Фанни Туризм

Таснифот, намуд ва шаклҳои туризм

Туризм аз рўи меъёрҳои қабулшуда таснифот гардида, он ба намуд, хел, шаклҳою категорияҳо ҷудо мешавад.

ТУТ СММ таснифоти туризмро аз рўи чунин намудҳо пешниҳод намудааст: дохилӣ, воридӣ (фаъол) ва содирӣ (ғайрифаъол). Яке аз талаботҳои асосии таснифот убури марзҳои давлатӣ мебошад.

Туризми дохилӣ- саёҳати ашхосон дар дохили кишвари зисти хеш; туризми содирӣ саёҳати ашхоси муқимӣ дар Тоҷикистон ба дигар мамлакат. Туризми воридӣ (ғайрифаъол) –саёҳати ашхосон дар ҳудуди Тоҷикистон, ки аслан маҳалли сукунаташон дигар кишвар маҳсуб меёбад. Ин хелҳо дар маҷмўъ бо ҳам омезиш ёфта, категорияи туризмро ташкил менамоянд.

Категорияҳои туризм- байналхалқӣ, миллӣ ва дохилиро дар бар мегирад. Аз нуқтаи назари таснифоти овардашуда, аз рўи хелҳо ба туризми миллӣ- дохилӣ ва содирӣ ба байналхалқӣ- содирӣ ва воридӣ дохил мешавад.

Намудҳои туризм. Одатан дар низоми идорӣ 6 намуди туризмро ҷудо менамоянд:

Туризм бо мақсади истироҳат. Истироҳати кўтоҳмуддат ё дарозмуддат бо мақсади барқароркунии ҷисмонию рўҳии организм мебошад. Ба ин намуди туризм истироҳати курортӣ низ дохил мешавад, ки дар баробари он барқарорнамоии нерўи инсонӣ бо истифода аз хусусиятҳои табиӣ-иқлимӣ, хок ва обҳои баҳрҳо, чашмаҳои маъданӣ ва гарму шифобахш амалӣ мегардад. Туризм бо мақсади омўзиши фарҳангҳои бегона равона гардида, он ба маърифатӣ ва маросимӣ тақсим мешавад.

Туризми маърифатӣ ин боздид аз ҷаззобиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ё географӣ мебошад. Туристоне, ки бо ин мақсад сафар мекунанд, бештар ба муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кишвари ташрифотӣ (мизбон) мутаваҷеҳ мешаванд.

Мақсади туризми маросимӣ ҷойҳое, ки аҳамияти муҳими динӣ дорад. Масалан зиёрати оромгоҳҳои бузургон, ҷойҳои муқаддас, Макка, Мадина, Байтулмуқаддас, оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон ва ғайраҳо.

Туризми ҷамъиятӣ. Сафар бо мақсади аёдати хешу таборон, надикон, дўстон ва инчунин туризми ниҳодҳо. Хусусияти фарқкунандаи туризми ниҳодҳо дар он аст, ки иштирокдорони он рағбати якхела доранд. Ин ҳол дар натиҷаи ташкили барномаҳои гуногуни варзишию фароғатӣ ба амал меояд. Масалан ниҳодҳои ҷамъияти моҳидорон, шикорчиён, мухлисони дастаҳои гуногуни варзишӣ ва ғ.

Туризми варзишӣ. Сафар барои иштироки фаъол ё ғайрифаъол дар чорабиниҳои варзишӣ.

Туризми иқтисодӣ. Сафарҳо бо мақсади манфиатҳои соҳибкорӣ ва тиҷорӣ. Ба монанди ширкат дар биржаҳо, намоишгоҳҳо, фурўшгоҳҳо ва ғайра. Туризми конгрессӣ (сиёсӣ). Ба туризми дипломатӣ (намояндагӣ) барои ширкат дар конгрессҳо, инчунин вобаста ба ҳаводисҳои сиёсӣ ҷудо мешавад.

Асоси таснифоти туризм аз рўи шакл мақсадҳои туризмро ифода менамояд. Аз рўи мақсадҳо чунин шаклҳои туризмро фарқ менамоянд: рекреатсионӣ, табобатӣ, маърифатӣ, соҳибкорӣ, динӣ, этникӣ, транзитӣ.

Туризми рекреатсионӣ. Шакли аз ҳама паҳншудатарини фаъолияти туристӣ буда, он бо мақсади истироҳат, солимгардонӣ, барқароркунии ҷисмонӣ, равонию эҳсосотӣ амалӣ шуда, падидаҳои гуногуни фарқкунанда дорад. Он метавонад дар худ барномаҳои тамошобоби фарҳангию фароғатиро таҷассум намояд.

Инчунин шуғли дўстдоштаи ҳар шахс, шуғл ба варзиш, иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ, мусобиқаҳо, олимпиадаҳо ва ғ.

Туризми табобатӣ. Талаботҳои инсонро дар ташхис ва талаботҳои хизматрасонӣ бо истифода аз сарчашмаҳои табобатии табиӣ, муайян менамояд.

Ин шакли туризм метавонад дар осоишгоҳҳо, бунгоҳҳои махсуси тиббӣ ё марказҳои тиббӣ бо истифодаи технологияи муосири тиббӣ амалӣ гардад. Ин сабаби ба ду шакл тақсимшавии туризми табобатӣ, яъне клиникӣ (барқарорнамоии саломатӣ дар табобатгоҳҳои доимӣ) ва курортӣ (осоишгоҳ) амалӣ мегардад.

Расми 6. Шаклҳои туризми табобатӣ.

Туризми маърифатӣ. Мақсади асосии ин шакли туризм қонеъгардонии талаботҳои ҷаҳонбинӣ ва маърифатии туристон мебошад. Ин ошноӣ пайдо намудан бо сарватҳои табиӣ, фарҳангию таърихии мамлакат ё минтақа, шиносоӣ бо осорхонаҳо, театрҳо ва пайдо намудани тасаввурот оид ба урфу одат ва анъанаҳои миллии аҳолии маҳаллӣ мебошад. ин шакли туризм дар асоси пешниҳоди барномаҳои гуногуни саёҳатӣ бо назардошти омезиши туризми рекреатсионӣ амалӣ мегардад.

Туризми фаъолияти касбӣ. Ба ин шакли туризм рухсатии муваққатӣ ва сафарҳо бо мақсадҳои хизматӣ бо назардошти иштирок дар конфронсу симпозиумҳо бидуни ба даст овардани даромад, шомил мебошад. Ба туристони фаъолияти касбӣ, инчунин ронандагони автомашинаҳои вазнини боркаш, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, роҳбарони ширкатҳои туристӣ, ки вазифаҳои касбии худро дар маҳалли берун аз зисти доимӣ амалӣ менамоянд, дохиланд.

Туризми фаъолияти касбӣ аз рўи мазмун ба cе самти асосӣ ҷудо мешавад- сафарҳои тиҷорӣ ё бизнес-туризм, туризми конгресию намоишӣ ва интенсив туризм. Ба ибораи дигар интевсив-туризмро туризми таклифӣ низ меноманд, ки махсусан дар ширкатҳои калони хусусӣ ривоҷ ёфтааст.

Мақсад ҳавасманд намудани кормандон ва ҳамзамон гузаронидани чорабиниҳои корпаративӣ, конгресҳо, намоишгоҳҳо, ҷаласа ва конфронсҳо мебошад.

Туризми динӣ дар асоси талаботҳои равияҳои динии намояндагони халқҳои гуногун роҳандозӣ гардида, мақсади асосии он зиёрати ҷойҳои муқаддас, ҷиҳати гирифтани иттилоотҳои илмию маърифатӣ, амалӣ мегардад. Туризми диниро аз туризми аёдатӣ бояд фарқ намуд, зеро дар туризми аёдатӣ нафароне иштирок менамоянд, ки эътиқодманданд ва риояи ҳамаи меъёрҳои диниро ба ҷо меоранд.

Дар туризми динӣ барои иштироккунандагон эътиқодманд будан чандон муҳим нест, зеро он метавонад бо мақсади дидани объектҳои меъмории хусусияти динӣ дошта ва бад ин тарз васеъ намудани дараҷаи маърифатнокӣ, амалӣ гардад.

Марказҳои асосии ташкили маъмулии туризми динӣ ва аёдатӣ дар ҷаҳон инҳоянд: Макка, Мадина, Байтулмуқаддас (Иерусалим), Рим, Ватикан, Лхаса ва ғайра. Дар Тоҷикистон бошад:-ҳазрати Амирҷон (оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), оромгоҳи Ҳазрати Султон, чашмаи Носири Хисрав ва ғ.

Туризми этникӣ дар ташрифи туристон ба зодгоҳи хеш, маҳалли сукунати хешу таборон ва наздикон асос ёфтаст. Туризми этникиро метавон бо тарзи зайл маънидод намуд:

— туризми миллӣ-фарҳангӣ (ташкили сафар ба ҷойҳое, ки халқиятҳои ақалият, ки давлати миллии худро надоранд)

— туризми ҳамватанон (масалан ташкили форуми тоҷикони ҷаҳон ва форсизабонон бо мақсади муттаҳид намудан ва эҳёи фарҳанги миллию забони модарӣ)

— туризми таассуротӣ (сафар ба зодгоҳ, маҳалҳое, ки давраи кўдакию навҷавонӣ сипарӣ гардидааст).

Туризми транзитӣ. Ин сафари туристон бо мақсадҳои гуногун тавассути ҳудуди кишвар ё шаҳри мобайнӣ ва расидан ба нуқтаи таъингардида ё омадан ба манзил, (Масалан: бо мақсади амалӣ намудани сафари туристӣ, ба кишварҳои Аврупо аз ҷониби туристони Тоҷикистон тавассути ҳудуди Россия бо тавақууф дар фурудгоҳи шаҳри Москва).

Туризми таълимӣ. Ин шакли туризм ифодагари сафари фардиятҳои ҷудогона ё як гурўҳи муайянро ба дигар минтақа ё мамлакат бо мақсади гирифтани маълумоти муайян аз рўи барномаи мушаххасшуда ва бо мақсади забономўзӣ мебошад. дар замони ҳозира туризми таълимӣ хусусияти перспективӣ дошта, он ҷузъи зудинкишофёбандаи бозори туристӣ мебошад.

Дар туризми таълимӣ се самти асосӣ мавҷуд аст:

— туризм бо мақсади омўхтани забонҳои хориҷӣ;

— туризм бо мақсади омўзиши касб;

— туризм бо мақсади машқи ҷисмонӣ.

Дар ҷаҳон бо назардошти рушди туризми таълимӣ марказҳои маъмул ташаккул ёфтаанд, ки қисми зиёди онҳо дар кишварҳои Аврупоӣ ҷойгир шудаанд. Масалан, барои ташкили сайрҳои забономўзӣ, колеҷҳо ва марказҳои таълимӣ дар ИМА, Ирландия, Туркия, Англия, Олмон, Малайзия ва Малта таъсис дода шудаанд. Мактабҳои бузурги варзишӣ, ки дар Франсия ва Шветсария воқеанд, варзишгаронро омода менамоянд.

Ба омўзиши касб мактабҳо ва марказҳои таълимӣ дар Шветсария, Австрия, Олмон мавҷуд мебошад.

Шоп-туризм. ТУТ СММ ин шакли туризмро ба ҳайси шакли ҷудогонае маънидод намуда, он ҳамчун сафар ба минтақа ва мамлакати муайян бо мақсади хариди молу маҳсулотҳои гуногун ё барои истеъмоли худи ё барои фурухтан дар кишвари худ, ба шумор меравад.

Масалан: Шоп-туризм ба Туркия ва АМА бо мақсади хариди либосу пойафзол ва маҳсулоти косметикию атриёт ба Шветсария бо мақсади хариди соатҳо, ба Чин бо мақсади харидории маҳсулотҳои булўрӣ, ба Италия бо мақсади харидории қандилҳо ва ғ.

Туризми варзишӣ. Сафари туристии инфиродӣ ё гурўҳӣ бо мақсади шуғли варзишӣ ё ширкат дар мусобиқаҳои варзишӣ ба монанди пойгаҳ, чемпионатҳо, олимпиада ва ғайраҳо мебошад. одатан туризми варзишӣ нафаронеро фаро мегирад, ки варзишгарони касбӣ нестанд, яъне онҳо ҳаводорони (мухлисон) дастаҳои махсуси варзишӣ мебошанд.

Туризми варзишӣ дар ду шакл амалӣ мегардад.

Шакли фаъоли туризми варзишӣ иштироки бевоситаи туристонро дар чорабиниҳои варзишӣ ва озмунҳо фарогир мебошад ва шакли ғайри фаъоли туризми варзишӣ на ҳамаи мутахассисон, балки мухлисони дастаҳои варзиширо фаро мегирад.

Туризми экологӣ. Яке аз ҷузъҳои зудинкишофёфтаистодаи соҳаи туризм маҳсуб меёбад. Рушди солонаи он аз 10-20 то 30% ва даромад аз туризми байналмилалӣ то 10-15%-ро ташкил медиҳад.

То кунун таърифи ягонаи туризми экологӣ вуҷуд надорад. Тибқи ифодаи ТУТ СММ «Экотуризм, як шакли саёҳатест, ки дар бағали табиат сурат мегирад. Бо ибораи дигар ҳамчун туризми табиатгардӣ номидан мумкин аст. Ғайр аз ин мақсади он лаззат гирифтан аз манзараҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист» мебошад.

Аз нигоҳи мо туризми экологӣ ин боздид аз ҳудудҳои тағйирёфта ё камтағйирёфтаи табиӣ зери таъсири инсон, ки дорои захираҳои нодири табиӣ ва таърихию-фарҳангӣ мебошад. Принсипи асосии рушди туризми экологӣ албатта рушди шуур, маърифати экологӣ, риояи ҳатмии рафтор нисбати муҳити табиӣ, ҷиҳати нигоҳдошти ҳолати экологӣ ва вайрон намудани экосистема маҳсуб меёбад.

Дар асоси ин таҳсилот шартҳои асосӣ экотуризми экологӣ инҳоянд:

  1. Экотуризми экологӣ тавассути ташкили сафарҳои махсус ба манотиқи тағйирнаёфта ё дастнахўрда буда, он барои қонеъ намудани талаботи туристон равона мегардад.
  2. Экотуризми экологӣ чунин хусусият дорад, ки таъсири манфии суст нисбати табиат ба чашм мерасад. Аз ин хотир баъзан онро «туризми нарм» меноманд.
  3. Фаъолияти экотуризми экологӣ таъсири манфиро ба табиат пешгирӣ намуда, туроператорон ва туристонро водор менамояд, ки баҳри ҳифзи табиат ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҳудуд талош намоянд.
  4. Экотуризми экологӣ истироҳат, фароғат ва маърифати экологиро барои саёҳон ҳамоҳанг намуда, он қонунҳои қатъии рафториро талаб менамоянд, зеро риояи ин қонунҳо шартан барои рушди соҳа зарур аст.
  5. Дар рушди туризми экологӣ бояд аҳолии маҳаллӣ манфиатовар бошад ва набояд ба манфиатҳо ва рушди иқтисодию иҷтимоии маҳалли туристию рекреатсионии он монеъ созад.
  6. Туризми экологӣ ҳамчун қисми таркибии индустрияи туризм ба шумор рафта, истеҳсол ва фурўши маҳсулоти туристиро ба роҳ монда, даромади ба дастовардашуда ба рушди минтақа, ҳифзи муҳити табиӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми маҳаллӣ равона мегардад.
  7. Мақсадҳои асосии туризми экологӣ инҳоянд:

— баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолии маҳал;

— баланд бардоштани маданияти муносибати инсон бо табиат;

— тарҳрезии меъёрҳои рафтори аҳлоқӣ дар муҳити табиӣ;

— тарбияи ҳисси инфиродии масъулият нисбати тақдири табиат ва ҷузъҳои ҷудогонаи он, инчунин барқарорнамоии нерўи равонию ҷисмонии инсон тавассути истироҳати бофароғат дар шароити муҳити табиӣ.

Маҳсулоти фаъолияти туристии экологӣ барои ҳифзи муҳити атроф ва нигоҳдории беҳдошти табиат аҳамияти калони тарбиявӣ ва рекреатсионӣ дорад.

Мақсади асосии ташкили туризми экологӣ ин дарки олами атроф ва маърифати экологӣ мебошад. Туристон дар сайрҳои экологӣ аз табиати «Вуҳуш» лаззат мебаранд. Ба монанди «оҳангҳои форами табиӣ»- садои рудхонаю шаршараҳо, хондани парандагон, садои ларзидани баргҳои дарахтон ва гиёҳҳо, нигоҳ кардан ба тулўъ ва ғуруби офтоб, фориғ шудан аз мушкилиҳои рўзмараи шаҳр, накҳати гулҳою гиёҳҳо, гирифтани нафаси тозаи табиӣ, садои мавҷи кўлҳо, обанборҳо, шаршараҳо, баҳрҳо ва ғ., ки ин ҷузъиётҳои табиӣ аз бемориҳои гуногун наҷот мебахшанд ва солимии маънавии инсонро қавӣ мегардонад. Сайрҳои экологӣ маърифати экологии туристонро ташаккул дода, дар нигоҳдории минтақаҳои табиию рекреатсионӣ кўмак менамояд.

Экологияти туризм ва риояи қоидаҳои махсус барои туристон дар шакли зерин зоҳир мегардад:

— ташрифи гардишгарон дар ҳудуди парваришгоҳ танҳо бо иҷозаи масъулин;

— манъи ташрифи парваришгоҳ дар мавсими лонагузории парандагон ва наслдиҳии ҳайвонот;

— манъи шустани воситаҳои нақлиёт дар соҳили рудхонаю кўлҳо;

— манъи истифодаи маводи синтетикии шустушўйи;

— шикори моҳӣ ва сайди ҷонварон тибқи иҷозатнома ва талаботҳо дар даврае, ки иҷозат дода шудааст;

— пас аз фаъолияти худ нагузоштани партов;

— нагузоштани ҳар гуна нақшу навиштаҷотҳо дар унсурҳ (сангҳо, дарахтон, деворҳои ғор ва ғ).

— манъи гузоштани гулхани хомўшнакарда, напартофтани гўгирди сўзон ва маводҳои оташангез.

Дар замони муосир туризми экологӣ, яке аз шаклҳои афзалиятноки туризм ба шумор меравад. Боиси тазаккур аст, ки СММ соли 2002-юмро соли туризми экологӣ эълон намуда буд. Экотуристон одатан бо гурўҳҳои камшумор ва зери роҳбарии мутахассисон (географҳои табиатшинос, орнитологҳо, энтемологҳо, экологҳо, зоологҳо, ихтиологҳо ва ғ) сайр мекунанд.

Мақсадҳои ин гуна саёҳатҳо аз мушоҳида, фаъолияти илмию маърифатӣ, кўмакрасонӣ ба ҷонварон ва парандагон иборат аст. Туристи экологӣ ин туристест, ки маданияти воло нисбат ба муносибати эҳтиёткорона ба табиат дорад. Ин гуна турист ҳеҷ гоҳ ба табиат гўгирди сўзон, зарфи холӣ, бастабандии истифоданашуда, зарфҳои пластикию шишагиро намепартояд. Зарфҳои пластикӣ дар замони мо «офати абадӣ» мебошад.

Аз ҷониби экологҳо муддати тахминии пўсидани «партови туристӣ» дар муҳити табиӣ ба шакли зайл оварда шудааст:

пўсти афлесун ва банан (мавз) — 0,5 сол;

— матои пахтагин, коғаз — 0,5 сол;

— ресмон -1 — 1,5 сол;

— баста барои шир (пакет), маҳсулоти пашмӣ – то 5 сол;

— боқимондаи сигор — то 12 сол;

-бастаҳои (пакетҳои) полихлорвинилӣ – то 20 сол;

— матои синтетикӣ, пойафзоли чармӣ – то 40 сол;

— маҳсулоти металлӣ – 100 сол ва зиёда аз ин;

— шиша- 1000000 сол;

— зарфҳои пластикӣ – тамоман намепўсанд.

Дар равияи фаъолияти экотуристон истифодаи тамоми имкониятҳо барои ҳифзи ноҳияи ташрифотиашон ва инчунин ҳифзу барқароркунии бойгариҳои табиӣ, фарҳангию таърихӣ, маҳсуб меёбад.

Мутобиқи моддаи 7-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» бо мақсади дастгирии давлатии туризми экологӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намудааст.

Мувофиқ ба қарори мазкур туристон дар қатори сайр намудан дар муҳити экологии солим вазифадор карда мешавад то дар ҷараёни сайри туристӣ ба экосистема зиён нарасонад.

Агротуризм (туризми деҳот). Аксари муаллифон ин шакли фаъолияти туризмро яке аз шаклҳои туризми экологӣ муаррифӣ менамоянд. Бояд қайд намуд, ки ин бахши туризм ҷузъи махсуси равияи туризм дар бозори туристӣ маҳсуб ёфта, мустақилияти муайян дорад.

Ба агротуризм сафари туристони алоҳида ва туристони гурўҳиро бо мақсади истироҳат ба деҳкадаҳо ва маҷмааҳои кишоварзӣ (ба монанди боғҳо, полезҳо, хоҷагиҳои чорводорӣ- чорвои калон ва реза ва ғ) маҳсуб медонанд.

Ғайр аз ин онҳоро ба усулҳои зиндагӣ вафаъолияти деҳқонӣ деҳнишинӣ, шиносоӣ пайдо намуда, бо анъанаҳои маҳаллӣ, урфу одат ва низоми хоҷагидорию истифодаи табиат фикру ақидаи худро ҷалб менамоянд.

Ҳамзамон туристонро зарур меояд, ки ба анъана ва урфу одатҳои аҳолии маҳаллӣ, кўшиш ба ҳамзистӣ, робитаҳои хайрхоҳона бо аҳолии маҳал дошта бошанд, аммо ба фаъолияти миллии онҳо дахолат нанамоянд. Ба нигоҳдошти мувозинатии хусусиятҳои муҳити табиию фарҳангӣ мусоидат намоянд.

Ғайр аз ин — туризми деҳотӣ агар мукаммал бошад, боиси воридшавии ҳатмии воситаҳои пулӣ ба буҷаи маҳаллӣ мегардад.

Агротуризмро- туризми деҳотӣ истифода барем беҳтар мешавад.

Дар ҷаҳони муосир ин шакли туризми миёни як қатор давлатҳои Аврупоӣ бо сураъати баланд инкишоф ёфта, ҷойгоҳи махсусро касб намудааст. Боиси тазаккур аст, ки рушди агротуризм ба як қатор мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ бешиар муяссар гаштааст.

Як системаи бузурги хоҷагиҳои агротуристӣ созмон дода шуда, он бомуваффақият дар кишварҳои Назди Балтика, Лаҳистон, Маҷористон, Чехия ва Словакия амал мекунад. Инчунин агротуризм дар як қатор кишварҳои бузурги Аврупои Ғарбӣ- ба монанди: Шветсария, Олмон, Белгия, Ҳоланд, Фаронса, Австрия ва ғайра дар ҳоли рушданд.

Туризми саргузаштӣ ва экстремалӣ. Ду самти ба ҳам наздики фаъолияти туристӣ мебошанд.

Туризми саргузаштӣ- намуди махсуси истироҳат мебошад. Шартҳои асосии он: ташрифи ҷойҳои ҷаззоб (экзотика) ва машғул шудан ба намудҳои ғайриодии фаъолият (шино дар дарёҳои кўҳӣ, дайвинг, сафар ба қуллаи кўҳҳои баланд ва ғ). Унсурҳои асосии туризми саргузаштӣ, саёҳат дар намудҳои ғайриодии нақлиёт- сагчанаҳо, болои филҳо, уштурҳо, кураи ҳавопаймоӣ ва ғайра маҳсуб меёбад.

Ду самти бо ҳам наздики фаъолияти туристӣ мебошанд Туризми саргузаштӣ – намуди махсуси истироҳат мебошад. Шартҳои асосии он: ташрифи ҷойҳои ҷаззоб (энзетикс) ва машғул шудан ба намудҳои ғайриоддии фаъолият (шино дар дарёҳои кўҳӣ, тезҷараёндошта дайвинг, сафар ба яхбандиҳои калони кўҳӣ ва ғ.). Унсурҳои асосии туризми саргузаштӣ, сатҳаш дар намудҳои ғайриоддии нақлиёт – сакчанаҳо, болои филҳо, уштурҳо, кураи ҳавопаймои ва ғайра маҳсуб меёбад.

Аксар намудҳо туризми саргузаштӣ ба таваккали зиёд дараҷаи баланди таваккалӣ рў ба рў гардида, дар раванди сайр аз турист маҳорату малака, ҷасурӣ, тобовар будан дар шароити мураккаби табииро талаб менамояд. Тайи чанд соли охир дар ҷаҳон як қатор инфрасохтор барои мақсади туризми саргузаштӣ ба вуҷуд омадааст. Ба объектҳои он аксаран боғҳои ғайри муқаррари фароғатӣ (adventur park) шомил мебошанд.

Яке аз шаклҳои ниҳоии туризмӣ саргузашти туризми экстремали ба ҳисоб меравад, лекин ин шакли туризмро туристон мустаққилона анҷом медиҳанд ва дар баробари ин туризми экстремалӣ дар ҳаёти инсон ва саломатии он метавонад хатар эъҷод намояд. Барои гузаштани ҳудуд миёни туризми экстремалӣ ва саргузашти мисоли оддӣ пеш меояд. Ширкати туристи сафари саргузаштиро барои туристон ба яке аз ҷазираҳои уқёнуси ором ташкил менамояд. Асоси барнома – ҷустуҷў аз ҷониби туристон дарёфти хазинаи пинҳоншуда мебошад. Дар раванди ҷустуҷў туристон бо монеаҳои сунъии созмондодашуда рўбарў мегарданд.

Гуруҳи туристонро бо таҷҳизоти зарури ва бо захираи минималии обу ғизо дар ҷангалистони Амазонка барои убур намудан аз минтақаи душвору хатарнок фуруд меоранд. Дар баробари ин гуруҳ дар ҳолати ниҳоят тоқатнопазир ва аз муҳити беруни ҷудошуда, гузошта мешаванд. Ҳамаи монеаҳо ва мушкилиҳои пешомадаро гуруҳ маҷбур аст бе кумаки беруна пушти сар намояд.

Таснифоти овардашудаи туризм дар ҷадвали зер бешубҳа барои ташкили фаъолияти туристӣ муҳим мебошад аммо он ҳамаи рангорангии шаклҳо ва самтҳои туризмро дар бар мегирад. Даҳҳои талаботҳои таснифотии туризм мавҷуд мебошад, ки муҳимтарини онҳо дар ҷадвали зерин оварда шудааст.

Расми 7. Таснифоти туризм.

Хусусиятҳо ва талаботҳои туризм Намудҳои туризм
Теъдоди ширкаткунандагони саёҳат Инфиродӣ, гурўҳӣ, хонаводагӣ
Минтақаи истироҳат Миллӣ, байналмилалӣ
Бозор Дохилию хориҷӣ
Усули ташкил Ташкилнашуда, ташкилшуда, ҳаваскорӣ (тахассусӣ)
Мақсадҳо Истироҳат, барқарорнамоии саломатӣ (осоишгоҳ), рекреатсионӣ. Агар густурда бошад: истироҳат ва рекриатсия, табобатӣ, соҳибкорӣ (сафорати тиҷоратӣ, конгрессӣ, интенсив — туризм), таълимотӣ, динӣ (маросимӣ ва маърифотӣ), этникӣ, транзитӣ, шоп-туризм, таассуротӣ.
Синну сол Наврасон, ҷавонон, миёнсолон, пиронсолон.
Усулҳои воситаи ҳаракат Автомобилӣ, автобусӣ, обӣ (ҷаҳонгардӣ), пиёда, дар роҳи оҳан, ҳавопаймоӣ, дучархаронӣ, аспсаворӣ ва ғайра.
Шакли фаъолияти асосӣ Соҳибкорӣ, маърифотӣ, варзишӣ, экологӣ, конгрессӣ, саргузаштӣ, экстремалӣ, кишоварзӣ (агротуризм) ва ғайра.
Захираҳои асосии истифодашавандаи табиӣ Кўҳӣ, баҳрӣ, ҷангалӣ, дарёӣ, шиноварию соҳилӣ, табобатӣ.
Хусусияти ҳудуд Континентӣ (хушкӣ), наздибаҳрӣ, ҷазиравӣ.
Сарчашмаи молиякунонӣ Тиҷоратӣ, иҷтимоӣ.
Воситаҳои ҷойгиркунонии туристон Шакли меҳмонхонавӣ ва ғайримеҳмоннонавӣ
Фосилаи сафар Наздик, дур
Давомнокии саёҳат Кўтоҳмуддат, миёнамуддат, дарозмуддат.
Мавсимияти хуруҷи туристон Мавсимӣ, тамоми сол (доимӣ)

Вобаста аз усули ташкили туризми муташаккилона ва ғайримуташаккилонаро ҷудо мекунанд. Як қатор коршиносон шакли 3-юми он яъне ихтиёриро (худфаъолият) низ шомил менамоянд.

Туризми муташаккил -ин саёҳати инфиродӣ ё гуруҳи аз рўи барномарезии туристӣ ва хатсайри мебошад, ки он тавассути ширкати туристӣ ё муассиса ташкил карда мешавад. Туристон сафарномаи туристиро аз рўи шароити қаблан ҳамоҳангшуда ва пардохтшуда ба ба даст меоранд.

Туристи ғайримуташаккил -саёҳати туристони алоҳида бидуни иштироки мустақими муассиса — миёнарав, клуби туристӣ ё ниҳоди туристӣ мебошад. Туристон сайрро худ ташкил намуда, хадамоти туристиро пардохт менамоянд. Ин намуди туризм ниҳоят маъмул аст. Дар Аврупо ба ин шакли туризм қариб 75% ҳамаи сайрҳои туристӣ рост меояд. Мутаносибан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондиҳанда ба 90% баробар аст, ки ин далели коста будани рушди туризми дохилӣ мебошад.

Туризми ихтиёрӣ(худфаъолияти) — самти махсус ба ҳисоб меравад. Ин шакли туризм истифода аз усули ҳаракати фаъол буда, туристон ихтиёран ташкил менамоянд,зери роҳбаладӣ ва дастури коршиноси ботаҷриба.Маҳзи коршиноси ботаҷриба ва хусусиятҳои хоси ҳаракати фаъол имкон медиҳад, туризми ғайримуташаккилу ихтиёриро аз ҳамдигар ҷудо менамояд.

Ба туризми ихтиёри ё худфаъолиятӣ чунин самтҳои хусусиро ба монанди пиёдагардӣ, обӣ, кўҳнавардӣ, лижаронӣ, автотуризм, дучархаронӣ, аспсаворӣ, мототуризм ва ғайраҳо шомиланд. Туризми ихтиёри ё худфаъолияти дар чанд шакл роҳандозӣ мегардад. Шакли нисбатанмаъмули он -сайрҳои туристӣ, экспедитсияҳо ба ноҳияҳои камтадқиқшуда ва ҷазбкунанда, слетҳои туристӣ ва мусобиқаҳои туристию варзишӣ маҳсуб меёбад.

Инчунин таснифоти туризм аз рўи манбаъҳои асосии маблағгузорӣ муҳим аст. Аз ин хотир туризмро аз рўи талабот ба туризми назоратӣ ва иҷтимоӣ ҷудо менамоянд.

Моҳияти туризми тиҷоратӣ дар он аст, ки гирифтани даромад, тавассути муассисаҳои туристӣ, ки манбаи асосии он тиҷорат мебошад ба ҳисоб меравад. Ин намуди туризм бештар ба истеъмолкунандагоне шакл менамояд, ки даромади хоса доранд ва метавонанд, хароҷотҳои туристиро пурра пардохт намоянд.

Туризми иҷтимоӣ – ин шакли туризм дар асоси талаботи маънавӣ, рўҳӣ ё дигар намуди талабот ба монанди салимгардонӣ, барқарор намудани нерў аз ҳисоби манбаъҳои гуногуне, ки давлат ё корхонаҳои хусусию саҳомӣ, ки ба ниёзҳои иҷтимоӣ ҷудо намудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шакли туризм айни ҳол дар самти ривоҷ қарор дорад, зеро ҳамасола аз ҳисоби буҷаи мамлакат ва буҷаи муассисаҳоию корхонаҳо ва ба табақаҳои ниёзманд, аз ҷумла нафақахўрон, маъюбон, камбизоатон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғайра маблағҳои муайян барои амалӣ гардонии талаботҳои онҳо ҷудо мегардад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *