Фанни Туризм

Турист ҳамчун субъекти туризм

Якчанд навъи муайянкунандаи турист вуҷуд дорад, ки аз рўи аснодҳои меъёрӣ ва манфиатҳои иқтисодии давлат, ҷиҳати мутааллиқ будан ба ин ё он соҳа, ҷудо мешавад. То ҳанўз турист ифодаи комили худро пайдо накардааст, зеро то ҳоло коршиносон ба мафҳуми мазкур ифодаҳои гуногунро марбут медонанд.

Аввалин маротиба мафҳуми турист соли 1937 аз ҷониби кумитаи махсуси коршиносон оид ба масъалаҳои омори лигаи Миллатҳо матраҳ шудааст.

Туристон чунин хусусиятҳоро доро мебошанд:

— ҳаракат;

— омадан ба ҷои муваққатӣ дар вақти муайян;

— фориғ будан аз макони кори доимӣ;

— берун аз ҷои муқимии зист дар муддатҳои гуногун ва ғайра.

Таҳлили мушаххаси мафҳуми туристро Д. Фрехтлинг додаст. Дар натиҷа ў чор хусусияти асосии туристро ҷудо намудааст, ба монанди: мақсади сафар; намуди истифодаи воситаи нақлиёт; муддати будубош ва гузашти фосилаҳо.

1 Расми 8. Таснифоти ашхосони сайркунанда.

Тибқи тавсифи ТУТ СММ ба категорияи туристон аъзои сарнишинони ҳавопаймоҳои хориҷӣ ва киштиҳои баҳрию уқёнусӣ, ки дар мамлакати дигар муддати на камтар аз як шаб дар воситаҳои ҷойгиркунонӣ боқӣ мемонанд, шомиланд. Инчунин нафароне, ки ба шакли транзитӣ аз як кишвар ба кишвари дигар тавассути мамлакати мобайнӣ бо таваққуфи камтар аз як шабонарўз мегузаранд, ба саёҳатчӣ шомил мебошанд. Дар расми зер таснифоти ашхосони сайркунанда тибқи тавсили ТУТ СММ омадааст.

Бояд қайд намуд, ки ба категорияи саёҳатчиён бе назардошти омор аз поён:

— ашхосе, ки аз ҳудуди макони зисти доимиашон барои зист ва фаъолияти худ дигар кишварро интихоб менамоянд, ё дорои душаҳрвандианд;

— ашхоси бе ҷои зисти доимӣ ва кўчманчиён;

— гурезагони изборӣ;

— ашхосе, ки бо мақсади дарёфти маблағ ба дигар ҷой сафар менамоянд;

— намояндагони сохторҳои дипломатӣ;

— низомиёне, ки бе мақсади хизмати ҳарбӣ бо аъзоёни хонаводаашон бо фармоиш ба дигар макон сафар мекунанд;

-муҳоҷирони ғайри қонунӣ;
— маҳбусоне, ки аз як кишвар ба ватанашон интиқол дода мешаванд;

— сарнишинони воситаҳои гуногуни нақлиёт, ки дар ҷои ташрифотӣ қарор мегиранд ва ғайра.

Туристон аз рўи хусусиятҳои типолагӣ ба ду гурўҳ, яъне байналмилалӣ ва дохили ҷудо карда мешаванд.

Туристи байналмилалӣ — саёҳатчие, ки дар муддати на зиёда аз 12 моҳ ба мамлакати дигар, яъне берун аз макони зисти доимӣ ташриф меорад. Мақсади асосии ў на ба даст овардани манфиат, балки қонеъкунонии талаботҳои маънавию ҷаҳонбинӣ мебошад.

Туристи дохилӣ – муайян намудани ин ашхосон нисбатан мураккабтар аст. То ҳанўз коршиносони ТУТ СММ доир ба ин масъала нуқтаи назари муайян надоранд.

Дар бархе кишварҳо ба туристи дохилӣ ифодаи ба худ хос додаанд. Комиссия оид ба захираҳои миллии туристии ТУТ СММ туристи дохилиро ҳамчун ашхосе, ки зисти доимии худро ба мақсади сайр дар масоҳати на камтар аз 80,5, ки (50 мил) тарк менамояд. Ин гуна сафар дар худ мақсадҳои гуногун, яъне сафарҳои касбӣ, фароғати, хусусӣ ва дигарҳоро таҷассум менамоянд дохил кардааст.

Н.И. Кабушкин ва Н.И. Дурович туристи дохилиро чунин маънидод намудаанд: «Туристи дохили ин нафарест, ки аз муҳити зисти доимии хеш дар муддати на зиёда аз 12 моҳ берун мешаванд, вале ҳудуди кишварро тарк менамоянд».

Ҳамаи туристонро аз рўи нишонаҳои зерин: вобаста ба фаъолии онҳо ва сабки ҳаёт, таснифот намудаанд. Аслан туристонро аз рўи фаъолияташон ҳангоми рухсатии меҳнатӣ ба гурўҳҳо ҷудо менамоянд.1

Дўстдорони истироҳати ором. Намояндагони он бо мақсади берун шудан аз асабонияти ҳаррўза ба муҳити орому осуда сафар менамоянд.

Дўстдорони лаззат. Ин гурўҳи туристоне мебошанд, ки дар ҷустуҷўи навоварӣ буда, лаззатҳои гуногуну фазои дунявиро меписанданд.[1]

Дўстдорони истироҳати фаъол. Ин тоифа туристон табиатро дўст медоранд ва барои ҷисми худ захмати фаъолро раво мебинанд. Аслан рекреантҳоро ба ин гурўҳ шомил менамоянд. Рухсатии меҳнатии онҳо хусусияти талаботӣ низ дорад (сайругашт дар ҳавои тозаро меписанданд) ҳаводорони истироҳати варзишӣ.

Ин гуна туристон диққати худро бештар ба мусобиқаҳои варзишӣ равона намуда, барои онҳо варзиш ниҳоят муҳим аст ва варзиш ҳамчун восилаи саргармӣ аст.

Иштироккунандагон бо мақсади омўзиш ва ҷаҳонбинӣ. Ин гуна туристон барои баланд бардоштани донишомўзии худ фарҳанг, табиат, таърих, урфу одат, расму оин ва ғ машғуланд.

Ҳаводорони саргузаштҳо. Таваккал (риск)-ро дўст медоранд, яъне нафароне, ки дар ҷустуҷўи таассуротҳои ғайримуқаррарианд. Барои онҳо муҳим он аст, ки эҳсосоти таваккалиро ба худашон чӣ гуна қабул менамоянд.

Вобаста аз мақсадҳои тадқиқоти типологияи гуногуни туристонро ҷудо намудан мумкин аст. Яке аз паҳншудатарин хелбандиро коршиноси олмонӣ Г.Ган, аст, ки мувофиқ ба он туристон ба чунин хелҳо ҷудо мешаванд.

S-тин (олмонӣ. Sonne, Sand, See-офтоб, соҳили регӣ, баҳр). Истирохаткунандагони ғайрифаъоле, ки истироҳати лаби баҳру осоишгоҳро меписанданд ва дар ин асно муошират бо ашхосони хуштабъро низ қабул доранд.

F-mun (олмонӣ Ferme und Feiertorientierter Ereiebisur Lauber — шахси мушаххасе, ки сафарҳои дарозмуҳлати романтикиро дўст медоранд. Ба ин гуна ТИП афроде мансубанд, ки муддати сафарашон дурудароз аст ва бештари вақташонро дар соҳил (пляж) мегузаронанд.

W-1-mun. ( олмонӣ Wold und) Wanderorien tiert — дўстдорони гаштугузор дар ҷангал ва сайру гашт дар ҳудуди он.

Ин гуна туристон сайругашт, истироҳати фаъол ва пиёдагардиро дўст медоранд. Яке аз хусусияти ин гуна туристон он аст, ки фаъолияти ҷисмонӣ дар ҳавои тозаро новобаста аз боду ҳаво меписанданд. Кўшиш менамоянд, ҳолати ҷисмонии худро нигоҳ доранд, аммо ба варзиши касбӣ шуғл намеварзанд.

W-2-mun. Ин гуна ашхос варзишгар ба ҳисоб мераванд. Бештар ҳаракатҳои ҷисмонӣ — экстремалиро ба худ раво мебинанд. Ҳангоми интихоби шуғли туристӣ бештар кўҳнавардӣ, шиноварӣ дар дарёҳои кўҳӣ, делтоплан ва ғайраро дўст медоранд. Ба ин гуна туристон тамошои манзараҳои табиат, шиносоӣ бо фарҳангу таърих дуюмдараҷа ба ҳисоб меравад.

А-mun (олмонии bilding undbesichligung – омўзишӣ ва тамошои мавзеҳои тамошобоб). Ин гуна туристони ҷустуҷўгар ба 3 гурўҳ ҷудо мешаванд:

— «экспертҳо (таҳлилгарон) »-ҷамъовардагони ашё (колексионерҳо), ки аз ҷойҳои тамошобоб дидан ба амал меоранд;

— «эҳсосотӣ» — алоқамандони фарҳанг ва табиат;

— «мутахассисон». Ин гуна туристон дониши худро асосан дар самти фарҳанг, таърих, саноат ва ғайра сайқал медиҳанд.

Мақсадҳо ва моҳияти туристон. Дар ин бахш якчанд мақсад ва моҳияти ҷалби туристони хориҷиро таҳлил бояд намуд.

Коршиносон чунин моҳиятҳои асосиро нишон додаанд:

— омўзиш ва шиносоӣ бо фарҳанги навин, тарзи зиндагӣ ва расму оин;

— пайдо кардани ошноӣ бо марказҳои фароғатӣ, ҳаёти шабонаи шаҳр, имконияти дидан аз тарабхонаҳои хуб, дискотекаҳо ва дигар муассисаҳои дилхушӣ;

— имконияти будан дар тарзи дигари ҳаёт, озодона харҷ намудани маблағ, ки муҳлати дуру дароз ҷамъ шудааст;

— табдили шароити зист, осудагӣ ва истироҳат;

— боздид аз театрҳо, ширкат дар фестивалҳо ва намоишҳо;

— мулоқот бо одамони наҷиб;

— омўзиши шароит барои пешбурди тиҷорат дар кишвари маҳсубшуда;

— хариди армуғон ва тўҳфаҳо;

— истироҳат дар соҳили баҳр, варзиш, варзиши зимистона;

— табобат ва мақсадҳои солимгардонӣ;

— мақсадҳои динӣ, аёдат;

— вохўри бо пайвандон ва дўстон.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳо. Ҳангоми омодагии турист ба сафар ва дар вақти ҳаракат инчунин ҳаракати транзитӣ, турист ҳуқуқ дорад:

— ба гирифтани иттилооти зарурӣ ва ҳақиқӣ оид ба қоидаҳои вуруд ба кишвар ба ҷои истиқоматии мувақатӣ;

* оид ба анъанаҳои мардуми маҳаллӣ;

* расму оинҳои динӣ, оромгоҳҳо;

* ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва дигар объектҳои туристии тамошобоб, ки зери ҳифзи махсус қарор дорад;

* ҳолати муҳити атроф.

— озодии ҳаракат, дастрасии захираҳои туристӣ бо назардошти меъёрҳои маҳдудшудаи кишвар;

— таъмини бехатарии шахсӣ, ҳуқуқҳои истеъмолӣ ва ҳифзи моликияти ў;

— инчунин бемамониат гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ;

— ҷуброни хисорот ҳангоми зиёни маънавӣ дар ҳолатҳое, ки шарти қарордод иҷро мегардад. Хариду фурўши маҳсулоти туристӣ аз ҷониби туроператорон ё туристон тибқи қонуни содиршуда;

— дастрасии бемамоният ба воситаҳои алоқа.

Уҳдадориҳои турист:

  • Риояи қонунҳои мамлакат ё маҳалли ташрифотӣ;
  • Эҳтироми оинҳо ва анъанаҳои маҳаллӣ;
  • Нигоҳдорӣ ва ҳифзи муҳити табиии атроф ва ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии кишвар;
  • Риояи қоидаҳои вурудӣ ба кишвар ва хуруҷ аз он, инчунин дар кишварҳои транзитӣ;
  • Ҳангоми сафар риояи бехатарии шахсӣ ва молу мулки худ.

Алоқамандии туризм бо дигар илмҳои таркибӣ

Зарурияти омўзиши фаъолияти туристӣ аз аҳамияти рузафзуни ҳатмии ҷамъиятӣ ба вуҷуд омадааст. Дар бахши иқтисодӣ, туризм як шакли даромадноки фаъолияти тиҷоратӣ маҳсуб ёфта, он боиси фаъолгардии равандҳои иқтисодӣ мегардад, ба монанди:

— афзоиши вуҷуди сармоя ва даромад;

— рушди муассисаҳои нақлиётӣ, алоқа, хўроки умумӣ;

— сохтмон;

— ташкили ҷойҳои корӣ ва ғайра.

Аҳамияти иҷтимоӣ – фарҳангии туризм дар нигоҳдошти мероси фарҳангӣва арзишҳои таърихӣ зоҳир мегардад.

Туризм ба инкишофи сатҳи маърифатнокӣ ва иқтидори фарҳангии кишвар, минтақа, шаҳр ё ҷои мушаххас таъсир мерасонад. Дар бахши иҷтимоӣ -сиёсӣ туризм ҳамчун воситаи муносибатҳои мусбии байни мамлакатҳои гуногун сулҳу ваҳдат, манфиатҳои дуҷониба ва эҳтироми онҳоро ба вуҷуд меорад.

Падидаи туризм дер боз шинохта шудааст, аммо туризм ҳамчун илми навин мебошад. Раванди ташаккулёбӣ қарор дорад ва ба илмҳои зиёди соҳавӣ такя менамояд.

Фанҳои махсуси соҳавии туризм ба монанди иқтисодиёти туризм, географияи рекреатсионӣ, туризми экологӣ, биосфера ва туризми педагогика ва равандшиносии туристӣ, менеҷменти туризм, бехатарии туризм, технологияи иттилоотӣ дар туризм, рекреалогия, падидашиносии туристӣ ва ғайра ҷадидан ба миён омадаанд.

Бо назардошти рушди илми туризм ва дар заминаи тадқиқоти мутахасисони туризм чунин алоқамандии фанҳои таркибӣ ба миён омадаст:

Туризм ва география. Дар асоси таъсироти мутақобила географияи туризм, географияи рекреатсионӣ, мамлакатшиносии туристӣ, минтақашиносии туристӣ, туризми минтақавӣ ташаккул ёфтааст.

Гузашта аз ин таъкид бояд намуд, ки туризм яке аз соҳаҳои асосии география маҳсуб меёбад;

Туризм ва иқтисодиёт дар асоси ин самти нав — иқтисодиёти туризм ба амал омадааст. Инчунин робитаи туризм ба иқтисодиёт зич буда, он падидаҳои нави иқтисодиро ба амал меорад;

Туризм ва фалсафа таъсири мутақобила боиси пайдоиши самти нав, ба монанди фалсафаи туризм, падидашиносии туризм ва саёҳат, фалсафаи меҳмондорӣ ва ғайра гардидаст;

Туризм ва иҷтимоиёт ба тавлиди чунин самт туризми иҷтимоӣ сабаб мегардад, зеро дар туризм симои асосӣ — истеъмолкунанда аст, ки дар ин ҳол моҳияти илмҳои иҷтимоӣ боло меравад;

Туризм ва иттилоот, техника, технология алоқамандии чунин шакл боиси пайдоиши илмӣ — амалии самтҳои нав — технологияи иттилоотӣ дар туризм, техника ва технологияи туризм мегардад;

Туризм ва экология. Дар натиҷаи бархурди туризм ва экология ягона самтҳои илмӣ ба монанди истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии туристӣ, экологияи туризм, туризми экологӣ, бехатарии экологӣ дар туризм ва ғайра ба вуҷуд меоянд;

Туризм ва ҳуқуқ — туризм чун дигар бахшҳои хизматрасонӣ танзими махсуси ҳуқуқиро талаб менамояд. Дар нимаи дуюми асри гузашта як қатор самтҳои назария ва амалияи туристӣ — ҳуқуқи туристӣ ташаккул меёбанд;

Илмҳои интихобӣ дар туризм.

Дар бисёр корҳои илмӣ мавҷудияти илми комплексӣ дар туризм инкор мегардад. Ғайр аз ин зарурияти ҷудо намудани тахассусият оид ба туризмро зарур намушуморанд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *