Фанни География.

Ромит. Маълумот дар бораи Дараи Ромит

Дара яке аз мамнуҳгоҳҳои машхури Тоҷикистон мамнунгоҳи Ромит ҷойгир аст, ки соли 1951 дар масофаи 16,1 ҳазор га ташкил шудааст.

Мамнуҳгоҳи Ромит ба намуди секунҷа монанди дорад.Иқлими ин минтақа ба қисми қаторкуҳҳои Њисор таалуқ дорад. Миқдори боришот дар нимсола ба 800-1000 мм расида шумораи зиёди он ба фасли зимистону баҳор рост меояд, боронгарии хеле кам ба назар мерасад. Ќабатҳои барфҳо аз охири мохҳои ноябр то мохи март меистад. Њарорати солонаи ҳаво ба 9,8 градус селсия тақсим мешавад (дар мохи июл-август +38С) ба кайд гирифта шуда, минимали бошад (дар моҳҳои декарб-январ -30С) ба қайд гирифта шудааст.

Нишондодҳои иқтисодии минтақаи Ромит.

Минтақаи Ромит чамоатҳои деҳоти Баҳор, Симиганг, Љўёнгарон ва Ромитро дар бар мегирад. Ин минтақа 76199 нафар аҳоли дорад. Дар ин минтақа 54 мактабҳои таҳсилоти ҳамагони ва 4 кўдакистон арзи вуҷуд дошта дар онҳо 16323 нафар хонандагону кўдакон таълиму тарбия мегиранд, ки ба онҳо 911 нафар омўзгорону мурабияҳо сабақ меомўзонанд. Сокинони ин минтақа аз 6 беморхонаи ҷумҳуриявию минтақави, 29 дармоногоҳҳою пунктҳои тиббӣ истифода мебаранд. Корхонаҳои мадани — равшанномаи дар 15 хонаҳои маданият, клубу китобхонаҳо вобаста ва талаби рўз ба рўз монда шудааст. Дар ҷамоати деҳоти Баҳор, Симиганҷ, Љўёнгарон ва Ромит 6067- нафар нафақагирон ба қайд гирифта шудааст.

Вобаста ба сахлияашон ба дехқонон дар ҷамоати деҳоти Баҳор 36 хоҷагии деҳқон дар майдони 47,5 гертар, ҷамоати Симиганҷ 65 хоҷаги деҳқони дар майдони 73 гектар, ҷамоати деҳоти Чулнгаран 62 хоҷаги деҳқони дар майдони 71,1 гектар замин ҷудо карда шуда , дар ин хоҷагиҳо 815 нафар одамон ба ҷои кор тамин мебошанд.

Дар ин минтақа гармхонаи тобистон, фабрикаи парандапарвари, заводи консервабарори, идораи занбури асалпарвари, хоҷагиҳои ҷангали Кофарниҳон, Ромит, боғи педагоги, истироҳгоҳи кумитаи фарханг, истироҳгоҳи Точикстройиндустрия, Ховар, Роҳи оҳан, Комбинати орд, Явраз, лагерҳо, деҳаҳои Нозирообод, Личак, Шоразм, Гулнгарон, Ёс, Тисеман, Ромитро дар бар мегиранд ба заводи шарбатбарори арзи вучуд дорад.

Хоҷагиҳо ва корхонаҳои ин мавзеъ 2800 га замини иштшаванда аз ҷумла 20-60 га замини оби, 580 га замини боғот ва 170 токзорро ихтиёрдори менамоянд.

Хоҷагиҳо барои 457 сар чорвои калони шохдор, 2311 сар чорвои майда ва 155 сар асп мебошанд,ки ғайр аз ин меҳмонхонаҳо тарабхонаҳои замонави низ вуҷуд доранд. Дар ин минтақа гармчашмаи шифоии Зайрон ҷойгир аст, шабакаи барқи шаҳр хатҳои баландтарро ба истифода додаст.

Дар маркази дехаи Ёз, Явраз ва шахраки Ромит шхона,магозаи молҳои ниёзи мардум , чойхона ба истифода дода шудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *