Фанни География.

Шароитхою боигарихои табии ва бахои иктисодии онхо

  1. Шароитхою боигарихои табии ва бахои иктисодии онхо.
  2. Ахоли ва захирахои мехнати, муаммохои шугл.
  3. Методхои илмии ташкили территориявии хочаги.

Тавсифи умуми. Захирахои табии тахкурсии тааккиёти хочагии халки мамлакат ба шумор меравад.

Захирахои тибии ба чор гурух чудо мешаванд:

Минерали (маъдани) оби,замин ва биологи.

Дар навбати худ захирахои минерали ба се кисм чудо мешаванд:сузишворию-энергетики (газ,нефт,ангишт,торф варакхои сузанда); маъданхои метали, (металхои сиёх, ранга, нодир асил) ва минералхои кайриметалли (ашёи хоми кимиёви, сохтмони ва гайра)

Захирахои кашфшудаи канданихои фоиданокро мувофики дарачаи истифодабари ба чор категория таксим менамоянд: A, B, C1, C2. Чунин таксимот дарачаи омузишу истифодаи захирахои кашфшударо муайян мекунад.

Категорияи А-ин захирахое мебошанд,ки пурра омухта шуда барои истифодабари тавсия дода шудаанд; категорияхои В ва С1-ин конхои хастанд Ки кашф шуданду аммо то хол захирахои онхо пурра аник карда нашудаанд. Категорияхои С2- захирахое мебошанд,ки алхол ба онхо бахои аник дода нашудааст, яъне ин захирахо дар айни замон тахминан бахо дода шудаанд.

Ба гайри аз ин боз захирахое хастанд, Ки факат пешгуи карда шудаанд ва ё дар оянда дар ин хавзахо кашфиётхо бурда мешаванд.

Хамаи категорияхои зикршуда (А, В, С1,С2,) ва хам захирахои пешгуи шуда дар якчояги ба захирахои гелоги дохил мешаванд.

Захирахои маъдани ба микдори зиёда аз 200 намуд ба хисоб гирифта шудаанд.Дар натичаи тадкикотхои геологи, алхол дар Точикистон зиёда аз 400 кони канданихои фоиданок кашф карда шудааст, ки 70 намудхои онхоро конхои маъданию кайримаъдани ташкил медиханд.Дар Айни замон 100 кон ба истифода дода шудааст,ки 36 намуди ашёи хоми маъданиро дар бар мегиранд.

Инкишофи минбаъдаи чамъият аз дарачаи харч и бештар дар сохахои гуногуни хочагии халк истифода бурдани сарватхои табии вобастаги дорад.Хачми истихрочи маъдан ва дарачаи истифодаи ашёи хом нишондихандахои асосии тараккиёт ва нишонаи иктидори иктисодии ин ё он мамлакат ба хисоб меравад.

Бо сабаби бошиддат истифодабарии захирахои минералию ашёи хом, дар натичаи нобаробар таксимшавии ин захирахо дар курраи замин, таъмин намудани талаботи доимоафзояндаи саноат ба ин захирахо боиси мушкилихои зиёд шуда истодааст. Бо ин максад дар тамоми малакатхои чахон кофтукови геологи ва тадкикотхои нави чустучуи захирахои минералию ашёи хомро ба тарики васеъ барох мондан, ахамияти калон дорад.

Бо ин максад омухтани таърихи сохти геологии пайдоиши конхои маъдан дар минтакахои гуногун, гузаронидани тадкикотхои илми, тайёр кардани мутахассисон, нашр намудани натичахои тадкикотхои геологи, нашр намудани китобхо, мачаллахо ва дар ин асос пурзур намудани кофтуковхои геологи, ба катори вазифахои мухимтарин дохил мешаванд.

Халли ин масъалахо дар Точикистон низ роххои худро доранд ва мо бояд барои амали гардонидани ин масъалахо кушиш намоем.Халки точик хануз дар замонхои кадим ба куххои Сар ба фалак кашида ва водихои зархези худ бо умеди зиёд ва орзухои нек менигарист.Бозёфтхои археологи далели онанд, ки то давраи мо хануз дар асри биринчи дар Карамазору Зарафшон ва Бадахшон ба коркарди маъдан машгул буданд.Конканони кадими ин сарзамин мису тилло, сурбу нукра, симобу охан ва сангхои киматбахо ба монанди лаъл, лочувард, фирузаву ёкутро аз конхо ба таври одди истихроч мекарданд.Хатто номи баъзе махалхои Точикистон ба монанди Кондара, Кон Нукра, Кони Мансур, Кухи Лаъл аз кадтм машхуру маъруф будаанд.Дар асрхои XI-XII истехсоли маъдан дар кишварамон ривоч ёфта будааст.Ханз дар асри XI аъломаи бузурги Машрикзамин Абуали ибни Сино нахустин бор дар чахон чисмхои минералиро ба гуруххо таксим карда будааст.

Олими машхур Абурайхон Беруни дар китоби “Китоб-ул-чавохир” (китоб дар боби шинохтани чавохирот), ки соли 1048 нашр шудааст, масъалахои омузиш ва тадкики сарватхои зеризамини Осиёи Миёна, аз он чумла конхои тиллои Рашту Шугнон, Бадахшон,симобу нукраи Зарафшон, нефти Фаргона ва гайраро муфассал шахр додаст.

Маорифпарвари бузурги точик Ахмади Дониш дар асри худ “Наводир-ул-вакоеъ” менависад: “Бадахшон мулкест,ки манзараи назари офиоби рахшон аст ва дар он чахор маъдан аст: тилло, лочувард, лаъл, ёкут ”.

Хамаи далелхо гувохи онанд, ки сарватхои зеризаминии Точикистон дар гузаштаи хеле дур низ шухрати калон доштааст.Тадкикоти аввалин нисбати дар асоси илми омухтани табиат ва сарвтхои табии Точикистон бо номи олимони рус, Ф.Богословский, П.П.Семёнов-Тяньшанский, А.П.Федченко, Д.Л.Иванов, Д.В.Наливкин ва дигарон, ки дар асри XIX ва авлхои асри XX гузаронида буданд, вобаста аст.

Мунтазам омухтани сохти геологи ва ганчинахои Точикистон дар замони Хокимияти Шурави огоз ёфт.Соли 1925 аз тарафи олими рус, И.И.Бездека номгу ва харитаи конхои канданихои фоиданоки Точикистон нашр карда шуд.Соли 1928-1932 барои омухтани боигарихои табии Точикистон ва чумхурихои Осиёи Миёна, Экспидитсияи комплексии точику помир тахти рохбарии академик Н.П.Горбунов ташкил шуд.Ин экспидитсия барои тартиб додани харитаи Осиёи Миёна, аз чумла Точикистон, ки соли 1942 аз Чоп баромад, ёри расонд.Дар Точикистон дар ин давра якчанд конхои нави канданихои фоиданок кашф шуданд.

Таракиёти минбаъдии хочагии халки Точикистон, зарурияти дар дохили республика ташкил намудани идорахои геологи ва Институтхои илми-тадкикотиро ба миён гузошт.Бо хамин максад соли 1932 дар назди базаи Точикистонии Академияи илмхои СССР Сектори геология ва соли 1941 Институти геологияи филиали Точикистонии Академияи илмхои СССР ташкил шуд.Соли 1951 ин институт ба хайати Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, ки хамон сол таъсис ёфта буд, дохил шуд.Соли 1943 дар Донишгохи Давлатии Точикистон (хозира ДДМТ) шуъбаи геология кушода шуд, ки баъдтар ба факултаи геология табдил ёфт.Ин факулта бисёр чавононро тарбия карда дар таракиёти илми геологияи точик ва чустучуи сарватхои Точикистон хиссаи сазовори худро гузоштаанд.

Дар катори дигар олимони забардасти Иттиходи Шурави, Ки дар омухтани сарзамини Точикистон хизмати сазовор кардаанд, хиссаи олимони точик академик Соро Юсупова (1910-1966), академик Р.Баротов ва дигарон низ хеле назаррас аст.

Минбаъд дар натичаи корхои пурсамари геологхо дар чумхури корхои зиёде ба анчом расид.Дар ин давра харитаи геологии республика кашида шуд, ки дар онхо оиди чийгиршавии конхои канданихои фоиданок дар микёси хар як минтака маълумоти пурра чамъ оварда шудааст.

Солхои мавчудияти Хукумати Шурави дар Точикистон саноати истихрочи маъдани кухи ташкил ёфта ва ру ба инкишоф ниход.Алхол дар чумхури истехсоли сурб, рух, тилло, нукра, мисс, калъаги, сурма, симоб, висмут, флюорит, булури кухи, сангхои киматбахо, ба монанди лаъл, лочувард, фируза ва гайра инчунин намаксанг, масолехи бинокори, ангишт, нефт, гази табии, обхои маъдани, ва гайра ба рох монда шудааст, ки ба манфиати хочагии халки мамлакат равона карда шудаанд.

Дар базаи истифодабарии захирахои минералию ашёи хом дар чумхури корхонахои металургияи ранга, саноати истихрочи маъдан, саноати кимиё, масолехи биникори ва гайра бунёд карда шудаанд.

Бо вучуди он, ки Точикистон аз бисёр захирахои минералию ашёи хом нихоят бой аст, онхо дар худуди мамлакат нобаробар чойгир шудаанд.Чунин холат дар тараккиёт ва чойгиркунии сохахои саноат дар ин ва ё он минтака мушкилихо пеш меоварад.

Дар процесси омузиш, канданихои фоиданоки металлиро аз чихати хусусиятхои техникию иктисодиашон ба гуруххои зерин таксим мекунанд.

1.Металлхои сиёх

2.Металлхои чавхардоркунанда (руйпушкунанда)

3.Металлхои ранга

4.Металлхои асил

5.Элементхои радиоактиви.

Гурухи металлхои сиёх

Ба ин гурух маъдани охан, манган ва хром

мансубанд, ки асоси металлургияи сиёхро ташкил медиханд.

Маъдани охан. – дар Точикистон маъдани охан дар Шимолии мамлакат конхои Чокадамбулок, Оккулак ва Турангли ва дар кисми марказии он дар нохияи Нуробод (Тегерма) кашф карда шудаанд.Мухимтаринаш захирахои кони маъдани охани Чокадамбулоки Карамазор мебошад, ки дар оянда барои истифода бурдан дар саноати металлургияи сиёх (захираи он аз руи А+В+С1 ба 60 млн. тонна мерасад) аз чихати микдор ва сифат ба максад мувофик аст.

Манган.— хамчун филизаи сиёх дар металлургия кор фармуда мешавад.Аз чумла 95% он дар металлургияи сиёх истифода карда мешавад.Манган асосан барои тайёр намудани рельсхои роххои охан, чархи вагон, зирехи танкхо ва тракторхо, ва гайра истифода карда мешавад.Манган хамчун элемент соли 1774 аз тарафи химики швед К.В.Шееле (1742-1791) кашф карда шудааст.

Дар Точикистон манган дар нохияи Исфара бо номи кони Чатиратек маълум аст, Ки ин филиза дар байни мармархои палеозои ёфт шудааст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *