Фанни Туризм

Илми бостоншиноси ва ахамияти он дар пажухиши таърихи Панчакенти

Ин навиштаи мухтасар — конспект дар асоси асрҳои зерин иншо шуда: Ғафуров Б. гуфтааст «Гузаштаи ғании таърихии халқи тоҷикро омӯзед». Омӯзгор дар назди худ мақсад мегузорад, ки баъд аз Инқилоби Кабири сусиёлистии Октиябр чи гуна инкишоф ёфтани илми бостоншиносиро ба хонандагон пешниҳод намояд. Ин нуқтаро бо масоили пажуҳиши таърихи Панҷакенти қадим алоқаманд бояд намуд, то талабагон бидонанд, ки кадом олимон дар тадқиқи ин масоил шуғл варзидаанд. Махсусан бояд қайд кард, ки дар ин ҷода олимони ленингради хизмат кардаанд. Дар ин мавзуъ руйхати баъзе адабиётҳо ҳатми нест. Вале муҳим аст, ки онҳо аз заҳмати ин олимон огоҳ бошанд ва эҳтиромашон мебояд кард.

Муаллимон бояд масъалаҳоро пеш гузоранд,ки Панҷакент таърихи 55-асра дорад. Инро мо ба туфайли илми бостоншиносӣ медонем. Ба хонандагон бояд фаҳмонда,ки бостоншиносӣ чи гуна илм аст. Муаллим бояд бо худ китобе чанд хусусан шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро оварда ба шогирдонаш нишон диҳанд. Хуб мешуд, агар ӯ воситаи айёни сомон диҳад дар он ному насаби олимони баруманди аз қабили Бобоҷон Ғафуров. А.Ю. Якубовский, А.М. Беловскй, А. Исҳоқовро бо руйхати асарҳои онон дарҷ кунанд. Аз инвосита айёни хонандагон метавонанд ному насаб ва унвони кутубии олимонро навишта гирифта ба хотир нигоҳ доранд.

Муалимонро зарур аст, ки нақшаи инқилоби октябро дар пешрафти илми бостоншиноси аз он ҷумла дар Тоҷикистон ва махсусан Панҷакент шарҳ диҳад.

Саразм дар давраи биринҷӣ

Навиштаи мухтасар аз руи чунин китобҳо таҳия шуда: Белениский А. Распопова В, Панҷакенти қадим .

Ҳамаи муаллимон бояд китоби А. Исҳоқов «Саразм»-ро бояд биомӯзанд. Саразм ва ҳафриёти онро муона намоянд, то фаҳманд, ки Саразм дар таърихи Суғд чи нақше дорад. Як қатор экспонадҳои аз Саразм ёфта шударо, ки дар осорхонаи экспедитсияи Панҷакент ба намоиш гузошта шудаанд, аз назар гузарониданд, маслиҳатҳо бигиранд. Дар дарс ба шогирдон боядравшан карда, ки давраи Биринҷи кадом қарнҳоро фаро мегиранд. Ба онҳо мо бояд ашхосеро, ки дар кофтукови Саразм фаъолона ширкат ҷустаанд, муарифи намуд. Номи баъзе экспонадҳо аз Саразм ёфта шударо шогирдон бояд ба хотир гиранд. Аз баски мо ба омӯзиши таърихи Суғд оғоз мекунем, бояд шарҳ дод, ки «Суғд» чиқадар масоҳат дошт ва ғайра. Дар охири дарс шогирдон бояд фикр карда аҳмияти таърихи Саразмро дарк намоянд. Муаллим метавонад аз рӯи китоби

А. Исҳоқов «Саразм» як қатор воситаҳои айёни тартиби диҳад.

Саразмро ки кашф кард ?

Деҳаи Саразмро аввалин маротиба ки соли 1976 Ашурали Тайлонов ошкор кард, ки ин мавзеи дорои бузурги археологӣ шуд.

Чунонки олими бостоншинос А. Исҳоқов менависад, дар қисми шимолӣ — ғарбии маҳалаи Саразм ёдгориҳои бостони Куй Қурғон ва Кофирқурғон ҷойгиранд, ки онҳоро ҳануз соли 1947 О.И. Симирнова окор карда ба қайд гирифта буд. Пасон дар ин ҷо солҳои зиёде дастаи бостоншиносон зери сарварии Абдулоҷон Исҳоқов корро давом медиҳад. Дар Саразм бисёр бостоншиносон аз зумраи В. М. Массонт, Р.М. Мингаев А. Аскаров будаанд.

Калимаи Саразм чи маъно дорад?

Олимон «Саразм»- ро чунин тафсир кардаанд:

1) Сарсабз яъне Сари Сабза.

2) Аз калимаи тоҷикии «Сар» ва арабии «разм»-Сарразм, яъне оғози ҷанг.

Заминҳои куҳистон то Саразм долон густуртааст. Бошандагони болооби Зарафшон душманонро дар Саразм вохурда ҷангро дар ҳаминҷо оғоз мекарданд.

3)»Саразм » тибқи ақидаи барҷастатарин донандаи забони Суғди В.А. Литвис маънои «Сари замин»-ро дорад.

Ёдгориҳои қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдулоҷон Исҳоқов кашф гардид.

Ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи ёдгории таърихи қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтааст. Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудааст, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи: давраи II- солҳои 3200- 3900 то асри мо;давраи III солҳои 2900 — 2700 то асри мо; давраи IV — солҳои 2700 — 2900 то асри мо. Асоси иқтисоди сокинони Саразмро соҳаи ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медод ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалми иборат буд. Аз охири асрҳои 4-ум сар карда то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металурги минтақаи Осиёи Маркази табдил меёбад. Ба ин захираҳои бо ин тилло, нуқра, мис, сурб ва руҳ дар куҳҳо болооби дарёи Зарафшон мусоидат кадааст.

Иқтисоди дар ҳоли рушди устувор қарордошта ва фарҳанги волои моддии Саразм нишонаҳои махсуси Маркази тарзи заминдории минтақаи Осиёи Маркази маҳсуб мегардиданд. Бо густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV -уми то асри мо саразмиён бо марказҳои қадимаи заминдории Туркманистон ҷанубӣ, Эрон, Болуҳистон, Ҳиндустон ва Афғонистон муносибатҳои ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ монданд. Ҳамин тариқ шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.

Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бостоншиносон дар шаҳраки Саразм дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (солҳои 1979 ва 1994 ), Вашингтон (солҳои 1981 ва 1986 ), Париж (соли 1985 ), Олмон (солҳои 1992), Эрон (соли 2003 ), Италия (соли 2007) ва қитъаи Африқо (соли 2008), мавриди омӯзиши барраси қарор гирифтааст .

Мувофиқи Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391, аз 21 -уми сентябри соли 2001 , ёдгории қадимаи таърихии 5500 солаи шаҳраки Саразм дар ноҳияи Панҷакент ҳамчун маркази ташакули илми ташкил шудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *