Фанни География.

Гурухи металлхои асил ва элементхои гурухи платиндор

Ба ин гурух металлхои тилло, нукра, платина ва элементхои гурухи платинадор дохил мешаванд.

Тилло-хамчун филизаи гаронбахо тимсоли кудрати моддии мамлакат мебошад. Тилло метали нодир аст. Ба таъсири обу хаво ва модахои химияви устувор буда, дорои ранги хоси дилрабост. Дар техника, тиб, ва заргари чои махсусро ишгол мекунад.Бехуда нест, ки тиллоро филизаи асил мегуянд.

Конхои тилло аз чихати пайдоиши худ ба конхои асил ва пошхурда чудо мешаванд.

Конхои асили тилло ба чинсхои магмави хусусан ба рагхои кварци алокаманданд.Дар таркиби баъзе маъданхо ба монанди вольфрам, калъаги, арсен, охан ва рух низ заррачахои тилло мушохида мешаванд.Ранги минералии дирит зард буда, аксар вакт булурхои у шакли куб доранд, чунин чинсхои кухи дар маъданхои тиллодор др кухистони Зарафшону Хисор, Дарвоз, Домири Шарк ива Карамазор дида мешаванд.

Аз маъдани конхои асил чудо карда гирифтани тилло хеле мехнатталаб аст.Маъданхои тиллоро дар осиёбхои махсус мисли рег майда карда, баъд заррачахои тиллоро ба воситаи симоб чудо карда мегирад.Дар конхои асил дар таркиби як тонна маъдан аз 1 то 200 грамм тилло ба назар мерасад.

Конхои пошхурда дар натичаи вайрон шудани чинсхои кухии тиллодор ба вучу меоянд.Онхо аз таъсири об, хаво харорат ва гайра тадричан вайрон ва ба сангпора, рег ва гил мубаддал мешаванд. Обхои равон ин чинсхои вайроншударо ба чойхои дигар бурда такшин мекунанд.

Дар вактхои суст шудани чираёни об ва тагир ёфтани мачрои дарё заррачахои тилло хамчун филизаи хеле вазнин дар чойхои муайён такшин мешаванд.Чунин чинсхои пошхурдаро дар рудхона ва дар води дарёхои кадим пайдо кардан мумкин аст. Холо дар баъзе суфачахои сохили дарёхои Зарафшон, Панч, Яхсу ва Сурхоб, ки аз шагал, рег ва гилхо иборатанд, заррачахои тилло мушохида карда мешавард.

Дар хавзаи дарёи Яхсу дар таркиби кангломерат варегсангхо, ки тахминан 30 миллион сол пеш аз ин дар давраи неоген ба вучуд омадаанд, заррачахои тилло мавчуданд.Чуни чинсхои кухие, ки тилло доранд, дар атрофии Рангкул ва води Маркунсуи Помири Шарки низ хастанд.Точикистон аз замонхои кадим хамчун диёри конхои тиллодор шухрат дорад.

Ачдодони мо аз реги дарёхои Зарафшон ва Панч, заррахои тиллоро шуста мегирифтанд.

Холо геологхои Тосикистон дайдоиши чинсхои кухии тиллодорро омухта, алокаи онхоро бо чинсхои магмави, метаморфи ва иакшин ва сохти тектоники муайян кардаанд.Ин тадкикоти илми имконият дод, ки конуниятхои асосии дар сарзамини чумхури чой гирифтани маъдан ошкор карда мешавад.

Дар асоси сарчашмахои кадим оиди захирахои тилло доштани сарзаминамон баъзе маълумотхо маълум карда шудаанд.Масалан дар давраи сулолаи Сомониён тиллоро дар Рашт-32 кг 430 гр, дар давра Вахон (чанкби Помир 24 кг 360 гр) дарёфт карда шуда буданд.

Нукра-аз даврахои кадим истехсол карда мешавад.Нукра барои сахт кардани мис бо он хамрох карда мешавад, инчунин барои сика задании танга, тайёр кардани зарфхои хурокхури, асбобхои заргари ва наккоши, барои дандонсози ва гайра истифодо бурда мешавад.

Дар Иочикистон нукра (дар Карамазор) аз маъдани конхои сурбу Рух аз замонхои хеде кадим истехсол карда мешуд.Дар базаи захирахои Кони Мансур комбинати нави саноати металлурги дар назар дошта шкдааст.

Гурухи элементхои радиоактиви

Уран дар шакли оксид дар соли 1739 аз тарафи химики немис М.Клапрот дар маъдани сиёх,ки минбаъд катрни уран ном доданд, аз куххои маъдан дар Саксония кашф карда шуд.Дар шакли металл соли 1884 аз тарафи олими француз Э.Пелиго пайдо карда шуд.

Солхои зиёде ба уран он кадар талаботи зиёде набуд. Вай дар Аврупо барои истехсоли рангхои чиллодиханда ва чинивори истифода бурда мешуд.Дар авали асри xx омехтаи маъдани уранро барои истехсол кардани элементхои радиоактивии баланд,- радий истифода мекунанд, дар тиб (табобати обилахо) ва асбобхои ченкуни истифода мебурданд.Дар солхои ЧБВ уран барои тайёр намудани бомбахои атом ива дигар лавозимотхои харби истифода бурда шуд.Пас аз солхое 1950 уран бо ташаббуси Хокимияти Совети барои манфиати хочигии халк истифода бурда шуд.Дар солхои 1954 дар чахон истгохи аввалини атоми дар ш.Обнинск (в Калугаи Россия) сохта шуд.Дар соли 1960 аллакай 5 мамлакати чахон дорои истгоххои барки атоми буданд.Холо дар чахон кариб 60 истгохи барки атоми кор мнкунанд.Захирахои уран дар тамоми чахон кариб 3,6 млн т. Ташкил мекунанд.Ин захирахо дар Австралия -25%, Франция, Бразилия, Аргентина, Португалия, Шветсия ва дигар давлатхои чихон чийгир шудаанд.

Дар Точикистони мо низ захирахои маъдани уран кашф карда шудаанд ва азбаски дар харитаи геологи нишон дода нашудаанд, оиди дар кучо чойгир шудани онхо маълумоте нест.Аз руи маълумотхо захирахои асосии он дар шимоли ва кисми марказию шаркии Точикистон чойгир шудаанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *