Фанни География.

Географияи чорводории Точикистон

Географияи чорводории Точикистон
Чорводори .
Кирмакпарвари.
Замбур парвари Аспарвари.

Чорводорӣ дар таркиби соҳаҳои хоҷагии қишлоқ баъди пахтакорӣ соҳаи калонтарин ба шумор меравад. Зиёда аз 70 % заминҳои хоҷагии қишлоқро чарогоҳо ташкил медиҳанд. Аҷдодони точикон тули асрҳо навъҳои нави чорворо (гўсфанди ҳисорӣ, аспи хатлонӣ, қутоси бадахшони ва ғайра) ба вуҷуд овардаанд, ки хело шухрат доранд.Чорводорӣ солҳои мавҷудияти Ҳокимяти Шуравӣ бо соҳаи инкишофёфта табдил ёфт,ки ҳазорҳо хоҷагиҳои давлатию ҷамиятии чорвопарвар ташкил карда шуда, навъҳои гуногуни чорвои сермаҳсул ба вуҷуд оварда шуданд.

Солҳои Ҳокимияти Шуравӣ истеҳсоли маҳсулоти чорво хеле зиёд шуд. Дар соҳаи чорводорӣ ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам аз ҷиҳати сифат таъғирот ба вуҷуд омад. Комплексҳои калони чорводорӣ, фабрикаҳои мурғпарварӣ, корхонаҳои истеҳсоли хўроки чорво сохта шуданд. Чорводорӣ дар водиҳо соҳаи дуюм ва дар ноҳияи кўҳӣ соҳаи аввалиндараҷа мебошад. Чорводорӣ ба чунин зерсоҳаҳо тақсим шудааст: говпарварӣ, гўсфандпарварӣ, бўзпарварӣ, асппарварӣ, мурғпарварӣ, хукпарварӣ, занбурпарварӣ,моҳипарварӣ ва ғайра Говпарварӣ дар ҷумҳурӣ равияи гушту шир дорад. Гов парварӣ қариб дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ ривоҷ ёфтааст. Ба ин соҳа ҳоҷагиҳои шахсӣ ва фермерӣ дохил мешаванд, ки зотҳои наву сермаҳсулро вобаста ба шароитҳои маҳал парвариш мекунанд. Дар Помири Шарқи қутоспарварӣ ба роҳ мондашудааст. Ин гов бештар ба шароитҳои ин минтқа мутобиқ буда онро барои шир ва гўшт, пашм, пуст ва воситаи боркашонӣ парвариш мекунанд.

Гўсфандпарварӣ соҳаи анъанавии мардуми тоҷик мебошад. Вобаста ба шароитҳои табиию географӣ, географияи гўсфандпарварии ҷумҳурӣ фарқ мекунанд. Дар қадим гўсфанди навъи дарвозӣ, ба шароити кўҳистон мутобиқ дар ноҳияи баландкўҳ парвариш карда мешуд. Дар водии Вахш гўсфандони навъи қароқўлӣ ва дар водии Ҳисор гўсфанди Ҳисорӣ парвариш карда мешуданд. Ба ноҳияҳои шимолӣ ҷумҳурӣ (вилояти Суғд ) гўсфанди «ҷойдорӣ» хос аст, ки аз ҷиҳати вазн баъди гусфанди ҳисорӣ ҷои дуюмро ишғол мекунад. Дар тули солҳои Ҳокимияти Шуравӣ навъҳои сермаҳсули гўсфандонро пайдо карданд. Ҳоло дар минтқаҳои баландкўҳ-гўсфандони маҳинпашми дарвозӣ дар шимол – гўсфандони ҷойдорӣ;дар водии Вахш ва Кулоб гўсфандони қароқулӣ ва дар дигар ноҳияҳо гусфандони навъи ҳисорӣ парвариш мекунанд.

Соҳаи дигари чорводории ҷумҳурӣ бузпарварӣ мебошад, ки он дар минтиқаҳои кўҳӣ ва доманакўҳӣ соҳаи ривоҷёфта ба ҳисоб меравад, Хусусан парвариши бузҳои маҳинпашми ангорӣ аҳамияти калони хоҷагӣ доранд. Ин соҳа бештар дар шимоли ҷумҳурӣ рушт ёфтааст.

Парандапарварӣ дар чумҳурӣ аз соли 1965 оғоз ёфта дар солҳои Ҳокимияти Шуравӣ ин соҳа дар сатҳи саноати амал мекард, ки хоҷагиҳои махсусгардидаи дорои техналогияи бузурги истеҳсолӣ буд. Ба ҳайати он фабрикаи Душанбе, Чиптура, Хуҷанд, Конибодом, Ваҳдат, стансияҳои мурғпарварии Панҷакент, мурғи марҷони Файзобод доҳил мешуданд. Ҳоло дараҷаи истеҳсолии ин корхонаҳо хеле паст шудаанд. Аксари онҳо бо кумаки сармояи хориҷию маҳалӣ ҳамчун корхона мекунанд.

Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои қадимтарини кишоварзии Тоҷикистон мебошад, Дар ибтидо ба кирмакпарварӣ уезди Хуҷанд ва гурўҳ нояҳои ҷанубӣ ҷумҳурӣ (н.Қабодиён ) парвариш менамуданд. Дар солҳои Шуравӣ базаи ғизоии он мустаҳкам шуда ин соҳа хеле ривоҷ ёфт, ки ҳоло қариб дар ҳаммаи винтиқаҳои ҷумҳурӣ парвариш карда мешавад. Дар тули даҳсолаҳо зиёда аз 36 млн бех ниҳоли тут шинонида шуд, ки заминаи ғизоии кирмакпарварӣ мансуб меёбад. Ниҳолҳои тутро дар қад- қади раҳҳо, ҷуйҳо атрофи заминҳои кишт мешинонанд, ки он нафақат ғизои кирмак балки заминҳоро аз шамол ва бодхудшавӣ нигоҳ медоранд.

Барои истеҳсоли 1 кг пилла барои кирмак тахминаи 18-19кг барги тут лозим аст. Кирмакпарвари сердаромад буда рушти он ба зиёд намудани майдони тутзорҳо ва дастовардҳои илмӣ вобастагӣ дорад,

Занбўрпарварӣ нисбат ба дигар соҳаҳои чорводорӣ ҷавонтар аст. Аммо барои мардуми тоҷик ин соҳа аз замонҳои қадим маълум буд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ ҳоло хиёда аз 64829 ҳазор оилаи занбур мавҷуд аст. Зиёда аз 70 %-и он ба хоҷагиҳои шахсӣ таълуқ доранд. Ғайр аз ин ба занбўрпарварӣ хоҷагиҳои ҷангал, хоҷагиҳои ёрирасони назди корҳонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра машғуланд. Ҳоло қариб дар тамоми қаламравӣ ҷумҳурӣ ба ин соҳа диққат медиҳанд.

Аспарварӣ дар Тоҷикистон соҳаи қадима аст. Зотҳои аспи тоҷикӣ, хуталонӣ, аз қадим машҳуранд, ки онҳо дар намуди бозиҳои асптозӣ, ва чавгонбозӣ шўҳрати зиёд доранд.

Аспро инчунин барои боркашонӣ, саворӣ ва корҳои хоҷагиҳои васеъ истифода мебаранд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ипподром, хоҷагиҳои аспарварии шахсию давлатӣ амал мекунанд. Ба ин кор инистутӣ илмӣ – тадқиқотии чорводории Тоҷикистон роҳбари мекунанд. Соли 2008 шумораи асп дар мамлакат 75,4 ҳазор сарро ташкил менамуд.

Моҳидорӣ бошад дар Тоҷикистон баъди сохтимони обанборҳо ва ҳавзҳои сунъӣ аз солҳои 60-уми асри ХХ оғоз ёфт. Хусусан баъди сохтмони обанбори Қайроқум, хоҷагиҳои моҳирпарварии Чубек, Љиликўл, Қумсангир ва Панҷакент ҳаҷми моҳидорӣ афзуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ хоҷагиҳои моҳидории Қайроқум, Панҷакент Чубек, Кофарниҳон ва Хоҷамастон фаъолият мекунанд. Дар ин хоҷагиҳо намуди моҳиҳои зағора, амури сафед, судак, карас сазан, гулмоҳӣ ва ғайра парвариш карда мешаванд. Љумҳурӣ барои дар оянда ташакул додани ин соҳа имкониятҳои зиёд

дорад.

Дар кўлҳои водии Вахш нутрияпарварӣ мавҷуд аст. Нутрия дар шароити Тоҷикистон хуб мутобиқ шуда бо суръат меафзояд. Ин ҳайвон аҳамияти калони саноатӣ дошта онро барои муинаи зебояш парвариш мекунанд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *