Фанни Иқтисоди миллӣ

Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ

Дар ҷараёни амалисозии алоқаҳои байналхалқӣ баҳсҳои гуногун, аз он ҷумла баҳсҳое, ки бо алоқаҳои тиҷоратии берунмарзӣ алоқаманд ва хислати ҳуқуқӣ-гражданӣ доранд, метавонанд ба миён оянд ва онҳо на танҳо бо тартиби судӣ, балки бо тартиби арбитражӣ низ дида баромада мешаванд.

Таҳти арбитраж тамоми арбитраж (суди ҳакамӣ) фаҳмида мешавад, новобаста аз он, ки он барои ҳалли масъалаи мазкур ташкил карда шудааст ё муассисаи доимоамалкунандаи арбитражӣ ба ҳисоб меравад, ба монанди Суди арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ ё Комиссияи баҳрии арбитражӣ.

Суди ҳакамӣ маънои арбитри ягона ё коллегияи арбитражҳо (судяҳои ҳакамӣ)-ро дорад.

Фарқияти асосии арбитраж аз суди давлатӣ дар он аст, ки арбитраж институти хусусӣ (яъне ғайридавлатӣ)-и тафтишотӣ ба ҳисоб меравад, ки як қатор бартариятҳои онро дар назди суди давлатӣ нисбати баҳсҳои тиҷоратӣ сабаб мешавад. Масалан, ҷонибҳое, ки дар баҳс ширкат меварзанд, метавонанд арбитраж ва он ҳакамҳоеро, ки барои ҳалли баҳси дидашаванда зарур медонанд, интихоб кунанд. Ин имконият медиҳад, ки ҷонибҳо ҳангоми зарурат ба арбитражҳои махсусгардонидашуда муроҷиат карда, ҳакамҳоеро интихоб кунанд, ки донишҳои амиқи касбӣ доранд.

Суди давлатӣ кодекси мурофиавӣ-шаҳрвандии мамлакати худро истифода мебарад. Дар ин ҷо ҷонибҳо дар интихоби судяҳое, ки баҳсро дида мебароянд, озод нестанд. Тафтишоти судӣ бисёр вақт расмиятҳои зиёдро дар бар гирифта, муддати зиёд тӯл мекашад.

Тафтишоти арбитражӣ одатан дар шакли одии мурофиавӣ ва дар вақти нисбатан кӯтоҳ мегузарад. Дар арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ ҳангоми дида баромадани баҳсҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ муносибатҳои мурофиавӣ дар асоси қоидаҳои дида баромадани баҳсҳо, ки аз ҷониби институтҳое, ки дар наздашон арбитраж фаъолият мекунад, тасдиқ карда шудааст (палатаи савдо, биржа, ассотсиатсия ва ғ), ё мувофиқи тартибе, ки аз тарафи ҷонибҳои баҳс муайян карда шудаанд (арбитражи ҷудогона) дида баромада мешавад.

Арбитраж нисбат ба тафтишоти суди давлатӣ хароҷотҳои пулии нисбатан камро талаб мекунад. Он иҷозат медиҳад, ки баҳсҳо дар маҷлисҳои пӯшида дида баромада шаванд, ки ин ба нигоҳ доштани сирри тиҷоратӣ мусоидат карда, ба ихроҷи маълумот оиди сирри тиҷоратӣ-истеҳсолии иштирокчиёни тафтишоти арбитражӣ монеа мегардад.

Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ дар ду шакл вуҷуд дорад:

  • арбитражи ҷудогона;
  • арбитражи институтсионалӣ.

Арбитражи ҷудогона аз тарафи ҷонибҳои баҳскунанда барои дида баромадани танҳо як баҳс ташкил карда мешавад. Он инчунин метавонад, чун мақоми доимоамалкунанда, ки дорои сохтори худ, дастгоҳи техникӣ, рӯйхати ҳакамҳо ва қоидаҳои дида баромадани баҳсҳо мебошад, фаъолият кунад.

Арбитражи институтсионалӣ – ин арбитражи доимоамалкунанда мебошад. Он одатан дар назди палатаҳои савдо, биржаҳо ва ғайра ташкил карда мешавад. Доимоамалкунанда танҳо худи институти арбитражӣ мебошад, ҳайати ҳакамҳо бошанд, аз тарафи ҷонибҳо дар ҳар як баҳси мушаххас аз рӯйхати ҳакамҳои институти арбитражӣ интихоб карда мешаванд.

Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ вобаста ба хусусияти баҳсҳое, ки ба ваколаташ дохил мешаванд, ба намудҳо ҷудо мешавад.

Арбитражи тиҷоратии байналхалқии умумӣ тамоми баҳсҳоеро, ки аз додугирифтҳои беруниқтисодӣ ба миён меоянд ва ба ваколати он дохил мешаванд, дида мебарояд.

Арбитражи махсусгардонидашуда: баҳсҳоеро, ки ба яке аз шаклҳои додугирифтҳои беруниқтисодӣ ё додугирифтҳо бо мол (хизматрасонӣ)-и мушаххас дахл доранд, дида мебарояд.

Ба арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ бо шартномаи ҷонибҳо метавонанд супорида шаванд: баҳсҳо аз муносибатҳои шартномавӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ, ки ҳангоми амалӣ гардонидани муносибатҳои тиҷоратии берунмарзӣ ва дигар муносибатҳои иқтисодии байнадхалқӣ ба вуҷуд меоянд, агар ақаллан яке аз ҷонибҳо дар хориҷа қарор дошта бошад, инчунин баҳсҳои корхонаҳое, ки бо ширкати сармояи хориҷӣ таъсис дода шудаанд, байни ташкилотҳои байналхалқӣ, баҳсҳо байни иштирокчиёни онҳо, баҳсҳои онҳо бо дигар субъектонии ҳуқуқ. Дар ҳолате, ки ҷонибҳо зиёда аз як корхонаи тиҷоратӣ доранд, корхонаи тиҷоратӣ ҳамоне ҳисоб карда мешавад, ки ба муносибати арбитражӣ наздиктар аст. агар яке аз тарафҳо корхонаи тиҷоратӣ надошта бошад, мавқеи ҷойгиршавии он ба назар гирифта мешавад.

Агар дар созишномаи байналхалқӣ дар бораи судҳои арбитражӣ нисбат ба қонунгузории миллӣ дигар қоидаҳо оварда шуда бошанд, қоидаҳои созишномаи байналхалқӣ истифода карда мешаванд.

Тамоми паёми хаттӣ, агар ҷонибҳо дигар хел қарордод накарда бошанд, расонидашуда ҳисоб карда мешавад, агар он шахсан ба гиранда супорида шавад ё ба корхонаи тиҷоратии ӯ дар макони зисти доимиаш ё суроғаи почтавиаш дастрас карда шавад. Агар ин суроғаҳо дар бо роҳи кофтукови маъқул пайдо карда нашаванд, паём расонидашуда ҳисоб карда мешавад, агар он ба суроғаи охирини корхонаи тиҷоратӣ тавассути мактуби фармоишӣ ё дигар тавр, ки кӯшиши фиристонидани онро ба қайд мегирад, равона карда шавад. Паём дар рӯзи дастрас намуданаш расонидашуда хисоб карда мешавад.

Шартномаи ҷонибҳо оиди ба арбитраж супоридани ҳамаи баҳсҳо ё қисми муайяни онҳо, ки метавонанд байни онҳо дар алоқамандӣ бо ягон муносибатҳои ҳуқуқӣ, новобаста аз он, ки онҳо хислати қарордодӣ доранд ё не, ба вуҷуд меоянд, шартномаи арбитражӣ ба ҳисоб меравад.

Созишномаи арбитражӣ метавонад дар шакли қайду шартҳои арбитражӣ, қарордод ё дар шакли созишномаи алоҳида баста шаванд.

Созишномаи арбитражӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад.

Суде, ки доир ба масъалаи предмети шартномаи арбитражӣ ҳисобшаванда ба он даъво пешниҳод карда шудааст, вазифадор аст, ки агар ягон ҷониб пеш аз пешниҳод кардани аризаи аввалини худ инро талаб кунад, бурдани тафтишотро қатъ гардонида, ҷонибҳоро ба арбитраж равона кунад, агар ин созишнома беэътибор бошад, қувваашро гумм карда бошад ё иҷро кардани он номумкин бошад.

Ҷонибҳо метавонанд аз рӯи диди худ макони арбитражро муайян намоянд. Дар ҳолати набудани чунин қарор макони арбитражро суди ҳакамӣ бо назардошти ҳолати кор ва омили қулай будан барои ҷонибҳо муайян мекунад.

Суди ҳакамӣ метавонад, агар ҷонибҳо ба дигар қарор наомада бошанд, дар дигар макон ҷамъ ояд, ки барои гузаронидани машваратҳо байни ҳакамҳо, шунидани шоҳидон, коршиносон, ҷонибҳо ё барои муоина намудани мол, ҳуҷҷатҳо ва ғайра зарур шуморад.

Агар ҷонибҳо ба дигар қарор наомада бошанд, тафтишоти арбитражӣ нисбати баҳси мушаххас дар рӯзе оғоз меёбад, ки хоҳиши ба арбитраж додани ин баҳс ба ҷавобгар дастрас карда шавад.

Ҷонибҳо метавонанд бо салоҳдиди худ забон ё забонҳоеро, ки дар рафти тафтишоти арбитражӣ истифода бурда мешаванд, интихоб намоянд. Дар ҳолати набудани чунин қарор суди ҳакамӣ забон ва ё забонҳоеро, ки дар рафти тафтишот истифода бурда мешаванд, муайян мекунад.

Суди ҳакамӣ метавонад як ё якчанд коршиносонро барои тайёр намудани ҳисобот оиди масъалаҳои мушаххас, ки аз тарафи суди ҳакамӣ муайян карда мешаванд; аз ҷониби пешниҳодкунанда талаб кардани тамоми иттилоот ё барои муоина пешниҳод намудани ҷуҷҷатҳо, молҳо ва дигар амволе, ки ба масъалаи мазкур дахл доранд.

Суди ҳакамӣ баҳсро мувофиқи чунин меъёрҳои ҳуқуқ ҳал мекунад, ки ҷонибҳо ба сифати истифодабаранда ба моҳияти баҳс интихоб намудаанд. Ҳар як ишорае, ки ба ҳуқуқ ё низоми ҳуқуқи ин ё он давлат карда мешавад, бояд чун ишора ба ҳуқуқи моддии ин мамлакат маънидод карда шавад на ба меъёрҳои коллизионӣ.

Коллизия (лот. collisio -зиддият) – ин ихтилофҳо дар байни қонунҳои алоҳидаи як давлат ё зиддияти қонунҳо, ҳалномаҳои судии давлатҳои гуногун. Меъёри коллизионӣ меъёри ҳуқуқиеро дар бар мегирад, ки қобили истифода будани ҳуқуқи давлатро нишон медиҳад. Меъёри коллизионӣ аз ду унсур таркиб ёфтааст: ҳаҷм ва мутобиқат. Ҳаҷм – ин нишон додани доираи муносибатҳое, ки ин меъёр истифода бурда мешавад. Мутобиқат бошад, нишон медиҳад, ки кадом ҳуқуқ бояд истифода бурда шавад. Шаклҳои асосии мутобиқат қонуни шаҳрвандӣ ё ҷои зисти доимӣ, қонуни ҷойгиршавии ашё, қонуни макони воқеъшавии воқеа, қонуни суд ва ғайра мебошанд.

Маҷмӯи меъёрҳои коллизионие, ки аз ҷониби давлат истифода бурда мешаванд, ҳуқуқи коллизиониро ташкил мекунанд. Ин ҳуқуқ ҳам меъёрҳои коллизионии «дохилӣ», ки сарчашмаашро қонунгузории мамлакати мазкур ва фаъолияти судии он ташкил мекунанд ва ҳам меъёрҳои коллизионии тавассути расму одати байналхалқӣ ба шакл даровардаро, ки аз тарафи мақомоти салоҳиятдори мамлакат эътироф карда шудаанд, дар бар мегирад. Ҳангоми набудани дигар нишондодҳои ҷонибҳо суди ҳакамӣ меъёрҳои ҳуқуқиеро истифода мебарад, ки дуруст мешуморад.

Дар тамоми ҳолатҳо суди ҳакамӣ мувофиқи щартҳои қарордод ва баҳисобгирии одатҳои тиҷоратие, ки дар додугирифти мазкур истифода мешаванд, қарор қабул мекунад.

Ҳалномаи арбитражӣ новобаста аз он, ки дар кадом мамлакат бароварда мешавад, ҳатмӣ ҳисобида мешавад ва ҳангоми дархост кардан ба суди салоҳиятдор ба иҷро расонида мешавад.

Ҷонибе, ки ба қарори арбитраж асос меёбад ё оиди иҷро кардани он дархост мекунад, бояд қарори аслии арбитраж ё нусхаи ба таври зарурӣ тасдиқнамудаи он, инчунин шартномаи аслии арбитражӣ ё нусхаи ба таври зарурӣ тасдиқнамудаи онро бояд пешниҳод кунад. Агар қарори арбитраж ё созишнома ба забони хориҷӣ навишта шуда бошанд, ҷониб бояд тарҷумаи ба таври лозимӣ тасдиқнамудаи ин ҳуҷҷатҳоро ба забонҳои давлатӣ ва русӣ пешниҳод намояд.

Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ ваколат ба дида баромадани баҳсҳоии мушаххасро дар асоси созишномаи ҷонибҳои баҳскунанда соҳиб мешавад. Чунин созишнома метавонад ба баҳси аллакай ба миён омада дахл кунад. Дар ин ҳолат он созиш кардан ё қайди ҳакамӣ номида мешавад.

Созишномае, ки аз тарафи ҷонибҳо нисбати баҳсҳои оянда баста мешавад, қайду шартҳои арбитражӣ ном дорад.

Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ натанҳо бо қонунгузории миллӣ, балки бо созишномаҳои байналхалқии дуҷониба ва бисёрҷониба низ танзим карда мешавад.

Як қатор конвенсия (лот. conventio — қарордод, созишнома) – ҳои байналхалқие вуҷуд доранд, ки ба паҳлӯҳои гуногуни арбитраж бахшида шудаанд. Масалан, Конвенсия дар бораи эътироф ва ба иҷро расонидани қарорҳои арбитражи хориҷӣ, ки 10 июни соли 1958 дар Ню-Йорк ба имзо расидааст; Конвенсияи аврупоӣ оид ба арбитражи савдои хориҷӣ, ки 21 апрели соли 1961 дар Женева қабул гардидааст; Конвенсияи СММ оид ба қарордодҳои хариду фурӯш (Вена, соли 1980); конвенсияҳои байналхалқӣ оиди ҳимояи ҳуқуқи муаллиф; конвенсияҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи баҳрӣ ва ғайра.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

  1. Отличная статья , много чего умного и полезного для себя прочитала. А кто-нибудь слышал о программе для заработка Zenobot — Kombo Traffic?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *