Фанни География.

Мавкеи географии Олмон

Мавкеи географии Олмон

Дар кисмати чануби – гарбии Аврупо чойгир буда, аз чихати худуд дар чахон мавкеи 62-юмро ишгол мекунад.

Худудаш 357 021 км 2

Худуди хушкиаш 97,8 %

Худуди оби 2,2 %

Худуди сохилиаш 2389 км

Сархади хушки 3621 км

Бо давлатхои зерин хамсархад аст :

Австрия – 815 км , Белгия – 156 км , Чехия- 811 км, Дания – 67 км, Фаронса -448 км, Люксембург – 135 км, Нидерландия – 567 км, Полша – 442 км, Швейсария – 316 км.

Нуктаи баландтаринаш + 2962 м ( Шугшпитсе )

Нуктаи пасттаринаш: — 3, 54 м ( Нойендорф – Заксенбаде )

Дарёи калонтаринаш – Рейн, Кули калонтаринаш – Кули Боден Харорати пасти хаво дар чануби мамлакат – куххои Алп мушохида мегардад. Харорати нисбатан гарми хаво дар води Рейн мушохида мегардад. Ин худуд асосан чарогох буда, хатто дар фасли зимистон сабз мебошад.

Зимистонхои сард дар чануби мамлакат – водихои Алп мушохида мегардад. Бориши барф кам мушохида мегардад ва он нисбатан тез об мешавад. Боришот дар водихо солона 500 – 600 мм-ро ташкил медихад. Дар куххо бошад, солона аз 900 то 1100 мм- ро ташкил медихад

( асосан дар холати барф).

Такрибан 30 % худуди Олмон бо чангалхо пушида шудааст, ки кисмати асосии он дар чануби мамлакат чойгир мебошад. Олами хайвоноти Олмон он кадар гуногун намебошад. Бештар хайвоноти ширхур, аз кабили оху, хуки ёбои, харгуш, гург, рубох ва гайра вомехуранд.

Аз худуди Олмон дарёхои зиёд чори мебошанд, ки калонтарини онхо Рейн, Дунай, Элба, Везер ва Одер мебошанд. Дарёхо бо каналхо пайваст карда шудаанд. Яке аз каналхои машхур канали Кил мебошад , ки бахрхои Балтика ва Шимолиро пайваст менамояд. Кули калонтарини Боден бошад , худуди 540 км 2 –ро дар бар гирифта 250 м. чукури дорад.

Обу хавои Олмон хусусияти тагирёбандаро дорад. Дар мобайни фасли тобистон, хавои гарми офтоби рузи дигар метавонад сард гардида, борон борад. Холатхои фавкулоддаи табии (аз кабили хушксоли , торнадо, обхезихо, хунукии кахратун ё гармии токатфарсо) низбатан хеле кам ба назар мерасанд.

Харорати миёнаи хаво дар мохи июл аз +16 то +22 дарача мерасад. Харорати миёнаи мохи январ бошад аз +2 то – 5 дарача баробар аст. Харорати миёнаи солона бошад, +5 — +10 дарачаро ташкил медихад. Дарачаи пасттарини хаво дар Олмон дар асри гузашта мушохида гардидааст, ки он дар баландии 1601 метр аз сатхи бахр, дар наздикии кули Фунтензи – 45,8 дарачаро ташкил дод.

Тобистони соли 2003 соли гармтарин дар тулии таърихи сад соли охири Олмон ба хисоб меравад, ки дар ин сол аз сабаби хушксоли хосипи дилхох ба даст наомад. Заминларзахое ки хисороти вазнин дошта бошанд, низ дар Олмон рух надодааст.

Шахрхои калонтарини Олмон Берлин, Гамбург, Мюнхен ва Кёлн мебошанд. Шахри аз чихати шумораи ахоли мавкеи панчумро ишголкунанда, Франкфурти лаби Майн мебошад, ки дар ин шахр фурудгохи калонтарини Олмон чойгир аст. Ин фурудгох аз чихати масохат дар Аврупо мавкеи сеюм ва аз чихати даромадноки аз хисоби боркашонии наклиёти мавкеи аввалро ишгол менамояд. Минтакаи ахолиаш зич чойгирбуда, хавзаи Рур ба хисоб меравад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *