Имкониятҳои таъмини бехатарӣ ва рақобати энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон
«…Тоҷикистон дорои захираҳои азими энергияи об аст ва қодир хоҳад буд нерӯи барқи арзон ва аз нигоҳи иқтисодӣ даромадзо ва аз нигоҳи экологӣ поку бехавфро содир кунад. Аз ин лиҳоз мо ояндаи иқтисодии кишвари худро дар рушди соҳаи энегетика мебинем».
Э.Ш. Раҳмонов
Имкониятҳои таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии энергетикии Тоҷикистон ба захираҳои мавҷуда асос меёбад. Дарёҳои калонтарини мамлакат ба монанди Панҷ, Вахш, Сирдарё, Амударё, Оби Хингоб, Сурхоб иқтидорҳои калони гидроэнергетикӣ доранд. Тоҷикистон агар аз рӯйи масоҳат дар ҷаҳон ҷои 85–умро ишғол кунад, аз рӯйи захираҳои умумии имконпазири барқии энергетикӣ баъди Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои 8–ум меистад, метавонад дар як сол 527 млрд кВт- соат барқ истеҳсол намояд. Аз рӯйи иқтидорҳои барқӣ Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад. Ҳоло як қисми хурди нерӯи энергетикии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дар мақолаи худ бо номи «Тоҷикистони соҳибистиқлол 15-сола шуд» дар Фаслномаи илмии «Ирано-Славика», Маскав, 2 (10), 2006 менависад, ки «…Аз рӯйи таҳқиқи коршиносон, дар дунё захираи манобеи табиии сӯхт ва монанди инҳо рӯз аз рӯз коҳиш меёбад. Аммо Тоҷикистон дорои захираҳои азими энергияи об аст ва қодир хоҳад буд нерӯи барқи арзон ва аз нигоҳи иқтисодӣ даромадзо ва аз нигоҳи экологӣ поку бехавфро содир кунад. Аз ин лиҳоз мо ояндаи иқтисодии кишвари худро дар рушди соҳаи энегетика мебинем»1)[1]*.
Дар бораи бузургии имкониятҳои истеҳсоли барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дар ҷадвалҳои 10.4 ва 10.5 овардашуда шаҳодат медиҳанд.
Ҷадвали 10.4
Нақшаи нерӯгоҳҳои барқии дарёи Вахш
Номгӯи нерӯгоҳҳои барқии обӣ (НБО) | Иқтидори энергетикӣ | Истеҳсоли солонаи барқ | |
1. | НБО — и Роғун | 3600 МВт | 13,1 млрд.КВт- с. |
2. | НБО – и Шӯроб | 850 МВт | 3,0 млрд КВт – с. |
3. | НБО – и Норак | 3000 МВт | 11,2 млрд КВт – с. |
4. | НБО – и Бойғозӣ | 600 МВт | 2,7млрд КВт – с. |
5. | НБО — и Сангтӯда –1 | 670 МВт | 2,733 млрд кВт-с |
6. | НБО – и Сангтӯда –2 | 220 МВт | 0,9 млрд КВт – с. |
7. | НБО – и Сарбанд | 210 МВт | 1,1 млрд КВт – с. |
8. | НБО – и Шаршар | 29,6 МВт | 0,25 илрд КВт – с. |
9. | НБО-и Марказӣ | 18,0 МВт | 0,11млрд КВт- с. |
Ҷадвали 10.5.
Нақшаи нерӯгоҳҳои барқии дарёҳои Панҷ ва Ому
Номгӯи нерӯгоҳ-ҳои барқии обӣ (НБО ) | Иқтидори энергетикӣ | Истеҳсоли солонаи барқ | |
1. | НБО — и Баршор | 300 МВт | 1,58 млрд.кВт- с. |
2. | НБО – и Андароб | 650 МВт | 3,35 млрд кВт- с. |
3. | НБО – и Пиш | 320 МВт | 1,66 млрд кВт- с. |
4. | НБО – и Хоруғ | 250 МВт | 1,28 млрд кВт- с. |
5. | НБО – и Рӯшон | 3000 МВт | 14,8 млрд кВт- с. |
6. | НБО – и Язгулом | 850 МВт | 4,24 млрд кВт- с. |
7. | НБО– и «Дарвозаи лоҷувардӣ» | 2100 МВт | 10,5 млрд кВт- с. |
8. | НБО – и Хостов | 1200 МВт | 6,11 млрд кВт- с. |
9. | НБО-и Ширговат | 1900 мВт | 9,7 млрд. кВт-с. |
10. | НБО — и Даштиҷум | 4000 МВт | 15,6 млрд кВт- с. |
11. | НБО – и Ҷумар | 2000 МВт | 8,19 млрд кВт- с. |
12. | НБО – и Москва | 800 МВт | 3,42 млрд кВт- с. |
13. | НБО — и Кукча | 350 МВт | 1,48 илрд кВт- с. |
14. | НБО- и Болооби дарёи Аму | 1000 МВт | 4,36 млрд кВт- с. |
Дар маҷмӯъ | 18720 МВт | 86,3 млрд. кВт-с. |
Қайд намудан лозим аст, ки бо сохта ба кор даровардани нерӯгоҳҳои барқии Роғуну Сангтӯда (№ 1 ва № 2) потенсиали энергетикии кишвар ба охир намерасад. Дар ин ҳолат ҳамагӣ 8-10% ин потенсиал истифода мешавад.
Аз рӯйи лоиҳаҳое, ки дар даврони Шӯравӣ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Гидропоект»- и ба номи С. Жук ба нақша гирифта шуда буд, фақат дар дарёи Панҷ, шохоби асосии Амударё имконияти сохтмони 14 адад нерӯгоҳи барқии калону хурд ( иқтидорҳояшон аз 300 мВт то 4000 мВт) вуҷуд дорад. Аз ин ҳисоб имконоти истеҳсоли 86,3 млрд. кВт-соат нерӯи барқи аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои иқтисодӣ самараи баланд дошта вуҷуд дорад.
Аз имкониятҳои истифодаи потенсиали энергетикии дарёҳои Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷолиб ва аз ҷиҳати техникӣ асоснок мебошанд, чунин лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ шаҳодат медиҳанд:
Дарёи Оби Хингоб – 5 адад бо иқтидори умумиаш 712 мВт;
Дарёи Сурхоб – 4 адад бо иқтидори умумиаш 1077 мВт;
Дарёи Кофарниҳон – 5 адад бо иқтидори умумиаш 411 мВт;
Дарёи Варзоб – 3 адад бо иқтидори умумиаш 100 мВт;
Дарёи Зарафшон – 6 адад бо иқтидори умумиаш 640 мВт;
Дарёи Фондарё – 4 адад бо иқтидори умумиаш 510 мВт;
Дарёи Мастчоҳ – 5 адад бо иқтидори умумиаш 500 мВт;
Дарёи Ғунд – 13 адад бо иқтидори умумиаш 356,4 мВт;
Дарёи Бартанг – 5 адад бо иқтидори умумиаш 485,9 мВт.
Ҳар яки аз дарёҳои номбаршуда даҳҳо шохобчаҳо доранд, ки дар онҳо аз рӯйи тадқиқотҳо зиёда аз 900 адад нерӯгоҳҳои хурди барқиеро, ки иқтидорашон дар доираи аз 100 кВт то 3000 кВт мебошанд, сохтан мумкин аст. Аҳамияти ингуна нерӯгоҳҳои хурд барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои кӯҳии кишвар бағоят калон мебошад.
- 1)*«Љумҳурият», 19 сентябри соли 2006. ↑