Фанни География.

Ташкили территориявии хочагии халки Чумхурии Точикистон

ТАВСИФИ УМУМИИ ХОЧАГИИ ХАЛК ВА

ТАГИРОТХОИ ТАРКИБИИ ОН

Иктисодиёт, ин крмплекси ягонаи хочагии халк аст, ки

хамаи чабхахои истехсолоти чамъияти, таксимот ва

мубодиларо дар бар мегирад. Хочагии халки Точикистон аз

мачмуи корхонахои истехсоли ва гайри истехсоли иборат

аст.

Асоси комплекси ягонагии хочагии халкро сохахои

истехсоли ташкил медиханд, ки дар ин сохахо 82%

шумораи умуми ахоли машгули кор дар мамлакат рост

меояд,

Ба сохахои истехсоли инхо дохил мешаванд:

  1. Сохахои, ки дар онхо неъматхои модди истехсол

мекунанд. Саноат, хочагии кишлок ва сохтмон;

  • Сохахои хизматрасони ва ё гайра истехсоли.
  • Сохахое, ки бо чараёни истехсолот дар сохаи

мубодила алокаманданд:- савдо, хуроки умуми, таъминот,

фуруш, ва захиракуни.

Сохахои гайриистехсоли.

  1. Сохахои хизматрасони: манзил ва коммунали,

хизматрасони маиши ахоли, савдо, наклиёти

мусофиркашони.

  • Сохахои хизматрасони ичтимои-хифзи саломати,

Тарбияи баъдан ва таъминоти ичтимои;

  • Маориф, фарханг, санъат;
  • Илм ва хизматрасонии илмс;
  • Карздихи, молия ва сугурта;
  • Дасигохи макомотхои идоракуни;
  • Дигар сохахои гайриистехсоли.

Дар солхои ислохоти иктисоди дар Точикистон як

катор тагиротхо дар таркиби байни сохахои истехсоли ва

гайриистехсоли ба амал омад. Масалан, хиссаи шугли

ахоли дар сохахои истехсолоти неъматхои содди аз 90%

ин нишондиханда аз 4% то ба 18% зиёд шуд. Хиссаи шугли ахоли дар саноат ва сохтмон кам шуда, дар савдо, фуруш ва захиракуни, карздихи, молия ва сугурта, дар дастгохи макомоти идорахои давлати ва идораи хочагихо, макомоти ташкилотхои чамъияти ва дигар сохахои гайриистехсоли зиёда шуда истодааст.

Тагироти таркибии шугли дар сохахои комплекси хочаги ва сохахои мехнатталаб аз тараккиёти сохторхои бозоргони дар иктисодиёт гувохи медихад.

Сохахои истехсоли ва гайриистехсоли ба якдигар алокаи зич доранд. Инкишоф ёфтани сохахои истехсоли ба

тараккиёти сохахои гайри истехсоли сабаб шуда

метавонанд.

Хамаи сохахои хрчании халк ба хамдигар алокаи зич

доранд. Чунончи, тараккиёти сохахои саноатро бе пешрави

дар дигар сохахои истехсолоти модди, ба монанди хочагии

кишлок, наклиёт, сохтмон тасаввур кардан гайриимкон аст.

Пешравии, ин сохахо ба инкишофи сохахои саноат таъсири

калон расонида, барои инкишофи сохахои он шароити

муътадил фарохам меоваранд. Масалан, хочагии кишлок,

ба як гурух сохахои саноат ашёи хом, сохтмон-корхонахои

саноати ва наклиёту алока сари вакт ичро шудани

супоришхоро таъмин менамояд. Савдо бошад, фуруши

махсулоти тайёрро таъмин мекунад ва гайра.

Саноат хочагии кишлокро бо техника, кисмхои

Эхтиёти, сузишвори, нурихои минерали, хуроки омехтаи

чорво, сохтмонро ба конструксияхои охану бетони, металл,

махсулоти сохтмони ва гайра таъмин мекунад. Хамин тавр

байни хамаи сохаи хочагии халк алокахои зичи истехсоли

мавчуд аст.

Кайд кардан зарур аст, ки таркиби сохавии хочагии

халк таъгирёбанда буда, ба дарачаи инкишофи куввахои

истехсолкунанда, таксимоти территориявии мехнат,

инкишофи илму-техника, бехтаршавии дарачаи ичтимои-

иктисодии ахоли вобастагии зич дорад.

Даврахои инкишофи хочагии халки Точикистон .

Точикистони имруза, то давраи барпо шудани Хокимияти

Шурави кишвари акибмондаи аграри буд. Сохахои асосии

хочагии халкро зироатчиги ва чорводори ташкил медоданд.

Корхонахои саноати кариб ки набуд. Факат дар марказхои

серахоли корхонахои хурди косиби, ки барои хочагии

кишлок хар гуна оллотхою асбобхои оддии мехнат тайёр

мекарданд, мавчуд буду халос. Дар баъзе аз ин корхонахои

хурд ашёи хоми пахта, пилла, пашм ва дигар ашёхои хом

кор карда мешуданд. Микдори косибон дар ин корхонахо

онкадар зиёд набуданд.

Масалан, дар соли 1916 дар уезди Хучанд1502

корхонахои косиби мавчуд буд, ки дар онхо 2492 нафар

коргарон кор мекарданд.

Наклиёт хамон вакта низ сусттараккиёфта буда,

роххои наклиёти аз роххои мукаррин бе асфалт ва

пайрахои кухи иборат буданд. Ягона рохи охан, рохи охани

Нову Конибодом дар Шимоли мамлакат фаъолият дошту

халос.

Баъзе сохахои гайриистехсоли ба монанди таъминоти

ичтимои, манзили-комунали, хизмати маиши, нигохдории

тандурусти кариб, ки тамоман вучуд надоштанд. Маориф,

фарханг, санъат нихоят суст таракки карда буданд.

Дар замони Хукумати Шурави дар натичаи

дастгирии иктисоди ва хамкории халкхои собик Давлати

Шурави Точикистон дар муддати барои таърих кутох ба

мамлакати таракиёфта табдил дада шуд.

Дар солхои аввали сохтмони чамъичти, дар

Точикистон чун дар дигар чумхурихо, шароит барои таракки

додани сохахои хочагии халк нихоят душвор буд. Набудани

роххои алока, техника, тачхизотхои саноати, бесаводи,

нарасидани кадрхо ва мутахасисони, (иктисодчиён, табмбон


ва омузгорон) барои пешрафти хочагии халк монеъгихои

зиёдеро пеш овард. Аммо дар як муддати кутох чун дигар

чумхурихои Шурави ин камбудихо бартараф карда шудан

ва бо ёрдами Хукумати Маркази, Точикистон аз мамлакати

кафомондаи аграри ба чумхурии пешкадами аграрию-

саноати табдил ёфт. Барои пешрафти хочагии кишлок,

иншоотхои гидротехники, каналхои обёрикунанда сохта,

садхо гектар заминхо аз худ карда шуданд. Дар муддати

кутох дар базаи заминхои оби, пахтакори ба яке аз сохаи

мухимтарини ахамияти умумииттифоки дршта, табдил

дода шуд. Сохахои богдори, токпарвари, кирмакпарвари,

нафакат дар нохияхои пештараи ин сохахо, инчунин дар

нохияхои нав чойгир ва таракки дода шуданд. Дар ин солхо

дар сохахои чорводори хам тагиротхои кулли ба амал омад.

Саршумори чорво ва зотхои чорвои серширу сергушт ва

серпашм таракки карданд.

Хамин тавр хочагии кишлок ба сохаи мухими хочагии

халк табдил ёфт. Вай нафакат талаботи ахолиро ба

махсулоти озука таъмин намуд, инчунин равияи

индустриякунони чумхуриро низ муайян намуд. Дар чумхури

дар базаи истифодабари ашёи хоми хочагии кишлок

сохахои саноати сабук ва хуроквори махсусан сохахои

саноати пахтатозакуни, равганкаши, истехсоли саноати

хурокхои омехта барои чорво, ордиистехсолкуни

шаробпази, консервабарори ва гайра хеле инкишоф

ёфтаанд.

Дар ин солхо дар сар то саросарии чумхури кофтукови

геологии оиди кашф намудани конхои канданихои

фоиданок ба рох монда шуда буд. Дар натича, як чанд

конхои металлхои ранга, ангишт, нефт, газ ва дигар ашёхои

маъдани, металлию гайри металли кафш карда шуданд, ки

минбаъд асоси саноати металлургияи куххи ва саноати

вазнини мамлакатро ташкил намуданд.

Дар тараккмёти минбаъдаи Точикистон ошкор

намудани захирахои гидроэнепгетики роли калон бозид.

Захирахои гидроэнергетикии Вахш, Дарёи Сир бо сабаби

аз чихати иктисоди ва техники барои сохтмони истгоххои

барки мувофик буданашон ба базахои асосии сохтмони

ГЭС — хои Сарбанд, Шаршара, Маркази, Норак ва Дустии

Халкхо табдил дода шуданд. Сохтмони ГЭС-и Норак боиси

дигаргуншудани таркиби сохаи саноати вазнин гардид. Дар

базаи ин ГЭС-и пуриктидор заводи алюмини дар шахри

Турсунзода бунёд шуд, ки ифтихори саноати чумхури

гардид. Мимбаъд заводхои химиявии Ёвон, азотии Вахш ва

як катор корхонахои саноатии дигар бунёд карда шуданд.

РОХХОИ ХАЛЛИ ПРОБЛЕМАХОИ АСОСИИ ИЧТМОИ ДАР ШАРОИТИ ИКТИСОДИЁТИ БОЗОРГОНИ.

Вазъи ичтимоию

иктисоди дар мамлакат дар асоси ба сари хар як кас ба

хисоби миёна кифоя будани нишондихандахои мухими

иктисоди: музди миёнаи мехнат, карзи музди мехнат,

таносуби шумораи бекорон ва гайра бахо дода мешавад.

Дар солхои охир (2000-2004) сохаи иктисодиёт пешравихои

мусби мушохида шуда, бошанд халли масъалахои

вазъияти ичтимои хеле мураккаб мебошанд.

Дар баробари зиёд шудани даромади як гурухи хурди

ахоли, ки бештар дар бонкхо, корхонахои ба

ракобаттобоварандаи сохахои иктисодиёт кор мекунанд, даромади аксарияти дигари ахолии мамлакат ва хачми

гардиши молхои чакана кам шуда истодааст. На дар хамаи

вилояту нохияхои мамлакат дарачаи зиндагии мардум

якхел аст. Масалан, дар вилояти Сугд, ки дар солхои

Хукумати Шурави хам минтакаи тараккикардаи саноатии

мамлакат буд, дар солхои мустакилият бошад дарачаи аз

кор таъмин кардани ахоли ва зисту зиндагии мардум

нисбати ба минтакахои кухсор, ки имконияти ташкил

кардани чойхои кориашон махдуд аст, хеле баланд

мебошад. Аз тарафи дигар масъалаи асосии ичтимои ин

хачми музди мехнат мебошад, ки дар мамлакат нихоят паст

аст. Мувофики хисоботи Хукумати Точикистон, айни замон

80% ахоли ба категорияи одамони «камбизоат» дохил

мешаванд. Албатта дарачаи пасти зиндагии ахоли дар замони Хукумати Шурави низ ба назарт мерасид.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *