Фанни Иқтисоди миллӣ

Ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ ва намудҳои онҳо

Ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ – ин танзими пардохтҳо аз рӯи талабот ва ӯҳдадориҳое мебошад, ки дар алоқамандӣ бо муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар байни субъектони хоҷагидор ва шаҳрвандони мамлакатҳои гуногун ба миён меоянд. Ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи савдои берунмарзии молу хизматҳо, аз рӯи амалиётҳои ғайритиҷоратӣ, қарзҳо ва ҳаракати сармоя байни мамлакатҳо, аз он ҷумла ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи сохтмони объектҳо дар хориҷа ва расонидани кӯмакҳоро дар бар мегиранд. Ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ шарт ва тартиби амалӣ намудани пардохтҳоеро, ки аз таҷриба бармеоянд ва бо одат ва ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ мустаҳкам карда шудаанд, инчунин фаъолияти амалии ҳаррӯзаи бонкҳо оиди гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳо дар бар мегиранд. Аксаран ҳисоббаробаркуниҳо бо роҳи ғайринақдӣ, ба воситаи қайдҳо дар суратҳисоби бонкҳо амалӣ карда мешаванд. Барои саривақт ва самаранок амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ бонкҳо мавқеъҳои зарурии асъориро бо асъорҳои гуногун мувофиқи сохтор ва амалиётҳои пардохтҳои дар пеш истода нигоҳ медоранд. Мавқеъи асъорӣ – ин тағйир ёфтани таносуби талабот ва ӯҳдадориҳои шарикон (ҷонибҳои аҳднома) ба асъори хориҷӣ мебошад. Мавқеи асъории бонк мавҷудияти талабот ва ӯҳдадориҳои бонкро ба ягон асъор нишон медиҳад. Мавқеи асъорӣ кушода ва пӯшида, дароз ва кӯтоҳ мешавад. Мавқеъи кушод ба ягон асъор – номутобиқатии талабот ва ӯҳдадориҳо ба асъори мазкур, яъне нобаробарии ҳаҷми харид ва фурӯши асъори хориҷӣ дар тӯли рӯзи кори бонк мебошад. Мавқеъи пӯшида – ин мутобиқ омадани ҳаҷми харид ва фурӯши асъор. Зиёд шудани харид аз фурӯш мақеи дарозро нишон медиҳад, зиёд шудани фурӯш аз харид бошад, мақеи кӯтоҳро. Тамоми амалиётҳои савдои берунмарзӣ бо пардохтҳо, яъне бо интиқоли маблағ аз як мамлакат ба дигараш алоқаманданд. Бо ин онҳо аз низоми пардохтҳои клирингӣ фарқ мекунанд, ки пардохтҳо байни шарикон ва бонк дар як мамлакат гузаронида мешаванд, ҳисоббаробаркуниҳои ниҳоӣ бошанд, дар байни бонкҳои давлатӣ (марказӣ) – и чунин мамлакатҳо анҷом дода мешаванд. Шаклҳои асосии ҳисоббаробаркуниҳои асъорӣ дар фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ чунинанд:

  • интиқоли бонкӣ;
  • инкассои ҳуҷҷатӣ;
  • аккредитиви ҳуҷҷатӣ;
  • ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи суратҳисоби кушода;
  • ҳисоббаробаркунӣ бо чекҳо.

Интиқоли бонкӣ – ин амалиёти ҳисоббаробаркунии бонкӣ мебошад, ки бо роҳи тавассути телеграф ё бо почта аз ҷониби як бонк додани супориши пардохтӣ ба бонки дигар амалӣ карда мешавад. Супориши пардохтӣ фармони бонк ба бонк-корреспонденти худ дар бораи пардохт намудани маблағи муайян ба интиқолгиранда, пешниҳодкунандаи чек ё дигар ҳуҷҷатҳои пардохтӣ мебошад. Супориши пардохтӣ аз ҷониби бонк дар асоси нишондоди интиқолфиристонанда-мизоҷи бонк дода мешавад. Ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар шакли интиқоли бонкӣ яке аз ҷрнибҳои шартнома ҳамеша хавфо бар дӯш мегирад. Масалан, барои содироткунанда хавфи пардохт нашудани моли таҳвилнамуда, ҳангоми пардохт ба воситаи интиқол баъди таҳвили молҳо вуҷуд дорад. Барои воридоткунанда бошад, хавфи пардохт нашудани молҳо баъди пардохти пешакӣ мавҷуд аст, агар дар шартнома пардохтҳои пешакӣ пешбинӣ шуда бошанд. Барои ҳамин истифодаи интиқолҳои бонкӣ дар ҳисоббаробаркунӣ барои таҳвилҳои молӣ нисбатан маҳдуд карда шудаанд. Назар ба интиқоли бонкӣ шакли ҳисоббаробаркунии инкассо боэътимодтар мебошад. Инкассо (итал. incaso – дар қуттӣ) соддатар чунин тавсиф кардан мумкин аст, ки содироткунанда (фурӯшанда) ба бонки худ супориш медиҳад, ки аз воридоткунанда (харидор) бевосита ё тавассути бонки дигар маблағи муайяни пулӣ ё тасдиқи онро, ки ин маблағ дар муддати муайянкардашуда пардохт карда мешавад, гирад. Ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо бо инкассо бонк (бонк-эмитент) ӯҳдадор мегардад, ки бо супориш ва аз ҳисоби мизоҷ амалиётҳо оид ба аз пардохткунанда гирифтани пардохт ва ё аксепти пардохтро амалӣ кунад. Инкассо тоза ва ҳуҷҷатӣ мешавад. Инкассои тоза – ин инкассои ҳуҷҷатҳои молиявӣ мебошад, ки онҳо бо ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ҳамроҳӣ карда намешаванд. Одатан инкассои ҳуҷҷатӣ истифода карда мешавад, яъне супориши содироткунанда ба бонк дар бораи бар ивази ҳуҷҷатҳои молӣ аз воридоткунанда гирифтани пардохт ва минбаъд ба содироткунанда гузаронидани маблағ. Ҳангоми инкассои ҳуҷҷатӣ ҳуҷчатҳои молиявӣ бо ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ (ҳисобҳо, ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва суғурта ва ғ.) ҳамроҳӣ карда мешаванд. инкассои ҳуҷҷатӣ инчунин метавонад инкассои танҳо ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ бошад. Инкасси ду намуд мешавад: бо аксепти пешакӣ ва бо аксепти минбаъда (бо пардохти бетаъхир). Технологияи инкассо кардани ҳуҷҷатҳо барои молҳо (хизматҳо)-и содироткарда чуни наст: бонк-ремитент (бонки ваколатдор) аз мизоҷи худ супориши инкассоиро бо замимаи ҳуҷҷатҳои тақсимкунандаи мол ба он қабул намуда, онҳоро ба бонки инкассокунандаи мамлакати воридоткунанда мефиристад. Бонк ремитент – ин бонке мебошад, ки ваколатдиҳанда амалиёти инкассокуниро супориш медиҳад. Бонки инкассокунанда ҳуҷҷатҳоро тибқи дастуре, ки дар супориши инкассо нишон дода шудааст, ба воридоткунанда медиҳад. Баъди аз рӯи ҳуҷҷатҳои инкассошуда қабул намудани пардохт аз пардохткунанда, ин бонк (он бонки пешниҳодкунанда ба ҳисоб меравад) маблағи пулҳои инкассокардашударо ба бонки ремитент интиқол медиҳад, ки он дар кредити суратҳисоби мизоҷ (содироткунанда) қайди дахлдорро анҷом медиҳад. Дар ҳолате, ки ба сифати бонк-ремитент бонки ваколатдор баромад мекунад, ваколатдиҳанда дар супориши инкассо бояд номи худ, суроғаи почтавӣ, кафолатҳо ва супоришҳои зурурӣ, инчунин тамоми муросилотҳоро (ба истиснои қарз-авизо) ба муассисаи мазкур нишон диҳад. Ваколатдиҳанда, агар интихоби ӯ аз тарафи ҷонибҳо дар шартномаи савдои берунмарзӣ муайян карда шуда бошад, бонки инкассошаванда, номи он ва макони ҷойгиршавиашро муайян мекунад. Аммо чунин бонк бояд бонк-корреспонденти бонки ваколатдор бошад. Дар акси ҳол бонки ваколатдор ҳуҷҷатҳои инкассошавандаро ба бонки инкассокунанда тавассути ягон бонки инкассокунандаи хориҷӣ равона мекунад, ки корреспонденти бонки ваколатдор ба ҳисоб меравад. Агар ваколатдиҳанда дар супориши инкассо бонки инкассокунандаро нишон надиҳад, он гоҳ чунин бонк бо интихоби бонк-ремитент нишон дода мешавад. Супориши инкассо инчунин бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:

  • номи асъори пардохт ва маблағе, ки бояд инкассо карда шавад. Агар ҳуҷҷатҳои барои инкассо қабулшуда бо дигар асъор нишон дода шаванд, ки аз асъори пардохт фарқ мекунад, ваколатдиҳанда бояд қурби ҳисобкунӣ ё усули муайян намудани онро нишон диҳад;
  • рақами суратҳисоби гирандаи интиқол дар бонки ваколатдор; рӯйхати ҳуҷҷатҳои ба супориши инкассо замима кардашаванда, ки бар ивази пардохт ва ё аксепт ба пардохткунанда дода мешаванд. Чун қоида ба онҳо ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ мансубанд: ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ – ин ҳисобҳо, ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва ҳуҷҷатҳо барои суғурта, ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳуқуқи моликият ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки молиявӣ ба ҳисоб намераванд; ҳуҷҷатҳои молиявӣ – ин векселҳои оддӣ, векселҳои интиқолӣ, чекҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои монанд мебошанд, ки ба сифати воситаи муомилот ва пардохт истифода бурда мешаванд. Дар рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки ба супориш замима карда мешаванд, шумораи асл ва нусхаҳои коносаментҳо алоҳида нишон дода мешаванд. Коносамент (ҳуҷҷате, ки шартҳои шартномаи таҳвили баҳриро дар бар мегирад)-ро тавсия дода мешавад, ки ба номи ваколатдиҳанда (содироткунанда) нависта шавад ва бо индоссамент (навиштаҷоти интиқолӣ) дар тарафи чаппаи ҳуҷҷат ба манфиати бонки ваколатдор ё муассисаи он ба расмият дароварда шавад. Шакли инкассоии ҳисоббаробаркунӣ барои воридоткунанда бо он манфиатовар мебошад, ки бонкҳо ҳуқуқҳои ӯ ба молро то лаҳзаи пардохти ҳуҷҷатҳо ё аксепт ҳимоя менамоянд. Ҳуҷҷатҳое, ки ба воридоткунанда дода мешавад, барои тафтиш то лаҳзаи пардохт (аксепт) – и онҳо дар ихтиёри бонк меистад ва дар ҳолати пардохт нашудан ба бонки хориҷӣбо нишон додани сабаби пардохт нашудан баргардонида мешаванд. Норасоиҳои шакли ҳисоббаробаркуниҳои инкассо дароз тӯл кашидани гузаштани ҳуҷҷатҳо тавассути бонкҳо (то як моҳ), имконияти аз ҷониби воридоткунанда даст кашидан аз пардохти ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мебошад. Аккредитив (нем. akkredetiv — ваколатӣ) ӯҳдадории шартии бонк мебошад, ки бо супориши диҳанда ба манфиати фурӯшанда дода шудааст. Аз рӯи он бонке, ки суратҳисоб кушодааст (бонк-эмитент) метавонад ба фурӯшанда пардохтро гузаронад ё ба дигар бонк ваколат диҳад, ки чунин пардохтҳоро ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дар аккредитив пешбинӣ шуда ва иҷро кардани дигар шартҳои аккредитив, анҷом диҳад. Аккредитивҳо ба пулӣ ва ҳуҷҷатӣ тақсим мешаванд. Аккредитиви пулӣ – ин ҳуҷҷати номӣ мебошад, ки аз ҷониби бонк-эмитент ба дигар бонк равона карда шудааст ва супориш дар бораи дар мӯҳлат пардохт намудани маблағ ба харидорро дар бар мегирад. Барои ҳисоббаробаркуниҳо аккредитиви ҳуҷҷатӣ истифода карда мешавад, ки ӯҳдадории пулии бонкро дар бар мегирад:
  • бозхостшаванда, бозхостнашаванда;
  • тасдиқшуда, тасдиқношуда;
  • интиқолӣ (трансферабелӣ);
  • револверӣ (барқароршаванда);
  • фарогирифта, фаронагирифта.

Моҳияти аккредитиви бозхостшаванда дар он аст, ки он метавонад аз ҷониби бонк-эмитент (бонке, ки аккредитивро ба муомилот баровардааст), бе огоҳии пешакӣ дар ҳар лаҳза бекор карда шавад ё тағйир дода шавад, аз ин рӯ он дар ҳисоббаробаркуниҳо истифода бурда намешавад. Аккредитивҳои бозхостнашаванда – аккредитивҳое мебошанд, ки наметавонанд тағйир дода шаванд ё бекор карда шаванд. Онҳо дар ҳисоббаробаркуниҳо ва сеъ истифода бурда мешаванд. Аккредитивҳои тасдиқшуда – аккредитивҳои мебошвнд, ки кафолати иловагии пардохт аз ҷониби бонки дигарр соҳиб шудаанд. Аккредитивҳои тасдиқнашуда – аккредитивҳое мебошанд, ки кафолати нишондодашударо надоранд. Дар таҷрибаи байналхалқӣ аккредитивҳое, ки бонки воридоткунанда мекушояд, одатан бонки содироткунанда тасдиқ мекунад. Аккредитиви интиқолӣ (трансферабелӣ) – ин аккредитиве мебошад, ки метавонад пурра ё қисман аз ҷониби якчанд шахсони ҳуқуқӣ истифода карда шавад. Аккредитиви револверӣ (англ. revolve – давр задан) ё барқароршаванда, аккредитиве мебошад, ки дар ҳисоббаробаркунӣ барои таҳвилҳои кӯтоҳмуддати доимии молҳо, ки одатан тибқи ҷадвал сурат мегиранд, истифода бурда мешавад. он на барои тамоми маблағи пардохт кушода мешавад, балки барои қисми он ва бо мурури ҳисоббаробаркунӣ барои гурӯҳи навбатии молҳо барқарор мешавад. Аккредитивҳои фарогирифташуда – ин аккредитиве мебошад, ки ҳангоми кушодани он бонк-эмитент воситаҳои шахсии пардохткунанда ё қарзи ба ӯ пешниҳодшударо ба ихтиёри бонки фурӯшанда дар суратҳисоби тавозунии алоҳидаи «Аккре­дитивҳо» ба тамоми мӯҳлати амали ӯҳдадории бонк-эмитент мегузаронад. Аккредитивҳои фаронагирифта – аккредитиве мебошад, ки фарогирии воситаҳои пулии дар боло нишондодаро надорад. Чунин намуди аккредитив вуҷуд дорад, ки пардохти моли ҳамлу нақл нокардаро пешбинӣ мекунад – аккредитив бо «красной оговоркой». Чунин аккредитив ҳар аккредитиве шуда метавонад, ки аз ҷониби бонки иҷрокунанда ба содироткунанда пардохт намудани пешпардохтро то маблағи муайян пешбинӣ мекунад. Навъи махсуси аккредитив аккредитиви захиравӣ (аккредитиви тоза) ба ҳисоб меравад, ки одатан ба сифати таъмини пардохтҳо ба манфиати содироткунанда ё бонки ӯ истифода бурда мешавад. Аккредитивҳои захиравӣ – ин қарзҳои бетаъминот мебошанд, аз ин рӯ бисёр бонкҳо онҳоро танҳо бо супориши он воридоткунандаҳое мебароранд, ки дар онҳо суратҳисобҳои худро доранд. Ҳисоббаробаркуниҳо тавассути чекҳо дар ҳамон ҳолатҳое истифода карда мешаванд, ки интиқолҳои бонкӣ истифода мешаванд. Чекҳо пардохтӣ, роҳӣ, ва еврочекҳо мешаванд. Чеки пардохтӣ – ин ҳуҷҷате мебошад, ки супориши қатъии соҳиби ҳисоби ҷорӣ (чекдиҳанда)-ро ба бонк дар бораи пардохт намудани маблағи дар он нишондодаро ба шахси муайян ё пешниҳодкунанда (дорандаи чек) дар бар мегирад. Пардохти чеки пардохтӣ бо роҳи қайд намудан дар суратҳисобҳо гузаронида мешавад. Чек метавонад авал карда шавад. Авал – кафолат барои пардохти чек мебошад, к ибо навиштаҷоти кафолатӣ дар он ба расмият дароварда мешавад. Чек номӣ (барои шахси муайян баровардашуда), пешниҳодӣ (барои пешниҳодкунанда баровардашуда), ва ордерӣ (ба манфиати шахси муайян ё бо супориши ӯ баровардашуда) мешавад. Чеки ордерӣ метавонад аз ҷониби дорандаи чек ба дигар шахс (соҳиби нав) бо ёрии индоссамент дода шавад, ки вазифаи монанд ба вазифаҳои индоссаменти векселиро иҷро мекунад. Индоссамент – навиштаҷоти интиқолии махсус дар ҷониби дигар чек (ё вексел) мебошад, ки дар бораи ба соҳиби нав додани он шаҳодат медиҳад. Чеки роҳӣ ё сайёҳӣ (travels chegeu, chek) – ин ҳуҷҷати пардохтие мебошад, ки чун воситаи ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқии хусусияти ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешавад. Чекҳои роҳӣ аз ҷониби сайёҳон дар бонк ё дар ширкати сайёҳӣ бо пули нақд харидорӣ карда мешаванд. Бар хилофи чекҳои роҳӣ, ки бо пули нақд харидорӣ мешаванд, еврочекҳо ба соҳибонашон аз ҷониби бонк бе пардохти пешакии пулӣ ба маблағи нисбатан калон дода мешаванд ва аз ҳисоби қарзи бонкӣ то як моҳ пардохт карда мешаванд. Хусусияти хоси ҳисоббаробаркунӣ дар низоми «Еврочек» ба пардохт қабул намудани чекҳо аз мизоҷон бо шарти пешниҳод намудани кортҳои кафолатии махсус, ки аз тарафи муассисаҳои қарзии мамлакатҳои Аврупо бароварда мешаванд ва имзо намудани чекҳо дар иштироки хазинадор ба ҳисоб меравад. Низоми «Еврочек» шакли ягонаи чек ва корти кафолатиро надорад, ки барои тамоми бонкҳо-эмитентҳо умумӣ бошад. Ба пардохт еврочекҳо бо кортҳои кафолатии муассисаҳои қарзии Британияи Кабир, Италия, Нидерландҳо, Фаронса, Олмон, ки бо асъори миллии ин мамлакатҳо бароварда шудаанд, ва дар Австрия, Андорра, Белгия, Дания, Испания, Люксембург, Норвегия, Португалия, Инляндия, Шведсия ва Швейсария – бо доллари ИМА қабул карда мешаванд. Ба пардохт чеке метавонад қабул карда шавад, ки бо асъори дар корти кафолатӣ нишон додашуда навишта шудааст. Аз ҷониби бонк хизмат расонидан ба муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо ба сифати воситаи пардохт кортҳои пластикӣ истифода карда мешаванд, эквайринг мебошад. Моҳияти эквайринг дар он аст, ки бонк ба мағозаҳо, меҳмонхонаҳо, мотелҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, нуқтаҳои кирояи автомобилҳо химатеро мерасонад, ки ба онҳо имконият медиҳанд, барои пардохт кортҳои пластики низомҳои гуногунро қабул кунанд, ҳамзамон бонк намудҳои кортҳои хизматрасонандаро низ пешниҳод мекунад. Ба ғайр аз ин, бонк дар нуқтаҳои пардохт дастгоҳи махсусро барои назорати кортҳои пластикӣ насб менамояд, инчунин дастгоҳҳои хазинавиро ба ин дастгоҳ мутобиқ мегардонад, усулҳои гуногуни мушаххас намудани кортҳоро таъмин мекунад. Бонке, ки эквайрингро амалӣ мекунад, инкассатсия кардани ҳуҷҷатҳои пардохтиро (ки СЛИП номида мешаванд) бар дӯш мегирад ва воситаҳои пулиро ба суратҳисоби ин ё он муассисаи хизматрасонӣ ё савдо мегузаронад, ки барои мол ё хизматҳои он харидор бо ёрии кортҳои пластикӣ пардохт анҷом медиҳад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *