Фанни Иқтисоди миллӣ

Асосҳои назариявии тиҷорати электронӣ

1.1.Тиҷорати электронӣ ва анъанавӣ.

Тиҷорати электронӣ аз маҷмӯи иштироккунандагон ва ҷараёни мулоқоти онҳо, дар ҳудуди қонунҳои муайян шуда иборат аст. Асоси тиҷорати электрониро сохтори иттилоотӣ ва технологияи телекоммуникатсионӣ ташкил менамояд. Хусусиятҳои асосии тиҷорати электронӣ:

  • дар тиҷорати электронӣ теъдоди зиёди фурӯшанда ва харидорон иштирок менамоянд;
  • барои ворид шудани иштирокчиёни нав ягон маҳдудият вуҷуд надорад;
  • ҳамаи иштирокчиёни тиҷорати электронӣ имконияти аз иттилооти лозима истифода бурданро доранд.

Нисбат ба тиҷорати электронӣ корхонаҳое, ки дар бозори ҳозира фаъолият доранд ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:

Анъанавӣ; Омехта;

Электронӣ.

Корхонаҳои анъанавӣ дар бозор воқеъбинона (реально) фаъолият мебаранд. Ин намуд корхонаҳо ба тиҷорати электронӣ муроҷиат намекунанд.

Корхонаҳои омехта як қисми фаъолияти худро дар Интернет иҷро менамоянд.

Корхонаҳои электронӣ танҳо дар Интернет фаъолият мебаранд. Харидорони тиҷорати электронӣ аз харидорони дар бозори анъанавӣ иштирок дошта, бо сатҳи дониш ва даромади худ фарқ мекунанд. Яке аз шартҳои асосӣ иштирок дар бозори электронӣ мавҷудияти техникаи компутерӣ ва пайвастшавии он ба шабакаи Интернет мебошад. Аз ин лиҳоз, ба муштариён баъзе талаботҳои иловагӣ пешбинӣ карда мешавад. Яке аз онҳо мавҷуд будани суроғаи электронӣ, ҳамёнҳои электронӣ дар системаҳои пардохти элетронӣ, мавҷуд будани малакаи кори амалӣ дар ин системаҳо ва монанди онҳо.

Одатан дар бозори анъанавӣ истеҳсолкунанда моли истеҳсол кардаи худро бо иштироки дистрибутер ва диллерҳо мефурӯшанд. Дар бозори электронӣ бошад эҳтиёҷ ба чунин ашхос ҷой надорад. Аз ин лиҳоз, дар бозори электронӣ системаеро бояд дарёфт, ки он барои самаранок фаъолият бурдани стратегияи рушди тиҷорати электронӣ мусоидат намояд.

1.2.Тиҷорати электронӣ ҳамчун намуди соҳибкорӣ.

Таъсири шабакаи Интернет нафақат дар сатҳи корхонаҳо ва ташкилотҳо (микросатҳ), инчунин дар сатхи макроиқтисодиёт низ мушоҳида карда мешавад. Фаъолияти босуръати иқтисодӣ дар Интернет мафҳуми нави «тиҷорати электрониро» ба миён овард. Аз таълими иқтисодӣ ба мо маълум аст, ки «тиҷорат» ин фаъолияти гуногун Буда, барои гирифтани фоида равона карда шудааст. Тиҷорати электронӣ яке аз намуди тиҷорат буда, тавассути истифодаи системаҳои иттилоотӣ ва технологияи телекоммуникатсионӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин ҷода бояд қайд кард, ки тиҷорат ва соҳибкорӣ мафҳумҳои гуногунанд.

Соҳибкорӣ – ин фаъолияти тиҷоратӣ буда хусусиятҳои хоси он аз мунтазамӣ (регулярность), истифодаи инноватсия, сармоягузорӣ ва таҳдиди иқтисодӣ иборат аст.

Тиҷорат – ин фаъолияти шахсони алоҳида ва корхонаҳо мебошад, ки бо мақсади гирифтани фоида амалиётҳои хариду фурӯшро ба роҳ мемонанд.

Ду тарзи фаъолияти тиҷоратро ҷудо кардан лозим аст:

фаъолияте, ки асоси онро харидани мол бо мақсади фурӯши он ташкил медиҳад. Дар ин ҷода амалиётҳои тиҷоратӣ амалиётҳои асосӣ буда, нигаҳдорӣ, боркашонӣ, хизматрасонӣ амалиётҳои иловагӣ ба шумор мераванд.

Фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки ашёи лозимиро барои истеҳсоли мол харидорӣ менамоянд.

1.3.Трансаксияи электронӣ ва таснифоти он.

Омӯзиши моделҳои амалкунандаи тиҷорати электронӣ бо мафҳуми трансаксияи иқтисодӣ вобастагии зич дорад. Трансаксия – ин созишномаи ихтиёрии бозоргонӣ буда, амалиётҳои иқтисодии якҷояро муайян менамояд. Трансаксия ба трансаксияи содда ва мураккаб тақсим мешавад. Трансаксияи содда хариди мол аз ҷониби шахсони алоҳида аз мағозаи савдои чакана иборат аст. Трансаксияи мураккаб татбиқи системаи ERP-ро пешбинӣ менамояд. Дар ин ҳол шартномаро маслиҳатчиҳои беруна тартиб медиҳанд. Таснифоти тиҷорати электрониро аз рӯи иштирокчиёни он гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст (ҷадвали 1.1).

Ҷадвали 1.1.

Моделҳои тиҷорати электронӣ
Ҳукумат Тиҷорат Муштарӣ
Ҳукумат G2G – ҳамоҳангсозӣ / кам кардани хароҷот G2B – иттилоот / паст кардани хароҷот G2C – иттилоот / паст кардани хароҷот
Тиҷорат B2G – савдои электронӣ / хариди давлатӣ B2B – савдои электронӣ / созишномаи тоҷирӣ байни корхонаҳо B2C – тиҷорати электронӣ / савдои чакана
Муштарӣ C2G – андозбандӣ C2B – савдои электронӣ / созишномаи тоҷирӣ байни муштарӣ ва корхонаҳо C2C – савдои электронӣ / ауксионҳо

Мутобиқан амалиётҳои гузаронидашуда ҳамаи намудҳои тиҷорати электрониро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан мумкин аст:

В2В – Business to Business. Ба ин гурӯҳ ташкилотҳои тиҷоратӣ мансуб аст. Дар ин гурӯҳ Интернет барои равобит истифода бурда мешавад. Қисми зиёди созишномаҳои тиҷорати электронӣ ба ин гурӯҳ тааллуқ доранд.

В2С — Business to Сonsumer. Тиҷорат барои муштариён. Дар ин гурӯҳ фурӯшандаи мол ё хизматрасон корхонаи тиҷоратӣ буда, муштариён – ин шахси алоҳида иборат аст. Ба ин гурӯҳ мағозаҳои электронӣ ва корхонаҳое мансубанд, ки тавассути тиҷорати электронӣ хизматрасонии гуногунро ба роҳ мемонанд, монанди бонкҳои электронӣ, хизматрасонии брокерӣ, фармоиш ва хариди чиптаҳо, хизматрасонии сайёҳӣ, таҳсилоти фосилавӣ ва ғ.

С2ССonsumer to Сonsumer. Муштарӣ ба муштарӣ. Дар ин гурӯҳ ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор шахси алоҳида мебошад. Дар ин модел муштарӣ моли худро ба муштарӣ бе иштироки шахсони дигар мефурӯшад. Чунин амалиётҳоро дар сайти www.classifid2000.com мушоҳида кардан мумкин аст. Мисоли дигари модели С2С аз хизматрасонӣ дар шабакаи Интернет тавассути реклама, фурӯши ахбор ва хизматрасонии маслиҳатдиҳӣ иборат аст.

С2В — Сonsumer to Business. Фурӯшандаи мол ё хизматрасонӣ шахси алоҳида буда, муштарӣ – ин ташкилоти тиҷоратӣ мебошад.

В2G _- Business to Government. Тиҷорат барои давлат. Шартнома байни корхонаҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои давлатӣ баста мешавад.

G2B – Government to Business. Давлат барои тиҷорат. Истифодаи тиҷорати электронӣ барои табодул (обмен)-и ахбор ва кам кардани хароҷотҳо, пеш аз ҳама барои гирдгардиши ҳуҷҷатҳо.

С2G — Сonsumer to Government. Муштарӣ ба давлат. Яке аз иштирокчиён шахси алоҳида буда, дигараш сохтори давлатӣ мебошад.

G2C — Government to Сonsumer. Давлат барои муштарӣ. Ҳоло дар сатҳи назариявӣ ҷой дорад. Оянда дар ин модел пардохти гуногуни иҷтимоӣ пешбинӣ карда шудааст.

G2G — Government to Government. Давлат барои давлат. Дар ин модел корхонаҳои давлатӣ бо истифодаи тиҷорати электронӣ оид ба хариди мол ва ё хизматрасонӣ шартномаҳои гуногун мебанданд. Дар марҳилаи ҳозира аз байни моделҳои номбурда, модели В2В ва В2С ҷойи муҳимро ишғол мекунад.

Дар тиҷорати анъанавӣ (off-line) ҳамаи тартибдиҳандаҳо – мол, хизматрасонӣ ва субъект ҷараёни физикӣ ба шумор мераванд. Дар тиҷорати электронии соф (on-line) ҳамаи ченакҳо – ададӣ (цифровой) мебошад, дар дигар ҳолатҳо тиҷорати электронии омехта ҷой дорад. Харидани китоб аз сайти www.ozon.ru тиҷорати электронии соф шуда наметавонад, зеро дастрас кардани китоб тавассути почта ба роҳ монда шудааст. Дастрас кардани барномаи компутерӣ аз сайти www.egghead.com тиҷорати софи электронӣ мебошад.

4.Омилҳои тараққиёти тиҷорати электронӣ.

Се омили асосии тараққиёти иқтисодиёти интернет ва тиҷорати электрониро ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Самаранокии ғайриасосии мусбии шабакаҳо. Дар ин ҷода муштариён дар шабакаи Интернет як дигарро ба тиҷорати электронӣ ҷалб менамоянд.
    1. Муносибатҳои комплиментарӣ байни компонентҳои технологияи интернетӣ. Дар иқтисодиёти интернетӣ байни инфраструктураи шабакавӣ ва тиҷорати электронӣ вобастагии муайян мавҷуд аст. Системаи интернет ба системаи кушод мансуб аст. Бинобар он дар ин система маблағгузорӣ ба инфраструктураи шабакаи электронӣ босамаран аст.
    1. Хароҷотҳои ками амалиётҳо (низкие операционные издержки) барои гирдгардиши ҳуҷҷатҳо.

Барои баҳодиҳии паҳншавии тиҷорати электронӣ нишондодҳои зерин истифода бурда мешаванд:

  1. Интернет – хост. Системаи дилхоҳ, ки IP-суроғаи он ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Дар ин система базаи ахбор ҳамаи муштариёни дар шабакаи интернет фаъолият доштаро фаро намегирад. Баъзе аз компютерҳо бо истифодаи firewalls аз воридшавии ғайриконфеденсиалӣ ҳифз карда шудааст.
    1. Серверҳои боваринок. Дар чунин серверҳо муштариён метавонанд ахбороти хусусияти шахсӣ доштаро нигоҳ доранд ва аз он истифода баранд.

Инчунин барои муайян намудани самаранокии истифодаи Интернет теъдоди истифодабарандагони интернет, миқдори сайтҳо ва қайд кардани онҳо дар хостингҳо яке аз нишондодҳои асосӣ мебошанд. Миқёси (критерия) асосии баҳодиҳии дастрас будани интернет барои тиҷорат ва муштариён – ин мавҷудияти компютерҳо ва дастрас будани худи интернет иборат аст. Ҳоло миқдори зиёди компютерҳо дар давлатҳои Нидерландия, Австрия ва ИМА мушоҳида карда мешавад. Дар навбати худ даромади аҳолӣ яке аз омилҳои асосӣ барои васеъ паҳн шудани истифодаи компютерҳо ва интернет ба шумор меравад.

Яке аз муаммоҳои асосӣ дар ҷодаи истифодаи интернет – ин кам будани шумораи сайтҳо бо забони маҳаллӣ аст. Маълум аст, ки ҳоло дар шабакаи интернет қисми зиёди сайтҳо ба забони англисӣ ва русӣ қарор дорад. Дар интернет вақтҳои охир сайтҳое пайдо шудаанд, ки онҳо ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) низ тартиб дода шудааст.

1.5. Сохтори бозори электронӣ.

Дар тиҷорати электронӣ ду табақа аз ҳам фарқ карда мешавад:

  • инфраструктура;
    • фаъолияти иқтисодӣ.

Инфраструктураи Интернет аз шабакаи глобаӣ дар базаи компютерҳои фардӣ иборат буда, асоси физикии тиҷорати электрониро ташкил менамояд. Дар ин ҷода мавҷудияти барномаҳои компютерӣ аҳамияти хоса дорад.

Табақаи фаъолияти иқтисодӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Яке аз онҳо трансаксия дар шабакаи интернет бо ҷалб намудани миёнаравҳо ва дигараш шартномаҳои бевосита дар ҳолати on-line.

Фаъолнокии тиҷоратӣ дар фазои бозор бо чор омил (фактор) муайян карда мешавад:

Инфраструктураи ҳамоҳангӣ (взаимодействие);

Фазои бозоргонӣ;

Механизмҳои трансаксионӣ;

Роҳҳои дастрас кардани мол.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *