Фанни Туризм

Сари хосор

САРИ ХОСОР

Сари Хосор пораест аз сарзамини кӯҳистони Тоҷикистон ва гӯшаи басо зебоманзари он. Ин гушаи афсонавии табиати Тоҷикистон дар силсилакӯҳҳои Вахш дар қисмати болооби дарёи Сурхоб, тақрибан дар баландии 1200 -1600м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, марказии маъмурияш деҳаи Шаҳидон, аз соли 1996 дар ҳайати ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъсис дода шудааст.
Минтақаи Сари Хосор дорои мавзеҳои бойи реакреатсионӣ мебошад. Дар оғӯши Сари Хосор ёдгориҳои нодири таърихию табиӣ хело зиёданд, ки доир ба зиндагӣ, урфу одат ва касбу ҳунари мардуми ин сарзамин маълумоти басо равшан медиҳад.
Релефи Сари Хосор басо мураккаб буда, бо гуногуншаклии худ аз дигар манотиқи Ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Сохти ландшафташро пасткӯҳҳо, доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои баланд ташкил медиҳад. Қисмати зиёди релефи ин мавзеро миёнакӯҳҳо ташкил намуда, онҳо дар баландии 1200-3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Баландии фосилавии сарҳади ин мавзеъ бошад 1200-3500м., аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад. Ин ҳудуд худ муайянкунандаи гуногуншаклии системаи экологии ин мавзеъ мебошад. Гидрографияи Сари Хосорро дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Шӯробдарё ва Шаршараи Пушти Боғ ташкил мекунад.
Номи Сари Хосор таърихи кӯҳан дошта, маъниҳои зиёде дорад. Ба ақидаи сокинони маҳаллӣ номи Сари Хосор аз номи деҳае, ки он дар сари теппаи сафедхок ҷойгир шудааст, яъне «Сари Хоксор» гирифта шудааст.
Чуноне зикр шуд, табиати Сари Хосор бо зебоӣ ва гуногуншаклии худ беҳамтост.

21

75

Дар ин гӯшаи дар ҳақиқат зебоманзари табиат мувофиқати аҷиби табиат ҳукмрон аст: анбӯҳи дарахтони мевадор аз ду тарафи дара бо марғзорҳои гӯё дар даруни абрҳо буда ва харсангҳои азим бо ҳам омезиш меёбанд. Обҳои ҷорӣ, ки аз қуллаҳои кӯҳҳои баланд сарчашма мегирад, қад-қади дара ҷорӣ шуда, онро обшор месозад. Чашмаҳои шаффоф, чакалакҳои смоядори чормағз, чанорҳои кӯҳан ва олами гуногуни ҳайвонот, ки ҳама дар зери гунбази осмони беабри нилгун аст, ба табиат ҳусни дигар зам мекунад. Шумораи аҳолии чанде аз деҳаҳо, ки дар водӣ ҷойгир щудааст, он қадар зиёд нест. Ҳаёти ин одамон ба шароите мутобиқ карда шудааст, ки онҳо тӯли асрҳои зиёд насл ба насл ин ҷо сукунат доранд. Ин аст, ки онҳо барвақт зиндагии орому мувофиқ бо табиат, зиддият накардан ба он, балки кӯмак кардан дар дигаргуншавии табиат, эҷодкор набудан, балки итоаткор будан ба табиатро омӯхтаанд. Боз яке аз мавзеҳои зебоманзари водӣ дар наздикии деҳаи Муллоконӣ ҷойгир шудааст. Аз баландии 50 метр шаршара ба поён мерезад ва миллионҳо қатраҳои обро ба гирдк атроф пош медиҳад. Пошхӯрии қатраҳои бешумори об зери шӯъои офтоб бо тамоми рангҳои тиру камон ба ҷилвамеояд. Бо мақсади рӯшди туризм дар ин минтақа сохтмони маркази барқарорсозии саломатӣ ва сохтмони дигар иншоотҳои истироҳатию фароғатӣ идома дорад.

63

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *