Фанни Иқтисоди миллӣ

Инжиниринг

Инжиниринг (англ, engineering — маҳорат, дониш) хизматрасониҳои муҳандисӣ-машваратӣ доир ба ташкили корхона ва объектҳоро дар бар мегирад. Инжиниринг усули муҳими баланд бардоштани самаранокии сармояи ба объект гузошташуда мебошад. Он чун шакли муайяни содироти хизматрасонӣ (супоридани дониш, технология ва таҷриба) аз ҷониби истеҳсолкунанда ба мамлакати фармоишгар баҳо дода мешавад. Инжиниринг маҷмӯи корҳоро оид ба гузаронидани татқиқотҳои пешакӣ, омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, инчунин кор карда баромадани тавсияҳо дар бобати ташкил ва идораи истеҳсолот, истифодабарии таҷҳизот ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти тайёрро дар бар мегирад. Шартнома дар бораи харидории хизматрасониҳои инжинирингӣ як қатор ӯҳдадорӣ ва шартҳои махсусро дар бар мегирад: рӯйхати вазифа ва корҳо бо мӯҳлати иҷроишашон; мӯҳлат ва ҷадвали иҷрои корҳо; шумораи ҳайати гурӯҳи инжинирингӣ, ки дар иҷрои корҳо дар макон иштирок мекунанд ва шароитҳои зиндагии онҳо; дараҷаи ҷавобгарии ҷонибҳо барои вайрон кардани ӯҳдадориҳо; шартҳои ба дигар ширкат гузашт намудани қисми хизматрасониҳои шартнома дар асоси пудрати майда, пардохт намудани омӯзиши ҳайат. Вазифаи инжиниринг аз ҷониби фармоишгарон ба даст овардани натиҷаи беҳтарин аз сармоягузорӣ мебошад, ки аз чунин ҳисоб ба даст меояд:

  • муносибати системавӣ ва низомномавӣ ба амалӣ гардонидани лоиҳаҳо;
  • варианти бисёр доштани коркардҳои техникӣ ва иқтисодӣ, баҳодиҳии молиявии онҳо бо интихоби варианти барои фармоишгар муносиб;
  • кор карда баромадани лоиҳаҳо бо назардошти имконияти истифода бурдани технологияҳои истеҳсолӣ ва сохтмонии пешқадам, таҷҳизот, консруксия ва маводҳо аз сарчашмаҳои алтернативии гуногун, ки ба шартҳои мушаххас ва талаботҳои махсуси фармоишгар ҷавобгӯ мебошанд;
  • истифода бурдани усулҳои муосири ташкил ва идоракунии тамоми зинаҳои амалӣ гардонидани лоиҳаҳо. Инжиниринг чун намуди махсуси соҳибкорӣ хусусиятҳои хосро доро мебошад:
    • яке аз шаклҳои хизматрасонии таъиноти истеҳсолӣ ба шумор меравад, ки на дар шакли моддии маҳсулот, балки дар таъсири муфид зоҳир мегардад. Ин таъсири муфид метавонад ноқили моддӣ (ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва техникӣ, ҷадвалҳо, нақшаҳо ва ғ.) дошта бошад.
    • дар охир бо тайёр намудан ва таъмин кардани ҷараёни истеҳсолот ва фурӯши неъматҳои моддӣ ва хизматрасониҳое алоқаманд аст, ки барои истеъмолоти мобайнӣ ва интиҳоӣ пешбинӣ шудаанд;
    • объекти хариду фурӯш ба ҳисоб меравад, яъне хосияти тиҷоратӣ дорад;
    • назар ба франчайзинг ва ноу-хау бо хизматрасониҳои барқароршаванда сару кор дорад, яъне бо хизматрасониҳое, ки арзишашон бо сарфи вақти зарурӣ барои истеҳсоли онҳо муайян карда мешавад ва аз ин рӯ барои фурӯши онҳо фурӯшандаҳои зиёд мавҷуд мебошанд. Франчайзинг бо ноу-хау бошанд, бо фурӯхтани донишҳои таъиноти истеҳсолии дар айни замон барқарорнашаванда, ки шумораи маҳдуди фурӯшандаҳоро доранд, алоқаманд мебошанд. Дар амалия расонидани хизматҳои инжинирингӣ бисёр вақт бо фурӯши ноу-хау омезиш меёбад. Ин ба ҷойивазкунии мафҳумҳои «хизматрасониҳои инжинирингӣ» ва «мубодилаи технологияҳо» оварда мерасонад. Дар асл хизматрасониҳои инжинирингӣ – ин усули супоридани донишҳои технологӣ ва дигар донишҳои нав мебошад, аммо худи хизматҳо аз мол иборат мебошанд, ки аз технология фарқ мекунанд. Тамоми маҷмӯи хизматрасониҳои инжинирингро метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард: а) хизматрасониҳое, ки бо тайёр намудани ҷараёни истеҳсолот алоқаманданд; б) хизматрасониҳо барои таъмин намудани равиши муқаррарии ҷараёни истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот. Ба таркиби гурӯҳи якум дохил мешаванд: хизматрасониҳои пешазлоиҳавӣ, хизматрасониҳои махсуси лоиҳавӣ, ва баъдилоиҳавӣ. Хизматрасониҳои пешазлоиҳавӣ омӯзиши бозор, амалӣ намудани татқиқотҳои саҳроӣ, кашфи канданиҳо, пуриморат кардани минтақаҳо ва ғайраро дар бар мегиранд. Хизматрасониҳои лоиҳавӣ инжиниринги бунёдӣ ва ҷузъиро дар бар мегиранд. Инжиниринги бунёдӣ – ин тайёр намудани татқиқотҳои пешакӣ ва лоиҳаҳо, нақшаи генералӣ, баҳодиҳии арзиши лоиҳа ва ғайра мебошад. Инжиниринги ҷузъӣ – ин пешниҳод намудани пешниҳодҳо оиди лоиҳаи охирин, омода намудани коргарон, нақшаҳо, ҳуҷҷатҳои техникӣ ва ғ. Хизматрасониҳои баъдилоиҳавӣ хизматрасониҳо барои омода намудани шартнома, ташкили савдо, пеш бурдани лоиҳа, назорат ва тафтиш аз болои амалӣ намудани корҳо, пеш бурдани таҷрибаҳо, тайёр намудани ҳайат ва шароитҳо барои фурӯши маҳсулот. Хизматрасониҳои махсус – ин хизматрасониҳое, ки бо муаммоҳои мушаххаси ташкили объекти мазкур (татқиқлтҳои иқтисодӣ, маросимҳои ҳуқуқӣ ва ғ.) алоқаманданд. Ба таркиби хизматрасониҳои инжинирингӣ оид ба таъмини равиши муқаррарии ҷараёни истеҳсол ва фурӯши маҳсулот корҳои алоқаманд бо муносибкунии ҷараёнҳои истифодабарӣ, идоракунии корхона ва фурӯши маҳсулоти он дохил мешаванд. Ба ин гурӯҳи хизматрасониҳо хизматрасониҳо оид ба идоракунӣ ва ташкили ҷараёни истеҳсолот, муоина ва озмоиши таҷҳизот, истифодабарии объект, машварат ва кӯмак дар масъалаҳои молиявӣ, хизматрасониҳо оид ба таъмини фурӯши маҳсулот ва ҷорӣ намудани системаҳои таъминоти иттилоотӣ дохил карда мешаванд. Асоси ташкили савдои байналхалқии хизматрасониҳои инжинирингиро усули фармоишии амалӣ намудани корҳо ташкил мекунад, ки ба шартномаи дар байни фармоишгар ва ширкати инжинирингии хориҷӣ басташуда, асос ёфтааст. Шартномаи байналхалқӣ барои расонидани хизматрасониҳои муҳандисӣ-машваратӣ метавонад бо тарзҳои гуногун ба расмият дароварда шавад. Намуди шартнома аз усули аз ҷониби фармоишгар интихобнамудаи амалӣ намудани лоиҳа ва хусусияти хизматрасонии ширкати инжинирингии хориҷӣ вобаста аст. Се усусли асосии бунёдкунии объектҳо мавҷуд аст. Усули якум амалӣ намудани қисми зиёди корҳоро (аз он ҷумла лоиҳакашӣ, роҳбарии лоиҳа, баъзан сохтмони объект) аз ҷониби ҳайати фармоишгар ё аз ҷониби ширкатҳои маҳаллӣ дар назар дорад. Дар ин ҳолат ширкати инжинирингии хориҷӣ танҳо ба сифати машваратчӣ ҳангоми омодасозӣ ва амалӣ кардани лоиҳа, инчунин чун намояндаи фармоишгар дар вақти амалӣ намудани назорат ва гузаронидани гуфтушунидҳо бо лоиҳакашон, пудратчиён ва дигар ҷонибҳо баромад мекунад. Ҳангоми аз ҷониби худи фармоишгар иҷро намудани қисми зиёди корҳо, воридоти хизматрасониҳои инжинирингӣ аз хориҷа метавонад ба машваратдиҳӣ ва омӯзиши мутахассисон оид ба муаммоҳое, ки бо амалӣ намудани танҳо зинаҳои алоҳидаи лоиҳа алоқаманданд, оварда расонида шавад. Шартномае, ки бо усули якуми бунёди объект алоқаманд аст, ҷавобгарии машваратчиро аз болои амалигардонии лоиҳа пешбинӣ намекунад. Усули дуюм аз ҷониби ширкати инжинирингии хориҷӣ иҷро намудани ҳама ё қисми зиёди хизматрасониҳои инжинирингиро аз рӯи лоиҳа, аз он ҷумла лоиҳакашӣ, идоракунии сохтмон ва роҳбарӣ ба амалӣ намудани лоиҳа дар умумро пешбинӣ мекунад. Шартномае, к ибо усули дуюми сохтмони объект алоқаманд аст, шартномаи инжиниринги пурраро дар бар мегирад ва ҷавобгарии ширкати инжинирингиро чун агенти ваколатдори фармоишгар барои иҷро намудани лоиҳа пешбинӣ мекунад. Усули сеюми бунёди объект бо бастани шартномаи «таҳти калид» бо пудратчии хориҷӣ алоқаманд мебошад, ки ҷавобгарӣ барои пешбурди тамоми маҷмӯи корҳо, аз он ҷумла корҳои сохтмони объектро бар дӯши худ мегирад. Дар ин ҳолат хизматрасониҳои инжинирингӣ на аз ҷониби ширкати махсусгардонидашудаи инжинирингӣ, балки аз ҷониби пудратчии сохтмонии генералӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар савдои байналхалқии хизматрасониҳои инжинирингӣ ширкат-иҷрокунанда дар ҷараёни гуфтушунидҳои мустақим ё дар рафти савдои пудратӣ (тендер) интихоб карда мешавад. Тендер (англ, tender – пешниҳод, дархости пудрат) – ин шакли озмунии гузаронидани савдои пудрат, ки аз мусобиқаи офертавии аз ҷониби довталабон пешниҳод гардида иборат мебошад, аз нуқтаи назари мутобиқати онҳо бо меъёрҳои ҳуҷҷатҳои тендер. Савдоҳои пудратӣ метавонанд гузаронида шаванд, ҳангоми ҷойгир кардани фармоиш барои:
  • сохтмони корхонаҳо, бино ва иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, аз он ҷумла бо шартҳои «таҳти калид»;
  • иҷро кардани корҳои лоиҳавӣ, муҳандисӣ-муҳаққиқӣ, конструкторӣ, сохтмонӣ, васлкунӣ, бакорандохтан ва танзим ва дигар корҳо;
  • ҷобаҷо кардани таҷҳизоти маҷмӯии технологӣ, аз он ҷумла бо шартҳои «таҳти калид»;
  • лоиҳаҳо, машваратдиҳӣ, назорат;
  • ҳар омезиши аз ҷиҳати техникӣ ва ташкилӣ асоснокнамудаи кор ва хизматҳои нишондодашуда.

Намудҳои асосии савдои пудратӣ чунинанд:

  • вобаста ба гузаронидани савдои интихоби пешакии довталабон (оферентҳо) аз ҷониби ташкилкунанда — бо дараҷабандии пешакӣ ва бе дараҷабандии пешакӣ;
  • вобаста аз иштироки оферентҳои хориҷӣ – бо иштироки оференти хориҷӣ ва бе иштироки оференти хориҷӣ;
  • вобаста аз иштироки оферентҳо дар маросими савдо ва паҳн кардани натиҷаҳои онҳо – кушод ва пӯшида;
  • вобаста аз он, ки аз рӯи предмети савдои мазкур бори чандум таъин карда мешаванд – аввала ва такрорӣ. Қарор дар бораи таъинот ва вақти гузаронидани савдо аз ҷониби фармоишгар баъди тасдиқ намудани асосноксозии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ё баъди тайёр кардани ҳуҷҷатҳо қабул карда мешавад. Дар савдои пудратӣ тамоми корхона ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, агар барои ин фаъолият иҷозатнома гирифтан зарур бошад, соҳиби иҷозатнома бошанд, метавонанд иштирок кунанд. Дар савдои мазкур иштирок намудани корхона ва ташкилотҳое, ки аз ҳамдигар вобастагии ташкилӣ-ҳуқуқӣ ё молиявии мустақим доранд ва ин вобастагӣ дар шакли санадҳои муассисӣ, иштироки молиявӣ, холдинг ва ғайра инъикос меёбад, манъ карда мешавад. Дар савдо тамоми шахсоне, ки мехоҳанд ба сифати довталаб (оферентҳо) баромад кунанд, метавонанд иштирок кунанд. Савдо метавонад бо дараҷабандии пешакии довталабоне, ки хоҳиши дар савдо иштирок кардани худро тасдиқ намудаанд, гузаронида шаванд. Савдои пудратиро кумитаи тендерӣ мегузаронад. Кумитаи тендерӣ савдои пудратиро мегузаронад, ҳамзамон арзиши хизматрасониҳои инжинирингӣ чунин баҳо дода мешаванд:
  • пардохти вақтбайи мутахассисон;
  • пардохти хизматрасониҳои воқеӣ ва подоши муқарраркардашуда;
  • фоиз аз арзиши сохтмон ё васлкунии таҷҳизот;
  • пардохти хизматрасониҳои воқеӣ ҷамъи фоизи фоида аз истифодабарӣ.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *