Фанни Туризм

Рудаки кай ва дар кучо зода шудааст?

Деҳаи Рӯдак дар ду соҳили дарёчаи Уроч дар байни дараи хушманзара, ки бо куҳҳо иҳота шудааст, мавқеъ дорад. Абӯабдуллоҳ Рудакӣ дар ҳамин ҷо соли 858 милодӣ (243 ҳиҷрӣ ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 941 вафот карда дар ҳамин ҷо гузаронида шудааст. Дар бораи ҳайёту фаъолияти ин шоири барҷаста маълумоти каме боқи мондааст .Дар тадқиқи қисмати Рӯдакӣ кашфиёти кофиласолори адабиёти шуравии тоҷик Садриддин Айни нақши ҳалкунанда бозид. Баъди омӯзиши ҳамаҷонибаву дақиқи сарчашмаҳо ва пурсиши пирони маҳаллӣ Айнӣ хулоса баровард, ки қабри шоир дар деҳааш Рӯдак мавҷуд буда, то имрӯз ҷои он ба ҳама номаълум мондааст. Профессор М.М. Гересимов тавонист, ки оромгоҳи Рӯдакиро ёбад ва дар асоси тадқиқи устухонҳои ҷасад ҳақиқи будани ҷои дафни ӯро исбот кунад.

Истеъдоди волои Рӯдакӣ

Рӯдакӣ дар ҷавонӣ ба туфайли овози хуш лайёқати шоирӣ ва навозиши чанг шуҳрат ёфт. Насри II Ибни Аҳмади Сомонӣ (912-943) ӯро ба дарбор даъват кард. Дар ин ҷо қисмати зиёди ӯмри шоир гузоштааст. Чунонки Абулфазли Балъамӣ мегуянд, Рӯдакӣ дар замонаи хеш дар айни шоирони муосираш муққадам буда, на дар Арабиву на дар форсиҳо касе ҳамтои ӯ нест. Ӯ на танҳо шоир, балки инчунин мусиқинавоз ва ҳофиз низ буд.

Асоби мусуқиавиеро ба номи руд ӯ бунёд ниҳодааст. Ҷангу барбату худро хуб менавохт. Ба мо маълум аст, ки мусқии рақси «Уфар » — ро ӯ эҷод кардааст. Соли 937 дӯсти Рӯдакӣ вазирӣ Насри II — Балъамӣ аз вазифа маъзур карда шуд. Шоири пир нобино, шояд зуран нобино карда шуда чунонки баъзе нобино менигаранд аз сабаби бо Балъамӣ дӯстӣ варзиданд ё баҳонаи ба ҳаракати қарматиён алоқаманд буданаш аз дарбор ронда шуда ва ба деҳаи маҳбубашон баргашт.

Бузургон дар бораи Рӯдакӣ

Гар сари ёбад ба олам кас ба неку шоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сари.

Ашъори Рӯдакӣ барои наслҳои оянда намунаи маҳорат буда. Ӯ қофиласолори назми классикиест, ки дар асри X-XV дар байни Тоҷикону форсон интишор ёфта чунин азаматҳоеро аз қабили Фирдавси, Хайём, Саъди, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Ҷалолуддин Румӣ, Бедил, Нозими, Ҷомӣ ва ғайраро ба ҷаҳон додааст. Асрори ҷаззобияти безаволи ашъори Рӯдакӣ дар чист?- Унсури навиштааст:

Ғазал Рӯдакивор некӯ бувад,

Ғазалҳои ман Рӯдакивор нест.

Агарчи бикушам ба борикфаҳм,

Бад-ин парда андар маро бор нест.

Николай Тихонов дар бораи Рӯдакӣ гуфтааст: «Ин мӯъҷизаи шеър аст! Мо дар назди ӯ бо ҳаяҷон таввақуф мекунем».

Суханҳои президент дар бораи Рӯдакӣ

Агар яке қурбу қимати мақбараи устод Абуаблоҳи Рӯдакӣ аз шаҳрҳои муқаддастарини дунёи исломи — Макаю Мадина камтар надонанд дигаре осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ — кишваршиносро махзани осори атиқи рушангири дунёи гузаштаю муосир, оинаи таърихи тамаддуни халқи тоҷик медонад.

Президенти кишвар, Ҷанобӣ олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18- уми марти соли 2006 таъқид карда буданд: «Имрӯз вазифаи муқаддаси мову шумо омухтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз кардан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгориҳои таърихӣ ва меъроси фарҳангӣ мамлакатамон аст. Зиёда аз ин ободу зебо нигоҳ доштан ва бойю рангорангии осорхонаҳои милливу таърихӣ қарзи муқаддаси инсонии ҳар як фарди равшанфикру бедордили миллат аст».

Ин таъқиди хирадмандонаву дилсузонаи президенти кишвар бори дигар аҳамият барҷастаи ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла осорхонаю мақбараҳоро собит месозанд.

Хулоса, Мақбара ва осорхонаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон балки дар тамоми мамолики ҷаҳон маълум мешуданд. Деҳаҳо мақолакю гузоришҳо дар бораи онҳо навиштаанду менависанд. Китоби очеркҳо аз таърихи осорхона ва мақбараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ , ки ҳоло дар дасти шумост, нахустин иқдомҳост, дар ин бахш. Шояд он аз камбудиву нуқсонҳо ори нест. Бинобар ин, аз хонандагони таманои онро дорем, ки фикру мулоҳизати муносифони хешро оид ба он ба нишонии осорхона ирсол доранд, то дар нашрҳои минбаъда ба инобат гирифта шаванд.

Баъзе маълумотҳо дар бораи ёдгориҳо, мазорҳо, масҷидҳо ва мазорҳои Панҷакент.

Навиштаи мухтаср аз рӯи кутуби зерин фароҳам омад: Дар бораи меъмории иморатҳои дафни мусулмонони Панҷакент. Дар китоби «Мамолики ва аҳолии Шарқ «. Дар ин мавзӯъ муаллим оид ба ёдгориҳои асри I- VIII милодӣ маълумоти кӯтоҳ медиҳад. Вале дар мавзӯъи мазорҳо ва масҷид маводҳои қуруни XIX — XX дохил шудаанд. Ин берун аз замони навиштаҳои мост вале онҳоро донистан зарур аст. Дар ин ҷо оид ба бисёр ёдгориҳо, мазорҳо ва масҷидҳо мавод нест, аз ин рӯ муаллимон бояд онро аз ҳисоби маълумоти дар деҳаҳояшон мавҷуд буда пурра намоянд.

Мувофиқи имконият бо шогирдон баъзе мазорҳоро зиёрат бояд кард. Талабагон шаҳри Панҷакент ҳатман ба се мазори қабристони калон бираванд. Агар дар деҳаатон масҷиде ҳасту таърихаш нонавишта, бикушед, ки таърихашро нависед. Шогирдонро чунон тарбия бояд дод, ки онҳо нисбат ба ёдгориҳо, мазорҳо ва масҷидҳо боҳурмат муносибат намоянд.

Дар бораи масҷидҳои Ғарибак

Мувофиқи ёддоштҳои куҳансолтарин бошандаи қишлоқи Ғарибаки ҷамоаи хурмини ноҳияи Панҷакент Каримов Абдулазиз (соли таваллуддаш — 1905 ) ва тибқи тасдиқи куҳансоли дигар Тоатов Раҳмонберди дар қисми ғарби қишлоқ соли 1901 Раҳимбой ном касе масҷид барафрохтааст. Раҳимбой деҳқони сарватманде, вале дастгири бенавоёну кишоварзон будааст. Ӯ як ҷуфт говони хешро барои камбағалон ҷудо мекард, то онҳо заминашонро кишт карда тавонанд. Ҳамчунин як аспашро ба онон медод, то бо эҳтиёҷи худ истифода баранд. То ҳоло дар деҳа Раҳимбой ба неки ёдовари карда мешавад.

Раҳимбой дар боғи тобистонааш, ки сарҳавз дошт масҷиди дигаре сохтааст, то ки тобистон дар он ҷо намоз гузоранд. Ҳарду масҷид то имрӯз маҳфӯз мондаанд. Аз ҳоҷи Раҳимбой ду писар — Сангали ва Маҳаммадризо боқи монда буд. Масҷиди миёнаҷои қишлоқ 10 -12 сол пештар аз масҷидҳои ҳоҷи Раҳимбой сохта шудаанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *