Фанни География.

Зиччии аҳолии кураи замин

Аҳолӣ дар кураи Замин нобаробар ҷойгир шудааст. Ҳоло 70% тамоми аҳолии кураи Замин дар 7% хушкӣ зиндаги мекунанд. Аз 149 млн км2 хушкии сайёра дар 22,4 млн км2 ё ин ки дар 15% он аҳолӣ доимӣ истиқомат намекунад. Ба чунин минтақаҳо ҷазираи Греландия (ғайр аз қисми ҷанубии ҷазира), қисми шимолии архипелаги Арктикии Канада, қисми зиёди биёбонҳои Саҳрои Кабир, Руб-ал-Холӣ, Қуми Калон, Виктория, материки Антарктида ва қисми кўҳсори баланд дохил мешавад.

Инчунин дар ҷаҳони имрўза давлатҳое во мехўранд, ки шумораи аҳолии онҳо ниҳоят каманд: Масалан, Ватикан (1000 нафар), Тувалу (10 000 нафар), Науру (11 000 нафар) ва ғайра.

Вобаста ба ҷойгиршавии аҳолӣ дар кураи замин се минтақае ба назар мерасад, ки зиччии аҳолии онҳо хело зиёд аст.

  1. Осиёи Љанубу-Шарқӣ. Дар ин минтақа зичии аҳолӣ дар 1км2 аз 200 нафар зиёд мебошад. Дар баъзе қисмҳои минтақа зичӣ дар 1км2 то 1400-1900 нафар ва аз он ҳам зиёд ба назар мерасад. Масалан, дар Сингапур зичии аҳолӣ дар 1км2 20346 ва дар Бангладеш ба 1035 нафар мерасад. Зиёд будани аҳолӣ бештар ба маскуншавии таърихии он, дар бисёр ҳолат шуғли онҳо ба шоликорӣ ва инчунин афзоиши баланди табииӣ аҳолӣ алоқаманд аст.
  2. Давлатҳои Европа (Ғайр аз Европаи шимолӣ). Дар ин минтақа зичии аҳолӣ дар 1км2 200-400 нафар, дар баъзе ҷойҳо 1200-1600 нафар ва аз ин ҳам зиёдро дар бар мегирад. Масалан, давлати Монако, ки дар ҷаҳон аз ҷиҳати зичӣ дар ҷои аввал меистад, дар 1км2 33104 нафар зиндаги мекунанд. Сабаби дар ин минтақа зич ҷойгир шудани аҳолӣ ин таърихан ба ҷойгиршавии он дар маркази «тамаддун» ва ба дараҷаи баланд рушд ёфтани соҳаҳои саноат вобаста мебошад.

3.Қисми шимолу шарқии ИМА. Ин минтақа нисбатан ҷавон буда, баъди кашфиётҳои географӣ ва дар асрҳои XIX-XX ҳангоми муҳоҷирати аҳолии Европа ба ИМА ва аз Африка зўран овардани ғуломони сиёҳпўст ба ин қитъа ва минбаъд ба инкишофи баланди соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар ИМА вобаста зич алоқаманд мебошад.

Сабабҳои нобаробар ҷойгиршавии аҳолӣ.

Дар ҷойгиршавии аҳолии кураи Замин омили ба роҳҳои нақлиёт ва роҳҳои савдо аз ҷумла дар соҳили баҳру уқёнусҳо зиндаги кардан таъсири зиёд мерасонад. Масалан, дар соҳили баҳру уқёнусҳо, ки то 200 км тўл мекашад нисфи аҳолии кураи замин ҷойгир шудаанд. Дар давлатҳои ҷазиравӣ ва нимҷазиравии дар соҳили баҳру уқёнусҳо ҷойгирбуда ин нишондиҳанда боз ҳам зиёд мебошад. Масалан, дар ҷазираи Ява зичии аҳолӣ дар 1км2 ба 2000 нафар мерасад. Қисми асосии шаҳрҳои миллионери ҷаҳон низ дар соҳили баҳру уқёнусҳо ҷойгир шудаанд.

Дар ҷойгиршавии аҳолӣ дар дохили материку қитъаҳо низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасад. Бояд хотирасон намуд, ки дар ҷойгиршавии аҳолӣ шароитҳои табиӣ, иқтисодӣ ва мўҳлати дар минтақа маскуншавии он, намуди хоҷагидорӣ (чорводорӣ, зироаткорӣ ва ё саноат) инчунин суръати муҳоҷирати дохилӣ ва беруна таъсир мерасонад. Масалан, дар ҷойгиршавии аҳолии Африка шароити таърихӣ ва хариду фурўши ғуломон таъсири калон расонидааст. Барои рушди ҳар давлат меъёри муаяни зичии аҳолӣ хос мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *