андозӣ, бо пешниҳод кардани имтиёзҳои андозӣ ва дигар намуди имтиёзҳо танҳо барои амалиётҳои молиявӣ-қарзӣ бо резидентони хориҷӣ бо асъори хориҷӣ, амалӣ мекунанд. Ба марказҳои нисбатан маъмули «офф-шор» Белиз, Па­нама, Либерия, Кипр, Малта, Сингапур, Гибралтар, Штати Делавер дар ИМА ва ғайра мансубанд. Пеш бурдани фаъолияти тиҷоратӣ дар ҳудуди мамлакате, ки ширкати оффшорӣ ба қайд гирифта шудааст, чун қоида манъ карда шудааст. Марказҳои «офф-шор» аз минтақаҳои озоди савдо куллан фарқ мекунанд. Минтақаҳои озоди савдо имтиёзҳои андозӣ ва дигар сабукиҳоро ба тамоми корхонаҳо пешниҳод мекунанд, ки дар дохили минтақа фаъолият мекунанд, марказҳои «офф-шор» бошанд, танҳо ба корхонаҳое (ширкатҳои оффшорӣ), ки дар берун аз ҳудуди онҳо фаъолият мекунанд. Марказҳои «офф-шор» тахассуси муайян доранд, ки асосашро навъҳои гуногуни доираи ҳуқуқ (юрисдиксия) ташкил мекунанд. Доираҳои ҳуқуқ бонкӣ, трастӣ, суғуртавӣ мешаванд. Дар байни доираҳои ҳуқуқи суғуртавӣ чунин доираҳои ҳуқуқе мавҷуданд, ки бештар барои суғуртакунии дохилиширкатӣ рост меоянд ва чунин доираҳои ҳуқуқие, ки бештар барои азнавсуғуртакунӣ рост меоянд. Дар бозори як соҳа якчанд марказҳои «офф-шор» метавонанд байни ҳам рақобат кунанд. Масалан, бақайдгирии ширкатҳои оффшории киштиронӣ дар Либерия, Панама, ҷазираҳои Кипр, Мэн ва дигар ҷойҳо амалӣ карда мешавад. Аз мавқеи пешниҳод кардани имтиёзҳо доираҳои ҳуқуқ тақсим мешаванд ба ширкатҳои оффшорие, ки ба бандарҳои андозӣ мансубанд, доираҳои ҳуқуқ бо иқлими андозии «мӯътадил». Барои ширкатҳои оффшорӣ ҷой надоштани андозбандӣ ва баҳисобгирӣ, инчунин дар бисёр ҳолатҳо истисно кардани онҳо аз бахши амали шартномаҳои байналхалқии андозӣ хос мебошанд. Ба ин навъи доираи ҳуқуқ аксари марказҳои «офф-шор» дохил мешаванд, ки созишнома дар бораи баратараф кардани андозбандии дукарата ва ғ. амал мекунад: Панама, Кипр, ҷазираҳои Британия ва Вирҷиния. Ба доираи ҳуқуқи бо иқлими андозии «мӯътадил» Австрия, Белгия, Люксембург, Нидерландҳо, Швейсария дохил мешаванд. қонунгузории ин мамлакатҳо меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оффшорӣ имконият медиҳанд, то андозҳо чандин маротиба кам карда шаванд ва ҳатто баъзан ба сифр баробар шаванд. Марказҳои «офф-шор»-ро баъзан минтақаҳои оффшорӣ меноманд. Мамлакатҳое, ки чунин минтақаҳоро таъсис медиҳанд, як қатор манфиатҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро ба даст меоранд. Махсусан: онҳо сармояи хориҷиро ҷалб менамоянд, сарчашмаи иловагии пардохтҳои андозӣ, боҷ ва дигар пардохтҳоро соҳиб мешаванд,шуғлнокии аҳолии маҳаллӣ, пеш аз ҳама адвокатҳо, муҳосибон, котибон, кормандони бонкҳо, воситаҳои алоқа, ширкатҳои суғурта ва дигаронро зиёд мегардонанд. Ҷониби манфии таъсиси марказҳои «офф-шор» дар он аст, ки ин марказҳо метавонанд ба сифати макони қонунигардонии «маблағҳои ифлос» ва ҳар гуна қаллобиҳои молиявӣ истифода бурда мешаванд.

10.3. Байроқи мувофиқ

Маркази «офф-шор» метавонад реҷае таъсис диҳад, ки имтиёзҳои андозӣ ва дигар сабукиҳоро ба соҳибони киштӣ-ғайрирезидентҳо пешниҳод мекунад. Чунин реҷа ва ҳамчунин маркази «офф-шор» номи байроқи мувофиқро дорад (flag of convenience). Байроқи мувофиқ (аз англ., convenience — қулай, суди моддӣ, манфиат) –ин ба таври кушод ба қайд гирифтани киштиҳои баҳрӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи иловагӣ аз имтиёз дар андозбандӣ, таснифот ва ғайра мебошад, ки соҳибони киштӣ-ғайрирезидентон дар мамлакати ин бақайдгирӣ ба даст меоранд. Байроқи мувофиқро ҷазираҳои Антил, ҷазираҳои Багам, Бирма, Кипр, Либерия, Ливан, Малта, Панама ва ғайра пешниҳод мекунанд. Меъёри асосӣ ҳангоми муайян намудани рӯйхати байроқи мувофиқ фарқият дар байни мансубияти миллии ширкати соҳибони киштӣ ва флоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Ба таври дигар, вақте ки ҳуқуқи доштан ва назорат кардани киштӣ ба шахсе тааллуқ дорад, ки миллаташ аз байроқи миллие, ки киштӣ таҳти он шино мекунад, фарқ мекунад, чунин ҳисоб карда мешавад, ки киштии мазкур таҳти байроқи мувофиқ шино менамояд. «Қоидаҳои Родчел»-и комиссия оид ба назорат аз болои байроқи мувофиқ (IET — International Transport Corker’s Federation) меъёрҳои иловагии муайян намудани байроқи мувофиқро муқаррар карданд. Ба ин меъёрҳои иловагӣ дохил мешаванд: а) давлат ба қайд гирифтани киштиҳоеро иҷозат медиҳад, ки соҳибонашон ғайрирезидентони мамлакати мазкур ба ҳисоб мераванд; б) осон будани иваз намудани регистр ва қайди байроқи киштӣ; в) андозбандии имтиёзнок; г) давлат на ба истифодабарии киштӣ, балки танҳо ба даромадҳо (андозҳо, боҷҳо) – е манфиатдор мебошад, ки аз ҳаҷми бори интиқолёбанда ба даст оварда мешаванд; д) киро кардани коргарони хориҷӣ ба киштӣ иҷозат дода шудааст; е) давлат барои муқаррар кардани реҷаи миллӣ ва байналхалқии шадид барои соҳибони киштӣ манфиатдор нест.

Соҳиби киштӣ – ғайрирезидент киштии худро дар мамлакате, ки байроқи мувофиқро пешниҳод мекунад, ба қайд мегузорад. Киштӣ ва ҳайати экипажи он минбаъд ба парчам ва миллати давлати мазкур мансубанд. Қонунгузории ин мамлакатҳо соҳиби киштиро маҷбур намесозад, ки стандартҳои ҷаҳонии таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои иттифоқи касабавии баҳрнавардонро риоя кунад. Реҷаи ҳисобдории андозӣ барои чунин соҳибони киштӣ сабук карда шудааст. Байроқи мувофиқ ба мамлакате, ки онро пешниҳод мекунад, даромади зиёд меорад. Масалан, дар ин реҷа Кипр ҳамасола 22 млн. доллар, Панама 40 млн. доллар ва дигар мамлакатҳо низ ба андозаи гуногун даромад ба даст меоранд. Даромадҳое, ки аз ҳар қайлгирӣ ба даст оварда мешаванд, аз навъ ва андозаи киштӣ вобастаанд: чӣ қадаре, ки киштӣ калон бошад, ҳамон қадар барои маъмурият ва давлат манфиатовар мебошад. Дар айни замон байроқи мувофиқ 30% флоти ҷаҳониро ташкил мекунад ва садаманокии баландтаринро доро мебошад. Масалан, соли 1991 ба ҳиссаи байроқи мувофиқ 48,2% талафёбии киштиҳо рост меомад, ки аз онҳо ба Панама 26 киштӣ, ба Кипр 17 киштӣ ва ба Малта 12 киштӣ тааллуқ доштанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *