Фанни География.

Захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо

Об ҳамчун сарвати табиӣ ва аҳамияти он
Сарчашмаҳои оби тозаи кўраи Замин, аз ҷумла Тоҷикистон
Манбаъҳои ифлосшавӣ ва роҳҳои муҳофизати обҳои ширин
Усулҳои тоза намудани обҳо
Сабабҳои норасоии оби тоза ва оқибатҳои он

Об яке аз сарвати бебаҳои табиат буда, элементи асосии ҳаёт ба шумор меравад. Организмҳои зинда бе ин моддаи ҳаётан муҳим зиндагӣ карда наметавонанд. Об дар таркиби пайвастагиҳои химиявии ҳуҷайраҳо бо миқдори гуногун вомехўрад. Дар бадани ҳайвонот аз 60 то 90% дар растаниҳо аз 75 то 65% Сабзавот: бодиринг, помидор, карам, шалғам ва сабзӣ-90% об мавҷуд аст.

Об чунин пайвастагии табииест, ки онро бо ягон пайвастагии дигар иваз кардан мумкин нест.

Ин модда дар ба танзимдарории иқлим, обу ҳаво, ҳосилкунии хок нақши калон дорад. Об боигарии табиӣ ва манбаи асосии иқтисодӣ ба маҳсуб мешавад.

Об 71%-и кураи заминро дар шакли гуногун ташкил медиҳад (уқёнус, пирях, кулу дарё, буғи атмосфера, намнокии замин).

Бо ин нишондод гидросфера аз 3/4 ҳиссаи кураи заминро ишғол мекунад. Қисмати обии сайёраро гидросфера меноманд (к. лотинии «гидро»-об, «сфера»-кўра). Гидросфераро ба се қисмат ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ
  2. Обҳои зеризаминӣ
  3. Обҳои дар ҳаво мавҷудбуда.

Барои соҳаҳои гуногун истифодаи об бо % дар чунин шакл аст:

хоҷагии қишлоқ 90 %;

саноат 5 %;

аҳоли 3 %;

соҳаҳои гуногун 2 %.

Дар хоҷагии қишлоқ барои истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ дар як гектар кишт миқдори чунин об лозим аст;

  1. Ҷуворӣ-3000 м3
  2. Карам-8000 м3
  3. Шолӣ-12000-20000 м3

Ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе дар як рўз 160л. об, ба як одам рост меояд. (Халиков. 1986)

Ҳоло мувофиқи ҳисоботи мутахассисони корхонаи Обу Коррезии Душанбе, дар 24 соат 1600л. об ба сари ҳар шаҳрванд рост меояд.

Оби нушокӣ обест, ки аз ҳамаи элементҳои вазнин тоза карда шудааст.

Оби имрўза, ки барои нўшокӣ ба маҳалли аҳолинишин равона карда мешавад, бояд аз се роҳи тозакунии об гузашта баъд барои нўшидан иҷозат дода шавад:

Усулҳои тозакунии об:

  1. Усули механикӣ
  2. Усули биологӣ
  3. Усули химиявӣ

Норасоии оби нўшокӣ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла Арабистон, Африка, Хиндустон ва ғ. ба чашм мерасад:

Тоҷикистон аз захираҳои обӣ хеле бой буда, дар қаламрави он қариб тамоми иншоотҳои обӣ сохта шудаанд. Дар Тоҷикистон қариб 8500 пиряхҳо мавҷуданд, ки 6% ҳудуди ҷумҳуриро ишғол мекунанд.

Масоҳати умумии яхбандӣ, 8,5 ҳаз. м2-ро ташкил медиҳад, ки аз майдонҳои кишти ҷумҳурӣ зиёд мебошанд. Пиряхҳо дар қуллаҳои баландтарин, аз он ҷумла қуллаи Исмоили Сомонӣ воқеъ мебошанд.

Пиряхҳо сарчашмаи тамоми дарёҳои бузург мебошанд, ки дар хоҷагии халқ васеъ истифода мешаванд.

Дарё чист ? – Оби равонест бо маҷрои табиӣ ибтидо ва интиҳо дорад. Дарёи ба дигар дарё ҳамроҳшавандаро шохоб меноманд.

Масалан. Амударё-дарёи асосӣ, Вахш, Кофарниҳон, Панҷ-шохоб.

Дар ҳудуди Тоҷикистон 947 дарёи дарозиашон аз 10 то 3000 км мавҷуд аст. Дар давоми як сол аз дарёҳои Тоҷикистон беш аз 60 млрд. метри кубӣ об ҷорӣ мешавад.

Кўли Сарез 88 м2 масоҳатро ташкил дода дарозтарин чуқуртарин кўли ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ин кўл моҳи феврали соли 2001 90 сола шуд.

Чашмаҳои шифобахш: Хоҷаобигарм, Обигарм, Шоҳамбарӣ, Явроз, Гармчашма (н. Ванҷ. Н. Шуғнон).

Дар ҷумҳур 150 чашмаҳои шифобахш мавҷуд аст. Ин чашмаҳо обҳои минералӣ буда, мувофиқи таркиби химиявиашон барои истеъмол ва табиат васеъ истифода мешаванд. Ҳар сол ҳазорон одамон дар ин чашмаҳо истироҳат ва табобат меёбанд.

Обанборҳо Обанборҳо тариқи сунъӣ барои захираи об ва истифодаи самараноки об сохта мешаванд.

Обанборҳо дар пастхамиҳо сохта мешаванд. Ин барои бунёди иншоотҳои барқӣ (ГЭС), осиёбҳо, моҳипарварӣ, такшонкунии ғашиҳои гуногун, намак, намаксофкунӣ ва ба вуҷудоварии ҷойҳои истироҳат нақши бузург дорад.

Канал ва Тунелҳо: Каналҳои Тоҷикистон асосан барои таъмини аҳолӣ бо об ва обёрии заминҳои кишт хизмат мекунанд.

Обмонии заминҳои кишт. Об сарвати бебаҳои табиӣ буда истифодаи дурусти он боиси самаранокии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ гашта метавонанд. Барои кам кардани хароҷоти об тадбирҳои зиёде вуҷуд доранд:

  1. Обёрии қатравӣ: исрофи обро кам мекунанд, заминро об намешўяд, алафҳои бегона намерўяд.
  2. Обёрии зерипленкагӣ имкон медиҳад, ки намиро дервақт нигоҳ дорад.
  3. Обёрии ҷўякбандӣ имкони зудтар ва бо хароҷоти кам обмониро дорад.
  4. Обёрии шабона имкони дар салқини ҳаракати тези обро ба вуҷуд меоварад барои растаниҳо ҳам муфид аст. Кўтоҳии ҷўякҳо барои камталафшавии об сохта мешаванд. Ҷўякҳои дароз обҳои зери заминиро зиёд карда, шўрашавии заминро баланд мекунад. Ин вайроншавии рекултиватсияи хок мебошад.

Обхезиҳо. Дар кишвари мо асосан ду давраи обхезӣ мешавад. Обхезӣ болоравии сатҳи оби дарёҳо мебошад, ки ба муҳити атроф зиён меоварад.

1) Баҳорон-моҳҳои апрел-май дар натиҷаи обшавии барфу боронҳои пайдарпайи баҳорӣ.

2) Тобистон моҳҳои июл-август дар натиҷаи обшавии пиряхҳо.

Аз таҳлили мутахассисон бармеояд истифодаи об дар Осиёи Марказӣ нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон хеле зиёд аст.

Дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон истифодаи об ба сари як шахс дар як шабонарўз 100-150 л рост ояд. Дар баъзе шаҳрҳои Осиёи Марказӣ 400-600 л ва аз ин ҳам зиёд аст. Дар кишварҳои иқлимашон хушктар хароҷоти солонаи об ба сари ҳар фард 300-1000 м3 расидааст. Дар Осиёи Марказӣ хароҷати солонаи об сари ҳар кас то 4000 м3 ва аз он ҳам беш мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *