Фанни География.

Захирахои канданихои сузишвори

Ба захирахои сузишвори ангиштсанг, нефт, газ вараксангхои сузанда, торф, дохил мешаванд.

Ангиштсанг. -140 млн.сол мукаддам, дар давоми такрмбан 30 млн.сол иклими кишвари мо хеле гарм ва намнок будааст.Дар мавзеъхои алохидаи Точикистони имруза миёни кулу дарёхо анбухи бешазорхо доман густурда будаанд.Дар байни онхо хусусан дарахтони папоротник хеле пуравч месабзиданд.

Баъдтар дар натичаи харакатхои тектоники замин ва дигар шудани иклим онхо зери об мемонанд ва ба гилу рег рупуш мешаванд. Набототи зери кабатхои заминмонда пусида бахд ба ангишт мубаддал мешаванд. Барои хамин дар ангишт нишонаи баргу дарахтонро дидан мумкин аст.

Дар Точикистон якчанд конхои хеле калони ангиштсанг хастанд. Захирахои умумии ангиштсанги Точикистон кариб 5 млрд. тоннаро ташкил медихад. Дар Точикистон кариб 35 кони ангишт маълум аст. Калонтарини онхо; Шуроб, Фон-Ягноб, Киштут-Заврон, Могиён, Назарайлок, Зидди, Токутан, Равнов, Суффа, Миёнаду ва дигар конхо ба хисоб мераванд.

Кони Шуроб хануз аз авали асри 20 кор карда мешуд. То хол хам ин кон яке аз конхои мухимтарини чумхури шуморида мешавад. Кони Шуроб аз 25 кабати ангишти сиёхтоб иборат буда, гафсии умумии хар яке аз ин кабатхо такрибан 35 см аст. Ин ангишт чун сузишвори дар саноат ва дигар сохахои хочагии халкамон истифода мешавад.

Дигар кони калонтарини ангишт Фон ва Ягноб дар худуди собик дехаи Равот чойгир шудааст. Ин кон дар 18 кабат хобидааст, гафсии онхо аз 0,5 то 12 м. аст. Захираи саноатии ин кони ангишт ба 2 млрд т. мерасад. Ангишти кон аълосифат буда, онро хамчун ашёи хом дар саноати металлурги истифода бурдан мумкин аст.

Дар хавзаи дарёхои Киштут ва Заврони нохияи Панчакент 18 кабат ангишт, ки гафсии баъзе кабатхо то ба 3 метр мерасанд, чойгир шудааст. Захираи кони ангиштсанги Киштут – Заврон 850 млн. т. мебошад.

Дар худуди каторкухи Хисор хам якчанд кони ангишт хаст. Яке аз онхо кони Зидди дар саргахи дарёи Варзоб чойгир шудааст. Дар он кон 4 кабат ангишт, ки гафсиашон аз 0,5 то 8 м. мебошад, хобидааст.

Конхои Тошкутан, Сайёд, Ромит захираи калон надоранд, вале дар шароити бухрони энергетики истифодаи онхо зарур аст. Дар нохияи Рашт, дар хавзаи дарёи Кабуд кони ангишт Назарайлок чойгир шудааст, ки аз чихати сифат дар чахон хамто надорад. Захирахои умумии он ба 500 млн. т. мерасад ва он бехтарин ашёи саноати кимиё низ а хисоб меравад.

Дар каторкухи Дарвоз кони ангишти Равнову Миёнаду ва дар нохияи Мургоб дар баландии 4500 м. кони ангишти Куртека маълум карда шудаанд.

Ба он нигох карда накарда, ки чумхурии мо аз захирахои ангиштсанг бой аст, вале истехсоли он дар натичаи вокеахои солхои охир то сол камшуда

истодааст.Холо истехсоли ангишт назар ба давраи соли 1990 кариб 20 баробар кам шудааст.

Дар чахон хисоби миёна хар сол 3,6 млрт. Ангишт истехсол карда мешавад.Аз чихати истехсоли ангиштсанг ИМА дар чои якум (840 млн.т) Россия дар чои дуюм (740 млн.т.) Хитой дар чои сеюм (650 млн.т.) меистад.

Ба дигар намуди сузишвории сахт вараксангхои (сланец) сузонда, ки дар таркиби гилсангхо дар муддати млн солхо, ки моддахои органики пусида ба вараксангхои сузанда табдил ёфтаанд, хамчунин сузишвори истифода бурда мешаванд.

Вараксангхои сузанда дар Кургонтеппа, Окток, Гаравути чойгир шудаанд.Хусусиятхои геологи ва химиявии вараксанги сузандаи кишварамон то хол пурра омухта нашудаанд.

Торф, ки ба сузишвории сахт дохил мешавад, дар натичаи дар ботлокхои хозиразамон: пусидани растанихо ба вучуд меояд.Аз хамин сабаб бисёрии онхо дар сохили дарёхо чойгир шудаанд.Дар Точикистон кариб 45 кони торф маълум аст.Аз чумла конхои торфи Помир (Чорбрг,Мангут) ахамияти калон доранд.

Тасифи крнхои нефту газ. Истилохи нефт аз калимаи арабии “нафата” бармеояд, Ки маънояш “чахидан” мебошад.

Нефт дар Осиёи Миёна аз замони Искандари Зулкарнайн маълум буд.

Нефти води Фаргонаро хануз дар асри XII медонистанд. Дар дехаи Селроха, Ки дар байни Конибодому Исфара чойгир буд, нефт руи замин чахида мебаромад.

Дар соли 1539 нефт дар Аврупо аввалин маротиба ба руйхати молхое, ки аз Америка меоварданд, дохил шуд. Он вактхо нефтро ба сифати сузишвори не, балки барои муоличаи касалии пойхо (артрит) чун дору истифода мебурданд.

Дар хусуси нефтдории Селроха соли 1871 аввалин маълумоти расми дарч шуда буд. Соли 1908 дар ин чо аввалин чохро Парма карданд, ки он кадре нефт дод. Чохи дуюм, ки соли 1909 парма шуд, захираи хеле калони нефтро ошкор намуд ва аз хамон сол сар карда истехсоли нефт огоз ёфт. Барои истехсоли кони нефти Селроха дар соли 1912 ширкати Осиёи Миёнагии савдои нефт (САНТО) ташкил шуд, Ки онро англисхо назорат мекарданд.

Дар солхои аввали Хокимияти Шурави кони Селроха, холо кони “КИМ”- и райони Исфара ба техникаи замонави таъмин гардид ва хар солее то 10 хазор тонна нефт истехсол мекард.

Нефт ва гази табии дар натичаи дар кабати чинсхои ташкини бахри (охаксанг, гил, регсанг) пусидани чинсхои органики (хусусан сакрапелитхо) ба вучуд меоянд.Баъд нефту газ аз даруни чинсхои нефт хосилкунанда ба таркишхо ба дохили чинсхои ковок ва сурохдор чахида мегузаранд. Чунин чинсхои ковокро коризхои (коллектор) нефту газ меноманд. Кабатхои чинсхои нефтдор одатан, дар байни табакахои чинсхои кухии зичи обнагузаранда (масалан, гилхои сахт) чойгир мешаванд.

Холо захирахои умумгеологии нефт дар чахон 800 млрд. тоннаро ташкил мекунанд, аммо захирахои кашфкардашудаи нефт 94 млрд. тонна Буда, аз он чумла ба Арабистони Сауди-23 млрд.т. Кувайт-11,2 млрд.т. Эрон- 8,9 млрд.т.Алчазоир- 6,1 млрд.т. ИМА- 4,9 млрд.т. Лубнон- 4,1 млрд.т. Ирок- 3,9 млрд.т. рост меояд.

Мамлакатхои калонтарини истехсолкунандагони газ ИМА, Голландия, Канада , Англия, Индонезия аз давлатхои собик СССР Федератсияи Россия, Узбекистон, Туркманистон ба хисоб мераванд.

Дар Точикистон якчанд конхои нефту газ аз чумла конхои нефти “Ким” ва “Нефтобод” дар Исфара конхои Айратон, Селроха, Ниёзбек, Махрам, Равот дар Шимоли Точикистон, конхои Бештентак (Восеъ) Кичикбел ва Окбошидар, Шохамбари дар чануби Точикистон маълуманд.

Дар Точикистон 13 кони газ ба хисоб гирифта шудааст, аз он чумла 7-тои он дар Шимоли мамлакат ва конхои гази Андигон (Вахдат) Кизил Тумшук (Колхозобод) ва Комсомол дар кисми Чануби мамлакат маълум карда шудаанд.

Холо дар худуди Точикистон кариб 100 структурахои эхтимолани нефту газдор муаяйн карда шудааст.

Аксарияти ин структурахо дар водихои Хисор, Вахш, Вахдат ва Кулоб чойгир шудаанд. Истифодаи захирахои нефту газ ба манфиати хочагии халк аз тараккиёти устувори хамаи сохахои хочагии халк дар Точикистон вобастаги дорад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *