Фанни География.

Тавсифи саноати ҷангал ва коркарди чуб

Тавсифи умумии саноати ҷангал.

Рушди ин соҳаи саноат бештар дар мавҷуд будани захираҳои ҷангал алоқаманд буда, иншоотҳои он дар ноҳияҳои аз сарватҳои ҷангал бой ҷойгир карда мешаванд. Ҷангал на танҳо ашёи хоми саноатӣ, балки хокро аз эрозия ва бодхўрдашавӣ эмин дошта, пеши роҳи шусташавии соҳилҳо, намии замин ва кишзорҳоро аз гармсел нигоҳ медорад. Ҷангалҳо «Шуши замин» ва манбаи оксиген (O2) ба ҳисоб мераванд. Саноати ҷангал маҳсулотҳои гуногуни саноатиро истеҳсол мекунад. Маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи саноати ҷангалро бисёртар соҳаи саноати мошинасозӣ, сабук, нақлиёт, алоқа ва сохтмон истифода мебаранд. Саноати ҷангал аз соҳаҳои саноати химия (содда, натрий, химикатҳои гуногун) ва саноати мошинасозӣ (автомобилҳо, тракторҳо, дастгоҳҳо) маҳсулотҳои гуногун мегирад.

Саноати ҷангал аз зерсоҳаҳои гуногун таркиб ёфтааст, ки ҳар яки онҳо вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд Ҷангалҳо дар ҷамъият вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд: 1.Ҷангалҳои санитарӣ (дар атрофи шаҳрҳо);

2.Ҷангалҳои ҳимоявӣ (бо мақсади ҳифзи хок, дарё, кўл, киштзорҳо ва ғайра дар атрофи дарёҳо, кўлҳо, каналҳо, заминҳои кишт барпо карда шудаанд);

  1. Ҷангалҳои мамнунгоҳ ва боғҳои миллӣ (Боғи миллии Тоҷикистон);

Буридани ҷангалзорҳо қонун ва қоидаҳои худро дошта, бештар вобаста ба синусол амали карда мешавад. Масалан, дар Федератсияи Россия дарахтони аз 80 сола зиёд дарахтони ба воя расида ба ҳисоб мераванд. Корхонаҳои соҳаи саноати ҷангалро ба баҳр, дарё, роҳҳои магистралӣ, гиреҳҳои роҳи оҳан наздик ҷойгир намудан аҳамияти калони иқтисодӣ дорад. Харҷи асоси ва зиёд дар соҳаҳои саноати ҷангал ба ҳиссаи соҳаи омодакунии чўб рост меояд. Дар саноати ҷангал яке аз навъи дарахтони қиматбаҳо ин ҷангалҳои сўзанбарг ба ҳисоб меравад.

Корхонаҳои саноати ҷангал бо ҳам алоқаи зич дошта, маҳсулоти истеҳсолнамудаи як соҳа барои соҳаи дигар ашёи хом ба ҳисоб меравад. Масалан, корхонаҳои чўб омодакунанда ба заводҳои тахтаистеҳсолкунанда чўб медиҳанд, тахтаи истеҳсолшуда бошад дар саноати мебелсозӣ ҳамчун ашёи хом истифода бурда мешавад. Партовҳои соҳаи саноати омодакунии чўб (шоху навда) ва партовҳои коркарди чўб (пўстлоқ, аррамайда) дар соҳаи саноати химия-ҷангал ҳамчун ашёи хом дар истеҳсоли спирт, рангҳо ва ғайра истифода бурда мешаванд. Аз ин лиҳоз дар ноҳияҳое, ки саноати ҷангал ва коркарда чўб рушт ёфта аст, корхонаҳои саноати химия-ҷангал ҷойгир карда мешаванд.

Ба ягдигар наздик ҷойгир шудан ва якҷоя истифода бурдани қувваи барқ, сўзишворӣ ва нақлиёт, мавҷудияти алоқаҳои мустаҳками коркард намудани партовҳо дар байни корхонаҳои саноати ҷангалро комплекси саноати ҷангал меноманд.

Баъзе аз соҳаҳои саноати ҷангал ба ашёи хом ва минтақаҳои аз роҳҳои дарёӣ, баҳрӣ оҳан таъмин буда, баъзе аз корхонаҳои дигари он ба истеъмолкунанда наздик ҷойгир карда мешаванд.

Соҳаи омода намудани чўб 75% истеҳсолоти саноати ҷангалро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли фанера ва гўгирд.

Истеҳсоли фанера. Фанера маҳсулоти саноати ҷангал буда, он аз як чанд қабати тунук ташкил ёфтааст. Фанер дар соҳаҳои саноати сохтмон, саноати мебелсозӣ, саноати мошинасозӣ ва дигар соҳаҳои саноат васеъ истифода бурда мешавад. Фанера нисбат ба дигар маҳсулотҳои чўбӣ мустаҳкам ва дар қатшавӣ, намию ҳарорати муайян устувортар мебошад. Дарахти тус (берёза) ашёи хоми қимматбаҳои корхонаҳои фанера истеҳсолкуни ба ҳисоб меравад. Се намуди фанераҳо истеҳсол карда мешавад. Фанераҳо асосан аз аррамайдаҳо, рандакунии тахтаҳо ва ширешкунӣ истеҳсол карда мешавад.

Фанераҳои аз аррамайда истеҳсолкардишуда дар дастгоҳҳои махсус истеҳсол карда мешаванд. Дар ин навъи истеҳсолот ҳамчун ашёи хом аррамайдаҳо, чўбҳои майда баргҳо истифода бурда мешавад. Чунин навъи фанераҳо бештар дар саноати мебелсозӣ истифода бурда шуда, 1,5-2 мм ғафсӣ, 450-500 мм паҳноӣ ва 3-4 м дарозӣ доранд. Бо роҳи рандакуни бештар фанераҳои баландсифат истеҳсол карда шуда, барои бо ин усул истеҳсол намудани фанераҳо дастгоҳҳои махсус ва чўбҳои қимматбаҳо истифода бурда мешаванд.

Истеҳсоли гўгирд. Гўгирд маҳсулотест, ки дар рўзғори инсон васеъ истифода бурда мешавад. Барои истеҳсоли гўгирд он навъи дарахтоне истифода бурда мешаванд, ки коркарди механикиашон осон буда, маводҳои химиявиро зуд қабул мекунанд. Корхонаҳои гўгирдистеҳсолкунанда чўб, қоғаз ва маводҳои химяивии гуногунро ҳамчун ашёи хом истифода мебаранд. Сараввал ғулачўби ба завод воридшуда дар ҳаҷми муайян бурида шуда ба сехи гидравликӣ равон карда мешавад, ки дар инҷо пўсти чўб ҷудо карда мешавад. Сипас чўбҳо ба ҳаҷми гўгирдчўб баробар майда карда шуда, ба маҳлули химиявии суперфосфат гузошта мешаванд. Баъдан онро хушк карда ба қисми нўки гўгирдчўб маҳлули химиявӣ иборат аз сулфур, намаки бертолетӣ ва хокаи шиша пайваст карда мешавад. Барои дар нўги гўгирдчўб часпидани маводи химиявии дигар ба он парафин мемоланд. Қутиҳои гўгирд аз қоғаз дар заводҳои гўгирдистеҳсолкунӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар ҳар як қуттӣ аз 50 то 60 дона гўгирдчўб пур карда мешавад.

Истеҳсоли селлюлоза ва қоғаз.

Ашёи хоми корхонаҳои селлюлоза ва қоғаз чўбу химикатҳои гуногун мебошад. Сабаби тез рушд ёфтани ин соҳаи саноат дар зиёд будани талабот ба қоғаз мебошад. Ҳоло зиёда аз 200 навъӣ гуногуни қоғазро (қоғазҳои литографӣ, навиштанӣ, суратгирӣ, расмкашӣ, ҳуҷаттӣ, истифодаи умумӣ, қоғазҳои ба гармӣ, намӣ ва оташ тобовар ва ғайра) истеҳсол мекунанд. Бояд хотирасон намуд, ки селлюлоза аз таркиби растаниҳо бо воситаи аз таркиби растани дур намудани моддаҳои дигар аз қабили лигнин, мум, пигментҳо ва ғайра гирифта мешавад. Селлюлозаи тоза ин пўст, парда ё ҷилди бофтаи растанигӣ буда, аз онҳо қоғази баландсифат истеҳсол карда мешавад. Бинобар сабаби қиммат будани селлюлозаи тозза ба он ба миқдори муайян вобаста ба маҳсулоти истеҳсоли маҳлули махсус омехта мекунанд. Масалан, дар қоғази газета -25%, дар қоғазҳои топографӣ ва навистан зиёдтар маҳлул илова мекунанд.

Чўб ба анбори чўбнигоҳдори бо воситаи роҳҳои гуногун ворид карда мешавад. Чўби воридшударо ба ҳаҷми муайян бурида (1 м 20 см) онро ба сехи гидротермикӣ равон мекунанд. Дар сехи гидротермикӣ пўсти чўб ҷудо карда шуда, онро бо маҳлули муайян камее мулоим мекунанд. Сипас чўб дар ҳаҷми боз ҳам хурдтар майда карда мешавад. Дар ҷараёни майдакунии чўб аз қисми болои он ба меъёри муайян об рехта меистад, маҳлул дар ҳарорати аз +1250С то 1450С дар муддати 10-15 соат ҷўшонида мешавад, ки дар натиҷа хамираи селлюлоза тайёр мешавад.

Аз хамираи селлюлоза дар сехҳои қоғазистеҳсолкуни қоғаз ва маҳсулотҳои гуногуни қоғази истеҳсол мекунанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *