Фанни Иқтисоди миллӣ

СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИ САРМОЯ

  1. Содирот ва воридоти сармояи соҳибкорӣ чун шакли алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ
  2. Кооператсияи саноатӣ (истеҳсолӣ)-и байналхалқӣ
  3. Соҳибкории муштарак
  4. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ

1 Содирот ва воридоти сармояи соҳибкорӣ чун шакли алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ

Дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ содирот ва воридоти сармоя дар байни мамлакатҳо нақши муҳимро мебозанд. Ҳаракати сармояҳо тавассути сарҳади мамлакатҳо аз ҳаракати молҳо ба таври куллӣ фарқ мекунанд. Ба хориҷа баровардани сармоя ин ҳаракати якҷонибаи арзишҳо дар шакли пулӣ ба хориҷа бо мақсади ба даст овардани фоидаи соҳибкорӣ ё гирифтани фоиз мебошад. Савдои берунмарзӣ бо табиати иқтисодӣ аз мубодилаи молҳо чун арзишҳои истеъмолӣ иборат аст. Сармоя, пеш аз ҳама, гузоштани маблағ барои гирифтани даромад мебошад. Сармоя инчунин дороиеро мефаҳмонад, ки барои афзоиши худӣ истифода бурда мешавад. мафҳуми нисбатан пурраи сармоя чуни наст: Сармоя – ин тамоми арзишҳои молӣ ва зеҳнӣ мебошанд, ки аз ҷониби сармоягузор ба объектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, бо мақсади гирифтани фоида гузошта мешаванд. сармоя ду шаклро доро мебошад: сармояи соҳибкорӣ ва сармояи қарзӣ. Сармояи соҳибкорӣ – ин сармояе мебошад, ки аз ҷониби дорандааш ба корхонаҳои гуногун бо мақсади ба даст овардани ҳуқуқи идоракунии корхона ва фоида гузошта шудааст. Сармояи қарзӣ – ин сармояи пулӣ мебошад, ки аз ҷониби дорандааш ба шахси дигар дар шакли қарз дода шудааст. Ҳаракати сармояи қарзӣ дар бахши алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ дар шакли қарзи байналхалқӣ сурат мегирад, ки ба қарзгиранда бо шартҳои баргардонидан, пардохтӣ ва мӯҳлатнок дода мешавад. Пардохт дар шакли фоиз аз арзиши сармояи қарзӣ гирифта мешавад ва нархи сармояи қарзӣ ба ҳисоб меравад. Дар адабиёти иқтисодии муосир сармояи қарзиро аз рӯи фикрронии пешина сармояи ссудӣ меноманд ва онро дар назар доранд, ки ин сармоя пуле мебошад, ки ба ссуда дода шудааст. Аммо ин нодуруст аст. пул наметавонад ба ссуда дода шавад. Дар байни ссуда, заём ва қарз фарқияти аниқ мавҷуд аст. Ҳамин тавр, ссуда – ин аз тарафи як ҷониб (ссудадиҳанда) барои истифодаи муваққатии бемузд ба дигар ҷониб (ссудагиранда) додани ашё мебошад, ки ссудагиранда ӯҳдадор мегардад ҳамон ашёро дар он ҳолате, ки гирифта буд, бо назардошти истеҳлоки меъёрӣ ё дар ҳолате, ки дар шартнома нишон дода шудааст, бармегардонад. Заем – ин аз тарафи як ҷониб (заёмдиҳанда) ба моликияти дигар ҷониб (заёмгиранда) додани пул ё дигар ашёи муайян мебошад, ки заёмгиранда ӯҳдадор мегардад ба заёмдиҳанда ҳамин маблағи пулҳо (маблағи заём) ё шумораи баробари дигар ашёҳои гирифтаашро бо ҳамон ҷинс ва сифат баргардонад. Қарз – ин аз тарафи бонк ё муассисаи қарзӣ (қарздиҳанда) ба қарзгиранда пешниҳод кардани воситаҳои пулӣ (қарз) дар ҳаҷм ва бо шартҳое мебошад, ки дар шартнома пешбинӣ шудаанд, қарзигиранда бошад, ӯҳдадор мегардад, ки маблағи пулии гирифтаро баргардонад ва фоизҳоро пардохт намояд. Сармояи соҳибкорӣ ду шакли гузоштани сармояро доро мебошад: сармояи мустақим ва сармояи портфелӣ. Сармояҳои мустақим маънии мустақиман гузоштани воситаҳои пулиро ба сармояи оинномавии корхона доранд. Ин сармоягузорӣ на танҳо бо мақсади ба даст овардани ҳуқуқ ба идоракунии корхона, балки барои назорат аз болои корхонаи мазкур низ анҷом дода мешавад. Сармоягузориҳои портфелӣ бошанд, бо ташкили портфели инвеститсионӣ алоқаманданд. Портфел аз маҷмӯи дар як ҷо ҷамъкардаи арзишҳои гуногуни инвеститсионӣ иборат аст, ки барои расидан ба ҳадафи мушаххаси саҳмдор хизмат мекунанд. Сармояҳои портфелӣ маънии харидорӣ намудани қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқи моликият ба амволи ғайриманқулро доранд. Сармояҳои портфелӣ танҳо ба гирифтани фоида равона карда шудаанд. Ду усули ба даст овардани даромад аз сармояҳои портфели хориҷӣ мавҷуданд:

  1. даромаде, ки дар шакли фоизҳо, дивидендҳо, фоидаҳои солона аз доштани облигатсияҳо, саҳмияҳо ва амволи ғайриманқули хориҷӣ ба даст оварда мешаванд;
  2. даромаде, ки аз ихтиёрдории қоғази қиматнок дар шакли фарқ байни нархи харид ва нархи фурӯши ин қоғази қиматнок ба даст меояд. Баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон нақш ва ҳаҷми сармояҳои мустақими хориҷӣ ба маротиб афзуд. Афзоиши ҳаракати сармояҳои мустақим бо ҷараёнҳои афзоишёбандаи ҳамгироӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва рушди корпоратсияҳои трансмиллӣ алоқаманд аст.

Сабабҳои водоркунандаи чунин сармоягузориҳо дастрасӣ пайдо намудан ба техгнологияҳои навтарин, наздик кардани истеҳсолот ба бозорҳои фурӯш, гузаштан аз монеаҳои ҳимоягароӣ, сарфа дар пардохтҳои андозӣ, паст кардани хароҷотҳо барои эҳтиёҷоти экологӣ ва монанди инҳо ба ҳисоб мераванд.

2. Кооператсияи саноатӣ (истеҳсолӣ)-и байналхалқӣ

Дар солҳои ахир дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ кооператсия рушду нумӯ намуд, ки ба ҳамкорӣ чандирӣ, тезҳаракатӣ мебахшад ва имконияти зуд ҳамроҳ шудан ба ҷараёни ташкил ва истеҳсоли молҳои навро фароҳам меорад. Кооператсия бо махсусгардонии истеҳсолот зич алоқаманд буда, асоси шаклҳои онро ташкил мекунад: мавзӯӣ, ҷузъӣ ва технологӣ. Кооператсияи саноатӣ (лот. cooperatio — ҳамкорӣ) – ин шакли алоқаҳои мустаҳкам ва дарозмуддати байни субъектони хоҷагидоре мебошад, ки бо муштаракан тайёр намудани маҳсулоти муайян дар асоси махсусгардонии истеҳсолоти онҳо, машғуланд. Кооператсияи байналхалқӣ дар шаклҳои гуногун рушд мекунад. Ин метавонад бошад:

а) кооператсияе, ки тавассути шартнома амалӣ карда мешавад ва бо таъсиси ягон сохторҳои ташкилӣ ҳамроҳӣ карда намешавад;

б) кооператсияе, ки тавассути иттиҳодияҳои хоҷагидори байналхалқӣ амалӣ карда мешаванд.

Кооператсияи саноатӣ се шаклро дар бар мегирад:

  • илмӣ-техникӣ;
  • истеҳсолӣ;
  • илмӣ-истеҳсолӣ.

Кооператсияи илмӣ-техникӣ маънии ҳамкорӣ кардан дар бахши гузаронидани НИОКР аз рӯи мавзӯъҳои интихобӣ дар асоси тақсимоти меҳнат байни шариконро дорад. Кооператсияи истеҳсолӣ – ин алоқаҳои дарозмуддати байни субъектони хоҷагидор ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти оммавӣ ё сериявӣ мебошанд. Кооператсияи илмӣ-истеҳсолӣ – ин ҳамкории мустаҳкам дар тамоми даври «илм – техника — истеҳсолот».

Азбаски дар кооператсияи саноатӣ лаҳзаи асосӣ истеҳсолот ба ҳисоб меравад, кооператсияи саноатӣ аз рӯи мафҳум кооператсияи истеҳсолӣ мебошад. Кооператсияи истеҳсолии байналахалқӣ байни субъектони хоҷагидори мамлакатҳои гуногун аксаран дар асоси мубодилаи систематикии маводҳо, ашёи хом, таҷҳизот, воситаҳои таъминоти барномавӣ, мутахассисон ва ғайра таркиб меёбад. Шартнома дар бораи истеҳсоли молҳо аз ҷониби як корхона аз ашёи хом ва нимфабрикатҳое, ки ба корхонаи дигар тааллуқ доранд, (асоси давалчигӣ) таҷрибаи васеъ паҳншуда ба хисоб меравад. Намуди соҳибкорӣ дар асоси чунин шартнома, яъне дар асоси давалчигӣ, толлинг ном дорад. ТОЛЛИНГ (англ. tolling), ё амалиётҳои толлингӣ – ин хизматрасониҳо оид ба коркарди ашёи хоми давалчигии воридотӣ мебошанд, ки ба ҳудуди гумрукии мамлакат барои аз ҷониби корхонаҳо коркарди минбаъда кардани он ба маҳсулоти тайёре, ки ба хориҷа бароварда мешавад, ворид карда мешаванд. Ба таври дигар, толлинг – ин усули ташкили истеҳсолот мебошад, ки ба тақсимоти таъминоти молӣ-ашёи хом ва коркарди ашёи хоми давалчигӣ асос ёфтааст. Толлинг баъзан ба тақсимоти барномаҳои истеҳсолӣ дар байни ширкатҳо, ташкили истеҳсолотҳо ва гурӯҳҳои илмии муштарак оварда мерасонад.

12.3. Соҳибкории муштарак

Соҳибкории муштарак маҷмӯи шаклҳои фаъолияти истеҳсолӣ – хоҷагидории шарикони ду ё зиёда мамлакатҳоро нишон медиҳад, ки кооператсия дар бахшҳои истеҳсолот, тиҷорат, дар бахшҳои хизматрасонии илмӣ-техникӣ, инвеститсионӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Аломати умумии шаклҳои мушаххаси соҳибкории муштарак зарурияти мувофиқа кардани манфиатҳои иқтисодии тамоми иштирокчиёни чунин алоқаҳо ба ҳисоб меравад, зеро асоси шарикиро ҳолати муноқишавии ба ҳам рост наомадани мавқеъҳои онҳо (нисбати сиёсати кадрӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, усулҳои идоракунӣ, пардохти меҳнат ва ғ.) ва таъмин намудани ҳаракати мол (хизмат) – ҳо аз истеҳсолкунандагон ба истеъмолкунандагон ташкил мекунанд. Соҳибкории муштарак дар чунин шаклҳо вуҷуд дорад:

  • консорсиум;
  • ҷамъияти саҳҳомӣ;
  • ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ;
  • минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
  • корхонаҳои муштарак.

Консорсиум (лот. consortium — ҳамиштирокӣ, ҳамшарикӣ) – ин иттиҳоди ихтиёрии муваққатӣ барои иҷро намудани вазифаҳои мушаххас (масалан, амалӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои мақсадноки азим) мебошад. Вазифаи мазкурро иҷро намуда, консорсиум фаъолияти худро қатъ меномояд ё ба дигар намуди иттиҳоди шартномавӣ табдил дода мешавад. Иштирокчиёни консорсиум мустақилияти хоҷагидории худро нигоҳ медоранд ва метавонанд дар фаъолияти дигар консорсиумҳо, ассотсиатсияҳо ва корхонаҳои муштарак иштирок кунанд. Консорсиум моликиятеро истифода ва ихтиёрдорӣ мекунад, ки муассисон ба ӯ додаанд, инчунин воситаҳое, ки барои амалӣ намудани барномаи мақсадноки дахлдор ҷудо карда шудаанд ё аз дигар сарчашмаҳо ворид мегарданд. Консорсиум, чун қоида, фаъолияти худро дар асоси бефоида амалӣ менамояд. Консорсиум шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб намеравад. Ташкили консорсиум бо шартнома ба расмият дароварда мешавад. Фаъолияти тамоми иштирокчиёни кнсорсиумро роҳбари консорсиум ҳамоҳанг месозад, ки барои ин дигар иштирокчиён маблағ ҷудо менамоянд. Роҳбар манфиатҳои консорсиумро намояндагӣ мекунад ва дар доираи ваколатҳое, ки аз дигар аъзоён гирифтааст, амал мекунад. Ҳар як иштирокчии консорсиум барои ҳиссаи таҳвилҳои худ пешниҳод тайёр мекунад, ки баъдан аз онҳо пешниҳоди умумӣ тартиб дода мешавад. Консорсиум дар назди фармоишгар масъулияти якҷояро ба р дӯш дорад. Ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ – ин ташкилотҳои иқтисодии байниҳукуматӣ ва байнидавлатӣ, иттиҳодиява ташкилотҳои хоҷагидори байналхалқӣ мебошанд. Онҳо дар асоси созишнома ва шартномаҳои байни муассисон таъсис дода мешаванд. Вазифаи асосии ташкилоти байнидавлатии иқтисодӣ ҳамоҳанг сохтани фаъолияти давлатҳо – шарикон дар ҳамкорӣ дар бахшҳои фаъолияти истеҳсолӣ, илмӣ ва дигар бахшҳои ҳамкорӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии ташкилоти байналхалқии хоҷагидор фаъолияти муштарак ва ҳамоҳангнамуда дар бахши илмӣ-истеҳсолӣ мебошад. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ шаклҳои гуногунро доранд ва дертар баррасӣ карда мешаванд. Корхонаи муштарак – ин корхонае мебошад, ки муштаракан аз ҷониби мамлакатҳои гуногун, аз он ҷумла бо иштироки сармояи Россия ва хориҷӣ таъсис дода шудаанд. Дар таҷрибаи муосири хоҷагидории ҷаҳонӣ истилоҳи «корхонаи муштарак» васеъ маънидод карда мешавад ва дар худ ҳам шартномаҳои байни ширкатҳоро, ки талабот дар бораи иштирок дар сармояи саҳҳомии корхонаи муштаракро дар бар мегиранд ва ҳам шартномаҳое, ки чунин талаботҳоро дар бар намегиранд, муттаҳид менамояд. Аз ин рӯ дар амалияи ҷаҳонӣ мафҳумҳо ҷорӣ карда шуда буданд: Корхонаи муштараки саҳҳомӣ; корхонаи муштараки шартномавӣ. Корхонаи муштараки саҳҳомӣ аз ҷониби ду ё зиёда иштирокчиён дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис дода мешавад, ки дар он ҳар як шарикон ҳиссаи муайяни сармояи саҳҳомиро соҳиб мегардад. Корхонаи муштараки шартномавӣ ташкил намудани ширкати навро барои амалӣ намудани фаъолияти муштарак пешбинӣ намекунад. Дар доираи он тамоми муносибатҳо байни ҷонибҳо-иштирокчиён бо роҳи шартномаҳо танзим карда мешаванд. Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ чунин вазифаҳои асосии корхонаи муштаракро муайян намудааст: а) мавҷуд будани шартнома дар байни иштирокчиён дар бораи ҳадафҳои умумии дарозмуддати фаъолияти соҳибкорӣ; б) барои расидан ба ин ҳадафҳо аз ҷониби иштирокчиён муттаҳид намудани дороиҳо дар шакли воситаҳои пулӣ, фондҳои асосӣ, таҷрибаи идоракунӣ, ҳуқуқ ба моликияти заҳнӣ ва дигар воситаҳо; в) чун сармоягузории иштирокчиён баррасӣ намудан ва баҳо додани дороиҳои муттаҳидкарда; г) ташкил намудани мақомотҳои мустаҳили идоракунӣ, ки фаъолияташон танҳо ба амалӣ намудани ин ҳадафҳои муштарак равона карда шудааст.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ – ин ҳудудҳои маҳдуд мебошанд, ки дар онҳо барои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди мамлакат тақсим мешаванд ба:

  • минтақаҳои истеҳсолоти содиротӣ;
  • минтақаҳои озоди гумрукии савдо;
  • минтақаҳои махсуси иқтисодӣ;
  • минтақаҳои наздисарҳадии хизматрасонӣ.

Минтақаи истеҳсолоти содиротӣ қитъаи маҳдуди ҳудуди гумрукӣ мебошад, ки дар он реҷаи махсуси фаъолияти соҳибкорӣ ҷорӣ карда шудааст ва он ба ширкатҳое паҳн мегардад, ки зиёда аз 50% молҳои истеҳсолоти худро ба хориҷа мебароранд. Ҳамзамон маҳсулоти онҳо бояд ба соҳаҳои коркарди саноат тааллуқ дошта бошанд. Ширкатҳое, ки иштирокчии минтақаи истеҳсолоти содиротӣ ба ҳисоб мераванд, аз фурӯши ҳатмии даромади асъории аз содироти молҳои истеҳсолоти худ бадастоварда озод карда мешаванд. Онҳо, инчунин аз пардохти андоз аз фоида ба мӯҳлати 5 сол аз рӯзи ба қайд гирифтан ба сифати иштирокчии минтақа озод карда мешаванд ва якчанд имтиёзҳои андозии дигарро доро мебошанд. Минтақаи озоди гумрукӣ – ин қитъаи ҳудуди гумрукӣ мебошад, ки дар он реҷаи махсуси фаъолияти соҳибкорӣ ҷорӣ карда шудааст. Молҳои хориҷӣ дар минтақаи озоди гумрукӣ бе ситонидани боҷ, андозҳо ва бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати онҳо ҷой дода шуда истифода карда мешаванд. Чунин минтақаи гумрукӣ, ки дар он зерсохтори рушдкардаи истеҳсоливу нақлиётӣ ва дигар шароитҳои мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ мавҷуданд, ба минтақаи озоди гумрукии навъи истеҳсолӣ табдил меёбанд. Дар он гузаронидани амалиётҳои истеҳсолӣ ичозат дода мешавад, ки дар натиҷаи онҳо мавқеи молҳо дар Феҳрасти молии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ, аз он ҷумла мавқеи молҳо дар сатҳи ягон аломат аз чор аломатҳои аввали рамзи рақамӣ тағйир меёбад. Минтақаи озоди гумрукии навъи истеҳсолӣ – ин минтақаи озоди гумрукие мебошад, ки барои амалӣ намудани ба навъҳо ҷудо намудан, харидорӣ, борбандӣ, нишонагузории молҳо барои дар оянда аз ҳудуди минтақа ё мамлакат баровардани онҳо истифода бурда мешавад.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Чунин минтақа дар ҳудудҳое ташкил карда мешавад, ки тавассути онҳо ҳамлу нақли мунтазами байналхалқӣ амалӣ карда мешаванд (дар бандарҳо, фурӯдгоҳҳо, узелҳои роҳи оҳан ва шоҳроҳҳои автомобилгард). Дар минтақаҳои озоди гумрукии тиҷоратӣ ба гузаронидани амалиётҳое, ки мавқеъи молҳоро дар Феҳрасти молии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ, аз он ҷумла мавқеи молҳо дар сатҳи ягон аломат аз чор аломатҳои аввали рамзи рақамӣ тағйир медиҳанд, роҳ дода намешавад. Ба минтақаҳои махсуси иқтисодӣ минтақаҳои технологӣ (паркҳои технологӣ, технополисҳо)-ро метавон дохил намуд, ки дар асоси имтиёзҳо кор карда баромадан ва ворид намудани технологияи муосирро бо ёрии корхонаҳои на танҳо миллӣ балки хориҷӣ низ таъмин менамоянд. Парки технологӣ (технопарк) – ин гурӯҳи корхонаҳои аз ҷиҳати ташкилӣ ва ҳудудӣ муттаҳидкардае мебошанд, ки бо кор карда баромадани технологияҳо машғуланд. Технополис (аз юнонӣ techne — маҳорат, ҳунар, polls — шаҳр) – ин шакли диверсификатсиякунонии фаъолияти иқтисодӣ, ҳамгироии ҳудудии илм ва истеҳсолот мебошад. Технополис маҷмӯи илмӣ-технологии байнисоҳавӣ мебошад, ки аз озмоишгоҳҳои татқиқотӣ, ширкатҳои венчурӣ, татбиқкунанда, саноатии азим, миёнаравӣ ва дигар ширкатҳое, ки дар атрофии донишгоҳ ё маркази татқиқотии азим гирд омадаанд, иборат аст. Ба минтақаҳои наздисарҳадии хизматрасонӣ марказҳои «офф-шор», минтақаҳои озоди бонкӣ, минтақаҳои сайёҳӣ-истироҳатӣ ва ғ. дохил мешаванд. Ба сифати намуна ташкил ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мамлакатҳои Амрикои Лотиниро дида мебароем. Ташаккули ин минтақаҳо бо принсипҳои умумии зерин ба амал омад:

а) минтақаҳо бо ташаббуси ҳокимиятҳои марказӣ вобаста аз манфиатҳои умумидавлатӣ таъсис дода мешуданд, на бо ташаббуси ҳокимиятҳои маҳаллӣ;

б) пеш аз таъсиси онҳо омода намудани таҳкурсии муносиби қонунгузорӣ анҷом дода шуд, ки амалӣ намудани талаботҳои он бисёр вақт баъд аз 3-4 сол амалӣ мегардад;

в) навъҳои гуногуни минтақаҳои озод аниқ муайян карда шуданд: истеҳсолӣ, истеҳсолӣ-содиротӣ, соф тиҷоратӣ, оффшорӣ ва монанди инҳо. Мувофиқи ин имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва дигар имтиёзҳо пешбинӣ мешаванд;

г) аввалан барои минтақаҳо ҳудудҳои маҳдуд ҷудо карда мешуданд, ки оҳиста-оҳиста васеъ мешуданд ва баъзан андозаҳои азимро касб мекарданд (минтақаи савдои «Колона» дар Панама бо гардиши солонаи 8 млрд. дол. ИМА дар муддати зиёда аз 40 соли мавҷудияташ то 300 га васеъ шудааст);

д) шумораи минтақаҳо тадриҷан зиёд мешуд. Аввал минтақаҳои савдо таъсис дода мешуданд. Имтиёзҳо барои ширкатҳои дар онҳо фаъолияткунанда, пеш аз ҳама ба андозбандии гумрукӣ мансубанд.

Бо мурури замон дар минтақаҳои озоди савдо корхонаҳои коркарди молҳои воридотшаванда пайдо шуданд. Аз ин рӯ минтақаҳои озоди савдо оҳиста-оҳиста ба дараҷаи минтақаҳои озоди истеҳсолӣ гузаштанд. Қисми зиёди минтақаҳои истеҳсолӣ асосан барои содирот кор мекунанд. Дар таъсиси минтақаҳои истеҳсолӣ ду равиш истифода мешаванд:

а) равиши ҳудудӣ, ки реҷаи имтиёзӣ дар ҳудуди муайян паҳн мегардад. Бартарияти равиши ҳудудӣ имконияти ташкили зерсохтори баландсифат ва мақоми самараноки идоракунии маъмурӣ ба ҳисоб меравад;

б) равиши функсионалӣ, ки реҷаи касбӣ ба намуди муайяни фаъолият, новобаста аз макони ҷойгиршавии субъекти хоҷагидор паҳн мегардад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *