Фанни География.

Захирахои об, замин ва чангалзорхо

Дар Точикистон 947дарё,ки дарозии хар яки он то 10км зиёда аз 200 кул, бо масохати 716км2 (хачми умумии обашон 46,5км2) мавчуд аст. Дар Точикистон якчанд обанборохо сохта шудаанд, ки барои таъмин кардани талаботи хочагии халк ахамияти калон доранд. Инхо, обанборхои сунъии Кайрокум (масохаташ 530м2, хачмаш 4160 млн м3) Катасой (масохаташ 2,04км2, хачмаш 55млн м3) Муъминобод (масохаташ 3,4км2, хачмаш 20млн м3) ва гайра ба хисоб мераванд.

Дар Точикистон захирахои барки оби хеле зиёд хастанд. Онхоро окилона истифода бурдан лозим аст.

Точикистон сарзамини кухсор аст. 93% замини чумхуриро кухсор ишгол кардааст ва кариб хамаи фаъолияти хочагидории мамлакат дар бокимонда 7% замини он ба амал меояд. Фонди умумии замини Точикистон 14,2млн ташкил медихад. Аз он чумла майдони киштзорхо 753,0х.га, заминхои оби-520,0х.га. майдони дарахтони бисёрсола 104,3 хаз.га. ташкил медиханд. Хамаи заминхои корами хочагии кишлок 423,64хаз.га. (30%) буда аз он чумла майдони чангалзорхо, 420хаз.га. буттазорхо 101хаз.га. ботлокзорхо 2,5хаз.га. ташкил медиханд.

Чи хеле, ки аз факту ракамхо маълум мегардад захирахои чангалзору буттазорхо хамаги зиёда аз 521хаз.га.-ро ишгол намудаанд, ки ин хеле кам мебошад. То 50% майдони чангалзорхо майдони дарахтони арчазорхо ишгол намудаанд. Агарчанде майдонхои чангалзори чумхури он кадар калон хам набошад, аммо аз чихати гуногунхелии нихоят бой мебошанд. (200 хели дарахтони гуногун месабзад.)

Захирахои чангалзорхо дар Точикистони Маркази дар кисми чанубии каторкуххои Хисор, Олтой, Петри Як ва чанубу гарбии доманакуххои Вахш, Хазратишо, Дарвоз дар баландихои 1000-2000м. чойгир шудаанд.

Ахамияти чангалзорхо нихоят калон хаст. Хар сол хазорхо дарахтони мевадору бемева, буттахо шинонида мешаванд, ки барои хифзи табиати кухсори кишварамон хеле зарур мебошанд.

Мухофизати захирахои табии.

Хифзи боигарихои табии яке аз масъалахои асоси мебошад.

Мутаасифона дар Точикистон ба масъалаи хифзи табиат ва махсусан хифзи об ва окилона истифодабарии боигарихои табии диккати чидди дода намешавад.

Дар конуни Мухофизати табиат гуфта шудааст: “Дар Чумхурии Точикистон хифзи табиат, истифодаи окилона ва баркароркунии захирахои он солимгардонии мухити зист, вазифаи умумидавлати, кори тамоми мардум ва карзи маънавии хар як шахрванд мебошад”.

Дар баробари кабули Конуни “Мухофизати табиат” соли 1994, пештар соли 1993 кодекси об кабул карда шуда буд. Агар хохем, ки чомеаи мо шукуфон бошад биёед табиатро поку беолоиш нигоху бин намоем, то ин ки насли оянда низ ин боигарихоро ба таври судманд истифода барад.

Президенти мамлакат Э.Ш.Рахмонов дар ичлосияи 52-юми Асамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттахид (СММ) чунин иброз дошт:

“Мо чунин рохро дуруст мешуморем, ки стратегияи асри XXI устуворона бояд инкишоф ёбад, мухити зист ва захирахои табииро мухофизат карда тавонад”.

Ичроиши Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 23 феврали соли 1996 №93 “Барномаи давлвтии тарбия ва маърифати экологии ахолии мамлакат барои солхои 2000-2010” вазифаи аввалиндарачаи хар фарди кишварамон мебошад.

Дар заминаи халли ин карор айни замон моро зарур аст, ки анъанахои неки гузаштагонамонро бо падидахои илмхои муосир омезиш дода, онхоро дар замири халки хеш таквият дихем.

Хадафи мо зарурияти таърихии иеъикоси масоили экологи дар равиши густариши минбаъдаи иктисодиёти кишвар бахри таъмини хифзи генофонд мебошад. Хукумати Точикистон солхои охир дар халли масоили хифзи табиат як зумра чорабинихоро андешиданд.

Чунончи аз августи соли 1997 №344 “Оиди барномаи давлати экологии”, Карори Хукумати Чумхурии Точикистон баромад ва аз чониби президент имзо шуд. Ин хуччати таърихи бо максади таъмини истифодабарии окилонаи захирахои табии Чумхурии Точикистон, нигох доштани холатхои муносибат ба замин, бешазорхо, захирахои об, хавои атмосфери, мувозинати биологи бахусус нобототу хайвоноти нодир ва аз байн рафта истода ва бахри бехдошти саломатии инсон кабул шудааст. Барномаи мазкур самтхои фаъолияти органхои давлатиро дар танзими масоили экологи тибки Конститутсияи мамлакат муайян мекунад.

Хукумати Чумхурии Точикистон бо назардошти ахамияти хаётии тадбики барномаи мазкур як катор тадбирхои амали андешид. Оиди ин масъала карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 декабри соли 1998 №534 “Дар бораи тадбирхои амали гардондани “Барномаи давлатии экологии Чумхурии Точикистон” ахамияти калон дорад”.

Тавассути пешниходи Президенти Точикистон Э.Ш.Рахмонов аз минбари СММ соли 2003 соли байналхалкии оби тоза эълон карда шуд. Ин икдоми нек дар сар то сари чахон дастгири ёфт.

Матлаби сиёсии сарвари давлатро аз нукоти экологи мо дар ин самт чунин таксимбанди намудем:

  1. Инъикоси манзалати давлатдории халки точик дар зоддаи бехдошти мухити зист.
  2. Хисобу китоби захираи обхои чумхури. Дарёфти роххои окилона истифодабарии он дар густариши иктисодиёт.
  3. Тахияи накшаи идоракуни ва истифодабарии захирахои обхои чумхури дар карни XXI вобаста ба густариши илму техника.
  4. Ошкор намудан ва таъмини огохии бармахали илми оиди ифлосшави ва гайриокилона истифодабарии он.
  5. Дар сатхи баланд бардоштани тадкикотхои илми ва иртиботи нишондодхои алохидаи касифи об. Чунин шакли тадкикотхо ба максади кабули барномахои махсус нисбати гузаронидани мачмуи чорабинихои амали бахри бехтаркунии сифати холати об гузаронида мешавад.
  6. Назорат ба сифати обхои чумхури дар асоси меъёр ва стандартхои байналхалки ба рох монда шавад.
  7. Чори намудани системаи самарабахш оиди назорат ба гузаронидани чорабинихо.
  8. Муоина ва омузиши таъсири касифи об ба саломати ва фаъолияти одамон вобаста ба махал.
  9. Инъикоси таъсири фочиаи бахри Арал ба Точикистон.
  10. Кабули стратегияи Милли рафъи ин мушкилот.

Хулоса, хифзи табиат ин маъракаи мавсими набуда, балки кори хамаи шахрвандон дар тамоми давраи тараккиёти мамлакатамон мебошад.

Методхои илмии ташкили тарриториявии хочаги

Усулхои илми-тадкикотии хозира дар сохаи чойгиркунии куввахои истехсолкунанда бештар аз нуктаи назари тараккиёти сохави нишон дода мешавад.

Тахлили сохави хело мухим буда, дар шароити хозира барои халли масъалахо баштар таъсири калон мерасонад.

Дар асоси тавсияхои илми ва тачрибаи иктисодчиёни мамлакат ва хоричи, бо назардошти принсипхои чойгиркунии сохахо ба ду гурухи калон таксим карда мешаванд.

  1. Сохахое, ки чобачокунии онхо аксари вакт аз махдудияти территориявии омилхои зерин ба монанди, ашёи хом ва маблаггузори, кувваи коргари, истехсоли махсулотхои гуногун, талаботхои бозор, вобастаги доранд.

Барои мукаррар кардани дарачаи таъсири ин ва ё он омил як катор нишондихандахоро истифода мебаранд масалан, барои ашёи хом ва масолех-хиссаи харочотхои онхо ба назардошти харочоти наклиёти дар хиссаи харочотхои умумии махсулоти тайёр барои кувваи коргарони баландихтисос-таносуби музди мехнати онхо ва дарачаи умумии музди мехнат; барои махсулоти гуногун хиссаи харочоти онхо нисбати хамаи харочотхои махсулоти тайёр; барои бозор- таносуби махсулоти тайёр нисбати арзиши он бо назардошти харочотхои миёна; наклиёти, кашондани махсулоти тайёр ба истеъмолкунандагон ба хисоб гирифта мешаванд.

  • Сохахое, ки дар онхо таъсири бартаридоштаи он омилхои дар боло зикршуда дида намешаванд, ё ин, ки сохахои чойгиршавиашон «озод».

Кайд кардан ба маврид хаст, ки чойгиркунии ин сохахо аз тараккиёти иктисодии ин ва ё он территория вобастаги дорад. Масалан, арзоншавии умумиинаклиёт ва афзоиши бозорхои махали боиси камшавии харочотхои наклиёти мегардад. Таъсири омили бозор дар шакли умуми дар натичаи дар бисёр сохахо кам шудани хиссаи харочотхои ашёи хом ва масолеххо зиёд мегардад. Ба гайр аз ин бисёр прцесхои технологияи хозиразамон барои кам гардидани харочотхои ашёи хом ва масолеххо ба хар як вохиди махсулоти тайёр оварда мерасонад. Барои хамин, ахамияти тамоил доштан ба ашёи хом кам шуда, ахамияти омили бозор баланд мегардад.

2.Дар баробари усули тахлили сохави, усули чойгиркунии куввахои истехсолкунанда дар микёси территорияхои алохида низ яке аз усулхои мухимтарини омухтани тараккиёти минбаъдаи нохияхои иктисоди мебошад.

Бо ёрии ин усул дар асоси тахлил шарти пешакии таксимоти территориявии мехнат (бо баходихии иктисодии онхо), тамоили тараккиёти сохахои хочагии халк, пешбинии шумораи ахолии ва захирахои мехнати (бо назардошти равандхои мухочироти), самтхои асосии инкишофи иктисодиёти минтакахои тараккиёташон гуногундарача, муайян карда мешаванд.

Кор, оиди тартиб додани барномахои территорияви аз тахлили хаматарафаи иктисодиёти хамаи хочагихои нохияхои иктисоди (вилоятхо, нохияхо) огоз меёбад.

Тахлили ичтимои-иктисодии тараккиёти нохия, аз нигохи проблемахои ахолии ва захирхои мехнати (афзоиши табии ва механики ахоли, захирахои мехнати, инчунин таксимоти онхо байни сохахои хочаги, дарачаи ихтисоснокизахирахои мехнати ва гайра) бахо дода мешавад.

Пас аз он, тахлили тамоили тараккиёти шахрхо, таъгироти таркибии сохахои онхо, самаранокии чойиршавии истехсолот дар шахрхо гузаронида мешавад.

Дар асоси омухтани нишондихандахои табиию иктисодии тараккиёти нохия ва мавкеи он дар таксимоти территориявии мехнат консепсияи тараккиёт ва чобочокунии куввахои истехсолкунанда оиди хамаи нохияхои мамлакат ба як шакли муайян дароварда мешавад, ки ин воситаи мухимтарини пешбинии тараккиёти минбаъдаи иктисодиёт мегардад.

Кисати дигари барнома ба пешгуии суръат ва таносуби тараккиёти хочагии нохияхои иктисоди бахшида мешавад.

Дар барномаи нохияхои иктисоди, пешгуии тараккиёт ва чобачокунии сохахои саноат, яке аз кисмхои мухим ба хисоб меравад. Бо сифати кисмхои махсус, инчунин барномахои тараккиёт ва чойгиршавии сохаи кишоварзи, наклиёт ва сохтмони капитали дохили нохияви чудо карда мешавад.

Дар барномахои нохияви, диккати асоси инчунин ба чойгиркунии куввахои истехсолкунанда дар дохили хар нохия дода мешавад.

Бо ин максад проблемахоизерин дида мешаванд:

  • Консепсияи чойгиркунонии сохахои хочагии халк дар худуди нохия;
  • Ташкили умумии тартиби чобачокунии ахолии бо назардошти функсияхои хочагидории шахрхо;
  • Интихоби шахрхо, барои чойгир намудани корхонахои нав;
  • Ташкил додани гирехи саноати ва аз худкунии минтакахои нав;
  • Мухофизати мухити атроф, аз хисоби катъ намудани фаъолияти корхонахои зараровар, кучонидани ин корхонахо ба чойхои дигар.

Мухимтарин масъалаи методи, ки хама вакт дар омухтани таксимоти территориявии мехнат вомехурад, ин масъалаи тахассуси нохия мебошад.

Сохахои махсусгардондашуда равияи хочагии минтакаро муайян мекунад.

Бе муайян кардани сохахои махсусгардондашуда ягон коре, ки ба иктисодиёти нохия алокаманд аст, хал намешавад. Бинобар, нишондихандахои асосноккардашудаи назарияви, ки бо дигар нишондихандахои таксимоти территориявии мехнат зич алокаманд, низ истифода мешаванд. Чунки дар асоси махсусгардонии бозоргони таксимоти территориявии мехнати чамъияти чой дорад, аз ин хотир сохахои махсусгардондашуда, низ дар асоси мукаррар намудани хиссаи нохия дар таксимоти мехнати чамъияти бояд муайян карда шаванд.

Барои муайян намудани тахассуси нохияи иктисоди чунин нишондихандахо истифода бурда мешаванд:

  1. Коэффисенти локали (махдуд).
  2. Коэффисенти истехсоли махсулот ба хар сари ахолии.
  3. Коэффисенти микдори махсулоти, ки ахамияти байнинохияви дорад.
  4. Коэффисенти махдудияти истехсоли махсулот дар территорияи нохия Км-ин таносуби хиссаи хамин соха дар таркиби истехсолоти нохия нисбат ба хиссаи хамон махсулоти соха дар мамлакат мебошад. Ин нишондиханда аз руи махсулоти умуми, махсулоти моли, фондхои асосии истехсоли ва шумораи кормандони дар истехсолоти саноат хисоб карда мешавад:

Км=(Сн * 100) : (См * 100)

Мсн Мсм

Дар ин чо: Км- коэффисенти локали (махдуд)

Сн- сохаи нохия;

Мсн- хамаи истехсоли махсулоти саноатии нохия.

См- сохаи мамлакат

Мсм- хамаи истехсоли махсулоти саноатии мамлакат.

  • Коэффисенти истехсоли махсулот бо хар сари ахолии- Кма аз руи таносуби хиссаи сохахои хочагии халки нохия ба хамин сохаи нохия дар таркиби хамин сохахои мамлакат нисбат ба хиссаи ахолии нохия ба шумораи умумии ахолии мамлакат.

Кма=(Сн * 100) : (Ан * 100)

См Ам

Дар ин чо: Кма- коэффисенти хиссаи хамаи истехсоли махсулоти хочагии халк ба хар сари ахолии.

Сн- сохаи нохия

См- сохаи мамлакат

Ан- ахолии нохия

Ахолии мамлакат

  • Коэффисенти махсулоти ахамияти байни нохияви дошта ин таносуби махсулоти аз нохия берун бароварда шуда, нисбати хамон махсулоте, Ки дар нохия истехсол шудааст хисоб карда мешавад.

Кмб=Мб

Мн

Дар ин чо: Кмб- коэффисенти микдори махсулоти ахамияти байни нохияви дошта.

Мб- микдори махсулоти аз нохия берун бароварда шуда.

Мн- микдори махсулоти дар нохия истехсолшуда.

Барои муайян намудани сохахои махсусгардонидашудаи бозргони инчунин усули индекси, ки В.В.Кистанов пешниход кардааст, истифода бурда мешавад.

Ст= Хс

Хн

Дар ин чо: Ст- нишондихандаи тахассуси нохия ба хамин соха

Хс- хиссаи нохия дар мамлакат ба хамин сохаи саноат.

Хн- хиссаи нохия дар мамлакат нисбат ба хамаи сохахои саноат.

Агар нишондихандахои хисобкардашуда ба хар як вохид зиёд ё баробар бошанд, он вакт, хамин сохахо хамчун сохахои тахассуси ахамияти бозоргони дошта шуморида мешаванд.

Яке аз нишондихандахои асосии чойиршавии сохахо дар территорияхои муайян, ин нишондихандаи самаранокии иктисоди мебошад. Ба сифати нишондихандаи самаранок чойгиршавии истехсолот ин нишондихандаи истехсоли хачми махсулоти пешбиншуда дар бадали камтарин харочотхои умумихалки мебошад.

Ба сифати нишондихандахои тавсияшудаи самаранок чойгиркунии корхона инхо пешниход шудаанд:

Арзиши аслии махсулот бо назардошти харочотхои кашондани махсулот то истеъмолкунандагони он, хиссаи маблагхои капитали ба вохиди иктидорноки ва фоиданокии он. Ин дар асоси формулаи зерин муайян карда мешавад:

Х=Аам + К.Кн

Дар ин чо: Х- хамаи харочотхое, ки ба як вохиди махсулот сарф шудаанд.

Аам- арзиши аслии махсулот (чамъи хамаи харочотхои чори барои истехсоли як вохиди махсулот);

К- хиссаи маблагхои капитали бо як вохиди махсуло.

Кн- коэффисенти нормативии самаранокии маблагхои капитали.

Нишондихандаи самаранокии иктисодии чойгиркунии истехсолот, инчунин дар асоси истифодабарии нишондихандахои фоиданоки (рентабельноки) муайян карда мешаванд.

Дар ин чо: Ф- фоиданоки

Н- нарх

Аам- арзиши аслии махсулот

Фаг- чамъи фондхои истехсоли ва фондхои гардони нормативи.

Мк- хиссаи маблагхои капитали ба як вохиди махсулот.

Нишондихандахои фоиданоки, ин таносуби фоидаи аз аз фуруши махсулот ба даст омада нисбати маблагхои капитали ё фондхои асоси мебошад.

Аз формулаи дар боло овардашуда бармеояд, ки бузургии фоиданоки на факат аз микдори харочотхои чори ва яквакта, балки аз дарачаи нарх ба махсулот низ вобастаги дорад.

Дар баробари нишондихандахои овардашуда барои чо ба чо кунии хар як сохаи истехсолот, инчунин якчанд нишондихандахои техникию иктисоди низ кор карда мешаванд. Ба инхо дохил мешаванд:

а) хиссаи харочотхои хелхои асосии ашёи хом, сузишвори, гарми ва кувваи барк, сарфи об ба хар як вохиди махсулоти тайёр:

б) партовхои истехсоли (ба хар як вохиди махсулот) ва характеристикаи онхо:

в) харочотхои мехнати ба хар як вохиди махсулот:

г) хиссаи харочотхои фондхои асоси.

Барои асоснок намудани чойгиркунии истехсолот таъмин будани коргарон ба фондхои асосии истехсоли бо энергия таъмин будан ва гайра ахамияти калон доранд.

Истифодабарии нишондихандахои самаранок чойгирнамудан барои муайян намудани таносуби оптималии (меъёри) байни сохахо ва истехсолот имконият медихад.

Дар баробари нишондихандахои номбаршуда дар чойгиркунии хамаи сохахо махсусан ба эътибор гирифтани омили экологи низ ахамияти калон дорад.

Аз ин хотир мо дар ин бобби мазкур оиди усулхои илмии ташкили территориявии хочагии халк ба тарики мухтасар маълумот додем.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *