Фанни География.

Масъалахои умуми-иктисодии истифодабарии самараноки захирахои минерали

Захирахои минерали асоси тараккиёти саноат, хочагии кишлок ва сохахои дигари хочагии халкро ташкил мекунанд.

Талаботи хозира ба намудхои гуногуни ашёхои хоми минерали пайваста баланд шуда истодааст. Хисоб карда шудааст, ки такрибан ба хар як сари ахолии сайёра дар як сол ба хисоби миёна 60 кг. Ангишт ва нефт, 350м3 гази табии, 200 кг маъдани охан, 40 кг намак, 8 кг. Алюминий, 4 кг. Манган, 3,7 кг мис ва хазорхо кг. рег, сангреза, ашёи хоми семент, маъданхои агрономи рост меояд.

Инкишофи илму-техника дар истехсолот боз бештар элементхои нав ва намудхои навтарини ашёхои хомра барои истехсолот пешкаш мекунанд, Ки пештар дар хочагии халк онхо истифода бурда намешудаанд. Масалан, дар соли 1913 дар Россия 40 намуд, дар соли 1940 аллакай-100 намуд ва холо такрибан 170 намудхои канданихои фоиданок кашф карда ба истифода дода шуданд. Дар гардиши моли хамаи мамлакатхо ашёи хоми маъдани мавкеи намоёнро ишгол мекунад.

Агарчанде, захирахои маъдани кишри замин нихоят зиёд бошанд хам аммо онхо тамомшаванда мебошанд.

Кайд кардан кифоя аст, Ки чунин мамлакатхо ба монанди Англия, Ки як вактхо аз калъаги ва мис, Япония бошад аз Сурма ва симоб мамлакатхои бойтарин ба хисоб мерафтанд, холо ин мамлакатхо ин маъданхоро аз хорича мехаранд.

Як вактхо, ИМА аз нефт хеле бой буд, акнун кариб 70% талаботи худро аз нефт аз дигар мамлакатхо таъмин мекунад. Ягон давлати тараккиёфтаи чахон аз он чумла ИМА, Япония, Англия, Олмон, Россия аз захирахои минералии ашёи хом бо пурраги таъмин нестанд.

Солхои охир Япония аз истехсоли намудхои асосии канданихои фоиданок бачои дуюм баромад, агарчанде захирахои минералии мамлакат хело ва хело махдуданд.

Дарачаи тараккиёти саноат дар Япония ба таври айёни шохиди он аст, ки на он давлате таракки мекунад, Ки дорои захирахои бой мебошад, балки он давлате таракки мекунад, Ки захирахои худро кам хам бошанд, самаранок ва ухдабароёна истифода бурда тавонанд.

Аломатхои камшавии захираи канданихои фоиданок дар чумхурии мо низ мушохида карда шудааст. Масалан, истифодаи зиёди конхои флюорит дар Такоб, рух ва сурб дар Консой, вольфрам дар Чорухдарон ва камшавии захирахои онхо оварда расондааст,

Аммо ба камшавии боигарихои минерали на бояд ба тарики маъюсона назар кард, чунки алхол гап дар бораи камшавии сарчашмахои маъдание меравад, Ки истехсоли онхо фоиданок ва аз чихати технологи дастрас мебошад.

Агар захирахои маъданиро умуман гирем, онхо кариб, ки тамомшаванда мебошанд. Таърих шохиди бисёр вокеахое мебошад, ки тамомшавии ин ё он намуди захирахои маъданию ашёхои хом ба кашф кардани кони нав ё ин ки намуди нав ё технологияи нави истехсолот ва ё иваз кардани он намуд ба дигар намуди ашёи хом халли худро ёфтаанд.

Ба хамин хам нигох накарда, истифодаи бошиддати боигарихои кишри замин махсусан намудхои камёфти онхо боиси сол аз сол камшавии захираи онхо гардидааст.

Аз хамин сабаб, масъалаи самаранок истифода бурдани боигарихои зеризамини, яке аз масъалахои мухимтарин ба хисоб меравад ва ба максади самаранок истифода бурдани онхо бояд чорахои зарури бояд андешида шавад.

Ба катори чорабинихои самаранок истифода бурдани канданихои зеризамини инхо дохил мешаванд:

  1. Истихрочи кони маъданихои таркибашон камбагал коркарди кабатхои чукуртарини конхо.
  2. Кам кардани исрофкори хангоми коркарди ашёи хоми минерали.

Айни замон, дар баъзе мавридхо то 95% ашёи хом дар чараёни истихрочи маъдан, кашондан ва коркарди он хамчун партовхо талаф меёбанд.

  • Истифодаи пурра ва хаматарафаи маъдан, ба рох мондани истифодаи технологияи бепартов, кам намудани талафоти ашёи маъдани.
  • Кофтуков ва дарёфт кардани хелхои генетикии конхо ва дигар сарчашмахои ашёи хоми минералии гайри анъанави. Масалан, истехсоли алюминий аз боксит не, балки аз захирахои нефелин ва дигар навъхои ашёи хом.
  • Дар пурра намудани талаботи хочагии халк ба хелхои гуногуни металлхо истифодаи захирахои дуюмин дарача ахамияти калон доранд. Масалан, холо дар чахон 23% талабот аз алюминий, 37% аз мис, 22% аз Рух, 47% аз сурб, 20% аз вольфрам, 25% аз кобальт аз ресурсхои дуюминдарачаги конеъ гардонда мешаванд.
  • Яке аз роххои асоси ин сарфакорона ва самараноктар истифодабарии захирахои минерали дар тамоми чахон мебошад. Масалан, саноати харби кисми зиёди металл, нефт, металлхои гари маъдани ва техникаро истифода мебарад.

Институти Стокгольм оиди ба тадкикоти проблемахои чахони ахборот додааст, Ки холо дар саноати харби 6,3% захирахои чахонии алюминий, 4% хром, 11,6% мис, 5,1% охан, 8,1% сурб, 6,9% нукра, 1,6% тилло, 5-6% нефт ва газ, 6% ангиштсанг истифода бурда мешавад.

  • Ба таври васеъ ба рох мондани истехсоли шаклхои ба таври сунъи ивазкунандаи ашёхои табии яке аз омилхои мухими халли сарфакорона истифода бурдани захирахои минерали мебошад. Ин чо сухан аз боби истехсоли полимерхои (пластмассахо) гуногун меравад. Холо пластмассахо аз базичахои кудакона Сар карда то деталлхо ва руибасти аппаратурахои техникаи кайхонии, аз винтхои кораблхо то зирехтасма чарххо истифода бурда мешаванд. Пластмассахо дар саноати автомобили зиёда аз 60 намуди кисмхоро иваз мекунад. Пластмассахо дар дигар сохахои хочагии халк низ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Аммо ба хамаи ин чорабинихо нигох накарда сол аз сол захираи ашёи хоми минерали дар тамоми Дуне кам шуда исиодааст.

Бинобар чустучуи роххои нави истехсолу коркарди намудхои гуногуни ашёи минерали ва маъданхо давом дорад. Масалан холо факат 200-300м кашри замин ва дар баъзе минтакахо то 1,5км он омухта шудаасту халос. Агар хисоб кунем, Ки ташаккулёбии конхо дар чукурии аз 5-10км Сар мешаванд, пас ин боиси кашф кардани захирахои нав хохад гашт. Ин чорабинихо имкон медихад, ки дар давоми садсолохои ояндаи инсон талаботи худро аз намудхои гуногуни захирахои минерали пурра таъмин намояд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *