Фанни Ҳуқуқ

Сарчашмахои хукуки байналхалки

  1. Мафҳуми меъёри ҳуқуқи байналхалқӣ.
  2. Таснифоти меъёри ҳуқуқи байналхалқӣ.

Дар тарҷума аз забони лотини меъер маънои манбаи роҳбарикунандаро дорад.

Дар зери меъёри ҳуқуқи байналхалқӣ қоидаи рафтори ҳатмие, ки аз тарафи ҳамаи давлатҳо ва субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ эътироф шудааст, фаҳмида мешавад.

Меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқиро бояд аз одатҳо, ё ин ки меъёрҳои муомилаи байналхалқӣ, ки субъектони ҳуқуқи байналхалқи дар муносибатҳои дутарафа риоя мекунанд, фарқ кард. Аммо агар меъёрҳо ҳуқуқии байналхалқӣин қоидаҳои рафтори ҳуқуқан ҳатмӣ бошанд, одатҳо ё меъёрҳои муомилаи байналхалқӣ аз чунин сифат маҳрум мебошанд. Вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, асос барои ҷавобгарии ҳуқуқи байналхалқӣ мешавад, вайрон кардани одатҳо бошанд, чунин ҷавобгариро талаб намекунанд. Ба меъёрҳои муомилаи байналхалқӣ қоидаҳои одаби муоширати дипломатӣ дохил мешаванд.

Мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқиро ҳуқуқва ӯҳдадориҳое, ки давлатҳо ва дигар субъектониҳуқуқи байналхалқӣ доро мебошанд, ташкил медиҳад. Субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ бо якдигар муносибат карда, ҳуқуқҳои худро татбиқ мегардонанд, ӯҳдадориҳоро риоя мекунанд, ки онҳо бо меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ муайян шудаанд.

Меъёри ҳуқуқи байналхалқӣ рафтори иштирокчиёни муносибатҳои байналхалқиро ба тартиб дароварданақши танзимнамоиро дар муносибатҳои байни субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ иҷро мекунад. Як қатор меъёрҳуқуқи байналхалқиро принципҳо меноманд. Онҳо ҳамон меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ мебошанд, аммо вақти зиёд онҳоро принципҳо меномиданд Дигар меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ аз рӯи аҳамиятнокии худ ва нақши онҳо дар танзимдарории ҳуқуқи байналхалқӣ ҳамин хел номгузор мешуданд.

Дар байни принципҳои ҳуқуқи байналхалқӣ принципҳои асоси, ки таҳкурси тартиботи байналхалқиро ташкил медиҳанд ҷудо мешаванд.

Агар ягон давлат принсипи асосии ҳуқуқи байналхалқиро вайрон кунад ин ҳаракат аз тарафи иттиҳоди байналхалқӣ ҳамчун таҷовуз ба тамоми тартиботи байналхалқӣ фаҳмида мешавад. Ба асоситарини онҳо принципҳои баробарии соҳибистиқлоли: дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, манъ кардани истифода набурдани қувва ё таҳдид бо қувва, риоя кардани ӯҳдадориҳои байналхалқӣ, ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ дохил мешаванд.

Муносибатҳои байналхалқӣ бо гуногунрангии худтавсир ёфтаанд, ки боиси гуногунии меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ шудааст. Вале мумкин аст, як гуруҳ муносибатҳои якхелаи байналхалқиро ҷудо кунем, ки дар навбати худ боиси пайдо шудани як гуруҳ ва маҷмӯаи якхелаи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ шаванд. Ин гурӯҳ ва маҷмӯаҳои якхела, институтҳо ва соҳаҳои ҳуқуқи байналхалқиро ташкил мекунанд.

Дар зери институти ҳуқуқи байналхалқӣ гуруҳи меъёрҳои ҳуқуқӣ фаҳмида мешаванд: ки муносибатҳои якхелаи байналхалқиро ба танзим медароранд. /Мисол, институти ҷавобгарии байналхалқӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо/.

Меъёрҳои ҳуқуқи ва институтҳо соҳаҳои ҳуқуқи байналхалқиро ташкил медиҳанд.

Объекти ин соҳаҳо ҳамаи маҷмӯи муносибатҳои якхелаи байналхалқӣ ҳисоб мешавад. Мисол, муносибатҳои байналхалқӣ, ки ба бастани шартномаҳои байналхалқӣ дахл доранд, ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқие, ки ба фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ алоқаманданд, ҳуқуқи ташкилотҳои байналхалқӣ ба танзим медароранд ва ғайра. Баъзе соҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ба монанди //ҳуқуқи байналхалқии баҳрӣ, ҳуқуқи дипломатӣ// аз давраи қадим вуҷуд доранд, дигар соҳаҳо ба монанди ҳуқуқи байналхалқии атомӣва ҳуқуқи байналхалқии кайҳонӣ дар замони ҳозира ба вуҷуд омаданд.

Пеш аз ҳама иттиҳоди байналхалқии давлатҳо барои самаранок ба танзим даровардани маҷмӯи муайяни муносибатҳои байналхалқӣ боиси ба соҳаҳо ҷудо шудани ҳуқуқи байналхалқӣ гардидааст.

Ҷараён, тарз ва шаклҳои ташакулёбии меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ аз ташакулёбии меъёрҳои ҳуқуқи дохилидавлатӣ фарқ мекунанд.

Дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳеҷ гунна мақомотҳои қонунгузоре, ки метавонеистанд меъёрҳои ҳуқуқиробе иштироки худи субъектони ҳуқиқи байналхалқӣ қабул кунанд мавҷуд нестанд. Меъёрҳои ҳуқиқи байналхалқӣ аз тарафи худи субъектони ҳуқиқи байналхалқӣ қабул карда мешаванд.

Тарзи ягонаи ташакулёбии меъёрҳои ҳуқиқи байналхалқӣ, ин созиши субъектони ҳуқиқи байналхалқӣ мебошанд. Фақат субъектони ҳуқиқи байналхалқӣ ба ин ё он қоидаҳои рафтори худ сифати ҳатмигии ҳуқуқиро медиҳанд.

Азбаски дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳеақомотҳои болои давлатии маҷбуркунӣ вуҷуд надоранд, риоя ва иҷроиши меъёрҳои ҳуқиқи байналхалқӣ асосан бо субъектони ин низоми ҳуқуқ ихтиёран ба амал бароварда мешаванд.

Созиши субъектони ҳуқиқи байналхалқӣ нисбати меъёрҳои ҳуқиқи байналхалқӣ, ифодаёфта ё баён нашуда метавонанд. Дар ҳолати якӯм онҳо меъёрҳои шартномавӣ номгузор мешаванд, дар ҳолати дуюм бошад меъёрҳои одатӣ.

Дар ҷараёни иштирок дар робитаҳои байналхалқӣ ва доимо бо якдигар муносибат кардан, субъекти ҳуқиқи байналхалқӣ на танҳо мувофиқи меъёрҳои ҳуқиқи байналхалқӣ амал мекунанд, балки ба мазмуни онҳо ислоҳот, иловаҳо ва дигаргуниҳо дохил мекунанд, инчунин меъёрҳои нави ҳуқиқи байналхалқиро тартиб медиҳанд.

Мафҳуми сарчашмаҳои ҳуқиқи байналхалқӣ.

Истилоҳи сарчашмаи ҳуқуқ дар ду мазмун истифода бурда мешавад; дар мазмуни моддӣ ва расмӣ. Дар зери срчашмаҳои моддӣ шароитҳои модии ҳасти ҷамъият фаҳмида мешавад. Сарчашмаи расмии ҳуқуқ – ин чунин шахсе мебошад, ки дар он меъёри ҳуқуқ ифодаи худро меёбад. Фақат сарчашмаҳои расми ҳамчун категорияи юридикӣ ҳисоб мешаванд ва матлаби азхудкунии илми ҳуқуқшиносиро ташкил медиҳад. Дар зери сарчашмаи ҳуқиқи байналхалқӣ натиҷаи ҷараёни барпо кардани меъёрҳои ҳуқиқи байналхалқӣ фаҳмида мешавад.

Моддаи 38 Статуси Суди Байналхалқии СММ номгӯи сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқиро дар бар мегирад, ки дар асоси онҳо суд бояд баҳсҳоро дида барояд. Ба онҳо дохил мешаванд;

  • конвенцияҳои умумӣ ва махсуси байналхалқие, ки аз тарафи давлатҳои баҳскунанда, қоидаҳои он эътироф кара мешаванд;
  • одатҳои байналхалқӣ ҳамчун далели таҷрибаи умумӣ ва меъёри ҳуқуқӣ эътироф шудаанд;
  • принципҳои умумии ҳуқуқ, ки аз тарафи миллатҳои тамаддуни дуньё эътироф шудаанд;
  • қарорҳои судӣ ва таълимоти мутахассисони пуртаҷрибаи миллатҳои гуногун, оид ба ҳуқиқи байналхалқӣ ҳамчун воситаи ёрирасон барои муайян кардани меъёрҳои ҳуқуқ.

Дар зери конвенсияҳои умумӣ, шартномаҳое, ки ба он тамоми давлатҳо аъзо мебошанд ё ки метавонанд аъзо шаванд, фаҳмида мешаванд ва онҳо дорои чунин меъёрҳо мебошанд, ки барои тамоми иттиҳоди байналхалқӣ ҳатми мебошад.

Ба конвецияҳои махсус шартномаҳое дохил мешаванд, ки шумораи иштирокчиёнаш маҳдуд аст ва барои онҳо қоидаҳои ин шартномаҳо ҳатмӣ мебошанд.

Чунин рафтори субъекти ҳуқиқи байналхалқие,ки дар натиҷаи амали якхела ё айниятдошта ба вуҷуд омадааст ва ҳамчун меъёри ҳуқуқ эътироф шудааст, одати байналхалқӣ шуда метавонад.

Қарорҳои ташкилотҳои байналхалқие, киифодакунандаи мавқеи мутобиқшудаи давлатҳо аст,ҳамчун лаҳзаи асоси барои ташкил шудани одат шуда метавонад.

Ба пайдоиши қоидаи рафтор ҷараёни ташкили одат хотима намеёбад. Фақат аз тарафи давлатҳо ҳамчун меъёри ҳуқуқ эътироф шудани ин ё он қоидаи рафтор он ба одат мубаддал мегардад.

Қувваи ҳуқуқии меъёрҳои одатӣ бо меъёрҳои шартномавӣ баробар мебошанд.

Квалификацияи қоидаи рафтор ҳамчун одат масъалаи мураккаб мебошад. Дар фарқияти аз меъёрҳои шартномавӣ, одатҳо бо акти ягона, хатти расмигардонидашуда намешаванд. Бинобар ин барои муқаррар кардани одатҳо воситаҳои ёрирасон истифода мешаванд; қарорҳои суддӣ ва таълимотҳо, қарорҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ва санадҳои яктарафаи давлатҳо.

Ба қарорҳои судӣ, ки воситаи ёрирасон мебошад, қарорҳои Суди БайналхалқииСММ, дигар мақомотҳои байналхалқии суди ва арбитражи дохил мешаванд.

Дар баъзе мавридҳо қарорҳои судӣ метавонанд ибтидои ташкилшавии меъёри одатии ҳуқиқи байналхалқӣ шаванд.

Дар гузашта меҳнати олимони ҳуқуқшиноси барҷаста дар соҳаи ҳуқиқи байналхалқӣ бисёр вақт ҳамчун сарчашмаи ҳуқиқи байналхалқӣ дида баромада мешуд. Ҳоло ҳам аҳамияти ташкилотҳо ва назарияҳои онҳоро истисно кардан мумкин нест, ки онҳо дар баъзе мавридҳо барои фаҳмонда додани қоидаҳои алоҳида ёри мерасонанд. Ҳамчун воситаи ёрирасон барои муайян кардани вуҷудияти одат, амали яктарафа ва актҳои давлат баромад мекунад. Онҳо метавонанд ҳамчун далели эътирофи ин ё он қоидаи рафтор ҳамчун одат баромад кунанд. Ба чунин амалҳо ва актҳои яктарафа қонунгузории дохили ва дигар санадҳои меъёрӣ дохил мешаванд.

А Д А Б И Ё Т:

  1. Лукашук И.И. «Источники международного права» Киев., 1966.
  2. Миронов Н.В. «Международные правонормы и их юридическая сила» М.,1960,
  3. Шестаков Л.Н. Императивные нормы в системе современного международного права. М. 1961.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *