Фанни География.

Хусусиятҳои тараққиёт ва ҷойгиршавии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои иқтисодие, ки дар Тоҷикистон аз январи соли 1992 гузаронида шуд, вазъияти сиёсию иқтисоддиро ба куллӣ таъғир дод.

Ҳоло ҷараёни барқароркунии иқтисодиёти бозоргони ниҳоят вазнин гузашта истодааст.Ҷанги шаҳрвандӣ ба ин ҷараён мушкилотҳои навро илова намуд. Бисёр корхонаҳои саноатӣ, дар натиҷаи бесарусомонӣ, талаю тороҷ шуда, ба яғмо бурда шуданд. Кори ҳамаи корхонаҳои саноатӣ фалаҷ гардида ва аксарияти онҳо фаъолияти истеҳсолии худро қатъ намуданд. Чорабиниҳои баъди ҷангӣ боиси пешгири намудани буҳронӣ иқтисодӣ ва барқароршавии фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ гардид.

Ҳарчи бештар таъмин намудани талаботи мардум ба маҳсулотҳои гуногун, боиси танзимкунии ҷараёни истеҳсолот мегардад. Алоқаҳои сифатан нав байни молистеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон ҷори шуд. Ташаккулёбии иқтисодиётӣ гуногунҷабҳа боиси барпо намудани миқдори зиёди корхонаҳои шахсӣ, муштарак,

ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидори мегардад. Дар айни замон аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ (с.2003) ба ҳиссаи корхонаҳои давлати 20,7%, корхонаҳои хусусӣ-52,2%, корхонаҳои коллективи 25,5%, ва ба ҳиссаи корхонаҳои дигар шаклҳои моликия! 1,6%, шумораи корхоннаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Вазъияти иқтисодии ҶТ бо бӯҳрони давомдор ва минбаъда паст шудани ҳаҷми истеҳсолот сол то сол мураккаб шуда истодааст. Сабабҳои он инкишофи сусти гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ ва тартиботи

маъмурии мутамарказӣ мебошад, ки ин ба номунтазамии алоқаҳои хоҷагидорӣ, таъмин набудани корхонаҳо ба захираҳо, мушкилотҳои молиявӣ, ва фарсудшавии фондхои асосӣ, ва ғайра мебошанд. Пастшавии минбаъдаи ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ, аз ҷумла соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маҳсулот ба назар мерасад. Масалан, соли 2003 индекси ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ (ба нархи соли 1999) нисбат ба соли 1991 — 46,7%, аз ҷумла соҳаҳои истихроҷ-83,3% ва соҳаҳои коркард -41,3% ташкил намуд. Ҳиссаи ин соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми умуми маҳсулот саноатӣ чунин буд:

Дар соли 1990 Дар соли 2000 Дар соли 2003

Истихроҷ-7,7% Истихроҷ-10,2% Истихроҷ-10,1% Коркард-89,8% Коркард-89,9% Коркард-92,3%

Саноат, яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии ҳалқи ҷумхури ба ҳисоб меравад.

Соҳаҳои асосии саноати мамлакат, ин соҳаҳои сузишворию-энергетикӣ, кимиё, мошинсозӣ, металлургӣ, сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра мебошанд.

Вобастагии ҷойгиркунии соҳаҳо ва истеҳсолот ҳамеша зери таъсири омилҳои гуногун ба амал бароварда мешаванд. Ба ин омилҳо, пеш аз ҳама таъмин будан ба захираҳои маъданию ашёи хом, энергетикию сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмон, заҳираҳои меҳнатӣ дохил мешаванд. Ин омилҳо байни худ алоқаҳои зич дошта, дар ҷойгиркунии корхонаҳо ва соҳаҳои хоҷагии ҳалқ таъсири муайяни худро мерасонанд.

САНОАТИ ЭНЕРГЕТИКИЮ — СӮЗИШВОРӢ

Саноати энергетикию — сӯзишворӣ, яке аз соҳаҳои мухимтарини хоҷагии ҳалқи Тоҷикистон буда, дар ҷойгиркунӣ, инкишоф ва махсусгардонии хоҷагии халқи мамлакат мақоми муҳимро ишғол мекунад.

Саноати энергетикӣ — сӯзишворӣ ба истеҳсоли кувваи барқ сӯзишворӣ ва ба истеъмолкунандагон расондани онҳоро таъмин мекунад.

Саноати энергетикӣ — сӯзишворӣ ба ду соҳаи калон тақсим мешавад. Саноати сӯзишвори ва истеҳсоли қувваи барқ.

Саноати сӯзишворӣ. Саноати сӯзишворӣ баистеҳсолӣ ангишт, нефт, газ, варақсангҳои сӯзанда, торф машғул мебошад. Дар Тоҷикистон, ин соҳа асосан истеҳсоли ангишт, нефт ва газро дар бар мегирад. Тоҷикистон, аз захираҳои сӯзишворӣ бой мебошад. Муҳимтаринаш, захираҳои ангишт мебошанд.

Захираҳои умумии ангишти Тоҷикистон ба 4 миллиард тонна мерасанд, ки қариб 41 % захираи ангишти Осиёи Миёнаро ташкил менамояд. Конҳои калонтарини он Шӯроб Фон-Яғноб, Равот, Киштуту Заврон, Моғиён, Назарайлоқ ва Миёнаду мебошанд.

Бештари ин конҳо дар мавзеъҳои доманакӯҳ ва баландкӯҳҳо ҷойгир шудаанд. Ин ҳолат барои истеҳсол ва истифодабарии ангишти ин конҳо мушкилиҳои зиёдеро ба амал оварда, ба баландшудани ҳароҷотҳои зиёд сабаб мешаванд.

Кони ангишти Фон-Яғноб дар ҳавзаи дарёҳои Фон ва Яғноб, дар баландии 1700-2500м. ҷойгир шуда, аз 18 қабат иборат мебошад, ки ҳар яке он қабатҳо аз 0,5 м .то 12 м ғавсӣ доранд. Захираи умумиигеологии ангишти кони Фон-Яғноб қариб ба 2 миллиард тонна баҳо дода мешавад.

Ангишти ҳавзаи Фон-Яғноб дорои сифати баланд буда, 86 фоизи онро ангишти кокс ташкил мекунад. Ҳоло як қисми он барои қонеъ гардондани талаботи комбинати металлургии кӯҳии Анзоб истифода бурда мешавад.

Дар оянда истеҳсоли ангишт дар ин ҳавза, аз беҳтар намудани роҳҳои нақлиётӣ ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии ҳалқи ноҳияи иқтисодии Зарафшон вобастаги дорад.

Дар ҳудуди ноҳияи иқтисодии Зарафшон инчунин кони ангишти Киштут- Заврон ҷойгир шудааст, ки захираи умумии он 850 млн.т. буда, аз 48 қабат ангишт ташкил ёфтааст, ки ғавсии баъзе қабатҳои он то 3 метр мерасанд.

Кони ангишти Шӯроб дар ҳудуди ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, воқеъ гардидааст. Ангишти кони Шӯроб сиёҳтоб буда, қабатҳои ангишт — қариб 25-то ва ғафсии умумии онҳо ба 35 метр мерасад. Захираи ангишти 500 млн. т. буда, дар таркиби ангишти ин кон аз 3-30 фоиз хокистар мавҷуд аст. Дар айни замон истеҳсоли ангишт дар ин кон қариб, ки қатъ гардидааст, зеро бисёр шахтаҳо харобшудаанд. Ин ангишт то солҳои 90-ӯм ба сифати сузишворӣ дар Шимоли Тоҷикистон ва қисман дар роҳи нақлиёти оҳани Осиёи Миёна бо сифати сӯзишворӣ истифода бурда мешуд.

Конҳои ангишти Зиддӣ, Моғиён, Тошқутан, Сайёд, Назарайлоқ, Шӯробод, Равнов Қуртекка низ аҳамияти иқтисодӣ доранд.

Аз ин қонҳои номбурда танҳо дар кони Назарайлоқ ба миқдори кам ангишт истеҳсол карда мешавад, ки он аҳамияти дохили ноҳиявӣ дорад.

Саноати нефт ва газ. Нефти Тоҷикистон ҳанӯз дар аввалҳои асри XX маълум буд. Аввалин бор нефт дар мавзеи Селроҳа солҳои 1908-1909 пайдо ва истеҳсол карда шуд. Дар ин мавзеъ соли 1912 Ширкати Осиёи Миёнагии савдои нефт (САНТО) дар таҳти назорати англисҳо, ташкил карда шуд. Минбаъд аз солҳои 60-ӯми асри гузашта дар сар то сари ҷумҳурӣ корҳои тадқиқоти-геологӣ ривоҷ ёфт, ки дар натиҷа як қатор конҳои нефту газ дар ҳудуди вилояти ҳозираи Суғд, вилояти Хатлон ва водии Ҳисор кашф карда шудаанд. Ин конҳои нефту гази Равот, Ниёзбек, Айратон, Қарақчиқум, Кичикбел, Қизилтумшуқ, Оқбошидар, Курғонча, Шоҳамбарӣ, Бештентоқ, Сулдузӣ ва ғайра мебошанд. Нефти Тоҷикистон барои коркард ба заводҳои нефткоркунии Узбекистон фиристонда мешуд. Нефте, ки дар ҷануби ҷумҳури мавҷуд аст, сифаташ паст буда асосан барои истеҳсоли битум кор карда мешавад, ки азон барои мумфарш кардани роҳҳои автомобилгард истифода бурда мешавад.

Истихроҷи газ дар Тоҷикистон хеле кам буда, талаботи аҳолиро қонеъ намегардонад. Гази кони Қизилтумшук ба воситаи қубур ба Душанбе дода мешавад, вале захираи он ночиз аст ва талаботи асосӣ аз ҳисоби гази Узбекистон таъмин карда мешавад.

Ҷадвали № 10

ИСТЕҲСОЛИ НАМУДҲОИ АСОСИИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИ СӮЗИШВОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҳсулот/солҳо 1991 1992 1993 1994 1997 1998 1999 2000 2003
Нефт (ҳамроҳи кон-денсати газ) ҳаз. Тонна 108 61 42 33 26 19.4 18,7 18,4 17,7
Газ млн м3 93 72 49 33 42 32 36 40,0 32,8
Ангишт, ҳаз тонна 313 214 174 106 17 19 19 22 46,5

1) Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе 2004. с. 198

Саноати электроэнергетикӣ (истеҳсоли қувваи барқ). Саноати истеҳсоли қувваи барқ дар Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ тараққӣ кард. Асоси саноати истеҳсоли қувваи барқи ҷумҳуриро захираҳои об ташкил менамояд, ки аз ҷиҳати захираҳои об Тоҷиистон ба ҳар як нафар аҳолӣ ба ҳисоби миёна дар байни мамлакатҳои ИДМ ҷои дуюмро ишғол мекунад. Дар Тоҷикистон дар соҳаи сохтмони истгоҳҳои барқӣ ва истеҳсоли қувваи барқ пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуд.

Сохтмони ГЭС — ҳо аз солҳои 30-ӯм сар шуд. Дар солҳои баъди 50-ӯм дар дарёҳои Сир ва Вахш як қатор истгоҳҳои барқи-обӣ сохта шуд. Дар баробари истгоҳҳои барқӣ дар ҷумҳурӣ якчанд истгоҳҳои олавӣ низ бунёд гардиданд.

Дар айни замон истеҳсоли солонаи қувваи барқи дар Тоҷикистон 14247 млн. кВт/с ташкил менамояд.

Аз ин ҳисоб ба истгоҳҳои барқии обӣ 14025 млн. кВт /с ва ба истгоҳҳои барқии олавӣ, боқимонда 222 млн. кВт/с истеҳсоли қувваи барқ рост меояд.

Калонтарин истгоҳҳои барқии обӣ инҳо: Норак 3 млн. квт Сарбанд (210 ҳазор квт) дар дарёи Вахш, Қайроқум (126 ҳаз. кВт) дар дарёи Сир, ва истгоҳҳои олавии Душанбе (223 ҳаз. кВт), Ёвон (180 ҳаз. кВт) ба ҳисоб мераванд.

Хусусияти сохтмони истгоҳҳои барқии обии Ҷумҳури аз он иборат аст, ки онҳо ба тарзи силсила, яъне дар як дарё якчанто истгоҳҳои барқӣ сохта шудаанд. Чунин тарзи ҷойгир намудани истгоҳҳои барқӣ боиси самаранок истифода бурдани қувваи обии дарёҳо мегардад. Ҳоло дар ҳавзаи дарёи Варзоб силсилаи истгоҳҳои барқии обии Варзоби Боло, Варзоби Поён, Варзоб; дар дарёи Вахш-истгоҳҳои Шаршара, Сарбанд, Марказӣ, Норак, Бойғозӣ сохта шудааст. Дар дарёҳои Сир, Бартанг, Ванҷ, Гунт истгоҳҳои хурди барқии обӣ алоҳида ба кор даромаданд. Дигар хусусияти истгоҳҳои барқии обӣ аз он иборат аст, ки обанборҳои онҳо ба ғайр аз истеҳсоли кувваи барқ, инчунин барои идоракунии маҷрои дарёҳо, пешгирии обхезӣ, обёрикунии заминҳои корам ва аз об таъмин намудани шаҳру деҳаҳо шароити муҳим фароҳам меоваранд.

Дар Тоҷикистон чун дигар давлатҳои Осиёи Миёна қувваи барқ ба истеъмолкунандагон бо хатҳои баландшиддати барқӣ фиристода мешаванд, зеро ноҳияҳои истеҳсол ва истеъмоли қувваи барқ аз якдигар дар масофаи дур воқеанд. Як қисми қувваи барқи ҷумҳури ба воситаи хатҳои баландшиддати барқи ба Узбекистон дар қисми Ҷануби — Ғарбӣ ва дар қисми Шимолии ҷумҳури барқ аз Узбекистон гирифта мешавад. Дар давраи Ҳукумати Шӯравӣ ҳамаи истгоҳҳои барқи ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна пайваст буданд. Дар айни замон ин система пурра фаъолият надорад.

Дар оянда аз ҳисоби заҳираҳои бузургии қувваи барқ дар Тоҷикистон сохтмони як қатор истгоҳҳо ба анҷом расонда хоҳад шуд. Инҳо истгоҳи обии Роғун, Сангтуди Даштиҷум ва ғайра ба ҳисоб мераванд.

Албатта сохтмони чунин истгоҳҳои пуриқтидор маблағи калон ва муҳлати дуру дарозро талаб мекунанд. Ҳол он, ки дар деҳот ва шаҳракҳо аз нарасидани қувваи барқ аҳоли танқисии зиёд мекашад.

Яке аз масъалаҳои дар оянда ба таври таъҷили таъмин кардани талаботи аҳолӣ ба қувваи барқ, ин дар маҳаллҳои алоҳида сохтани истгоҳҳои хурди барқии аҳамияти маҳаллдошта ба мақсад мувофиқ ҳаст.

САНОАТИ МЕТАЛЛУРГӢ

Металл — таҳкурсии саноат ба ҳисоб меравад.

Саноати металлургӣ ба ду соҳа ҷудо мешавад: мелаллургияи сиёҳ ва металлургияи ранга.

Дар Тоҷикистон комбинат ва корхонаҳои саноати металлургияи сиёҳ мавҷуд нестанд. Аммо дар дохили заводҳои мошинсозӣ сехҳои металлгудозӣ бунёд карда шуданд. Ингуна сехҳо дар заводҳои «Таджиктекстильмаш», «Торгмаш» «Таджикгидроагретат», (ҶСШК «Ҳумо») заводи арматура дар ш. Душанбе, «Автозапчасть» (Конибодом), комбинати «Абрешим» (Хуҷанд) мавҷуданд.

Корхонаҳои мошинсозии Тоҷикистон талаботи хешро аз металл асосан аз давлатҳои хориҷӣ таъмин мекунанд, ки ин хароҷотҳои калонро талаб мекунад.

Дар Тоҷикистон дар асоси қувваи барқи истгоҳи Норак истеҳсолоти ба қувваи барқ хеле серталаби алюминий ба роҳ монда шуд. Соли 1975 дар шаҳри Турсун-зода дар яке аз сехҳои электролизӣ заводи ҳозираи алюминий истеҳсоли алюминий сар карда шуд. Заводи алюминии калонтарин корхонаи цикли пурраи саноати металлургия рангаи ҷумҳурӣ мебошад. Қатъи назар аз он, ки барои кашондани ашёи хом харҷи зиёд сарф мешавад, зиёда аз90% маҳсулоти он сифати баландро дорост, ва бинобар истеҳсоли алюминий дорои самаранокии калони иқтисоди мебошад. Заводи алюминий Турсун-зода ба муҳити атроф таъсири бад мерасонад. Барои пешгири кардани ин ҳолат дар завод дастгоҳҳо ва асбобҳои чангкашак сохта шуда, инчунин дар гирду атрофи ин корхона минтақаи « кабудизор» ташкил карда шудааст.

Дигар корхонаҳои металлургияи рангаи ҷумҳурӣ ба гайр аз истеҳсоли алюминий сикли пурраи истеҳсолӣ надоранд. Дар солҳои Ҳокимияти Шуравӣ дар корхонаҳои маъдани кӯҳии Тоҷикистон истеҳсоли маъдани сурбу рӯҳ, мису молибден, волфраму флюрит, сурмаю симоб ба роҳ монда шуда, ин консентратҳои маъданҳо ба заводҳои металлургии Қазоқистон, Урал, Узбекистон, Сибир, Украина, Қирғизистон фиристода мешуданд. Марказҳои асосии истеҳсоли металлҳои рангаи Ҷумҳурӣ дар Адрасмон, Анзоб, Исфара, Майхура, Консой, Олтин-Топган, Табошар, Чоруқдорон, Ҷилав, Панҷакент мавҷуд мебошанд. Дар оянда дар корхонаҳои истеҳсоли консентратҳои маъдан дар баробари истеҳсоли маъдан аз ҳисоби конҳои мавҷуда ва конҳои нав, корхонаҳои сикли пурра, яъне аз коркарди аввалин то тайёр намудани маҳсулоти тайёр барпо намудан ба мақсад мувофиқ аст. Чунин корхонаҳоро дар қисми Шимолии мамлакат ҷойгир намудан, аз нуқтаи назари иқтисодӣ самаранок мебошад. Дар ин корхонаҳо ба мақсади арзон намудани маҳсулот ҷори намудани техника ва процессҳои нави технологӣ аҳамияти калон доранд.

САНОАТИ МОШИНСОЗӢ ВА МЕТАЛЛКОРКУНӢ

Саноати мошинсозӣ, яке аз соҳаҳои мураккаб буда, соҳаҳои махсусгардондаеро, ки бо технология ва истифодабарии ашёи хом бо якдигар наздиканд, дар худ мутаҳид мекунад. Саноати металлкоркунӣ бошад, ба истеҳсоли таҷҳизот, узвҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ махсус гардонад шудааст.

Корхонаҳои саноати мошинсозӣ ва металлкоркунй маҳз дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон инкишоф ёфтаанд. Дар айни замон ин соҳа 758 корхонаи

таъмиркунӣ ва мошинсозиро, ки дар баланси мустақил қарор доранд бо худ мутаҳид мекунад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ аз рӯи соҳаҳои асосӣ соли 2000 1374437 сомониро ташкил дод

Корхонаҳои саноати мошинсозии ҷумҳурӣ ба истеҳсоли маҳсулотҳои гуногун махсус гардонда шудаанд.

Дар ин корхонаҳо, аз қисмҳои эҳтиётии тракторҳо, автомобилҳо сар карда — то маснуоти калони мураккаб дастгоҳҳои бофандагии автоматӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, таҷҳизот барои системаи савдо ва ғайра маҳсулот бароварда мешаванд. То солҳои ҷанги шаҳрванди корхонаҳои мошинсозӣ бо техникаи пуриктидори пешқадам таҷҳизонида шуда буданд. Маҳсулоти ин корҳонаҳо қариб ба 40 давлати ҷаҳон фиристонда мешуданд.

Дар корхонаҳои саноати мошинсозӣ ва металлкоркунии Тоҷикистон таҷҳизоти бофандагӣ, кабел, яхдон, таҷҳизоти корхонаҳои маишӣ, трансформаторҳо, узвҳои эҳтиётии трактор ва автомобил истеҳсол карда мешаванд. Корхонаҳои калонтарини мошинсозӣ ва металлкоркуни дар шаҳри Душанбе-заводҳои «Тоҷиктекстилмаш», «Торгмаш», «Таджикгидроагретат», (ҶСШК «Ҳумо») заводи «Яхдон», заводи арматура, дар Хуҷанд-заводи таъмири автомобил, дар Конибодом заводи «Автозапчаст» ва «Таджиксельмаш», дар Кӯлоб заводи таҷҳизоти технологӣ, дар Турсун-зода заводи «Стройинструмент», дар Нов заводи таҷрибавӣ, заводи электротехникии Исфара, заводи трансфарматории Курғонтеппа ва ғайра аз қабили инҳо мебошанд. Чи хеле, ки маълум гардид, дар таркиби корхонаҳои мошинсозии имрӯзаи Тоҷикистон соҳаҳои мошинсозии умумӣ, узвҳои эҳтиётии мошинаю трактор ва электротехникӣ бартарӣ доранд. Агарчанде, ки корхонаҳои саноати мошинсозӣ маҳсулотҳои гуногун истеҳсол кунанд ҳам, аммо дар байни онҳо қариб, ки робитаҳои истеҳсоли мавҷуд нест.

Алоқаҳои корхонаҳои мошинсозӣ ба дигар соҳаҳои саноати ҷумҳури низ суст аст. Ин корхонаҳо дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ ба дигар корхонаҳои мошинсозии собиқ Шӯравӣ алоқаи зич доштанд. Пас аз барҳам хурдани Ҳокимияти Шӯравӣ ин алоқаҳои истеҳсолӣ канда шуданд. Ҳоло корхонаҳои саноати мошинсозии ҷумҳурӣ бо бӯҳрони хело мушкили иқтисодию технологӣ дучор шудаанд. Баъзе аз ин корхонаҳо қариб, ки фаъолияти истеҳсолии худро катъ карда ва қисми дигари он бо иқтидори нопурраи худ кор мекунанд.

Ашёи хом барои саноати мошинсозӣ ва металлкоркунӣ, яъне металлҳои сиёҳ ва ранга ва дигар маҳсулотҳо аз давлатҳои хориҷӣ оварда мешаванд, ки ин боиси харҷи зиёд мегардад.

Аз баски қариб, ҳамаи корхонаҳои мошинсозии ҷумҳурӣ дар асоси ашёи аз дигар давлатҳо кашонидашуда кормекунанд, бинобар онҳо асосан дар марказҳои аҳолинишин, ки бо роҳҳои нақлиётӣ, махсусан бо роҳи оҳан наздиканд, ҷойгир карда шудаанд. Аз сабаби он, ки ин корхонаҳо аз марказҳои металлургии собиқ Ҳокимияти Шӯравӣ дур воқеанд, дар таркиби онҳо соҳаҳои мошинсозии камметал-талаб бартарӣ доранд. Дар солҳои минбаъда низ чунин равия дар саноати мошинсозӣ давом хоҳад кард, чунки дар солҳои наздик сохтмони корхонаҳои металлургӣ, махсусан металлургияи сиёҳ дар Тоҷикистон пешбинӣ карда нашудааст.

САНОАТИ КИМИЁ

Саноати кимиё дорои таркиби мураккаб буда, ба ду соҳаҳо калон тақсим мешавад.

1. Кимиёи асосӣ

2. Кимиёи синтези органикӣ.

Ба соҳаҳои кимиёи асосӣ, соҳаҳои саноати кислотаи

сульфат, истеҳсоли сода, нуриҳои минералӣ, азотӣ дохил

мешаванд.

Ба муҳимтарини соҳаҳои кимиёи синтези органикӣ бошад, соҳаҳои истеҳсоли каучуки синтезӣ ва маҳсулотҳои резина, пластмассҳо ва нахҳои кимиёвй ва ғайра дохил мешаванд.

Дар Тоҷикистон дар заминаи қувваи барқи арзои захираҳои ашёи хом, ба монанди намаки ошӣ, доломит, оҳаксанг ва мармар, гипс, гази табиӣ, ангишти кокс ва дигар ашёҳои хом, саноати кимиё барпо карда шуд ва алҳол саноати кимиё яке аз соҳаҳои ҷавон ва ояндадори саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии Сарбанд (1967) барои барпо намудани саноати кимиёвии Тоҷикистом асос гузошт. Дар ин завод карбамид истеҳсол карда мешавад.

Заводи кимиёвии Сарбанд то солҳои 90-ӯм талаботи ноҳияҳои ҷанубии Осиёи Миёнаро низ таъмин мекард. Ҳоло ин завод бо иқтидори пурраи худ кор намекунад.

Корхонаи дигари саноати кимиёвии Тоҷикистон, ин заводи электрокимиёвии Ёвон ба ҳисоб меравад. Ин завод дар асоси истифодабарии ашёи хоми маҳаллии намаки оши ва ашёи хоми карбонати калсиӣ кор мекунад.

Дар комбинати электокимиёвии Ёвон коркарди муштарак ва комплексии ашёи хом ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар комбинат истеҳсоли хлор, оҳаки хлорӣ, соддаи каустикӣ ва дигар намудҳои гуногуни маҳсулотҳои хлорид пешбини карда шудааст. Саноати кимиёвӣ Тоҷикистон ояндаи умедбахш дорад.

Комплекси сохтмон

Интегратсияи истеҳсолоти гуногун имконияти Твшаккулёбии комплекси байнисоҳавии сохтмонро дод, ки талаботи асосии соҳаҳои сохт-монро, аз лоиҳаҳо то иморатҳо ва иншоотҳои ба итмомрасидаро таъмин мекунад. Комплекси байнисоҳавии сохтмонӣ дар иқтисодиёти мамлакат ҷои махсусро ишғол намуда, яке аз қисмҳои муҳимтаринӣ пешбарандаи таркибии сохтмон мебошад. Географияи сохтмон дар территорияи ҳар ноҳияи иқтисодӣ бо дараҷаи азхудкунӣ ва таркиби маблағгузории соҳаҳо, системаи ташаккул ёфтани маҳалҳои аҳолинишин I ва хусусиятҳои азхудкунии захираҳои табиӣ, муайян карда мешавад. Вазъияти ҳозираи сохтмони асосӣ ҳамчун дар қолати бӯҳрон қарор дорад. Сабабҳои асосии аз даст додани идоракунии соҳа, набудани танзимнокии иқтисодии ҷараёни инвестисия, вайрон шудани системаи таъминоти марказиятноки моддию техникӣ беивазкунии амалигардонии таъминоти бозорӣ, мебошанд. Ба ғайр, аз ин паст шудани нишондиҳандаҳо дар натиҷаи баланд шудани нарх ба маҳсулотҳои сохтмонӣ боиси паст шудани иқтидори истеҳсолот, кам шудани ҳаҷми маҳсулот гардид.

Паст шудани дараҷаи ҳаҷми кор дар сохтмон яке аз сабабҳои асосии мамлакатро тарк намудани мутахассисони ин соҳа гардид. Дар натиҷа дараҷаи рушди базаи модди техникии соҳаҳои сохтмон хеле паст шуд. Ҳамаи ин сабабҳо боиси бӯҳрони иқтисодии ин соҳа гардид.

Соҳаҳои асосии саноатӣ сохтмонӣ ҶТ ин сементистеҳсолкунӣ, саноатӣ хишт, саноатӣ истеҳсоли конструксия ва маснуоти васлшавандаи оҳану бетонӣ мебошанд. Истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулотҳои саноати масолеҳҳои сохтмони дар ҶТ дар ҷадвали № 12 оварда шудаанд.

Ҷадвали №12

ИСТЕҲСОЛОТИ НАМУДҲОИ АСОСИИ МАҲСУЛОТҲОИ СОХТМОНӢ*

Воҳиди ченак 1991 1998 1999 2000 2001 2002 2003
1. Семент ҳ.тон. 1013,0 17,7 33,2 54,8 68,9 89,2 166,
2. Хишти бинокорӣ млн. дона хишти шартӣ 263 33 33,3 30 24 24 33
З.Конструксия ва маснуоти васлшавандаи оҳану бетонӣ ҳаз.м3 980 12,2 21 13 12 12 17

* Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе 2004. с. 198

Саноати семент бо дараҷаи баланди консентратсияи истеҳсолоти худ фарқ мекунад. Заводи сементи мамлакат дар қисми шимолӣ ш. Душанбе ҷойгир шудааст. Барои ҳосил кардани семент намудҳои гуногуни ашё истифода бурда мешавад. Инҳо асосан: оҳаксанг, бӯр (табошир) мергель (ҷинси кӯҳе, ки иборат аз гилу хок аст), партовҳои истеҳсолотӣ ва сиёҳгил мебошанд. Барои истеҳсоли семент миқдори зиёди сӯзишворӣ лозим аст. Ҷойгиршавии семент асосан бо ҷойгиршавии корҳои сохтмонию — васлкуни мувофиқ меояд. Истеҳсоли семент дар соли 2003-ӯм 166,3 ҳаз. тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 1998-9,7 баробар зиёдтар мебошад.

Саноати хишт — дар Тоҷикистон нисбатан ба дигар соҳаҳои саноати сохтмон тараққи ёфта буда, географияи он гуногун мебошад. Саноати хишт асосан дар ш. Душанбе, ноҳияи Ваҳдат ва дар вилоятҳои Хатлону Суғд ҷойгир шудааст. Оиди истеҳсоли хишт рақамҳои ҷадвали 12-ӯм шоҳидӣ медиҳанд.

Чи хеле, ки ин рақамҳо нишон медиҳанд, дар солҳо 1991-2003 истеҳсоли хишт аз 263 млн. дона хишти шартӣ дар соли 1991, ба 33 млн. донаи хишти шарти дар соли 2003-ум расид, ки ин тақрибан 10,0 баробар камтар мебошад. Дар солҳои охир талабот ба хишт хеле зиёд шуда истодааст.

Саноати конструксия ва маснуоти васлшавандаи оқану-бетон — нисбатан соҳаи нави индустрияи сохтмон мебошад. Маҳсулоти он барои сохтмони асосӣ истифода бурда мешаванд, аз ҳамин сабаб ин соҳа дар ноҳияҳо ва марказҳои консентрасияи сохтмон ҷойгир карда шуда, тараққӣ дода мешавад. Сангреза, рег ва дигар масолеҳҳо ки дар таркиби маҳлули бетонӣ андохта мешаванд ва ҳамчунин талаботи зиёд нисбат ба арматурҳои на он қадар калони металлӣ ва семент, боиси ба мақсад мувофиқ набудани кашондани ин маҳсулотҳои оҳанубетонии ҳаҷмашон вазнину калон ба масофати дур сабаб мешавад. Маҳсулотҳои оҳану бетонӣ дар сохтмони манзилгоҳо ва дигар объектҳои сохтмонӣ гражданӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Масалан: — барои таҳкурси ва қисмҳои зеризаминии иморатҳо, тахтасангҳои таҳкурсӣ, ғалтак (блок), сутун, панел (лавҳаҳои оҳану бетонӣ, ки дар оинокории ҳозиразамон истифода мебаранд), инчунин каналҳои маснуотҳои гузаргоҳдор ва бегузаргоҳдор дошта дар дохили иморат ва сутунҳо барои иморатҳои якқабата ва бисёрқабата, тахтасангҳо барои пӯшонданӣ иморатҳо, гахтасангҳо барои толорҳо ё шоҳтирҳои таги сохтмон барои ороиши берӯнии иморатҳо ва панҷараҳое, ки дар намуди панҷараҳои намудҳои меъмори дошта ва ғайра истифода бурда мешаванд. Дар саноати сохтмон қисми зиёди маҳсулотҳои васлшавандаи оҳану бетонӣ, ҳамчун тахтасангҳо барои пӯшондан ва сутунҳо, инчунин толор ва қафас барои пӯшондани шоҳтири ҷумак (нӯл) ва пойдевор истифода бурда мешаванд. Дар сохтмони наклиёти васлияи оҳану бетонӣ ба таври васеъ барои пӯшондани тахтасангҳои роҳ ва фурудгоҳҳо, сохтмони кӯпрукҳо ва ғайра истифода бурда мешаванд. Ба ғайр аз ин васлияҳои оҳану бетонӣ дар панелҳо, метроҳо, сохтмони қубурҳои обгӯзар ва дар сохтмони иншоотҳо барои хоҷагии қишлоқ, дар сохтмони истифодаи умуми ба кор бурда мешаванд.

Ҷойгиршавии саноати масолеҳои сохтмонӣ бо якчанд қонуниятҳои худ фарқ мекунад:

1. Хишт ва дигар хелҳои масолеҳои деворсози, васлияи оҳану бетонӣ конструксия ва деталҳо, ки ба микдори зиёд истифода бурда мешаванд, аз як тараф ва аз тарафи дигар дар ҳудуди мамлакат ба таври васеъ паҳн гардидани захираҳои ашё барои истеҳсоли онҳо, зарурияти ҷойгиршавии ин корхонаҳоро маҳз дар ноҳияҳои сохтмони, яъне дар наздикии истеъмолкунандагон талаб мекунад.

2. Истеҳсоли семент, ашёи сохтмонӣ, маҳсулош асбестисементӣ дар ҷойгиршавии худ ба наздикии конҳои калонтарини захираҳои ашёӣ тамоил доранд.

3. Шароити хуб барои тараққиёт ва ҷойгиркунии саноати семент он ноҳияҳое ба ҳисоб мераванд, ки дартерриторияи онҳо конҳои калони санг ва гил (маргель) ва дар ин ноҳияҳо захираҳои сӯзишвории арзон мавҷуд бошад,

Гузаштани мамлакат ба муносибатҳои бозоргони, усулҳои нави пешгӯии тараққиёти масолеҳҳои саноаш сохтмонро талаб мекунад.

Дар шароити гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ, яънедоштани ҳуқуқи моликият ба замин, манзилгоҳ, сохтмонҳои ёрирасон ва ғайра боиси чандинкарата зиёд шудани талабот ба масолеҳои сохтмонӣ мегардад.

Дар давраи гузариш ба муносибатҳои нави иқтисоди имконияти васеъи истифодабарии хелҳои гуногуни масолеҳҳои сохтмонии маҳаллӣ ба монанди тайер намудани маҳсулотҳо бо усулҳои косибӣ ва нимкосибӣ, истифодаи истифодаи васеъи гилу хок, сангу сангрезаҳо, чӯб, партовҳои саноатӣ ва ғайраро зиёд мекунанд.

Афзоиши талабот ба масолеҳҳои сохтмонӣ даршароити бозор аз тараққиёти таркибии сохтмон, истифодаи техникаи нав ва технология дар сохтмон, сиёсати давлатоиди таъмини сӯзишворию масолеҳҳо, баландшавии талабот барои беҳтар намудани шароити зиндагонии одамон ва ҳифзи моликият вобастагӣ дорад.

КОМПЛЕКСИ СОҲАИ ХИЗМАТРАСОНИ

Соҳаи хизматрасонӣ, талаботи ба неъматҳо доштаи аҳолиро на ба сифати истеъмол, балки дар намуди фаъолият қонеъ мегардонад. Васеъ гардидани хизматрасонӣ самараи калони иқтисодӣ медиҳад. Аз ҳисоби тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, истироҳати пурраи меҳнаткашон, ихтисори талафоти вақт ҳангоми бекорӣ ва ғайра маҳсулнокии меҳнат баланд мешавад. Таъсири иҷтимоии соҳаи хизматрасонӣ боз ҳам калон аст, зеро он олами маънавиёти инсонро ташаккул медиҳад. Бинобар, ин ҳангоми ташкили системаи хизматрасонӣ макони сукунати аҳолиро ба ҳисоб гирифтан зарур аст.

Соҳаи хизматрасонӣ корхонаҳои ғайриистеҳсолиро дар бар мегирад. Инҳо: воситаҳои алоқа, сохтмон, хоҷагии комуналӣ, савдо, хӯроки умумӣ, тандурустӣ, муассисаҳои илмӣ ва маданию маърифатӣ.

Воситаҳои алоқа — кисми асосии соҳаи ғайриистеҳсолӣ мебошад. Бо ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳо системаи алоқаи телефону телеграф вуҷуд дорад. Дар назар дошта шудааст, ки воситаҳои алоқа минбаъд ҳам инкишоф дода мешаванд. Шабакаи муассисаҳои алоқа дар шаҳр ва деҳот васеъ хоҳанд шуд.

Хоҷагии манзил. Корхонаҳои хоҷагии манзил ва таъминоти об ва канализатсия, ободонии маҳалаҳои мардумнишин, кабудизоркунӣ, ва ғайраро дар бар мегирад. Дар солҳои пеш хоҷагии манзил хеле пеш рафта буд. Ҳоло маҳалаҳои мардумнишин хеле калон шудаанд. Дар солҳои охир ба сабаби нарасидани маблағ сохтмони манзил ба воситаи маблағҳои давлатӣ хеле кам шуд. Аммо сохтмони манзилгоҳҳои шахсӣ хеле зиёд шуд. Бисёр шаҳру ноҳияхо, бо об, иншооти софкунанда ва газ таъмин мебошанд. Инкишофи хоҷагии камуналӣ чун омили беҳгардонии аҳволи зиндагии халқ дар баланд бардоштани самараи истеҳсолоти ҷамъияти аҳамияти калон дорад. Тараққиёти минбаъдаи он бевосита боиси баланд шудани дараҷаи зиндагии мардум мегардад.

Савдо ва хӯроки умумӣ: Дар ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд шаклҳои савдо мавҷуд аст: давлатӣ, кооперативӣ, колхозӣ, шахсӣ. Алҳол шабакаи савдои Тоҷикистон аз мағозаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар муассисаҳои маишӣ иборат аст ва микдори умумиашон сол аз сол кам шуда истодааст.

Ҷадвали № 13.

МИҚДОРИ КОРХОНАҲОИ САВДОИ ЧАКАНА АЗ РӮИ ШАКЛҲОИ МОЛИКИЯТ*

Воҳиди ченак 1991 1998 2000 2003
Ҳамаи корхонаҳо ва нуктаҳои савдои чакана Воҳид 10632 6405 4516 3938
аз он ҷумла: -корхонаҳои моликияти давлатӣ Воҳид 3294 884 636 694
-таносуб дар ҳамаи корхонаҳо % 31 14 14 18
-корхонаҳои кооперативии матлубот Воҳид 7231 5323 3793 2907
-таносуб дар ҳамаи корхонаҳо % 68 83 84 74
  • Омори Ҷумхурии Тоҷикистон. Душанбе 2003. с. 307 2

Ҷадвали № 14.

МИҚДОРИ КОРХОНАҲОИ ГУНОГУНИ ХӮРОКИ УМУМӢ АЗ РӮИ ШАКЛҲОИ МОЛИКИЯТ2

Воҳиди Ченак 1991 1998 2000 2003
Ҳамаи корхонаҳои хӯроки умумӣ аз он ҷумла: Воҳид 5988 2474 1126 997
-корхонаҳои моликияти давлатӣ Воҳид 1986 337 123 183
-таносуб дар ҳамаи корхонаҳо % 33 14 11 18
-корхонаҳои кооперативии матлубот Воҳид 3998 2078 981 814
Таносуб дар ҳамаи корхонаҳо % 67 88 87 82
  • Омори солонаи ҶТ. Душанбе с. 2003 с. 308

Тандурустӣ. Дар Тоҷикистон солҳои пеш муассисаҳои табобатӣ, дорухона ва мутахассисони тиб кам буданд. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ шабакаи муассисаҳои табобатӣ ва пешгирии касалиҳои гуногун васеъ ба роҳ монда шуд, заминаи моддию-техникии онҳо мустаҳкам гардид. Алҳол системаи тандурустии ҷумҳурӣ дорои садҳо муассисаҳои гуногуни табобатӣ аст, ки ба аҳолӣ кӯмаки тиббӣ мерасонанд.

Зиёд гаштани миқдори муассисаҳои тиббӣ боиси кам шудани фавти аҳолӣ мегардад. Ба зиёд кардани микдори дорухонаҳо низ диққати ҷиддӣ дода шуда истодааст.

Физкультура ва спорт. Бозӣ ва машқҳои гуногуни ҷисмонӣ (гуштингирӣ, камонварзӣ, аспсаворӣ) аз қадим дар байни мардум маълуманд. Ба инкишофи физкултура бахусус дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Дар пешрафти физкултура -Техникуми тарбияи ҷисмонии ш.Душанбе ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон саҳми калон доранд.

Дар ҷумҳурӣ ба хусус барои туризм ва кӯҳнавардӣ (алпинизм) имкониятҳо хеле калон аст. Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалак, дараҳои зебо, дарёҳои пуртуғён, ёдгориҳои таърихӣ ва мадании худ шӯҳрат дорад.

Маорифи халқ: Илму маданияти мардуми тоҷик таърихи тӯлонӣ дорад. Ниёгони тоҷик ҳанӯз то давраи истилои арабҳо хат ва фарҳанги худро дошт. Ҳокимияти Шӯравӣ барои инкишофи маорифи халқ заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳоло дар ҷумҳурӣ, ба ҳисоби с. 2000-3604 мактабҳои маълумоти умумӣ, 53 омӯзишгоҳи миёнаи касбӣ фаъолият доранд. Дар даҳҳо Пажуишгоҳҳои тадқиқоти илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон оиди соҳаҳои иқтисодиёт, кимиё, физика, энергетика, география, биология, таърих, фалсафа ва ғайра олимон тадқиқотҳои илмӣ мебаранд.Дар соли хониши 2003-2004 шумораи умумии хонандагон 1820,5 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ки 1641,7 ҳазор нафарашон дар мактабҳои таълимашон рӯзона таҳсил мекунанд. Дар соли хониши 2003-2004 дар мактабҳои маълумоти ҳамагонии рӯзона 101.5 ҳаз. нафар омӯзгорон ба талабагон таълиму тарбия медиҳанд, аз ҷумла омӯзгорони маълумоти олидор 63,0 %-ро ташкил мекунанд.

Дар Тоҷикистон дар соли хониши 2003-2004 адади муассисаҳои таҳсилоти олии касби ба 35-то (бо филиалҳояшон) расид, ки ин нисбат ба соли хониши 1991-1992-22 муассиса зиёдтар мебошад. Дар ин мактабҳои олӣ 107.6 ҳаз. нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ба 10,000 нафар аҳолӣ, 165 донишҷӯён рост меоянд, ки ин нишондиҳанда дар соли хониши 1991-1992 24 нафар донишҷӯёнро ташкил мекард.

Шумораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои тахсилоти олии касбӣ дар соли 2003 ба 28059 нафар расид, ки ин нисбат ба соли 1991 14615 донишҷӯй зиёд мебошад. Дар ҳамин давра шумораи хатмкунандагон аз 9968 нафар дар соли 1991 ба 13 885 нафар дар соли 2003 расид, ки 3917 нафар зиёдтар мебошад

Муассисаҳои маданӣ ва маърифатӣ. Дар ҷумҳурӣ муассисаҳои маданию маърифатӣ зиёд шуда истодааст. Дар соли 2003 дар мамлакат 1430 китобхона, 1045 клуб, 39 музей, 15-театр, дар шаҳру вилоятҳо фаъолият доранд.

Мардуми тоҷик аз қадиммулаём дӯстдори шеъру тарона, рақсу навоӣ дилкаш, тамошогоҳҳои дилписанд буд. Ҳоло ба саҳнаи театрҳо бисёр спектаклҳо, операҳо, балетҳо гузошта дар консертҳо баробари асарҳои мураккаби созию овозй, навоҳои рақсию эстрадӣ ва ғайра ба тамошобинон пешкаш мешаванд. Комёбиҳои студияи «Тоҷикфилм» низ назаррас мебошанд. Ҳоло дар баробари инкишофи санъати тасвирӣ, графика, муҷассамасозӣ, касбу ҳунарҳои қадима, кулолӣ, кандакорӣ низ зинда шуда истодааст.

Хулоса, комплекси соҳаҳои хизматрасонӣ дар баланд бардоштани завқи мардум, саломатӣ, тарбияи эстетикӣ, маданияти — маърифатии халқамон ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *