Фанни Иқтисоди миллӣ

МАВЗЎИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

Тасаввурот оид ба мавзўи назарияи иқтисод дар ҷараёни афзудани дониш оид ба фаъолияти хоҷагидории одамон ва зина ба зина мураккабтар гардидани ин фаъолият тағйир меёфтанд.

Мактаби физиократҳо мавзўи назарияи иқтисод-боигарии миллиро — аз соҳаи гардиш ба соҳаи истеҳсол марбут донист. Ин ҷиҳати кор яке аз дастовардҳои иқтисоддонҳо буд, гарчанде онҳо барғалат манбаи дороиро танҳо дар меҳнат кардан дар соҳаи хоҷагии қишлоқ меҳисобиданд.

Аз ин рў амалан, вазифаи асосии ин илмро нерў бахшидан ба рушди истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ медонистанд.

Маржиналистон мавзўи иқтисоди сиёсиро рафтору амалиёти афрод ва созмонҳои ҷамъиятӣ (ширкатҳо, гурўҳи одамон ва ғайра), таҳлили методҳо ва воситаҳои ба ҳадаф расиданаш мешумориданд.

Вазифаи асосии амалӣ ба таҳқиқи ҳарҷонибаи меъёрҳои рафтори субъект дар вазъияти мушаххаси иқтисодӣ нигаронида шуда буд. Натиҷаи асосӣ – асоснок намудани сиёсати иқтисодии ширкат буд. Ҳамин ҳолат сабабгори пайдоиши микроиқтисод гардид.

Самтҳои асосии иқтисоди сиёсии классикӣ ва маржинализмро таҳлил намуда, А. Маршалл иқтисодиётро иборат аз таҳқиқи фаъолияти мўътадили ҷомеа, таҳқиқи дороӣ ва қисман инсон, дақиқтараш ангезиш ба амал ва аксуламал муайян намудааст.

Мувофиқи таълимоти Кейнс ва мактаби ў мавзўи назарияи иқтисод чун воҳиди ягона амал кардани иқтисоди миллӣ мебошад. Вазифаи асосии амалиёт таҳияи сиёсати иқтисодии давлат шуморида мешавад. Хулосаи асосӣ, аз нуқтаи назари мактаби мазкур, зарурати ҷоннок намудани талаботи аҳолӣ ва соҳибкории инфиродӣ мебошад.

Пол Самуэлсон, ки дар дастури таълимиаш – «Экономикс» микро – ва макроиқтисодро синтез кардааст, ба хулоса омадааст, ки назарияи иқтисод илмест оид ба кору бори ҳаррўза ва фаъолияти одамон.

Ҷ. Робинсон мўътақид буд, ки иқтисоди сиёсӣ илмест, ки рафтори одамонро чун алоқамандии байни ҳадафҳо ва воситаҳои маҳдуди роҳҳои алтернативии истифодабаридошта таҳқиқ менамояд. П. Самуэлсон назарияи иқтисодро илми таҳқиқкунандаи истифода бурдан аз захираҳои маҳдуди истеҳсолии дорандаи методҳои алтернативии истифодабарӣ ва расидан ба ҳадафҳои таъинкардашуда медонад.

Ба ҳамин тариқ, мавзўи назарияи иқтисод муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷомеа мебошанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *