Фанни Туризм

Фаъолияти тураператорӣ ва оҷонсии туристӣ

Муассисаҳои туристӣ ва шаклҳои онҳо

Дар таҷрибаи байналмилалӣ одатон муассисаҳои бизнеси туристиро аз рўи хусусиятҳои қонеъгардонии талаботи туристӣ ба чор гурўҳ тақсим менамояд;

  1. муассисаҳои миёнарав ва ташкили туризм (тураператорҳо ва турагентҳо);
  2. муассисаҳои нақлиётӣ;
  3. муассисаҳои, ки раванди фаъолияти ҳаётии туристонро дар вақти сафар (ҷойгиркунонӣ ва хўроки умум) таъмин менамояд;
  4. муассисаҳои хадамоти дорои ҷолибият буда (гузаронидани чорабиниҳои фароғатию саргармӣ).

Муассисаҳои гурўҳӣ аввал ҳамчун фурўшандагони хизматрасонии туристӣ ва муассисаҳои гурўҳҳои 2-юм, 3-юм ва 4-ум ҳамчун иҷрокунанда маҳсуб меёбанд.

Аслан дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ба ташкили фаъолияти туристӣ сохторҳои савдоӣ – миёнарави махсуси яклухт ва чакана, яъне оҷонсҳои туристӣ, ширкатҳои туристӣ, корпоратсияи туристӣ машғуланд. Ширкатҳои туристӣ чун қоида сафарҳои байналмилалӣ ва сайру саёҳатро амалӣ наменамоянд, балки иҷроиши ингуна хизматрасониро ташкил менамоянд. Оҷонсҳои туристӣ ширкатҳои фурўши чаканаи хизматрасонии туристиро дар бар мегиранд, ки дар робитаи бевосита бо истеъмолкунандаи ниҳоӣ қарор доранд. Онҳо ниҳоди фосилавӣ миёни туристон – мизоҷон ва муассисаҳое, ки ба хизматрасонии дар давраи сафар машғуланд, баромад менамоянд. Ширкатҳои туроператорӣ фурўшандагони яклухти хадамоти туристӣ буда, асосан бо оҷонсҳои туристӣ ва муассосаҳои индустрияи туристӣ дар робитаи зич қарор доранд. Дар баъзе ҳолатҳо муассисаҳои тураператорӣ метавонанд сайрҳои махсуси (эксклюзивтур) фармоишии инфоиродиро ташкил намояд. Мақоми туроператор ва турагентҳо дар бозори туристӣ дар расми зер оварда шудааст.

Описание: Описание: Безымянный

Расми 26. Мақоми турагент ва туропрератор дар бозори туристӣ

Корпаратсияҳои туристӣ ба ҳайати худ ширкатҳо ва ташкилотҳои гуногуне, ки пурра ё қисман ба бизнеси туристӣ машғуланд (аз идораи суғурта ва сайёҳи то оҷонсҳои нақлиётӣ, меҳмонхонаҳо ва кемпингҳо) — ро муттаҳид менамоянд.

Туроператорҳо ҳамзамон фарогирандаи ширкатҳо ва муассисаҳои туристӣ мебошанд.

Ширкат – воҳиди субекти иктисодиест, ки бо истифода аз захираҳои иқтисодӣ ба истеҳсолу хизматрасонӣ машғул аст, ё бо ибораи дигар ташкилотест, ки дорои якчанд муассиса буда, захираҳои истеҳсолиро барои истеҳсоли молу хизматҳо бо мақсади ба даст овардани фоида истифода менамояд.

Муассиса – маҷмааи амволиест, ки амволи манқул ва ғайриманқул, қарз, ҳуқуқ ба моликияти интелектуалиро дар бар мегиранд. Аксаран муассиса ҳамчун объекти идорӣ аз ҷониби соҳибмулк (давлат, ҳукумати маҳаллӣ, ширкатҳо) ё роҳбари муассиса баромад менамояд. Муассиса: дорои нишонаҳои зерин ба монанди мақоми юридикӣ, ҳуқуқҳои муайян ва уҳдадориҳо, номи муассиса, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва ғайра мебошад.

Дар таҷрибаи бизнеси туристӣ муассисаҳои туристиро ҳамчун ширкатҳои туристӣ ном мебаранд. Ширкат субъекти мустақили хоҷагидорист, ки дарои мақоми шахси ҳуқуқӣ ва моликият аст. Ширкати туристӣ унвони шартӣ дорад. Ин ифодагари он аст, ки ба хизматгузорӣ даҳҳмуассисаҳо, ки ба туризм робита надоранд, машғуланд. Масалан: парки автомобилӣ, марказҳои савдо ва ғайра. Ширкати туристӣ ташкилоти тиҷоратиест, ки ҳадафи асосии фаъолияти он аз ҳисоби пешниҳод намудани навъҳои гуногуни хизматрасонӣ, ба даст даровардани фоида мебошад. Ширкатҳои туристиро аз рўи таснифот метавон ба гурўҳҳои зер тақсим намуд:

аз рўи намуди моликият: давлатӣ, маҳаллӣ, хусусӣ, моликияти ташкилоти ҷамъиятӣ, кооперативӣ, муштарак ва ғайра;

— аз рўи шакли ташкили ҳуқуқӣ: ташкилоти дастаҷамъонаи комил, ки аъзоёни он вобаста ба шартномаи тарафайн фаъолияти соҳибкории худро аз номи ташкилоти дастаҷамъона пеш мебаранд;

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд (ҶДММ), ки сармояи оинномавии он ба саҳмҳо тақсим шудааст;

Ҷамъияти дорои масъулияташ иловагӣ (ҶДМИ), аъзоёни он масъулияти иловагиро оид ба уҳдадориҳои ҶДМИ якчанд маротиба аз арзиши маблағи гузошташуда бар дўш доранд;

Ҷамъияти саҳҳомӣ (ҶС), сармояи оинномавӣ миёни теъдоди муайяни саҳмияҳо тақсим шудааст, саҳҳомон аз рўи масъулият ба хавфи зарари ба корхона расонда ҷавобгар нестанд. Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ кушода ва пўшида мешаванд. Ҷамъияти саҳҳоми шакли кушода (ҶСШК), чунин шакли муассисаест, ки дар он саҳҳомон бе розигии ҳамдигар метавонанд саҳмияи худро фурўшанд. Ҷамъияти саҳомии шакли пўшида (ҶСШП), чунин муассисаест, ки дар он саҳмияҳо танҳо миёни муассисон тақсим мешавад;

Кооперативӣ – муттаҳидшавии ихтиёрии одамон дар асоси аъзогӣ барои фаъолияти ҳамҷояи истеҳсолӣ ва хочагидорӣ, ки ба меҳнати шахсии онҳо ва ё маблағи гузашташудаашон асос ёфтааст.

Корхонаи воҳидии давлатӣ ва маҳаллӣ – ташкилоти тиҷоратие, ки ба ягон моликияти хусусии шахси муайян таалуқ надорад;

Ташкилотиҷамъиятӣ (иттиҳодияи ҷамъиятӣ)

— иттиҳодияи ихтиёрии одамон дар асоси ягонагии манфиатҳо барои қонеъгардонии талоботҳои маънавӣ ва ғайра.

Боиси зикр аст, ки дар таҷрибаи бизнеси туристӣ бештар ҶДММ ва ҶДШП паҳн гардидааст. Аз рўи мақсад ин гуна ширкатҳо тиҷоратӣ ва ғайри тиҷоратӣ мешаванд.

Аз рўи фаълият дар минтақаҳо. Дар туризми байналмилалӣ миёни истеъмолкунандагон ва иҷрокунандагони хадамоти туристӣ одатан ширкатҳои туристии миёнарав амал мекунанд. Онҳоро ба ширкатҳои истеъмолкунандаи хизматрасонии туристӣ ва ширкатҳои иҷрокунандаи туристӣ ҷудо менамоянд.

Аз рўи намуди туризм, маҳсулоти туристӣ ва сегменти (ҷузъ) бозор. Вобаста ба ин ширкатҳои туристӣ ба ширкатҳое, ки ба рекреатсия ва табобат, саёҳат, навъҳои туризми мардумшиносӣ ва таассуротӣ, варзишӣ, саргузаштӣ, ҷавонону донишҷўён, хонаводагӣ, фардӣ, гурўҳӣ, оммавӣ ва навъҳои тахассусӣ машғуланд, ҷудо мешаванд.

Аз рўи муносибат ба иҷрокунандагон ва истеъмолкунандагони хизматрасонии туристӣ ширкатҳои туристӣ ба туроператорҳо ва туроҷонсҳо тақсим мешаванд, ки ин яке аз тақсимоти асосии ширкатҳои туристӣ ба шумор меравад. Пайдарпайи ташкили муассисаи туристӣ дар расми зер оварда шудааст (Расми 27).

Описание: Описание: Безымянный

Расми 27. Марҳилаҳои ташкили ширкати туристӣ.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *