Фанни Туризм

Панҷакенти Қадим

ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ

Нодирии ёдгории мазкур дар он ифода меёбад, ки тамоми қаламрави он то замони мо бо сохтмони биноҳои пештара ва чун замини киштукор истифода бурдани онҳо хароб нагардидааст. Биноҳо, маъбаду ибодатхонаҳо, кӯчаҳо ва паскӯчаҳои он дар намуди аввала ҳифз шудааст. Панҷакенти қадимро метавон бо чунин ёдгориҳои дар ҷаҳон машҳур чун Афросиёб, Варахш, Пайкент (Ӯзбекистон), Нисо, Марв (Туркманистон), Оқ-теппа, Тара, Отрар (Қазоқистон), Уструшана, Кофир-Қалъа, Ҳулбук (Тоҷикистон), Чакалак-теппа (Афғонистон) ва амсоли ин муқоиса намуд.
Корҳои баргузорнамудаи ҳафриётӣ тақрибан ҳудуди нисфи ёдгориро фаро мегиранд. Дар арки мавҷуда дар теппаи алоҳидаи ҳоким ва гӯристон корҳои ҳафриётӣ гузаронида шудааст. Панҷакенти қадим ёдгории таърихии давраи то исломӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин маҳал аз асри 5 то асри 8 давраи мо Суғдиён – аҷдоди тоҷикони муосир, ки дар водии Зарафшон умр ба сар мебурданд, зиндагӣ кардаанд.
Дар ин ёдгории таърихӣ ҷузъҳои алоҳидаи шаҳри қадима боқӣ мондааст, ки аз қисматҳои зерин иборат аст: худи шаҳрак (майдони 13,5 гектар), арки ҳоким (2,5 гектар), работ (боғҳо ва боғҳои беруназшаҳрӣ бо масоҳати қариб 70 гектар) ва қабристон.
Шаҳристон бо девори қалъагӣ иҳота гардида, дар дохили шаҳр ду ибодатгоҳи зардуштиён, биноҳои истиқоматӣ бо деворҳои пурнақшу нигору мусаввара, ҳашт кӯча, фурӯшгоҳҳо, боқимондаҳои устохонаҳои ҳунармандӣ ва иншооти муҳофизатӣ бозёфт карда шудааст.
Дар Панҷакенти қадим ҳар кадоме аз суғдиёни осудаҳол дар манзили худ толори пуршукӯҳи деворҳояш бо нақшу нигор ородода, гаҷкорӣ ва аз чӯб кандакоришуда дошт.

6

9

Суғдиён аз ҳамаи комёбиву дастовардҳои тамаддунҳои пешрафтаву бузурги замони худ огаҳӣ доштанд. Аз ин рӯ дар ҳунари онҳо хусусияҳои ҳунармандии византиягӣ, Эронӣ ва Ҳиндугиро мушоҳида намудан мумкин аст. Бо вуҷуди ин ҳунари суғдӣ бо мавзӯҳои гуногуни фарқкунанда усули нотакрори худро дошт. Мисоли он, ҳунари наққошии суғдист, ки адабиёт, фолклор, маросиму анъанаҳои суғдиёнро инъикос намудааст ва то оғози корҳои ҳафриётӣ дар Панҷакент дар ин бора қариб чизе маълум набуд. Дар шаҳр тоҷироне мезистанд, ки бо Шоҳроҳи Абрешим ба тиҷорати корвонӣ машғул буданд. Шоҳроҳи Абрешим аз Риму Византия то ба Чин тӯл мекашид. Яке аз шохаҳои ин роҳ Панҷакентро убур мекард.
Имрӯз комилан тасдиқ шудааст, ки маҳз тоҷирони суғдӣ дар Роҳи Бузурги Абрешим афзалият дошта, вазифаи миёнаравиро миёни Ғарбу Шарқ ба анҷом мерасонидаанд. Танҳо як худи Панҷакент дар бораи фарҳанги шаҳрдории натанҳо Суғд, балки тамоми қаламрави Роҳи Бузурги Абрешим маълумоти пурра дода метавонад. Суғдиёни Панҷакенти қадим натанҳо созмондиҳандагони бузурги тиҷорати Осиё буданд, балки ҳамзамон чун интиқолдиҳандаи арзишҳои фарҳангии як халқи Осиё ба дигараш шинохта мешуданд. Арки Кӯҳандиз. Майдони он зиёда аз 2,5 гектарро ташкил дода, аз ҷиҳати тарҳ ба арки Варахш (Бухоро) монанд аст. Арк аз ду қисмат иборат аст: қаср (иншооти муҳофизатии дохилӣ) ва кохи аз тарафи шарқ ба он пайваста (ҳавлии беруна). Ҳар кадоме аз онҳо бо девори алоҳидаи қалъагӣ ва кӯшки аввала аз ҷониби ҷанубу ғарб бо хатти дуқабатаи девор мустаҳкам карда шудааст.
Корҳои ҳафриётии чандинсола нишон доданд, ки дар арафаи истилои арабҳо дар қаламрави арк ду бинои бузург – донқон ва қаср мавҷуд будааст.

33

9012

Донқон – бинои пуршукӯҳест, ки аз ду иншооти андозаи 26 ба 26 метр бо баландии 2,5 метри сатҳи болоии иҳотакардаи қаср ва пойдевори болои иншоот бо андозаи 18 ба 18 метр ва баландии 8 метр иборат аст.
Бинои асосии арк маҷмааи қаср мебошад. Қаср дар пояи қалъаи ҳоким бозёфт шудааст. Маҷмааи мазкур аз толори сеқабатаи андозаи 22 ба 12,5 метр ва тахти шоҳиву се толори хурд бо андозаи 11 ба 10 метр иборат аст. Аз ҷониби ғарб, ҷанубу ғарб ва шимол ба толорҳои қаср айвони пуршукӯҳи дарозиаш 12 метр ва даҳлези асосии дарозиаш 45 метр пайваст мешавад. Аз навиштаҷоти дар деворҳои қаср боқимонда хулоса кардан мумкин аст, ки ҳамаи биноҳои пуршуқӯҳи қаср як замоне бо навиштаҷоти зиёде оро дода шуда будааст. Аз тарафи ҷануб, ғарб ва шимол қаср бо биноҳои хоҷагӣ ва манзили зисти хизматгорони ҳоким иҳота шудааст. Қаср дар як вақт бо шаҳристон аз сӯхтори солҳои 721-722 рӯйдода зарари зиёде дидааст. Биноҳои асосӣ сӯхта, навишатҷот барқасдона аз деворҳо канда поймол карда шудааст.
Қабристон дар қисмати ҷануб ва ҷанубу ғарбии шаҳристон ҷойгир шудааст. Қабристон дарвоқеъ ҳам яке аз гӯристонҳои нодири давраи то исломии Суғд ба шумор меравад. То баргузории корҳои ҳафриётӣ (ҷустуҷӯӣ) қабристон аз маҷмӯи гӯрҳои алоҳида дар шакли теппаҳо намудор мегардид. Работ маҳаллаи аҳолинишини наздишаҳри мебошад. Он дар қисмати шарқӣ ва ҷанубу шарқии шаҳристон ҷойгир шудааст. Масоҳати работи Панҷакент якчанд маротиба аз қаламрави шаҳр калонтар аст. Дар қаламрави работ беш аз дусад теппаҳои сунъии аз ҳамдигар ҷудо мавҷуд аст. ҷустуҷӯйҳо собит сохт, ки ҳар кадоме аз теппаҳо аз се ё чаҳор бино иборат буда, ҳар яке аз онҳо дар навбати худ таъиноти махсусе доштааст: бинои истироҳату хоб, ошхона, бинои қабул, кор ва ғайра. Дар ин ҷо чун дар аксари хонаҳои шаҳристон зинаҳо (пандус) вомехӯрад, ки ба барои ба ошёнаи дуввум ё боми бино баромадан сохта шудааст.
Ҳамин тавр, омӯзиши бозёфтҳои як қатор хонаҳои наздишаҳрӣ нишон дод, ки работи Панҷакент дар асрҳои VII-VIII ба ташаккул ёфтан оғоз кард, ки он қисми ҷудонашавандаи шаҳри давраи то феодалӣ мебошад. Чанде дертар работ ба қаламрави шаҳр дохил карда шуда, бо девори муҳофизатӣ иҳота карда шуд, ки чунин манзараро мо дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Тирмиз ва дигар шаҳрҳои асримиёнагӣ мушоҳида менамоем.
Дар маҷмӯъ, корҳои ҳафриётӣ дар ҳамаи қисматҳои шаҳристони Панҷакент имкон дод, ки фаъолияти бинокориву сохтмонӣ ва аломатҳои асосии корҳои меъмориии иншооти шаҳрӣ дар замони қадим пурратар омӯхта шавад. Дар натиҷа маълум шуд, ки меъморони Панҷакент бо анъанаҳои меъмории Месопотамия, Бохтар ва Эрон аз наздик ошноӣ доштаанд ва ин имкон медиҳад, ки осори меъмории Панҷакентро дар як саф дар сатҳи меъмории ҷаҳонӣ гузошт. Аз нигоҳи афзалияти арзишҳои умумиинсонӣ ва ҳамзамон эҳтиром гузоштан ба сарвати миллӣ Панҷакенти қадимро намунаи омӯзиш ҳисобидан мумкин аст. Дар ин ҷо бо тамоми аёният то ба кадом андоза дар он замони қадим ба сатҳи баланд расидани фарҳанги мардуми Осиёи Миёнаро дидан мумкин аст. Дар ҳамин ҳол робитаи суғдиён бо манбаъҳои асосии тамаддуни ҷаҳонӣ доимӣ ва ҳамдигарро такмилдиҳанда боқӣ мондааст.

4

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *