Фанни География.

Гурӯҳи металҳои асил ва элементҳои гурӯҳи платиндор

Ба ин гурӯҳ металҳо тилло, нуқра, платина ва элементҳои гурӯҳи платинадор дохил мешаванд.

Тилло — ҳамчун филизаи гаронбаҳо тимсоли қудрати моддии мамлакат мебошад. Тилло металли нодир аст. Ба таъсири обу ҳаво ва модаҳои химиявӣ устувор буда, дорои ранги хоси дилрабост. Дар техника, тиб ва заргарӣ ҷои махсусро ишғол мекунад. Беҳуда нест, ки тиллоро филизаи асил мегӯянд.

Конҳои тилло аз ҷиҳати пайдоиши худ ба конҳои асил ва пошхурда ҷудо мешаванд.

Конҳои асили тилло ба ҷинсҳои магмавӣ хусусан ба рагҳои кварци алоқаманданд. Дар таркиби баъзе маъданҳо ба монанди волфрам, қалъагӣ, арсен, оҳан ва рӯҳ низ заррачаҳои тилло мушоҳида мешаванд. Ранги минералии пирит зард буда, аксар вақт бӯлурҳои ӯ шакли куб доранд, чунин ҷинсҳои кӯҳӣ дар маъданҳои тиллодор дар кӯҳистони Зарафшону Ҳисор, Дарвоз, Помири Шарқӣ ва Қарамазор дида мешаванд.

Аз маъдани конҳои асил ҷудо карда гирифтани тилло хеле меҳнатталаб аст. Маъданҳои тиллоро дар осиёбҳои махсус мисли рег майда карда, баъд заррачаҳои тиллоро ба воситаи симоб ҷудо карда мегиранд. Дар конҳои асил дар таркиби як тонна маъдан аз 1 то 200 грамм тилло ба назар мерасад.

Конҳои пошхурда дар натиҷаи вайрон шудани ҷинсҳои кӯҳии тиллодор ба вуҷуд меоянд. Онҳо аз таъсири об, ҳаво, ҳарорат ва ғайра тадриҷан вайрон ва ба сангпора, рег ва гил мубаддал мешаванд. Обҳои равон ин ҷинсҳои вайроншударо ба ҷойҳои дигар бурда такшин мекунад.

Дар вақтҳои суст шудани ҷараёни об ва таъғир ёфтани маҷрои дарё заррачаҳои тилло ҳамчун филизаи хеле вазнин дар ҷойҳои муайян такшин мешаванд. Чунин ҷинсҳои пошхӯрдаро дар рӯдхона ва дар водии дарёҳои қадим пайдо кардан мумкин аст. Ҳоло дар баъзе суфачаҳои соҳили дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Яхсу ва Сурхоб, ки аз шағал, рег ва гилҳо иборатанд, заррачаҳои тилло мушоҳида карда мешаванд.

Дар ҳавзаи дарёи Яхсу (Дарвоз) дар таркиби кангломерат ва регсангҳо, ки тахминан 30 миллион сол пеш аз ин дар давраи неоген ба вуҷуд омадаанд, заррачаҳои тилло мавҷуданд. Чунин ҷинсҳои кӯҳие, ки тилло доранд, дар атрофи Рангкул ва водии Маркансуи Помири Шарқӣ низ ҳастанд. Тоҷикистон аз замонҳои қадим ҳамчун диёри конҳои тиллодор шӯҳрат дорад.

Аҷдодони мо аз реги дарёҳои Зарафшон ва Панҷ, зарраҳои тиллоро шуста мегирифтанд.

Ҳоло геологҳои Тоҷикистон пайдоиши ҷинсҳои куҳии тиллодорро омухта, алоқаи онҳоро бо ҷинсҳои магмавӣ, метаморфӣ ва такшин ва сохти тектоникӣ муайян кардаанд. Ин тадқиқоти илмӣ имконият дод, ки қонуниятҳои асосии дар сарзамини ҷумҳурӣ ҷой гирифтани маъдан ошкор карда шавад.

Дар асоси сарчашмаҳои қадим оиди захираҳои тилло доштани сарзаминамон баъзе маълумотҳо маълум карда шудаанд. Масалан: дар давраи сулолаи Сомониён тиллоро дар Рашт- 32 кг 430 гр, дар дараи Вахон (ҷанубӣ Помир 24 кг 360 гр.) дарёфт карда шуда буданд.

Нуқра — аз давраҳои қадим истеҳсол карда мешавад. Нуқра барои сахт кардани мис бо он ҳамроҳ карда мешавад, инчунин барои сика задани танга, тайёр намудани зарфҳои хӯрокхурӣ, асбобҳои заргарӣ ва наққошӣ, барои дандонсозӣ ва ғайра истифода бурда мешавад.

Дар Тоҷикистон нуқра (дар Қарамазор) аз маъдани конҳои сурбу рӯҳ аз замонҳои хеле қадим истеҳсол карда мешуд. Дар базаи захираҳои Кони Мансур комбинати нави саноати металлургӣ дар назар дошта шудааст.

Гурӯҳи элементҳои радиоактивӣ. Уран дар шакли оксид дар соли 1739 аз тарафи химики немис М. Клапрот дар маъдани сиёҳ, ки минбаъд катрони уран ном доданд, аз кӯҳҳои Маъдан дар Саксония кашф карда шуд. Дар шакли металл соли 1884 аз тарафи олими француз Э. Пелиго пайдо карда шуд.

Солҳои зиёде ба уран он қадар талаботи зиёде набуд. Вай дар Аврупо барои истеҳсоли рангҳои ҷиллодиҳанда ва чиниворӣ истифода бурда мешуд. Дар аввали асри XX омехтаи маъдани уранро барои истеҳсолкардани элементҳои радиоактивии баланд, — радий истифода мекарданд, ки дар тиб (табобати обилаҳо) ва асбобҳои ченкуни истифода мебурданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ уран барои тайёр намудани бомбаҳои атомӣ ва дигар лавозимотҳои ҳарбӣ истифода бурда шуд. Пас аз солҳое 1950 уран бо ташабуси Ҳокимияти Советӣ барои манфиати хоҷагии халқ истифода бурда шуд. Дар соли 1954 дар ҷаҳон истгоҳи аввалини атомӣ дар ш. Обнинск (в Калугаи Россия) сохта шуд. Дар соли 1960 аллакай 5 мамлакати ҷаҳон дорои истгоҳҳои барқии атомӣ буданд. Ҳоло дар ҷаҳон қариб 60 истгоҳи барқии атомӣ кор мекунанд. Захираҳои уран дар тамоми ҷаҳон қариб 3,6 млн. т. ташкил мекунад. Ин захираҳо дар Австралия-25%, захираҳои ҷаҳон, инчунин дар ИМА, Канада, Намибия, Франсия, Бразилия, Аргентина, Зоир, Португалия, Шветсия ва дигар давлатҳои ҷаҳон ҷойгир шудаанд.

Дар Тоҷикистони мо низ захираҳои маъдани уран кашф карда шудаанд ва аз баски дар харитаи геологӣ нишон дода нашудаанд, оиди дар куҷо ҷойгир шудани онҳо маълумоте нест. Аз руи маълумотҳо захираҳои асосии он дар шимолӣ ва қисми марказию шарқии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Гурӯҳи канданиҳои фоиданоки ғайриметалӣ. Ба гурӯҳи канданиҳои фоиданоки ғайриметаллӣ фосфорит, апатит, намакҳои калийи, сулфури табиӣ, флюорит, сангҳои қиматбаҳо, намакҳо, кварц, оҳаксанг, мармар, гилу гилбутаву хок ва қайра дохил мешаванд.

Аз ин гурӯҳ фосфорит, апатит ва намакҳои калийиро асосан гурӯҳи канданиҳои фоиданоки аграноми меноманд. Сабаби асосии ба ин гурӯҳ дохил шудани онҳо аз он иборат, ки онҳо барои саноати истеҳсоли нуриҳои минералӣ бо сифати ашёи хом истифода бурда мешаванд. Худи нуриҳои минералӣ дар хоҷагии қишлоқ ба кор бурда мешаванд. Аз фосфорит ва апатит нуриҳои минералии фосфордор (суперфосфат) тайёр карда шуда, аз намаки калий нуриҳои минералии калийдор тайёр карда мешавад.

Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ талаботи ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин нуриҳои минералӣ аз Россия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ СССР пурра таъмин карда мешуд. Бинобарон кофтуковҳои ҳаматарафаи геологӣ барои кашф кардани ин захираҳои ашёи хом дар Тоҷикистон пурра гузаронида нашудааст ва ин захираҳо алҳол пурра кашф карда нашудаанд. Аз ҳамин сабаб дар Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералии фосфордор ва калийдор амал намекунанд. Ҳоло ҳам чун пештара талаботи хоҷагии қишлоқи ҷумҳури аз суперфосфат ва нуриҳои калийдор аз давлатҳои ИДМ ва берун аз ҳудуди он таъмин карда мешаванд.

Дигар захираи ғайриметалл, ин сулфури табиӣ мебошад, ки аз он кислотаи сулфат ва дигар маҳсулотҳо истеҳсол мекунанд, ки он маҳсулотҳо барои саноати кимиё ва дигар соҳаҳо ба сифати ашёи хом истифода бурда мешаванд. Дар ҷумҳурии мо ашёи хоми сулфур, ки аамияти саноатӣ дошта бошад, ҳоло кашф карда нашудааст.

Бояд қайд намуд, ки соҳаи асосии хоҷагии халқи ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳаи хоҷагии қишлоқ ташкил мекунад. Хоҷагии қишлоқ бошад бе истифодаи нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо истеҳсолоти интенсивноки худро таъмин карда наметавонад. Аз ҳамин сабаб дар оянда истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои асосии ҳалталаб мебошад.

Тавсифи флюорит. Ин минерал шаффоф ва нимшаффоф буда, он қадар сахт нест. Дар табиат бо рангҳои бунафш, гулобӣ, зард, сабз дида мешавад. Флюорит бо сангҳои қимат монанд ҳаст, бинобар на ҳамаи заргарон онро зуд шинохта метавонанд.

Дар охири асри XVIII химики швед Шееле муайян кард, ки таркиби флюорит қисман аз калсий ва қисман аз унсури номаълуми ғайр иборат аст. Пас аз сад сол (соли 1889) олими франсавӣ Муассон аз гази зардчатоб – фтор иборат будани қисми ғайри флюоритро муайян намуд.

Флюорит на танҳо дар заргари ва саноати оптикӣ, балки дар металлургия, кимиё низ васеъ истифода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи флюорит дар байни давлатҳои ИДМ ҷои намоёнро ишғол мекунад.

Конҳои флюорит дар Қаромазор (Навгарзон, Конимансур, Кенгқутан) ва дар нишебии ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор (Такоб, Кондара, Беғар, Мағов, Калтуч, Ромит, Чурёз, Сурхтеппа) воқеанд, ки аксари конҳои флюорит чун рег дар байни хорасангҳо вомехӯранд.

Ҳоло флюоритро аз конҳои Навгарзон дар ноҳияи Ашт, Беғар (ҳавзаи дарёи Варзоб) ва Мағов (ҳавзаи дарёи Кофарниҳон) истиҳроҷ мекунанд.

Рӯйхати адабиётҳо

  1. Кабутов М.К. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷӯмҳурии Тоҷикистон. (китоби дарсӣ). Дар зери таҳрири доктори илмҳои география, профессор Муҳаббатов Х.М. : Душанбе, , 2005. – 208саҳ.
  2. Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р., Географияи Тоҷикистон. Душанбе. «Маориф ва фарҳанг», 2011. 312 саҳ
  3. Муҳаббатов Х., Раҳимов М. Географияи Тоҷикистон . – 2011. 189саҳ
  4. Ғафуров Ф.Ғ. , Алидодов Б.А. Геологияи конҳои канданиҳои фоиданок. қисми 1 – Душанбе: «Мир издателей», 2010. – 204саҳ
  5. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экология – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 220 саҳ.
  6. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экологияи истихроҷ ва коркарди сарватҳои табиӣ. Душанбе. «Ирфон»- 2010,147саҳ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *