Фанни Иқтисоди миллӣ

Ҳолат ва инкишофи ҳисобгирӣ дар Вавилон, Миср, Юнон ва Рим

1.Заминаҳои пайдоиши ҳисобгирӣ 2. Пайдоиши ҳисобдори дар Юнони қадим

Ҳисобгирӣ ҳанӯз дар давраои адимтарин пайдо шуда аст, то ҳол касе инро аниқ муайян накардааст. Ҳисобгирӣ тадриҷан ва номуайян ба вуҷуд омадааст. Одатан се ҷавобро гуфтан мумкин астт:

6000 сол пеш аз ин, вақте ки одамон бо мақсадҳои муайян ҳодисаҳои ҳаёти хоҷагидориро дарҷ карданро омӯхтанд;

500 сол пеш аз ин, вакте ки китоби Лука Пачоли баромад ва сарфаҳмравии ҳисобгирӣ оғоз ёфт, дар охир

100 сол пеш аз ин, вакте ки ибораҳои аввалини назариявӣ дар доираи ҳисобгирии бухгалтерӣ пайдо шуданд.

Дар ин ҷо танҳо як чиз фаҳмо буданд, ки манбаъҳои аввалини пайдоиши ҳисобгирӣ аз мо ҳамеша пӯшида мондаанд. Мо онҳоро намедонем ва донистан ҳам наметавонем. Онҳо чандин ҳазорсолҳо пеш аз мо барбод рафтаанд.

Одатан пайдоиши ҳисобгириро бо ба вуҷудоии регистрҳои ҳисобгирӣ алоқаманд месозанд. Ин нодуруст аст. Дар замонҳои қадимтарин бакайдгирии ҳодисаҳои ҳаёти хоҷагидорӣ зарурият надошт, зеро маълумот оиди хоҷагӣ дар майнаи як шахс ҷой гирифта метавонист. Ва ин на аз он сабаб, ки ин шахс дорои қобилияти фавқулодда ва хотираи хуб буд, балки хоҷагӣ на он қадар калон буд, танҳо барои қаноатмандгардонии талаботҳои ҷории община нигаронида шуда буд, ва маълумот дар бораи он начандон бисёр буд. Дар ҷамъияти общинаи ибтидоӣ, ки хоҷагӣ ҳатто аз хоҷагии оилавии имрӯза содатар буд ҳама чизро, ки сабт кардан мумкин буд бе истифодабарии сабт низ дар хотир медоштанд, натиҷаҳои меҳнат бошанд тамоман ночиз ва ҳамзамон намоён буданд.

Ҳамин тавр ҳисобгирии солҳои қадимтарин дар майнаи сари шахсони ҳисоббаранда оғоз ва анҷом меёфт ва ягона регистри ҳисобгирӣ барои бухгалтер худи ӯ буд.

Талаботи инсон дар ҳисобгирӣ дар ҷараёни инкишофи ҷамъият оғоз ёфтааст. Тасодуфӣ нест, ки ба инкишофи ҳам забон ва ҳам математика бахусус тавассути фаъолияти хоҷагидорӣ, савдо ва бухгалтерия сабаб шуда бошанд. Ҳарфҳо ва рақамҳо ба инсон имконият медоданд то ӯ нависад ва ҳисоб кунад, вале барои он, ки ҳисоб ба миён ояд бояд чизе ихтироъ намуд, ки дар он навиштан ва ҳисоб кардан имконият дошта бошад.

Дар аввалҳо ададҳо набуданд. Счётро навиштаҷотҳо, кидар шохаи дарахтон, устухонҳои ҳайвонот, девораҳои ғорҳова ҳатто болои шахҳо карда мешуданд иваз мекард. Барандаи аз ҳама аҷоиби маълумотҳоресмонҳо буданд, ки дар онҳо гиреҳ карда мешуд. Ҳисобгирии «гиреҳӣ» дар перугиҳои қадим ташаккул ёфта буд. Онҳо гиреҳро — «кипу» меномиданд ва системаи мукаммалгаштаи ҳисобгириашон низ ҳамин номро дошт.

Дар давраҳои баъдина барандагони маълумот монанди папирус, таҳтачаҳои сафолӣ — «кирпичи», пергамент, воск, дарахт, коғаз ба миён меоянд.

Амалиётҳои аввалини тиҷоратӣ такрибан солҳои 3600-и пеш аз солшумории мо дар Шумер дар рӯи санг ба қайд гирифта шудааанд. Дар солҳои 3200 то солшумории дар он ҷо ҳисобчигӣ дар таблицаҳои гилӣ- ба вуҷуд омад. Ин ба сабткунии систематикӣ замина гузошт. Бар хилофи ин дар Мисри қадим папирусҳо барои инкишофи сабтҳои хронологӣ шароит фароҳам овардаанд. Таблицаҳои сафолӣ ва папирусҳо регистрҳои асосӣ буданд. Вале дигар барандагони маълумоти ҳисобгирӣ низ буданд. Дар соли 1897 таблицаҳо аз устухони фил бозёфт шудаанд, ки онҳо барои бурдани счётҳо 5000 сол пеш аз ин истифода шудаанд. Дар Ҳинди қадим счёт-регистрҳо хурмачаҳо буданд, ки дар онҳо сангчаҳо – ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ гузошта мешуданд.

Дар Юнон ва Рими қадим таблицаҳои мумии, тахтачаҳои мисин, пӯст, пергамент, папирус истифода мешуданд. Дар Галин – тахтачаҳои сафолӣ ва масолеҳи кулолгарӣ, дар Перу — ресмон истифода шуданд.

Дар таърихи инкишофи ҳисобгирии бухгалтерӣ ҳисобгирӣ дар Мисри қадимро зикро намудан зарур аст. Бувуҷудоии давлати муқтадаре монанд Миср, ки мувафақиятҳои калон ноил гардидааст танҳо тавассути системаи дуруст ва хуби ҳисобгирии бухгалтерӣ, ки ба барандагони боэтимоди маълумот такя мекунад, имконият пайдо кардааст.

Ин ҳама аз он оғоз ёфтааст, ки чанд ҳазорсола пеш аз ин, дар водиҳои дарёи Нил, одамон папирус сохтанро омӯхтанд. Сарчашмаҳои оғози ҳисобгирии хаттӣ низ ба ҳамин давра рост меоянд. Бақайдгирии ҳодисаҳои ҳаёти хоҷагӣ онвақт дар наволаҳои папирус бурда мешуданд. Дарозии лӯлачаҳои папирус ба 4-5 м ва баландиашон ба 18 – 24 см – ро ташкил медод. Сабтҳо дар онҳо барои зебоӣ бо рангҳои сиёҳ ва сурх карда мешуданд. Мисол, солро бо туши сиёҳ, моҳ ва рӯзро бо туши сурх, рақамҳои алоҳида – бо туши сиёҳ , натиҷаҳо- бо туши сурх ва монанди онҳо. Дар наволаҳо пеш аз ҳама рақами инвентарӣ гузошта мешуданд. Номгӯи арзишҳои гуногун дар сутунҳо оварда шуда, дар сатрҳо – рӯзҳои ҳаракати миқдории онҳо қайд мешуд.

Дар Мисри Қадим усули асосии ҳисобгирӣ инвентаризация буд. Ҳангоми ҳукмронии сулолаҳои 1 ва 2 (солҳои 3400-2980 то солшумории мо ) дар ҳар ду сол як маротиба барӯйхатгирии молу амволи манқул ва ғайриманқули мамлакат гузаронида мешуд. Ин бо он шарҳ дода мешавад, ки дар Миср ҳуқуқи соҳибӣ ба замин ва дигар молу мулк танҳо ба идоракунандаи мамлакат Фиръавн тааллук дорад.

Баҳисобгирӣ низ аз номи ӯ амалӣ мешуд.

«Ҳисобкунии амвол», яъне барӯйхатгирии арзишҳои қимматноки Фиръавн дар Миср чунон воқеаи муҳиме буд, ки ҳатто солҳои ҳукумрони шоҳон аз замони гузаронидани он солшуморӣ карда мешуд. Баруйхатгирӣ чӣ қадаре, ки бисёр гузаронида шавад, ҳукумрони Миср низ ҳамон қадар доно ҳисобида мешуд ва ҳалқ ҳамон қадар хушбахт. Бо ин кори муҳими давлатӣ мансабдорони Мисри қадимӣ – мирзоҳо машғул мешуданд.

Миср дар он давра хоҷагии мутамарказонида буд. Аз номи Фиръавн мирзоён онро идора мекарданд. Бахусус онҳо иерархияи пурқуввати ҳокимиятро ташкил медоданд. Бехуда намегуфтанд, ки шумораи мирзоён дар Империя ба шумораи ситораҳои осмон баробар аст.

Мирзо дар ин давра шахсияти муҳими давлатӣ буд ва мақоми ӯ ба мақкоми бодбезакдори ҳоким — шахси дахлнопазир баробар шуда буд. Мирзоёни калони мисрӣ дар баробари аламбардорон дар ҷамъомади тантанавии гаштҳои фиръавн иштирок менамуданд.

Аз ин замонҳо сар карда маълумоти бухгалтерӣ инструменти ҳақиқи фаъолияти хоҷагидорӣ гаштаанд. Аз ҳуҷчатҳои ҳисобгирии то замони мо маҳфуз монда дидан мумкин аст, ки дар замонҳои қадимтарин бухгартерон чӣ мақому манзалат доштанд ва кори онҳо чӣ гуна қадр карда мешуд.

Ҳисобдории он давра «системаҳои ҳисобгирӣ»-ро аз рӯи барандагони маълумот дарбар мегирифт: дар Вавилон лавҳаҳои гилин, дар Миср – папирус, дар Юнон – сафолпораҳо, дар Рим – лавҳаҳои мумӣ, дар империяи Инкҳо-ресмон, дар аврупои асримиёнагӣ – папирус ва монанди инҳо. Ва танҳо дар асри 2 то милод қоғаз ба вуҷуд омад. Усули тайёркунии онро Чай Лунь ихтироъ кард. Дар аасри 6 сирри истеҳсоли қоғаз аз Хитой ба Ҷопон, ва дар асри 10 ба Ғарб роҳ ёфтааст.

Ҳуҷҷатҳои ҳисобгирӣ намуди варақаи хизматиро доранд, вале дар фарқият аз ҳуҷҷатҳои Мисри қадим ва Шумеру-Вавилон ба таври қатъӣ мунтазам нестанд. Счётҳои дахлу харч низ тартиби муайян надоранд. На дар ҳама ҷо натиҷа бароварда шудааст. Дар бисёр ҳуҷҷатҳо номгӯи объектҳои ашхоси алоҳида нишон дода мешавад. Вале муайян кардан душвор аст, ки ин дахл, харч ё руйхати молу амвол. Руйхатҳои одамон, ки он шояд барои ҳисобгирии табелӣ, андозбандӣ, ҳисобкунии миқдори коркунон ё қурбониён тартиб дода шуда бошад, ҳамчун асрор нофаҳмост. Дар ҳуҷчатҳо қайдҳои ревизорон низ ҳаст.

Тадқиқодчиёни лавҳаҳо ноқулаии намуди аломатҳоро барои иҷроиши акинак дар сафол қайд намуда, истифодабарии папирусро низ тахмин мекунанд. Дар ин ҳолат лавҳаҳо барои сабтҳои кӯтоҳмуддат ё ҳамчун ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ истифода мешуданд. Ҷамъбасткунии онҳо дар папирусҳо, дар счётҳои дахлу харҷ ба таври Мисри Қадимӣ ё дигар намудҳо гузаронида мешуд.

Алоқаҳои Крит бо Мисри қадим хеле зич буданд: тақвими якхела , иқтибоси тасвирҳои санъат, иштироки критиён дар сохтмони пирамидаҳои мирс, наздикии ҷуғрофӣ, сатҳи баланди маданият.

Ҳуҷҷатҳои ҳисобгирӣ ҳамчун сарват ҳисобида мешуданд. Онҳо сана гузошта мешуданд — «соли ҷори», «соли гузашта » ва дар ҷойҳои маҳсус, дар сабадҳо ё зарфҳои калон, ки бо ришта ё тасма маҳкам карда мешуданд ва мӯҳр гузошта мешуданд, нигоҳ дошта мешуданд. Дар ёрлиқҳои гилӣ номи мирзои мутасаддӣ, номгӯи объектҳои дар ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб гирифташуда нишон дода мешуданд.

Аз оғози асри 2 – то мелод сар карда аввал дар Мисри Қадим, пас дар Вавилон ва Шумер ҳисобгирии дахлу харҷ ба вуҷуд омад. Он имконият медод, ки натанҳо бақияҳо руйхат карда шаванд, балки ҳамаи он чӣ ки дар хоҷагӣ ба вуҷуд меояд ба қайд гирифта шавад. Ихтироъкунии он ба ҳисобгирии ҷории воқеъаҳои ҳаёти хоҷагидорӣ роҳ кушод. Вале ҳисобгирии дахлу харҷ характери инвентарӣ дошт, аъне руйхати бевоситаи ҳамаи он чӣ, ки ба соҳиб тааллуқ дошт, гузаронида мешуд. Андозанамоӣ бо ченакҳои ҳакиқӣ буд ва ҷамъасткунии арзиши молу мулк вуҷуд надошт.

Бо мурури замон «кормандони ҳисобчӣ» сарфаҳм рафтанд, ки ашёҳои дар руйхат буда метавонанд аломатҳои индивидуалӣ дошта башанд (масалан, ҳайвонот, иншоъот), ки аз рӯи онҳо тавсифашон душвор нест, ва ҳамчунин аломатҳои ба ҳам наздик дошта бошанд. Мисол, пул ки он вақт онҳоро ба сурати умӯмӣ аз руй аломати ягона гурӯҳбандӣ намуда навиштан мумкин мебошад. Ин ба пайдоиши воҳидҳои шартии ченкунӣ оварда расонд. Инак дар Вавилони қадим «хишти шартӣ » ва «одам — рӯз» ба вуҷуд омад. Истифодабарии воҳидҳои шартӣ дар ҷодаи баромадан аз консепсияи натуралистӣ чизи наве буд, ва ҷудокунии аломатҳои якхелагӣ бошад, ба пайдоиши счётҳо оварда расонид. Дар аввал онҳо бо ченаки натуралӣ бурда мушуданд. Танҳо дар асри 7 то мелод дар Миср имконият ва истифодабарии нишондиҳандаи умӯмӣ – танга пайдо шуд.

Ҳисобгириҳои аналитикӣ ва синтетикӣ маҳз ба туфайли Мисри қадим ва бонкирҳои он ба вуҷуд омада, рушд кардаанд.

Дар сарчашмаҳои хаттии то замони мо омада расида усули Мисриқадимии хатзании (вычёркивания) маълумоти пештар сабтшуда (усули тасҳеҳӣ) дида мешавад. Масалан, ӯҳдадориҳо аз рӯи андоз ва пардохткунии онҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд. Истилоҳи «хат задан» и қарзҳо ба мазмуни «анулировать» дар бисьёр забонҳои аврупоӣ истифода мешавад.

Ҳангоми кофтуковҳои таърихӣ дар Саккар (дар мевзеи Мемфиса-пойтахти Мисри қадим дар асрҳои XXVIII – XXIII – то милод) счётеро бозёфт кардаанд, ки он дар порчаи матоъ бо забони юнонӣ навишта шудааст ва ба асри IV – и то милод тааллуқ дорад. Он дар бораи хароҷоти гурӯҳи Юнониён, ки ба Миср сафар мекарданд маълумот медиҳад. Дар счёт номгӯи ҳарочотҳо бо нишондиҳии объекти пардохт ва маблағ нишон дода шудааст, ҳамчунин истилоҳи итолиёвии «дорад» истифода шудааст. Аз истифодабарии ин истилоҳ дар асри II – и то милод китобҳои бонкии дахлу харҷи Мисри элликистики шаҳодат медиҳанд. Вай ҳамчун бақияи гузоришоти мизоҷ дар бонк истифода мешуд.

Дар Рими қадим низ ҳисобгирии бонкӣ ду намуди сабтҳоро, ҳам дар китоби банкир бо счётҳои мизоҷон ва ҳам дар китоби дахлу харҷи воситаҳои пулӣ дар бар мегирифт. Ҳисобгирии дахлу харч то ин вақт аллакай таърихи беш аз ҳасорсола дошт. Вале счетҳои мизоҷон «рациҳо» — аз нуқтаи назари бонкир дигар ишоратҳоро гирифтаанд: ба ҷои дахл ва харч ибораҳои дебет ва кредит. Истилоҳи дебет — «вай қарздор» ва кредит- «вай дорад». Худи мизоҷон ва банкирон дебиторон (қарздорон) ва кредиторон (боварикунандагон) гаштанд. Ин тағирот дар ҳисобгирии бухгалтерӣ счётҳои дахлу харҷро аз байн бурд.

Дар Юнони қадим нормаҳои ҳуқуқии мувофиқе мавчуд набуданд, то мизоҷон ва кафолатдиҳандагон тавонанд бо ёрии суд аз банкирҳо даъво намуда бо ҳуҷҷатҳо шинос шаванд. Банкҳо низ дар муносибат бо шахсони қарздодаашон аз хавф эмин набуданд, зеро шартномаҳои хаттӣ баста намешуданд.

Танзими ҳуқуқии сабтҳои бухгалтерии дар натиҷаи мушкилоти ошкоркунии ҳақ будани даъвогар ё ҷавобдиҳанда ба миён омадааст. Дар Рими кадим ба суд пешниҳодкунии китоби дахлу харҷи бонкҳо ҳамчун нормаи ҳуқуқӣ гашт. Маълумотҳо дар бораи фаъолияти бонкҳо дар замонҳои баъдина, доир ба таври хаттӣ барасмиятдарории гузоришот ва ҳисоббаробаркуниҳо бо мизоҷ далолат менамоянд.

Римиҳо бухгалтерияро дуст медоштанд. Бонкҳо ва пул ба онҳо аз юнониён ворид гаштаанд, вале дар Рим бухгалтерия аз ҷиҳати ҳуқуқӣ эътимодбахш гардонида шуда буд. Фактҳо бо ҳуҷчатҳои ибтидоӣ ва регистрҳои ҳисобгирӣ ба расмият дароварда мешуданд.

Истифодабарии счётҳо барои бақайдгирии тағиротҳои воситаҳои хоҷагӣ ва инъикоскунии ҳисоббробаркуниҳо бо шахсони юридикӣ ва алоҳида, танзими ҳуқуқии сабтҳои бухгалтерӣ ба пайдоиши бухгалтерияи оддӣ оварда расонидаанд.

Ҳисобгирии дунёи қадим — ин ҳисобгирии бетаровати ҳодисаҳои фаъолияти ҳоҷагӣ буд. Асоси онро инвентаризация ва бақайдгириии бевоситаи молу мулк ташкил медод. Бо мурури замон, вақте ки фактҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ муайян карда мешуданд, бақайдгирӣ ба усули бавосита мубаддал гаштааст. Ва аз ин вақт сар карда мувофиқии пурраи маълумоти ҳисобгирӣ ва ҳолати ҳақиқии корҳо қатъ гаштааст.

Дар давраҳои асримиёнагӣ ду равияи ҳисобгирӣ: бухгалтерияи камералӣ ва бухгалтерияи оддӣ ташкил карда мешаванд. Бухгалтерияи камералӣ аз он асос меёфт, ки объекти асосии ҳисобгирӣ хазина, даромадҳои дар пешбуда ва ҳамчунин пардохтҳо аз хазина ба шумор мерафтанд. Бухгалтерияи оддӣ ҳисобгирии молу мулк, аз он ҷумла воситаҳои пулии хазинаро дар назар дошт, ва даромадҳо ва харочотҳо барои бухгалтер ҳамчун матлаби фаъолияти ӯ буданд. Ҳамин тавр инкишофи ҳоҷагии моли ҳисобгирии накдинаҳои пулӣ ва ӯҳдадориҳои пулиро дар мавқеи аввал гузоштааст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *