Фанни Туризм

Индустрияи маводи ғизоӣ, фароғат ва дилхушии туристон

Пешниҳоди ғизо ҳамчун хизматрасонии ҳатмӣ дар таркиби маҳсулоти туристӣ шомил набуда, метавонад дар раванди амалинамоии сайр пешниҳад нагардад, аммо фаромўш набояд кард, ки ғизо барои инсон талаботи физиологист. Аз ин рў ташкилкунандагони сайр ин гуна шакли хизматрасониро низ ҷорӣ менамоянд. Ба ақидаи коршиносони соҳаи туризм муассисаҳои ғизо барои туристон чунин тасниф шудаанд:

аз рўи навъи муассиса: тарабхона, қаҳвахона, ошхона, чойхона, нуқтаҳои хўроки зуд омодашуда;

намуди моликият: хусусӣ ва иҷорашуда;

мавқеи ҷойгиршавӣ;

усули хизматрасонӣ: пешхизматгузорон, худхизматрасонӣ, хизматрасонии омехта;

дараҷанокӣ: «люкс», «олӣ», «навъи якум», «бе категория»;

номгўи ғизо: хўроки интихоби васеъ, хўрокҳои ошхонаи миллӣ, хўрокҳои ғайримуқаррарӣ (экзотикӣ);

режаи хизматгузорӣ: субҳона, мизи шведӣ, ғизои махсус (парҳезӣ, вегетарианӣ ва ғайра), фармоишӣ ва ғизои кўдакон.

Навъҳои асосии муассисаҳои пешниҳодкунандаи ғизоро дар таҷрибаи ташкили саёҳатҳои туристӣ таҳлил менамоем.

Тарабхона – муасссисаҳои ғизои дастраси умум, одатан бо номгўи гуногуни васеи ғизо мебошанд. Аз рўи ҷои нишаст тарабхонаҳои хеле хурд (10-15 ҷои нишаст) ва калон (500 ҷои нишаст ва зиёда аз он) мешаванд. Дар тарабхонаҳо дараҷаи баланди хизматрасонӣ мушоҳида мешавад.

Қаҳвахона – ин муассисаест, ки дар номгуи нушобиашон ҳатман якчанд навъи қаҳва вуҷуд дорад, инчунин нўшокиҳои спиртӣ ба монанди ром, ликёр, коняк, оби ҷав ба мизоҷон пешкаш мегардад.

Ошхона – муассисаи ғизоест, ки дар он аслан маҳсулотҳои ғизоии истеҳсоли худӣ пешниҳод мегардад. Ошхонаҳо одатан дар меҳмонхонаҳои дараҷаи якум, курортҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таҳсилотӣ ташкил мегарданд.

Питсерия – муассисаест, ки ба омода ва фурўши питса махсус гардонида шудааст. Солҳои охир питсаи итолиёвӣ маъмул гардида дар тамоми гўшаҳои ҷаҳон питсерияҳо кушода шудаанд. Номгўи якчанд навъи питса, оби маъданӣ, шарбат ва майро дар питсерияҳо ташкил медиҳад.

Чойхона – аслан муассисаи хўроки миллиест, ки дар номгўашон якчанд намуди чой, хўрокҳои миллӣ ва шириниҳои миллӣ мавҷуд мебошад.

Асосан дар чойхона номгўи нўшокиҳои спиртӣ мавҷуд набуд, аммо солҳои охир ба номгўй нўшокиҳои спиртиро ворид намудаанд. Боиси тазаккур аст, ки тарҳи бинои чойхона бояд хусусияти миллиро таҷассум намояд ва пешхизматон дар тан либоси миллӣ дошта бошанд. Дар солхои охир ин анъанаҳо дар чойхона чандон риоя намегардад.

Майхона (бар) — дар кулли кишварҳои ҷаҳон мавҷуд аст. Ин муассисаҳои махсусонидаи зудхизматгузорӣ аст, ки баҳри фурўши нушобаҳои омехта бо анвои гуногун равона гардидаанд. Дар майхонаҳо инчунин фурўши махсулотҳои қаннодӣ баъзан хўрокҳои гарм пешкаш мегардад. Таъиноти асосии майхона ин ба меҳмонон фароҳам овардани имконияти истироҳат, гуш намудани мусиқӣ ё тамошои бозиҳои футбол мебошад.

Муассисаҳои хўроки зудомодашаванда — дар ҷаҳон хеле маъмул гаштаанд. Туристон ба ин гуна муассисаҳо чи фардӣ ва ҳам гурўҳӣ ташриф меоваранд. Машҳуртаринаш Fast Food,Mc Donalds, Burger King барои тайёр намудани гамбургерҳо махсусгардонида шудаанд. Pizza Hut барои таҳияи питса равона шудааст. Дар Фаронса Fnac барои номгўи васеъи хуруши (салад) сабзавотӣ ва десертҳои мевагию қаннодӣ махсус гардонида шудааст. Дар кишвари Олмон Njrdsee ғизоҳои аз маҳсулотҳои баҳрӣ ва хуришҳое, ки аз моҳӣ, сабзавот бо шарбатҳо омода шудааст, пешкаш менамояд.

Якчанд намудҳои ғизонома (меню) вобаста ба шакли хизматрасонӣ вучуд дорад «А-ля карт» — ғизономае, ки дар он ҳар як намуди хўрок бо нархи ҷудогона нишон дода шудааст.

Ин навъ ғизономаҳо дар тарабхонаҳои арзиши баланд дошта бо хизматгузории усули фаронсавӣ амалӣ мешавад.

«Таблдот» — ғизономае, ки хўрокҳо бо нархи маҷмуавӣ нишон дода шудаанд. Дар нарх аз ғазак (закуска) то десерт арзиши он дохил шудааст. Солҳои охир, «мизи шведӣ» хеле маъмул гаштааст. Дар мизи шведӣ тамоми анвои намудҳои ғизо гузошта шудааст ва худхизматгузорӣ риоя мешавад.

Навъҳои зерини ташкили ғизо дар меҳмонхонаҳо вуҷуд дорад ва моҳияти байналхалқии он нишон дода шудааст (Ҷадвали8)

Ҷадвали8. Навъҳои ташкили ғизо ва нишонаи байналхалқии онҳо.

Ташкили ғизо Нишонаи байналхалқӣ
Бе ташкили ғизо RO
Субҳона BB(гарни)
Ғизои 2 маротиба (субҳона, нисфирузӣ ё субҳона, хўроки шом) HB(нимпансион)
Ғизои 3 маротиба (субҳона, хўроки нисфирўзӣ, шом) FB(пансиони пурра
Ғизоҳои гуногуни беохир, бемаҳдудияти муҳлати истеъмоли ғизо арзиши ин хизмат ба арзиши хатсайр дохил карда шудааст— ALL inclusive(ALL-ҳама дар якчоягӣ)
Ғизои 4 маротиба бо истеъмоли ғазак ва нушокиҳои алкоголию ғайриалкоголии истеҳсоли маҳаллӣ дар давоми шабонарўз (то 24.00)— Ultra all inclusive(Uai- ултра ҳама дар якҷоягӣ)
Ғизои 4 маротиба ва имконияти истеъмоли газак бо нушокиҳои алкоголӣ ва ғайриалкоголӣ дар давоми рўз (то 24.00)— Extra all inclusive(eal-экстра ҳама дар якҷоягӣ)

Индустрияи фароғат ва дилхушӣ. Фароғат ва дилхушӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини фаъолияти туристӣ ба шумор меравад. Ҳангоми фароғат инсон талаботи руҳии хешро қонеъ гардонида, қобилияти кориаш фузун мегардад. Фароғату дилхуши ҳам дар муҳити табии ва ҳам дар муҳити инсон ташкил гардида, амалӣ мешавад. Индустрияи дилхушӣ бо мақсади ташкилу пешниҳоди шароитҳо баҳри дилхушию фароғати туристон арза мегардад. Ба индустрияи дилхуши муассисаҳое шомиланд, ки фаъолияти онҳо ба қонеъгардонии талаботҳои инсон барои дилхушӣ алоқаманданд. Аз рўи хусусият ба ингуна муасисаҳо сирк, боғи ҳайвонот, атраксион, бозиҳои шавқовар, боғи фарҳангӣ — истироҳатӣ, шахракҳои махсуси ҳаракаткунанда дохил мешаванд. Ҳамзамон синамо, кохҳои консертӣ ва гурўҳи ҳунармандони ҳаваскор, театрҳо, осорхонаҳои таърихӣ, наққошӣ ва мардумшиносӣ дохиланд. Ғайр аз ин дар таъмини раванди дилхушӣ ба туристон ҳавзҳои шиноварӣ базаҳои лижатозӣ, толорҳои варзишӣ, клубҳо низ нақши муассир доранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамоишҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои соҳавӣ ва китобхонаҳо низ дар ташкили фароғату дилхуши фаъоланд. Ба хусусиятҳои асосии раванди дилхушӣ:

— интихоби озоди дилхуши аз ҷониби инсон:

— номгўи бемаҳдуди намудҳои дилхушӣ:

— омодагии қаблии шахс дар истифода ва иштирок дар чорабиниҳои фароғатӣ:

— омехтанамоии фароғат бо дигар шаклҳои машғулият (масалан: истироҳат ва фароғат, варзиш ва фароғат, фароғат ва таҳсил):

— истеъмоли даврии фароғат дохил мешаванд.

Усул ва услуби фароғат вобаста ба эҷоди ташкилкунандагон беҳудуд аст. Зиёда аз 110 намуди маъмули ташкили фароғат вуҷуд дорад. Масалан як турист ҳангоми боздид аз шаҳри Париж мехоҳад аз осорхонаи Лувр дидан намояд, дигаре бошад ба «Евро Дисней» ихтирооти аҷоиби Уолт Дисней ташриф оварад.

Дар ҳар як марказҳои бузург боғҳои атраксионӣ, яъне арғунчакҳо, чархофалаки намоишӣ, утоқҳои ханда бо оинаҳои ғайримуқаррарӣ ва ғайраҳо. Солҳои охир баҳри ташкили фароғати дилхушии туристон дар кулли шаҳрҳо казиноҳо, ташкил гардида, фаъолият менамоянд.

Мафҳум, вазифа ва аҳамияти аниматсия. Мафҳуми аниматсия калимаи лотини буда (anima-бод, хаво, рух: animates-рўҳбаландӣ) маънояш рўҳбаландӣ, илҳом гирифтан, танзими неруи ҳаёт ва ҷалби фаъолият мебошад. Вожаи «аниматсия» нахустин бор дар ибтидои асри 20 дар Фаронса бо сабаби тағйир додани қонун оид ба фаъолият ва ҷалби бештари таваҷҷуҳ ба фарҳанг ва фаъолияти ҳунари бадеӣ, ворид гардид.

Аниматсия — хизматрасонии хос ба шумор рафта, мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ мебошад. Ҳамзамон шакли хоси таблиғот ба ҳисоб рафта, ҷалби такрори меҳмонон ва ҳамкорони онҳо мебошад, ки мақсади пешгирифтаи он интиқол додани маҳсулоти туристӣ ба бозор барои баланд бардоштани фоиданокӣ ва даромаднокии бизнеси туристӣ равона гардидааст. Аниматсия – шакли фаъолияти гуногуни туристӣ буда, он дар муассисаҳои туристӣ (туркомплексҳо, меҳмонсаройҳо, киштиҳои даври олам, қатораҳо ва ғайра) иҷро мегардад. Вазифаи он дар ин муасисаҳо туристонро ба чорабиниҳои гуногуне, ки бо барномаҳои махсуси тарҳрези шудаи фароғатӣ — дилхушӣ ҷалб намудан аст.

Барои фаҳмиши пурраи моҳияти фаъолияти аниматсионӣ дида баромадани мазмун, мақсад ва вазифаҳои раванди аниматсионӣ зарур аст. Зеро моҳияти ҳар як хадамоти аниматсионӣ қонунияти мушаххаси хос дорад (қонуниятҳои мавзугӣ, ҳасосиятӣ, фаъолнок, мақсаднок ва ғайра). Раванди аниматсионӣ мақсад ва вазифаҳои дар пеш гузоштаро инъикос менамояд, ки дар расми зерин нишон дода шудааст:

Расми 23. Равандҳои аниматсионӣ

Аниматсияи туристӣ — хадамоти туристиест, ки тавассути рафтори фаъол намудан ба турист пешниҳод гардида, ба ин васила ҷалб карда мешавад. Он ба робитаи мутақобилаи туроператор ва турист ҷихати амалинамоии барномаи таҳрезигардида алоқаманд аст. Аниматсияи туристӣ – қисми муҳимтарини маҷмўи фаъолиятҳо дар муассисаҳои туристӣ (дар мехмонхонаҳо, тарабхонаҳо, дар киштиҳои бузург ва ғайра) мебошад. Ин на танҳо саргармӣ буда, балки инъикоскунандаи дараҷаи баланди касбии фаъолияти туристӣ маҳсуб ёфта, қисмати асосии таркибии маҳсулоти туристӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рў мисли дигар фаъолиятҳо дар муассисаҳои туристӣ, аниматсия бояд ба нақша гирифта шавад. Бинобар ин бо фаъолияти мураттабгардида аз ҷиҳати захираҳои моддӣ, молиявӣ ва мутахассисин таъмин бошад.

Мақсади ниҳоии аниматсияи туристӣ қонеъгардонии турист аз истироҳат, табъи болидаи ў, эҳсосоти мусбӣ, таассуроти гуворо, барқарорнамоии нерўи ҷисмонию равонӣ мебошад.

Дар таҷрибаи кори аниматсионӣ барои тарҳрезии мақсадноки барномаҳо вазифаҳои зерини аниматсияи туристиро ҷудо намудан мумкин аст;

Мутобиқшавӣ – имкони гузаштан аз ҳолати рўзмарра ба ҳолати фароғатӣ;

Ҷубронӣ – фориғшавии инсон аз хастагии ҷисмонию равонии ҳаёти рўзмарра;

Оромишӣ – ба вуҷудории эҳсосоти мусбӣ ва оромии руҳӣ;

Иттилотӣ – имкони гирифтани иттилооти навин оид ба кишвар, минтақа, одамон:

Маърифатӣ – пайдо намудани донишҳои нав ба нав оид ба олами иҳотанамуда:

Таблиғотӣ – тавассути барномаҳои аниматсионии турист ба барандаи таблиғот оид ба кишвар, минтақа, маҷмўаи туристӣ, меҳмонхона, ширкати туристӣ табдил меёбад.

Яке аз типҳои муҳими аниматсияи туристӣ, аниматсияи рекреатсионӣ ба шумор меравад, ки дорои шакли зерин аст (расми..).

Расми 24. Гуногуншаклии аниматсияи рекреатсионӣ

Аниматсияи рекреатсионӣ — шакли фаъолияти фароғатиест, ки ба барқарорнамоии нерўи ҷисмонию рўҳии инсон равона гардидааст. Барномахҳои фароғатӣ, ки бо ҳадафҳои рекреатсионӣ амалӣ мешаванд, аз ҷониби муассисаҳои курортию туристӣ гузаронида мешаванд.

Аниматсияи туристӣ — ин фаъолияти гуногуншаклии туристиест, ки дар муассисаи туристӣ, воситаҳои нақлиёт (киштиҳои ҷахонгард, қатора, автобус) ва ё макони ташрифи туристон (дар майдони шаҳрӣ, театр ё боғи шаҳр) амалӣ мегардад, ки туристонро ба чорабиниҳои махсуси таҳрезигардидаи фароғат ҷалб менамояд.

Ҳангоми барномарезии аниматсияи туристӣ як қатор хусусиятҳо ҷиҳати ҷолибтар гузаронидани барнома ба инобат гирифта мешавад. Чунончӣ:

— миллияти туристон:

— ҳайати ҷинсӣ (занон, мардон, омехта):

— синну соли онҳо (кўдакон,ҷавонон, калонсолон, пиронсолон, омехта):

— теъдод (фардӣ, гуруҳӣ, оммавӣ):

— фаъолнокии аъзоёни гуруҳ (фаъол ва ғайрифаъол)

Ғайр аз ин аниматсияи туристӣ аз рўи муҳимият, афзалият ва ҳаҷми барномаи аниматсионӣ дар таркиби барномаи умумии саёҳат, ба се типи асосӣ тақсим мешавад:

Самтҳои туристӣ

  1. Аниматсионӣ – сафарҳои мақсадноки туристӣ ба хотири як барномаи аниматсионӣ, яъне фарҳангию маърифатӣ, фолклор, илмӣ, санъатшиносӣ, ҳамоишӣ, ҷашнворагӣ, хаводорони бозиҳо дар казино ташкил гардидааст.

2. Хизматрасонии иловагии аниматсионӣ — барномаи аниматсионие, ки ҳангоми таваққуф дар бандарҳо, истгоҳи автобус ва ё дар саристгоҳи роҳи оҳан ташкил мегарданд.

З. Аниматсия дар меҳмонхона — хизматрасонии маҷмаавии рекреатсионии меҳмонхона, яъне баландбардории сатҳу сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхона, ки ин яке аз стратегияҳои муҳими маркетингии меҳмонхона ҷиҳати ҷалби туристон мебошад. Бо ибораи дигар аниматсияи меҳмонхона фаъолияти фароғатиест, ки аз ҷониби меҳмонхона, меҳмонсаро ва ё маҷмааи туристӣ барои меҳмонон пешкаш мегардад.

Коршиноси рус Л.В. Курило типи дигари аниматсияи туристиро пешниҳод менамояд (ҷадвали …).

Ҷадвали 9. Типологияи фаъолияти аниматсионӣ.

Намуди аниматсияи туристӣ шакли шуғли аниматсионӣ
Туристи солимгардонӣ сайр, ҳамоиш, мусобиқаи туристӣ
Варзишӣ — солимгардонӣ мусобиқаи варзишӣ, фитнес, спартакидаҳо
Тамошоӣ – солимгардонӣ ҷашн, конкурс, карнавал, ярмарка, дискотека
Маърифат — солимгардонӣ саёҳат, сўҳбат, викторина, мусобиқаи донишандўзон,омўзиши ҳунар, рақс ва ғайра
Маҷмаавӣ саёҳати омехта, сайри рўзмарра истироҳатӣ, ширкат дар шоу-барнома.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *