Фанни География.

Таърихи пайдоиши аҳолӣ.Маълумот доир ба географияи маскуншавии аҳолӣ

Маълумот доир ба географияи маскуншавии аҳолӣ.

Доир ба пайдоиши таърихи инсоният дар адабиётҳои илмӣ далелҳои бо ҳам номувофиқ вуҷуд доранд. Қисми зиёди олимҳои соҳаи антропология дар он ақидаанд, ки инсони аввалин яъне «австралопитекҳо» 5-7 миллион сол қабл дар Африка ва минтақаҳои тропикии Осиё пайдо шудаанд. Ақидае, низ вуҷуд дорад, ки 2-3 миллион сол қабл «архатропҳо» дар Африкаи шарқӣ зиндаги намудаанд ва 600-700 сол қабл онҳо ба палеантропҳою питекантропҳо омехта шуда ба неандерталҳо табдил ёфта, дар Осиёи Љанубу-Шарқӣ ва Љанубу Ғарбӣ паҳн гардидаанд. Аз ин 40-50 ҳазор сол пеш бошад инсонҳои бошуур «Homo Sapines» ба вуҷуд омадааст.

Дар замонҳои қадим тасаввурот оид ба узвҳои бадани инсон ниҳоят кам буд ва бурдани корҳои татқиқотӣ ва ҷарроҳӣ намудани одами фавтида қатъиян манъ буд. Ҳатто шакли бо ин ё он сурат сохта шудаи одамонро вохўрдан душвор буд. Татқиқотчии машҳури Рим, табиби бузург Клавдий Гален, ки солҳои 131-201 милодӣ умр ба сар бурдааст, барои омўзиши анатомияи инсон маймунҳоро ҷарроҳӣ намудааст ва аз рўи узвҳои маймун шакл-ҳайкали инсонро тартиб дода буд. Сохти берунаи шакл-ҳайкал аз одам ва узвҳои дохилаш бошад аз маймун буданд. Ин шакл-ҳайкал ҳоло дар осорхонаи Ватикан нигоҳ дошта шудааст. Бурдани корҳои татқиқотӣ дар ҷасади инсон қариб 1400 сол манъ буд, ки дар ин давра асарҳои Гален аз тарафи табибон ва донишҷўёни соҳаи тиб ҳамчун датурамал истифода бурда мешуд. Дар давоми 1000 сол бошад номи Гален ҳаммаънои «тиб»-ро дошт.

Вазъи демографии аҳолӣ дар замони гузашта.

Дар давраи пеш аз милод аҳолии кураи замин якчанд ҳазор нафарро ташкил медод. Мувофиқи маълумотҳои илмӣ 7 ҳазор сол қабл аз милод дар кураи Замин ҳамаги 10 миллион аҳолӣ зиндаги мекард. Аҳолӣ дар ҳамон давра дар ҳар 1000 сол тахминан 10-20% зиёд мешуд. Сабаби чунин суст афзоиш ёфтани аҳолӣ ба дараҷаи баланди фавти онҳо алоқаманд буд. Аҳолӣ бисёртар аз бемориҳо ва ҷангҳои байни қабилавӣ нобуд мегаштанд. Дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 20 сол зиёд набуд.

Бояд хотирасон намуд, ки зиёдшавии аҳолии ҳар як давр ба шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии он зич алоқаманд аст. Дар давраи аввали рушди ҷамъиятӣ афзоиши аҳолии кураи Замин ниҳоят суст буд. Дар ҷойгиршавии аҳолӣ омилҳои табиӣ (иқлим, релеф, об, замин) ва ҷойгиршавии қабилавӣ мавқеи хос дошт. Зери таъсири офатҳои табиӣ (зимистони шадид, сел, обхезӣ) миллионҳо одамон нобуд мешуданд. Аз ин лиҳоз дар қисми шимолии материки Евраосиё зичии аҳолӣ хеле паст буд. Дар Америка ва Австралияниз дар давраи палеолит аҳолӣ ниҳоят кам зиндагӣ мекард. Қисми зиёди аҳоли дар минтақаҳои дорои шароити хуби табиӣ (сарватҳои обӣ, замин, иқлимӣ мусоид)-и атрофи баҳри Миёназамин, Африкаи Шимолӣ ва қисми ҷанубии материки Евраосиё маскун шуда буданд.

Дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ сатҳи шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ хеле вазнин буд. Одамон бештар дар ғорҳо, ки ҳамчун хонаи истиқомати хизмат менамуд зиндагӣ мекарданд. Дар ҳамон давра мақсади рўзмараи асосии одамон қонеъ намудани талабот бо хўрока ва дар ягон ҷои бехавфу гарм шабгузаронӣ буд. Онҳо бештар ба шикори ҳайвонҳои ёбоӣ ва истеъмоли меваҳои ваҳшӣ машғул буданд. Аз сабаби бар зидди офатҳои табиӣ нотавон буданашон ва шароити бади иқтисодиву иҷтимоӣ дараҷаи фавт хеле баланд буд. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ дараҷаи миёнаи дарозумри 20-25 солро ташкил медод. Одамони ҷамъияти ибтидоӣ нисбат ба одамони ҳозира 2,7-2,9 маротиба камтар умр медиданд. Новобаста ба чунин вазъи демографӣ шумораи аҳоли оҳиста –оҳиста меафзуд.

Сабаби асосии афзоиши табиӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ ин ба зиёд будани дараҷаи таваллуд вобаста аст. Дар минтақаҳои Осиёи Љанубӣ, Европаи ҷанубӣ ва Африка аҳолӣ нисбатан зич ҷойгир шуда буд. Дар ин давра дар минтақаҳои қисми шимолии Европа ва Осиё, Австралия ва Америка зичии аҳолӣ хеле паст буд. Дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ суръати афзоиши аҳолӣ хеле суст буд. Тахминан 15 ҳазор сол қабл дар аввали давраи мезолит дар кураи Замин ҳамаги як чанд миллион аҳолӣ истиқомат мекард.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *