Фанни Туризм

Шаҳраки Ҳулбук

ШАҲРАКИ ҲУЛБУК – АСРҲОИ IX-XI

Ҳулбук – номи шаҳрест, ки дар 7 километрии шимолу шарқии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҷойгир шуда, имрӯз Қурбон-шаҳид ном дорад. Шаҳрак, ки имрӯз қариб пурра зери иншооти сохтмонии муосир мондааст, майдони бузургеро ишғол менамояд, ки қисмати марказии он ба 70 гектар баробар аст. Корҳои ҳафриётӣ дар ҳаҷми на он қадар зиёд дар қаламрави шаҳристон ва корҳои ҳафриётии бештар дар арки он гузаронида шудааст. Ҳангоми гузаронидани корҳои ҳафриётӣ дар шаҳристон маълум гардид, ки биноҳои истиқоматӣ аз хишти пӯхта сохта шуда, хишти хом низ гоҳе алоҳида ва гоҳе дар якҷоягӣ бо хишти пӯхта истифода бурда мешудааст. Хонаҳои истиқоматӣ ободу муҷаҳҳаз буда, деворҳо бо рангҳои сафед ва дигар рангҳо андова карда шудааст. Фаршҳо низ ботартибона бо чӯб пӯшонида шуда, ҳамчунин аҳолии шаҳристон тавассути қубур бо оби нӯшокӣ таъмин мегардид. Дар қаламрави шаҳристон устохонаҳои гуногуни ҳунармандӣ мавҷуд будааст.

Таҳкурсии росткунҷа (50 х 150 м) аз ду қисм иборат аст: қисми ҷанубиаш (5- х 50м) нисбатан баландтар, (15 метр аз болои маҳалли иҳотакардашуда) буда, қисмати шимолиаш хеле паст (10 метр аз болои маҳалли иҳоташуда) мебошад. Қариб пурра кофта шуда, дар қисмати шимолиаш корҳои ҳафриётӣ бештар гузаронида шудааст. Дар қаламрави арк қасре бунёд ёфтааст, ки ду давраи мавҷудиятро аз сар гузаронидааст.
Корҳои ҳафриётии шаҳристони Ҳулбук тасаввуроти моро дар бораи санъати меъмориву ороишии асримиёнагии Осиёи Миёна ба таври куллӣ дигаргун месозад. Беш аз панҷ ҳазор намунаҳои маҳсулоти ҳунармандии кандакорӣ, аз ҷумла лавҳаҳои пурнақшу нигор ва гаҷкоришуда дарёфт шудааст. Дар намунаҳои маҳсулоти аз шаҳристони Ҳулбук дарёфтшуда, нахустин лавҳаҳои ба мавзӯи набототу ҳайвонот бахшидашуда ва катибаҳои дар сари қабр гузошташуда пайдо карда шудааст.

1

Бозёфтҳои наққошиҳои деворӣ аҳамияти махсусеро касб кардааст. Аксари олимон бар ин назар буданд, ки санъати наққошии деворӣ бо густариши ислом дар Осиёи Миёна аз байн рафтааст. Аммо тибқи иттилои муаллифи асри XI — Байҳақӣ чунин намунаҳои наққошӣ дар қасрҳои ғазнавиён дар Афғонистон мавҷуд будааст ва ин гуфтаи муаллифро бозёфтҳо аз қасрҳои шаҳристони Ҳулбук тасдиқ месозад. Айни замон ба туфайли бозёфтҳои ёдгориҳои таърихӣ аз шаҳристони Ҳулбук ва Сайёд метавон хулоса намуд, ки ҳунармандии асримиёнагӣ дар Осиёи Миёна низ вуҷуд доштааст.
Дар шаҳристони Ҳулбук ба миқдори хеле зиёд зарфҳои биринҷиву шишагӣ ва сафолӣ дарёфт шудаст. Донаҳои шоҳмоти аз устухони фил сохташуда хеле ғайриоддианд. Ҳамчунин маҳсулоти аз санг сохташуда бозёфт гардидааст.Қасри поёнӣ дар давоми асрҳои IX-X ва болоӣ дар тӯли асрҳои XI-XII вуҷуд доштааст.
Дар шаҳристони Қурбон-шаҳид (Ҳулбук) корҳои ҳафриётӣ дар солҳои 1953-1954 гузаронида шудааст. Ҳамчунин аз ҷониби Е.А.Давидович ва Б.А.Литвинский аз соли 1957 то соли 1994 ва аз тарафи Ю. Ёқубов дар солҳои 2003-2006 низ чунин корҳо ба анҷом расонида шудааст.

1

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *