Фанни География.

Географияи саноати металлургияи Чумхурии Точикистон

Географияи саноати металлургияи Чумхурии Точикистон
Саноати металлургияи сиёхи Чумхурии Точикистон.

Саноати металлурги ба сохахои металлургияи сиёх ва металлургияи ранга чудо мешавад. Дар Точикистон корхонахои калони саноати металлургияи сиёх вучуд надоранд. Аммо дар дохили заводихои мошинасози сеххои металлургудози бунёд карда шудаанд.

Аз метали дар ин сеххо гудохташуда қисмхои мошинахоро тайёр мекунанд. Ингуна сеххо дар заводхои «Точиктекстилмаш», «Торгмаш», «Таджикгидроагрегат», (ЧШСК «Хумо») заводи арматураи ш. Душанбе, «қисмхои эхтиётии автомобил» — и шахрри Конибодом (ЧСШК Бодом), комбинати «Абрешим» (Хучанд) мавчуданд.

Дар қаламрави чумхури якчанд конхои маъдани охан муайян карда шудаанд, ки барои ташкил намудани корхонахои даври пурраи металлурги мусоидат мекунанд. Кони маъдани охани Чоқадамбулоқ захираи зиёд (зиёда аз 60 млн тонна) ва мавқеи мусоиди иқтисоди географи дошта аз шахри Хучанд дар масофаи наздик чойгир шудааст. Мувофиқи нишондоди олимон имконияти дар асоси ин кам бунёд намудани корхонаи металлхои мавчуд аст.

Саноати металлургияи рангаи Чумхурии Точикистон.

Металлургияи рангаи Точикистон дар асоси ашёи хоми махалли ва кашондашуда (хокаи алюмини) кор мекунанд. Аввалин корхонахои металлургияи ранга дар чумхури солхои 30 –уми арси ХХ сохта шудаанд. Аксарияти онхо корхонахои муштарак буда, сиклипурраи истехсоли надоранд.

Аз инчост, ки дар корхонахои металлургияи ранга (ғайр аз истехсоли алюминий) фақат зинаи истихрочкунии маъдан, майдакуни ва пурбахрагардонии маъдан вучуд дорад. Махсулоти асоси – консентрати (ордаи) металхои ранга мебошад. Консентрат то замони Истиқлолба корхонахои металлургияи рангаи Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра фиристода мешуданд.

Дар заводхои металлурги аз ин консентрат ғайр аз металлхои ранга, металлхои камёб ва қиматбахо низ чудо карда мешаванд. Алхол дар корхонахои металлургияи ранга: рўх, симоб, қурғошим, сурма, волфрам, селистин ва ба тарзи иловаги висмут, мис, қадми, нуқра, меолибден, қалъаги ва дигар металлхои нодир ва пароканда истехсол карда мешаванд.

Марказхои асосии истехсоли металлхои ранга Исфара, Адрасмон, Чилав, Табошар, Чорукдорон, Консой, Майхура, Анзоб, Олтин – Топган мебошад. Дар водии Зарафшон яке аз корхонахои калони коркарди сурмаю симоб – комбинати Анзоб вучуд дорад ва махсулоти он ба заводи металлургии Хайдаркони чумхурии Қирғизистон фиристода мешавад.

Корхонаи муштараки истехсоли тиллои «Зарафшон» (Точикистону Британия ва холо Точикистону Хитой) сол аз сол хачми махсулоти худро зиёд намуда истодааст. Ин корхона дар заминаи конхои Тарор, Чилав ва Ғижадарва истехсоли тиллои холисро барох мондааст. Точикистон аз чихати захираи нуқра дар чахон чои сеюмро мегирад ва мувофиқи нақша дар заминаи кони нуқраи Кони Мансур сохтмони корхонаи бузург дар назар дошта шудааст, ки ахамияти чахони дорад.

Захирахои тадқиқшудаи конхои металлхои ранга имконият медиханд, ки минбаъд корхонахои истехсоли махсулоти нав ташкил карда шаванд. Барпо намудани чунин корхонахо дар қисми Шимол, Маркази мамлакат аз нуқтаи назари иқтисоди самаранок мебошад.

Корхонаи калонтарини металлургияи рангаи чумхури заводи алюминии Точикистон ба хисоб меравад. Истехсоли алюминий энергияи зиёдро талаб мекунад. Барои истехсоли 1 тонна алюминии аз 18 то 20 хаз. кВс энергия сарф мешавад. Заводи маскур дар заминаи энергияи арзони НБО – и Норак сохта шуда, дар асоси ашёи хоми кашонида кор мекунанд. Баъди аз худ кардани кони нифелину сиенити Турпи завод аз ашёи хоми махали таъмин мегардад. Заводи маскур соли 1975 махсулоти аввалини худро баровард.

Заводи алюминии калонтарини корхонаи сикли пурраи саноати металлургияи рангаи чумхури мебошад. Қатъи назар аз он, ки барои кашондани ашёи хом харчи зиёд сарф мешавад, зиёда аз 90 % махсулоти он сифати баландро дорост ва бинобар он истехсоли алюминий ахамияти калони иқтисоди дорад. Заводи алюминии Турсунзода дар баъзе холатхо ба мухити атроф таъсири бад мерасонад. Барои пешгири кардани ин холат дар завод дастгоххо ва асбобхои чангқапак сохта шуда инчунин дар гирду атрофии ин корхона минтақаи «кабудизор» ташкил карда шудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *