Фанни Туризм

Туризм – омили рушди иқтисодиёт

Туризм яке аз соҳаҳои зудинкишофёбандаи иқтисоиёти ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар рақобат бо соҳаҳои дигари иқтисодиёти ҷаҳонӣ – нафту газ ва автомобилсозӣ рушд мекунад. Тибқи нишондодҳои омории Созмони умумиҷаҳонии туристӣ (СУТ) туризм зиёда аз 10%-и иқтисодиёти ҷаҳониро ташкил намуда, суръати рушди он дар иқтисодиёти ҷаҳон ҳамасола то 4,5 фисадро ташкил медиҳад.

Туризм аз нигоҳи иқтисодӣ соҳаи камхарҷу сердаромад буда, аҳамияти он пайваста дар ҷаҳон меафзояд. Дар иқтисодиёти мамлакатҳо соҳаи туризм сарчашмаи воридшавии асъор ва воситаи бо кор таъмин кардани аҳолӣ, боиси афзуншавии ҳаҷми нишондиҳандаи ММД, сабаби ташаккулёбии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гашта, дар соҳаи туризм ба сифати соҳаҳои ёрирасон хизмат мекунанд. Бо машщулшавии аҳолӣ ба соҳаи туризм даромаднокӣ баланд гардида, сатҳи некӯаҳволии онҳо низ хуб мегардад. Умуман, дар ҷаҳон зиёда аз 100 млн. нафар дар соҳаи туризм машщули коранд.бештар аз 500 млн. нафар ҳамасола бо мақсади сайру саёҳат, тиҷорат ва щайра ба мамлакатҳои хориҷ сафар мекунанд. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонӣ

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Туризм ки соли ???? тасдиқ шуда буд, мафҳуми туризм — шуғлест, ки усулҳои ташкили истироҳатро таввасути солимгардонӣ, шиносоӣ, саломатӣ, динӣ,(ба истиснои ҳаҷ), тиҷоратӣ, варзишӣ, касбию хизматӣ ва дигар ҳадафҳои воситаҳои саёҳат ва иқомати маваққатии берун аз ҳудуди ҷой истиқомати доимиро дар бар мегирад. (Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ).

Туризм (фр. tourisme, аз tour – сайру гашт, сафар, сайёҳат) — падидаи хеле ҷавон, ки ҳанӯз баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба таври оммавӣ гардид. Аз дигар тараф – решаҳои таърихи дошта, зеро саёҳӣ аз давраҳои қадим маълум аст.

Таърихи туризм 4 марҳиларо дарбар мегирад:

Марҳилаи якум. Ҳамчун таърихи аввали туризм муайян карда мешавад. Зарурияти ҷой ивазкунӣ ва сафар, яъне саёҳӣ аз қадим аз авлодони мо пайдо шудааст. Ҷой ивазкунии (миграсия) гурӯҳи ибтидоӣ воқеаи паҳншавандаро табдил медод. Муҳоҷират зарур буд. Сабабҳои муҳоҷират хислати иқлимӣ дошт: расидани давраи пиряхҳо, давраи яхбандӣ, аз рӯи маълумотҳои сад ҳазор солҳои охир ҳисоб карда мешуданд. Онҳо тащйироти дар флора ва фаунаро ба миён меоварданд. Инҳо тащйиротҳои ҷиддии харобиовари тезгузаранда: мисол, заминларза, обхезӣ.

Марҳилаи дуввум. Дар давраи антиқа сабабҳои асосии саёҳат ин савдо, илмомӯзӣ, зиёраткунӣ, табобат буданд. Дар Юнони Қадим саёҳати варзишӣ пайдо шуд, ки ба бозиҳои Олимпӣ тамошобинон аз ҳар гуна мамлакат ҷамъ мешуданд. Финикийсҳо бо роҳи шиноварӣ аз баҳри Миёназамин то соҳили Сирия ва Ливани ҳозира барои ташаккул додани сулолаи худ ва рушди савдо шино мекрданд.??????????

Марҳилаи саввум. Дар асрҳои миёна хислати динии саёҳат пурзуртар гардид. Хислати диннӣ доштани саёҳат миллион диндоронро ба ташвиқи зиёрат ба ҷойҳои муқаддас водор месохт: мусулмонҳоро ба Макка; христианҳо ба Иерусалим ва Рим. Дайрҳо (монастқрҳ) саёҳонро қабул мекарданд. Щарибхонаҳо, ҳамчун як намуди меҳмонхона хизмат мекарданд, ки аз тарафи орденҳои диннӣ нигоҳ дошта мешуд. Давраи юриши салибдорон ва қабл аз ин зиёрати оммавии христианҳо ба Замини муқаддас яке аз саёҳати оммавӣ дар асрҳои миёна ба ҳисоб мерафт. Намояндагони тақрибан ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ низ дар он иштирок доштаанд. Ёддоштҳои (бозёфтҳои) сершумор, адабиётҳои илмӣ ва тадқиқотӣ имконияти баҳо додани ин равишҳо ва фаҳмидани мафҳуми ин воқеа (падида) аз нуқтаи назари таърихӣ пайдоиш ва инкишофи туризм ва ҳар гуна идораҳои хизматгузорӣ дар Аврупо дар ин давра шаҳодат медиҳанд.

Марҳилаи чаҳорум. Ин марҳила дар таърих бо дигаргуниҳои революсионӣ дар нақлиёт ба ҳисоб меравад. Ихтироъ кардани паровоз, киштӣ, васеъ кардани хати роҳҳо, эътимодият ва тезии ҳаракатро, ки пасткунии хароҷот дар вақти саёҳат, шароити фароҳам меовард. Сифати баланд ва эътимодияти ҳаракати нақлиёт дар якҷоягӣ бо паст шудани хароҷот, ва инчунин кам кардани вақти корӣ, ки бо зиёдшавии қатъии миқдори бисёри саёҳон мусоидат мекард. Бо ин сабаб аввалин корхонаҳои махсуси хизматрасонии меҳмонони муваққатӣ пайдо шуданд. Ба ивази «меҳмонхонаҳои хоксорона», ки дар хонаҳои ибодаткунандагон буданд, меҳмонхонаҳои аввалин пайдо шудаанд. Дар миёнаи асри 19 индустрияи истироҳат соҳаи фаъолияташро васеъ мекунад. Якумин бюроҳои саёҳат пайдо мешаванд. Бюрои аввалин дар соли 1841 аз тарафи соҳибкори англис Томас Кук ташкил шуд. Аз солҳои 1862 сар карда аввалин каталогҳои саёҳати туристӣ пайдо шудаанд, ки дар равиши паҳншавии талаботи туристӣ намоён гашт.

Баъд аз Ҷанги дуюми Бузурги Ҷаҳонӣ туризм хислати оммавӣ мегирад. Аз ҷисми шукӯҳ ӯ ба талаботи зиёди аҳолии мамлакатҳои тараққикарда мубадал мегардад. Индустрияи туризм бо институтҳои худ, молу истеҳсолот, тарзи ташкил ва идракунӣ ташаккул меёбад. Аввалин саёҳати оммавии туристӣ зиёда аз 150 сол пеш аз ин дар Англия ба вуқӯъ омад, ки аз тарафи соҳибкор Томас Кук соли 1841 600 нафар одамон бо воситаи роҳи оҳан бо мақсади сафаркунӣ баромаданд. Дар соли 1845 ин шахс саёҳатро ба гузаронидани экскурсия ба ш.Ливерпул ташкил кард.

Дар замони ҳозира сайёҳӣ дорои таснифоти зайл мебошад:

1.Аз рӯи мақсад: дорои самти муайян ва дақиқ: варзишӣ, беҳдоштӣ, табобатӣ, лиҷаронии кӯҳӣ ва щайраҳо дохил мешавад. 2.Аз рӯи зудбадалӣ: ҳаракаткунанда, доимӣ, омехта.

3.Аз рӯи шакли иштирок: фардӣ, гурӯҳӣ, оилавӣ.

4.Аз рӯи синну сол: баркамол, ҷавон, тифл, омехта.

5.Аз рӯи давомнокӣ: якрӯза, якчандрӯза, транзитӣ.

Бояд тазаккур дод, ки нисбат ба масъалаи индустрияи туризм рӯ меорем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле суст тараққӣ кардааст. Аммо ин масъала дар баъзе кишварҳои ҷаҳон хеле тараққӣ ва фаъол мебошад. Ба машщулшавии туризм ба аҳолӣ ин соҳаи даромадноки баланд гардида, сатҳи некӯаҳолии мардум низ хуб мегардад. Мувофиқи нишондиҳандаи созмони умумиҷаҳонии туризм дар баъзе кишварҳо ҷойи намоёнро ишщол мекунад. Умуман, дар ҷаҳон зиёда аз 100 млн нафар дар соҳаи туризм машщули кор мебошанд. Даромад аз туризми байналмиллалӣ аз соли 1958 то соли 2009 аз 5,5 то 670 млрд долларро ташкил дод, ки ҳоло дар ҷаҳон зиёда 700 млрд доллари америкоӣ ба даст меоранд ин ҳам дар давоми як сол мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати туристӣ дастгирии ҳаматарафаи инфрасохтори туризм, истифодаи имкониятҳои табии-рекриатсионӣ дар соҳаи туризм мебошад. Ҷумҳурии мо новобаста дар шароити имрӯза теъдоди туристони хориҷа хеле зиёд аст. Аммо дар ин соҳа камбудиҳои зиёд ҷой дорад ба монанди, теъдоди туристони содиршаванда зиёд гардида оқибат ба чунин ҳолат оварда мерасонад: ба вайроншавии инфрасохтори туризм ва пастравии дараҷаи рақобатпазирии маҳсулоти туристӣ, баландшавии нархи хизматрасониҳо дар дохили кишвар, пастравии ҷалби инвеститсия ба бозори туристии кишвар, камшавии ҳаҷми даромадноки шаҳрвандон ва маҳдудшавии бо кор таъмин кардани шаҳрвандон мебошад. Сайёҳӣ дар муносибатҳои байналмиллалӣ мавқеъи муҳимро ишщол менамояд. Ҳоло зиёда аз 650 млн нафар одамон ҳар сол бо мақсадҳои сайру сайёҳат ба мамлакатҳои хориҷа сафар менамоянд. Сайёҳии байналмиллалӣ на танҳо як шакли маъмули истироҳат, балки ба он як соҳаи махсуси пешрафтаи фаъолияти иқтисодии ҷаҳон мубаддал гаштааст.

Ба ҳисоби миёнаи 65%-и ҳамаи сайру сайёҳати байналмиллалӣ ба қитъаи Аврупо қариб 20%, Америка қариб 15%, ва боқимонда мамлакатҳои дигари дунё рост меояд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ СУС соли 1990 шумораи сайёҳон дар тамоми олам ба 454,9 млн нафар расид аз он ҷумла ба қитъаи Осиё 62 млн ё худ 13,7%, Америкаи шимолӣ 84,1 млн ё худ 18,9%, Америкаи ҷанубӣ 8,6 млн ё худ 1,9%, Африка 17,7 млн ё худ 3,9%, Аврупо 276,8 млн ё худ 61,0% ва дар охир бошад Уқёнус ба 5,2 млн ё худ 1,1% рост меояд. Мувофиқи маълумотҳо дар ҷаҳон 15 кишвар дохил мебошад ба монанди: Барбаросс, ҷазираҳои Сейнел ва мамлакатҳои дигар мебошад. Дар 45 мамлакати ҷаҳон даромади маблащҳои аз ҳисоби сайёҳӣ воридшуда нисбат ба ҳаҷми содироти онҳо аз 25% зиёд мебошад, дар қатори онҳо 3/1 ҳиссаи мамолики рӯ ба инкишоф мебошад. Ба щайр аз ин арзиши роҳкирои тарафайн боз ба таркиби хароҷотҳои сайёҳӣ инчунин масрафи маводи щизоӣ — 40%, арзиши ҷойи истиқомат — 30%, арзиши роҳкиро дар дохили мамлакат 8%, ва дигар масрафҳо 22% ташкил медиҳад. Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ соли 1974 ташкил ёфтааст, Асамблеяи кулӣ СММ бо розигии ЭКОСОС ба Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мақомоти ташкилоти байниҳукматиро мақбул донистаанд. Маркази маъмурии он дар шаҳри Мадрид ҷойгир аст. Мақсади асосии он:

— дастгирии сайёҳӣ ҳамчун воситаи инкишофи иқтисодӣ ва ҳамдигарфаҳмии байналмиллалӣ оиди таъмини сулҳ, қонеъ гардонидани чорабиниҳо бозиҳои шавқовар ва щайра дохил мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди туризм ба чунин дастовардҳо — истифодаи оқилона ва эҳтиёткоронаи сарватҳои табии, муҳофизати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохторӣ истеҳсоли воридшавии маблащ ба буҷа ва рушди соҳаҳои щайриистеҳсолӣ, ба монанди маориф ва фарҳанг ноил хоҳем гашт. Барои рушди индустрияи туризм мо бояд аз мавзеъҳои Даштиҷум, Ҳисор, Сорчашма, Балҷувон, Муминобод, Ховалинг, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, минтақаи Кӯлоб, Чилучорчашмаи ноҳияи Носири Хусрав ва мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи минтақаҳои кишварамон, ки шӯхрати беандоза дорад бояд самаранок истифода барем. Барои ҳалли ин масъала лозим меояд, ки оянда барои туристони дохилаю хориҷа фазои мусоид фароҳам оварем. Инчунин ҳар як ноҳияи ҷумҳурӣ бо релеф, манзараи табиат, тарзи зиндагӣ, урфу одатҳои гуногун аз якдигар фарқ мекунанд. Ин хусусиятҳо метавонад диққати туристони хориҷиро ба мамлакати мо ҷалб намояд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *