Фанни География.

Пешгӯихои демографии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омузиши акидаи ахоли дар хусуси танзими оила.

Банақшагирии оила хамчун танзими дохилиоилавии тавлиди кӯдак дар Чумхурии Точикистон дар байни солхои 80-ум бошиддат пахн гардид. Ақидаи «танзими оила» аз чониби қисме аз ахолии ноогохи Точикистон хамчун тадбири номатлуб пазируфта мешуд. Натичаи чандан конфронсхои бахшида ба ин мавзӯъ нимаи дуюми солхои 80-ум дар шахри Душанбе баргузоршуда нишон доданд, ки қисми зиёди иштирокчиёни он ганзими оиларо хамчун камшавии шумораи ахоли точикон барраси намуда, ба он муқобилбаромадаанд.

Солхои охир шумораи миёнаи ашхоси чонибдори ақидаи «танзими оила» буда меафзояд. Рохбарони давлат барои пахн гардидани танзими оила ахамияти калон медиханд. Президенти Чумхурии Точикистон Э.Ш.Рахмонов борхо дар суханронихои худ ба зарурияти инкишофи танзими оила, бехбудии саломатии модару кӯдак, тарбияи кӯдакон ишора карда, аз чумла қайд кардаат: «Ақли солим тақозо дорад, ки зан пеш аз тавллиди фарзанди навбати, бояд дар чойи аввал саломатии худу кӯдакро гузорад. Ин проблемахо, ба чузъ чанбахои иқтисодиву ичтимоии номбаршуда, ахамияти сиёсию ахлоқи низ дорад».

Э.Ш.Рахмонов дар вохӯри бо зиёиён 20феврали соли 2002 гуфта буд: «Танзими оила барои мо амали тақлидкорона ва зохирпарастона нест, балки зарурати халли мачмӯи масъалахои иқтисодиву ичтимоиест, ки дар назди чомеа қарор доранд»2.

Танзими оила инчунин дар байни ходимони динни ислом чонибдорони худро пайдо кардааст. Дар бисёре аз мамолики мусулмон нишини чахон ақидаи танзими оила, ки дар холатхои муайян мухолифи динни мусулмони нестанд, пахн мешавад. Дар шароити муосир ианзими оила то охир аз чониби ахоли қабул нашудааст, бинобар ин аз нуқтаи назари инкишофи демографи қисмати зиёди он халнашуда мондааст.

Барои кор карда баромадани сиёсати демографи бояд ақидаи ахолиро дар хусуси танзими оила донист.Чихати ичрои ин мақсадхо Тақиқотхои сотсиологи гузаронида мешавад. Чунин як тадқиқотро Маркази нуфуси ахолии Академияи илмхои чумхурии Точикистон соли 1997 дар байни 1500 нафар марду зани Точикистон гузаронид, ки натичахои ачиби аз он ба дастоварда дар коркарди .Консепсияи давлаитии сёсати демографи барои солхои 2003-2015 истифода шуданд.

Барои ошкор намудани муносибати посухдихандагон ба масъалаи танзими отла чунин савол ба миён гузошта шуд: «Дар Точикистон барои ба танзим даровардани оила зарурат аст ё на? ». Дар натичаи коркарди маводхои пурсиш чунин маълумотхо ба даст омаданд: 65,5 % мухолифон ва 19,9 % чавоби амиқе надоданд.

Тарафдорони танзими оила бар он ақидаанд, ки хаётгузарони душвор шуда, аз нуқтаи назари онхо 4 нафар фарзанд барои таъмин ва тарбия намудан кифоя аст. Аз нуқтаи назари мо ақидаи посухдихандагоне, ки ба дастгирии оилаву кӯдак аз чониби давлат умед набаста, хар як оила бояд худаш шумораи фарзандони оилаашро муайян кунад мегӯянд, мухим аст.

Ба ғайр аз ин, бояд дар бораи ояндаи фарзандон: дар бораи маълумоти онхо, тарбия, таъмин бо манзил, кор ва ғайра андеша намуд. Хамаи ин барои оилахои серфарзанд як масъалаи мураккабе гардидааст.

Қисме аз посухдихандагон қайд намуданд, ки давлат бояд аз масъалахои оила худро канор нагирад. Чунки давлат пеш аз хама бо миқдору сифати ахолии хеш пурқудрат аст. Ва нихоят, чунин мехисобанд, ки шумораи камбизоатон дар кишвар афзудааст. Танзими оила ба муносиб кардани шумораи ахоли мусоидат менамояд. Қисме аз пурсидашудагон қайд карданд, ки пештар (давраи сотисиализм дар назар аст) сатхи таваллуд баланд бошад, хам одамон ва оилахо зиндагии хуб доштанд.

Алоқаи сатхи зиндаги ва сатхи таваллудро барраси намуда, 21,8 % посухдихандагон чунин мехисобанд, ки сатхи зиндагиро дар сурате баланд бардоштан мумкин аст: агар хама хуб мехнат кунад, агар хама бо чойхои кори таъмин бошад, агар вазъияти мамлакат рӯ ба бехбуди орад. Қариб 51 % посухдихандагон чунин мешуморанд, ки таваллуди зиёд сатхи зиндагиро баланд карда наметавонад, зеро ки вазъияти иқтисодии оилахо сол то сол бад шуда, зиндаги душвор шуда истодааст, махсулнокии мехнат паст буда, чойхои кори намерасад. Зиёда аз 27 % пурсидашудагон бо посухи ин савол душвори кашиданд. Тадқиқот нишон дод, ки посухдихандагон мохияти мазмуни танзими оиларо хуб дарк намудаанд. Хамаи посухдихандагон дар нихояти кор чунин мехисобанд, ки танзими оила маънои дар оила кам намудани шумораи тавлидро ба воситаи пурзӯр намудани назорат аз болои таваллуд дорад.

Инчунин посухдихандагон қайд намуданд, ки танзими оила бояд бо назардошти манфиатхои оила ва давлат сурат гирад. Бинобар ин ду субъект якчоя, на ба тариқи умуми, балки бояд бо назардошти амалхои ба он равонашуда дар танзими оила хавасманд бошанд. Ба ғайр аз ин, посухдихандагон қайд намуданд, ки танзими оила ин тадбирхо оида хифзи саломатии модару кӯдак аст. Қисми дигари пурсидашудагон танзими оиларо як воситаи ба тартиб даровардани хаёт, мавчудияти инсон, банақшагирии мехнат барраси менамоянд. Қисмати зиёди посухдихандагон чунин мешуморанд, ки танзими оила бе ягон зуровари бояд аз чониби худи оила сурат гирад.

Ба ақидаи посухдихандагон барои он ки оилахо дар бораи танзими оила қарор қабул кунад, субъектхои гуногун таъсир расонида метавонанд. Мувофиқи нишондодхои чадвали 1, ба ғайр аз худи оила барои танзими оила табибон (24 %), рохбарони давлат (17,4 %), олимон (9,9 %), шахсони калонсоли оила ва хешу ақрабо (8,3 %) ва ғайра таъсир расонида метавонанд. Вале қисми асосии пурсидашудагон, бевосита ва бо дигар сабабхо дар ба амал баровардани танзими оила худи оиларо ячейкаи асоси медонанд.

Натичахои пурсиш нишон доданд, ки 43,7 % посухдихандагон чунин мешуморанд, ки дар танзими оила бештар занон (43,7 %), пас он шавхарон (29,1 %), волидон (13,8 %) ва дигар аъзоёни оила (13,2 %) шавқманданд. Хавасмандии занонро дар танзими оила бештар ба зарурияти тавлид ва тарбияи фарзандон, бадшавии вазъияти иқтисодии оилахо алоқаманд медонанд. Занон хам мехоханд саломатии хуб дошта, дар истехсолот кор карда ба таврри худ зиндаги кунанд, ба хусус пас аз 40- солагиашон, чунки хамаи вазнинихои рӯзгор ба души онон афтида, инчунин занон барои баланд шудани сатхи мадании хаёт мувофиқи арзишхои нави хаёти сайъ мекунанд. Дар вусъатёбии танзими оила огох будани ахоли аз усулхо ва воситахои контрасепсия ва аз муассисахое, ки онро ба амал мебароранд, ахамияти мухим дорад.Қисми зиёди пурсидашудагон (70,4 %) қайд намуданд, ки онхо аз кучо дастрас намудани воситахои контрасепсия ва тарзи истифодаи онро медонанд. Вале барои хизматрасони ба чунин муассисахо хамаги 33,2 % мурочиат карда, 52,7 % ахоли мурочиат накарданд. Сеяки пурсидашудагон (32,7 %) қайд намуданд, ки дар шахри (нохия) онхо муассисахои танзими оила хастанд, қисмати дигар қайд намуданд, ки чунин муассисахо нестанд, 31,6 % қайд намуданд, ки дар хусуси чунин муассисахо маълумоте надоранд.

Пешгӯихо оид ба миқдори умумии ахоли.

Пешгӯихои демографи дар вақти ба танзим даровардани хама гуна фарзиятхои ичтимои маврида истифода қарор дорад. Дар воқеъ, кадом сохаеро, ки мо ба нақша бигирем: хох инкишофи истехсолоти як намуди мол ё хизмат, хох таркиби ичтимоии чомеаро вобаста ба андоз ва хайати оила – дар хама холатхо, моро лозим меояд, ки пеш аз хама миқдор ва хайати иштироккунандагони ин равандхои ичтимоиро аз рӯи чинс ва синну сол муайян намоем ва дониста гирем. Зеро ин аломатхои чомеа ба характер ва инкишофи фаъолияти онон таъсири зиёде мерасонад ва табиист, ки ба характер ва пешравии равандхои ичтимои низ таъсири бевосита дорад.

Чи тавре, ки мо қаблан зикр намудем, донистани миқдори ахоли ва бо мурури айём ба тағйиротхо дучор шудани он таваччӯхи демографиро бештар чалб мекунад ва нишондихандахои ачиб аст. Чун қоида, вай хамчун чамъбасти сусти тағйиротхои таркиби ахоли дар самтхои мухталиф мебошад. Бар замми ин, пешгӯии миқдори умумии ахоли мумкин аст, таваччӯхи бештаре дошта, барои бахо додани баъзе оқибатхои алохида ва холатхои демографие, ки дар оғози давраи пешгӯихо ба миён меояд, нихоят мухим ва зарур мебошад.

Ба хисоб гирифтани низоми дурнамои шумори ахоли бо дигаргунихои дар оянда ва вазъи тавлидот масъалаи басо мураккаб аст. Дар ин бобат имконияти танхо дар он махдуд мешавад, ки ба воситаи тахмин ва фарзияхои эхтимоли хулосаи лозими барорем. Дар бораи тағйиротхои ояндаи нишондихандахои калонсолон, тавлидот ва афвт бо дар назар доштани тачрибаи гузашта тахмин бул кардан мумкин аст. Вале ин дар халли мушкилот, ба мисли баъзе намудхои математикаи шакли мададрасон набуда, натичаи номатлуб хохад дод.

Хамин тариқ, агар тавлидоти баъди чанги солхои 1914-1918 Руссияро бо тавлидоти чанд соли баъди он ба қиёс бигирем, пастравии тавлидотро мушохида менамоем. Вале ба хисоб гирифтани шумораи ахоли аз рӯи чунин анъанаи пешин, имрӯз ва оянда мутла нодуруст аст. Чунин амал ва усули кор ба иштибоххо ва натичахои ғалат мебарад. Зеро чун офтоб равшан аст, ки дар солхои аввали чанг бояд тавлидот афзоянд. Халлу фасли илмии ин масъала ботадқиқи далел ва санадхо, нишондодхои доимоамалкунанда, низоми тавлидот ва бо ба хисоб гирифтани тағйиротхо сомон меёбанд.

Аз навиштахои боло чунин бармеояд, ки мушкилоти муайян намудани ояндаи ахоли на дар хисоботу китоби техники, балки дар қабули бештари чунин тахминхое, ки дар муносибати низоми бозтавлиди ахоли меафтад. Хангоме, ки сухан дар боби тавлид меравад, пешомади самараи аз ин ва ё он чамъомадхои баландшави ё пастравии тавлидотро ба хисоб гирифтан зарур аст. Барои муқоисаи ояндаи наздик аз манбаъхои ахбори махсус, чун тахқиқи андешахо дар хусуси пешомадхо ё шумораи атфол ва ғайра истифода бурдан мумкин аст. Дар вақти пешгӯии фавт имконияти нисбатан бевоситаи ба хисоб гирифтани пастрави ё кам гардидани амалиёт ва ё сабабхои фавтидан пайдо карда мешавад. Дар асл, мохият ва ахамияти чунин чорабинихо аз он иборат аст, ки барои бардавомии хаёти одамон кӯшишхо ба харч бидихад ва аз оқибати баъзе нохушихо чомеаро огох намояд. Зеро хар як пешгӯии воқеи ба муқобили сабабхои асосии фавтидани одамон ва гурӯххои алохида (кӯдакон, калонсолон, занон ва ғайра) нигаронида мешавад. Фавтидан аз сабаби беморихои мухталиф ва омилхои дигари чамъияти амиқ муайян карда мешавад.

Дар хама шароит чунин холатхои хаёти иқтисоди – чун мухочират бояд дар алоқаманди бо хамаи дигар нақшахои хочагии халқ ба хисоб гирифта шавад. Албатта, ин маънои онро дорад, ки нақшаи чойгиршавии одамони алохидаро пешаки омода созанд. Нақша танхо тақсимоти қуввахои мехнати ва умуман ахолии байни худуди чумхуриро бояд дар назар дошта бошад, ба шарте ки ин барои инкишофи босуръати хочагии халқ зарур бошад. Дигар ин ки мувозинати иқтисоди ва дигар омилхои ба кӯчидан моил будани ахолиро бояд созмон дод. Аз ин чо равшан мешавад, ки ичрои нақшаи мухочирин бе ягон вачх набояд масъалаи характери рохбарикунандаги дошта бошад.

Мудоме, ки дар нақша чойивазкунии хайати мехнати аз як чой ба чои дигар дар назар дошта шудааст, вазифаи хисобот дар он аст, ки чойгиршавии умуман, ахолиро муайян намояд ва дар хисоби дурнамоои худ ба назар бигирад. Барои нохияхои чудогона ва шахрхо ба қайд гирифтани мухочиршави боз хам мухимтар аст. Дар чунин вазъият, вазифаи аввалиндарача махсус омӯхтани гурӯхи мухочиринро талаб менамояд. Хайати он хусусиятхои хосро дорост: 1.Қисми бештари мухочирон бо хайати пештари оилави алоқадор аст ва аз онхо ва хамсояхо дил канда наметавонад, 2.Хатто, оилаи мухочиршаванда аз рӯи андоза ва хайат аз оилахои дар чояшон монда фарқ мекунад.

Хайати мухочирон аз чихати синну сол ба гурӯххои зайл қисмат мешавад: гурӯхи қобили мехнат буда нисбат ба шумораи тамоми гурӯх чавононро ташкил медихад. Гурӯхи дигар қобили мехнат нестанд, ки қисми ахолияшро ташкил медихад. Аз рӯи зуд аз худ намудани одамони синну соли қобили мехнат ва чинс масъалаи мухочиршавии онхоро хал намудан осонтар аст. Масалан, дар гузашта баъзе чихатхои синну соли, чинси гурӯххо омӯхта мешуданд. Мисол мардони 20-24 сола зимни зуд кам гардидани ин гурӯхи ахоли (дар миёнаи солхои 60-уми оқибати чанг) дар хамон меъёри пештара дар мухочират мебошад. Ба хайси яке аз имкониятхо халли рохи зерини масъала чунин аст. Мухочирони дар солхои пешин омада аз рӯи чинс ва синну сол қисмат карда шуда ва барои хар як гурӯх аз рӯи муносибати шумораи ахоли ва нишондихандахо мухочирон хисоб карда мешавад. Дар ин нишондихандахо миқдори чинсу синну соли гурӯххои ахоли барои давраи пешгӯи чамъ карда мешавад. Натичаи ба даст овардани қисм ба қисм зиёд ва ё кам карда мешавад. Аз хисоби умуми кам кардани шумораи мухочирони ахолии нохияхои мухочиршаванда ба нохияхои дигар, албатта хам аз чихати миқдор ва хам аз чихати таркиби ахоли тағйир меёбад. Бинобар ин, хисоби сабтгардида баъд аз тамомшавии дурнамои хисобот бе хисоби мухочирон имконпазир аст. Вай бояд сол то сол халлу фасл гардад. Хамин тавр, дурнамои хисоботи дар шакли яклухт ва дар мавриди дигар гузаронида мешавад. Аз рӯи худуди минтақа (бо назардошти тавлид ва умри он) чоиивазкуни барои як сол гузаронида мешавад. Баъд аз ин, бо рохи қайдгири мухочирин ба хисоб гирифта шуда, натичаи он дар чавдвали ахоли дар охири сол навишта мешавад. Сипас, чойивазкуни боз барои як сол гузаронида мешавад.

Бо хамин таркиби хисоби мухочирон зуд низоми бозтавлиди ахоли дар чои овардаашон ба қайд гирифта мешавад. Бар замми ин, майли мухочирон дар чои нави низоми такрор истехсол мешавад, муддати тӯлони махфуз дошта мешавад. Ин хисоб ва ба қайдгирии беғалат аст. Агар чунин гурӯхи мухочирон (аз рӯи анддоза, таркиб, чои рафтан) ба чое оваранд, ки пеш хам дар ин чо мухочирон зиндаги мекарданд, он гох низоми бозтавлиди мухочирони нав бо танзими миёна нисбат ба мухочирони доимии ахоли ба қайд гирифта мешавад. Чунин воситаи хисоб аз он гувохи медихад, ки мухочирон низоми чои рафтанашонро нигох медоранд. Дар чунин холат бо дурнамои хисобот бе қайдгирии мухочирон амал намудан мумкин аст. Сипас, аз чои рафтанашон континенти мухочиронро аз рӯи синну сол бо низоми пештара ихтисор намуда ва дар рӯихати ахолии чои навашон илова намудан лозим аст.

Дар хақиқат кор, низоми бозтавлиди мухочиронро низоми чои рафтанашон ва низоми наву дигар низомхо, ки чой дошта бошанд, зимни тадричан гузариши аз як низом ба дигар низом дуруст намеояд. Низоми бозтавлиди мухочирон аксар мавридхо аз рӯи далелхои онхо (хичрати қисми оила, душвории чои нав, канда шудани алоқа бо чои пешина ва амсоли ин) муайян карда мешавад. Халли нисбатан дурусти вазифа истифодаи низоми махсуси бозтавлид ва хусусиятхои хоси онхоро тақозо дорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *