Фанни Туризм

Хусусияти сохтори системаҳои кӯҳҳои Осиёи марказӣ

Пасткӯҳҳои Қазоқистони марказӣ

: Дар минтақаи майдатеппаҳои Қазоқистон, ки қисми калони Қазоқистони марказиро дарбар мегирад, дар натиҷаи нишонаҳои начандон тӯлонии бардоштагиҳои тектоникӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи пасткӯҳҳо паҳн шудаанд. Пештар ба онҳо ҳамчун боқимондаҳои системаҳои кӯҳии герсшакл назар мекарданд, аммо онҳо ҳамчун ҳудуди нави бардоштагиҳо мувофиққат мекунанд. Ба баландиҳои муқоисанашаванда нигоҳ накарда,дар ноҳияҳо релефи кӯҳӣ ҳукмфармост, ки дар ҳудуди хеле васеъ тақсим шудаанд ва характери нишебиҳои бузурги нӯгтез, ҷариҳои сангин ва шаклҳои гуногуни шамолҳоро доранд.

Кӯҳҳои Кокчетавск дар минтақаи шимолии майдатеппаҳои Қазоқистон, дар байни теппаи Кокчетавск қуллаи баланди кӯҳ – Синюха (947 м) ҷойгиранд. Таркиби кӯҳҳо асосан аз гранит иборат аст. Зебоии асосиро ба онҳо ҷойгиршавиашон дар таги кӯҳ, кӯлҳои чуқури беранг ва релеф мебахшад. Ноҳияҳои Щучинска, Борового, Зеренди ва ғайра, ки дорои ланшафи кӯлӣ ва ҷангаливу кӯҳӣ мебошад, барои ташкили туризм, истироҳат ва табобат истифода бурда мешаванд. Курорти Боровое байни кӯлҳои Боровим ва Чебачим ҷойгир аст, хеле машҳур буда, васеъ истифода бурда мешаванд.

Ҷойгиршавии пасткӯҳҳои ҷанубу шарқии Ерментау (кӯҳи Ақдим 899 м) ҷинсҳои антиклинория, допембрийских, гранит ва нишебиҳои квасдорро доранд, ки хоки сурхусиёҳчатоб доранд. Дар даштҳои чуқури Қазокистони марказӣ ланшафтҳои кӯҳиву ҷангалӣ ҷойгиранд, ки ҳамчун мавзеҳои беҳтарин барои ташкили туризм ва истироҳат истифода мешаванд.

Маҳали Алитау дар зонаи чиндори Каледон, ки нимҷазираҳо онро иҳота кардаанд, ҷойгир мебошад. Баландии мутлақи маҳал – 1133 метр мебошад. То пайдоишашон кӯҳҳо хеле васеъ ва нишеб будаанд. Қисми асосии кӯҳ аз вайронаҳои гранитҳо таркиб ёфтаанд.

Балхан ва Копетдаг. Кӯҳҳои Балхан дар Туркменистон дар байни нимҷазираҳои Красноводск ва Копетдаг ҷойгиранд. Дарозии Балхани бузург то 1880 м. тул мекашад. Баландии миёнаи зонаи Балхани бузург тақрибан то баландии 800 м. мерасад ва биёбонҳое, ки хокашон хокистаранги тира доранд, ишғол кардаанд. Дар ин ҷо бутазорҳо хеле кам дучор мешаванд. Дар баландии зиёда аз 800 м. зонаи биёбон ба зонаи нимбиёбон табдил меёбад ва аз ин ҳам баландтар даштҳои типчоқи чакалакзори кӯҳӣ воқеанд. Ланшафтҳои биёбони кӯҳҳои Балхани бузург дорои комплекси ҳайвоноти кӯҳӣ ва ҳайвоноти даштӣ ва биёбонӣ, ки дар кӯҳ маскан гирифтаанд мебошанд. Балхани хурд аз Балхани бузург ҷудо ҷойгир аст. Балхани хурд то баландии 779 м. тӯл кашидааст. Ин ноҳияи пасткӯҳи рост барои мардуми таҳҷойии Туркменистон ба сифати чарогоҳ истифода мешавад.

Копетдаг – системаи кӯҳии асосии Туркменистон мебошад. Он дар канори зонаи кӯҳҳои Туркменистон, Хуросон, ки доманакӯҳхои шимолии Эронро ташкил медиҳад, чойгир аст. Кӯҳҳо на он қадар баланд, вале хеле калон ва нишеб буда, аз тарафи шимолӣ кӯҳҳои Копетдаг биёбонҳои Қарақум ҷойгиранд. Дар Копетдаг барф ва пиряхҳои доимӣ вуҷуд надоранд. Инчунин дар ин ҷо шаклҳои қадими релеф кӯҳхои яхин низ вуҷуд надоранд. Аз ҳама қуллаи баланд дар қисми Копетдаг – кӯҳи Шах-шах (2912 м) мебошад, ки дар ҷанубу ғарбӣ дар Ашхобод ҷойгиранд. Копетдагро системаи кӯҳҳои иҳоташуда ва теппаҳои кӯҳӣ ташкил кардаанд. Қисми марказии кӯҳхо аз се каторкӯҳи параллел таркиб ёфтаанд. Ба ҳудуди шарқии Туркменистон фақат пешкӯҳҳо ва ҳудуди кӯҳҳои занҷиршакл дохил мешаванд, дар қисми ғарбии Туркменистон Капетдаг релефи душвори кӯҳӣ васеъ паҳн шудааст, ки 110 км тӯл мекашад. Дар ин ҷо каторкӯҳҳои кӯтоҳи бисёре тӯл кашидаанд. Дар канори ҳудуди қисмати ғарбӣ онҳо васеътар шуда, дар охир то ҷануби ғарбӣ тӯл мекашанд. Ҳаво дар Копетдаг тобистон хушк аст, ки бо биёбонҳои ҳамсояи Осиёи миёна ва Эрон алоқамандӣ дорад. Тобистон дар кӯҳҳо назар ба биёбонҳо салқинтар аст. Дар муқоиса бо биёбонҳои ҳамсоя баришот нисбатан зиёдтар аст (дар як сол 300 мм).

Дар Копетдаги шимолӣ чашмаҳои термалӣ ва ин инчунин кӯли таги заминии Коу ҷойгир аст, ки оби гарми гидрогенусулфатдор дорад, ки дар ғори васеи наздикии маҳали Бархаден ҷойгиранд. Аз сабаби дар нишебиҳои кӯҳ набудани зонаи аслии ҷангали кӯҳӣ дар кӯҳҳои Копетдаг зонаи ланшафти баландкӯҳ хукмфармост. Дар зонаи баланди пешкӯҳҳо ва қисми пасткӯҳҳо (350-500 м) ланшафтҳои нимбиёбонӣ паҳн шудаанд. Дар даштҳои кӯҳии Копетдаг ҷайра ва барраи кӯҳӣ вомехӯранд. Дар дарахтзорҳои дарраҳо хук вуҷуд дорад. Инчунин дар чашмаҳои кӯҳӣ ва соҳили дарёҳо бо кобра вохӯрдан мумкин аст. Асоси захираи табии Копетдаг чарогоҳҳои тобистона ва баҳори ташкил медиҳанд.

Т и ё н ш о н. Кӯҳҳои Тиёншон чунин ҷойгир шудаанд: Нисфи қисмати шарқиашон дар ҳудуди Хитой паҳн шудааст. Қисми ғарбии каторкӯҳҳои Тиёншон асосан ба ҳудуди ҷумҳурии Қазоқистон дохиланд, шимолу канораҳои ғарбии каторкӯҳҳо дар Қазоқистон ҷойгиранд ва як қисмаш то охири ҷанубу ғарбиашон дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Тоҷикистон дохил мешаванд. Қисми калони кӯҳхои Тиёншон дорои арз ё ки субарзҳои васеъ мебошанд. Системаи кӯҳӣ бо арзҳо тахминан 1200 км паҳн кашидааст. Дар шимоли Тиёншон дашти Илийск ҷой гирифтааст, дар ҷануб ҳавзаи Фарғона, дар қисмати шарқӣ қаторкӯҳҳои Тиёншон бо қаторкӯҳҳои Олой ва системаи қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой зич ҷойгир шудаанд.

Қуллаи баландтарини қаторкӯҳҳои Тиёншон – қуллаи Ғалаба (7439 м)мебошад, ки дар соли 1943 кашф шудааст ва ба ифтихори ғалабаи қушуни Советӣ дар ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қулла номи Ғалабаро гузоштанд. Қуллаи Ғалаба дар қисмати ҷанубии Хан-Тенгри (6995 м) дар қаторкӯҳи Кокшаал-Тау дар ноҳияи баландтарин ва яхпӯши Тиёншони марказӣ, дар қисмати шимолии ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамсарҳадӣ бо Хитой ҷойгир шудааст. Релефи қисми зиёди Тиёншон баландкӯҳ мебошад.

Иқлим дар кӯҳҳои Тиёншон тағирёбанда буда, дар зонаи баландкӯҳ нисбат ба биёбон дигар хелтар аст. Дар тағаи кӯҳҳо иқлими хунуки баландкӯҳҳои барфу яхпӯш ҷорист.. Ҳарорати миёнаи моҳи июл дар даштҳои пасткӯҳҳо 20-25 дараҷа ва дар қуллаҳои қаторкӯҳҳо то 0 дараҷа С паст мешавад. Дар алоқамандӣ бо зиёдшавии иқлими континенталӣ аз шимолу ғарбӣ ба ҷанубу шарқӣ дар ин мавзеҳо роҳҳои барфӣ пайдо шудаанд. Дар Олтой ва қаторкӯҳҳои Қирғизистон онҳо то баландии 3600-3800 метр, дар нишебиҳои шимолӣ то 3800-4200 метр ҷойгир шудаанд. Дар Тиёншони марказӣ дар ноҳияи Хан-Тенгри ва қуллаи Ғалаба онҳо дар баландии 4200-4450 м ҷойгир шудаанд. Барои ҳамин махсусан Тиёншони марказӣ яхпӯш мебошад. Дар ин ҷо пиряхҳои бузурги Тиёншон:Энчилчекии ҷанубӣ, ки дарозиашон қариб 60 км мебошад ҷойгир шудаанд. Майдони яхпӯши Тиёншон 7326 км2-ро ташкил медиҳад. Шумораи пиряхҳо 7787-тоянд.

Дарёҳои Тиёншон дар кӯли сарбастаи ҳавзаи биёбони Осиёи миёна ва Осиёи марказӣ ба охир мерасанд. Дар кӯлҳои дохили Тиёншон, оби дарёҳоро барои обёри истифода мекунанд. Дарёҳо аз баландкӯҳҳо оғоз ёфта, захираи барф ва яхро доранд. Обашон тобистон зиёд мешавад. Дарёҳо барои додани қувваи барқ ва обёрӣ намудани ҳавзаҳои хушку биёбонҳо хизмат мекунанд. Дар Тиёншон кӯлхо зиёданд. Аз ҳама калонтаринашон Иссикӯл мебошад. Чуқурии максималиаш – 668 метр, чуқурии миёнааш 278 метр. Кӯл зебогии махсус дорад. Гулҳои кабуду сабзе, ки дар обаш мавҷуданд ва ҳавзу кӯҳҳое, ки гирду атрофашро иҳота кардаанд, ба кӯл зебогии махсусро зам мекунанд. Аз сабаби зиёд чуқур буданаш кӯл дар зимистон ях намекунад. Обаш намак дорад. Кӯлҳои дигари машҳури дохили Тиёншон Сан-кӯл ва Чотир-кӯл мебошанд.

Тағироти табиат дар кӯҳҳои Тиёншон аз зонаҳои баланд вобаста мебошад.Дар Тиёншон се намуди асосии спектри зонаҳои баландро ҷудо кардаанд:

— Тиёншони шимолӣ;

— Ҷанубу ғарбии Тиёншон;

— Тиёншони дохилӣ.

Ба спектри шимолии Тиёншон, соли 1857 П.П.Семенов-Тян-Шанский дар нишебии шимолии пасилойи алпӣ 5-зонаро тақсим кард, ки паси ҳам ҷойгир шудаанд ва дорои хусусиятҳои табии ва истифодаи хоҷагидории худашон мебошанд. Дар ҷанубу ғарбии Тиёншон: дар даштҳои кӯҳӣ зонаи ланшафтҳои баланддаштҳои хушк паҳн шудаанд. Дар кӯҳҳо хокҳои равшани хокистаранг дучор мешаванд. Дар рахи болоӣ дар зонаи дашткӯҳ даштҳои типчоқ, дар кӯҳҳо хокҳои хокистаранги тира вуҷуд доранд. Боигариҳои табии Тиёншон бисёр ва хеле гуногун мебошанд. Полиметаллҳо ва рӯҳ дар Тиёншони ғарби ва шимолӣ мавҷуданд, ангиштсанг – дар Фарғонаи шарқӣ, Тиёншони дохилӣ ва Иссиккули шимолӣ, ангишти сиёҳтоб – дар Тиёншони ғарбӣ, нефт – дар Фарғонаи шарқӣ ва наздикӯҳҳои Фарғона, намаксанг – дар Тиёншони дохилӣ ва канори ҳавзаи Фарғона. Инчунин ҷинсҳои химиявии кӯҳии гуногун ва масолеҳи сохтмонӣ вуҷуд доранд.

Ҳисору Олой, ҷанубу ғарбии Помиру Олой ва Помир.

Дар ҷанубтар аз ҳавзаи Фарғона ва қисмати шарқии биёбони Қизилқум ноҳияи васеи кӯҳии Помиру-Олой ҷойгир аст, ки аз се қисмати гуногун иборат аст.

Системаи кӯҳии Ҳисору Олой: ба зонаи чиндоршавии герсӣ таалуқ доранд. Таърихи тараққиёти геологии онҳо ба таърихи геологии қисми ҷанубии Тиёншон монанди дорад ва барои ҳамин геологҳо баъзан ин системаҳоро ба Тиёншон муқоиса карда, онро Тиёншони ҷанубӣ мегӯянд. Системаи кӯҳии Ҳисору Олой хеле васеъ буда, онҳо дар ҳудуди Узбекистон (дар ғарб) Тоҷикистон (дар марказ) ва Қирғизистон (дар шарқ) паҳн шудаанд. Қаторкӯҳҳои асосии шимолии Ҳисору Олой қаторкӯҳҳои Туркистон ва Олой ба ҳисоб мераванд. Аз рахи каторкӯҳҳои Олойу Туркистон дар ноҳияи Матчинский, кӯҳҳои Зарафшон пайдо мешаванд, ки то қисмати ҷанубу ғарбии дарёи Зарафшон тӯл мекашанд. Баландии қаторкӯҳҳои Зарафшон дар қисми марказӣ ба 5489 м (қуллаи Чимтарга) мерасад.

Қаторкӯҳҳои Олой, Туркистон ва Зарафшон пиряхҳои зиёдро доранд. Барои онҳо чун дигар баландкӯҳҳои занҷиршакл намуди релефи алпӣ бо шакли кӯҳҳои яхпӯш хос аст. Иқлими Ҳисору Олой бо шароитҳои гармии аз ҳад зиёд характери тағирёбанда дорад. Боришоту намнокӣ нобаробар паҳн шудааст. Дар назди кӯҳҳо ва пасткӯҳҳо зимистон кӯтоҳ ва мулоим, тобистони дарозу гарм ҳукмфармост. Ҳарорати миёнаи моҳи июл дар таги кӯҳҳо аз 24 градусС ва то ба 28 градусС мерасад. Боришот зиёдтар аст нисбат ба биёбонҳои ҳамсоя (350-700 м). Дар баландиҳои 1500-3500 м иқлим характери кӯҳӣ мегирад. Дар он ҷо ҳаво салқинтар шуда, намнокии зиёдтар ба назар мерасад. Хатҳои барф дар қаторкӯҳҳои Туркистон то баландии 3600 м мерасанд. Майдони яхҳо қариб 2300 км2-ро ташкил дода, шумораи пиряхҳо – 3859 торо ташкил медиҳанд. Аз ҳама пиряхи калон – Зарафшон, ки дарозиаш 28 км мебошад.

Дарёҳои Ҳисору Олой ғизогирии барфу яхҳоро доранд. Ғизогирии пиряхӣ асосан дар Зарафшон зиёд аст. Дар ин ҷо қулҳои кӯҳии хушманзара асосан кӯли Искандаркул дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ки ба ҳавзаи Зарафшон тааллуқ дорад, ҷойгир аст. Кӯли хушманзараи Марғузор низ дар ҳавзаи Зарафшон ҷойгир аст. Ба системаи кӯҳҳои Ҳисору Олой зонаҳои ланшафти баландкӯҳ хос аст.

Кӯҳҳои ҷанубу ғарбии Помиру Олой.

Ин кӯҳҳоро (депрессия) пастхамии Тоҷикистони ғарбӣ, баъзан Тоҷикистони ҷанубӣ ё ки фақат пастхамии Тоҷик ном мебаранд. Инчунин онҳоро пасткӯҳҳои Тоҷикистони ҷанубӣ низ мегӯянд, гарчанд бисёр қаторкӯҳҳояшон то 2000 м баланд бошанд ҳам. Калимаи «депрессия», яъне пастхамӣ ба номи ин ҳудуд на он қадар мувофиқ мебиёяд. Ин ноҳияи пасткухҳо ва миёнакӯҳҳост. Ноҳия аз шимолу ғарбӣ бо қаторкӯҳҳои Байсунтау ва Куштантау маҳдуд шудааст, ки аз канорҳо шохаҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Ҳисор онро иҳота кардаанд. Пеш ин ҳудуд ҳамааш ба канори фурухамидаи назди Помир, рахи геосинклиналии мавзеи Помиру Алпу Ҳимолой таалуқ дошт. Ҳозир бошад ба он фақат ҳудуди на он қадар васеъро дар шарқ ташкил додаасту халос.

Қисмати асосии ҳудудаш ба Тоҷикистони ғарбӣ ва Узбекистон (қисмати ғарбиаш дар Туркменистон медарояд) рост меояд.

Помир, ё ки доманакӯҳҳои Помир.

Дар ҷанубу шарқии минтақаи кӯҳсори Помиру Олой, дар ҳамсарҳадӣ бо Афғонистону Хитой ҷойгир шудаанд. Дар харитаи ҷуғрофӣ Помир шакли чоркунҷаро дошта, дар қисмати ғарбиаш каме шакли буридагӣ дорад. Канори доманакӯҳҳо хусусияти андак баланд шуданро доранд. Дар шимол инҳо қаторкӯҳҳои Пасиолой (қуллаи Ленин 7134 м) дар шимолу ғарбӣ – қаторкӯҳи Академияи илмҳо ва пас аз он дар ғарб қаторкӯҳҳои Помири ғарбӣ мебошанд. Дар қаторкӯҳи Академияи илмҳо нуқтаи баландтарини Помир (ва СССР пештара) қуллаи И.Сомони бо баландии 7495 м ҷойгир шудааст. Ин қулла соли 1928 дар баландкӯҳҳои Помир аз тарафи экспедитсияи шӯравию олмонӣ ёфт шудааст. Дар мавзеи Помир дар рахи геосинклиналии Алпу Ҳимолой якчанд зонаҳои тектоникӣ ҷудо шудаанд:ба мисоли зонаи берунӣ, зонаи Помири шимолӣ, Помири марказӣ, ҷанубу ғарбӣ, ҷанубу шарқии Помир.

Ҳудуди Помир вобаста ба хусусиятҳои релеф ба 2-қисм ҷудо мешавад: Помири ғарбӣ ва Помири шарқӣ.

Ба Помири ғарбӣ

хусусияти системаи қаторкӯҳҳои баланд хос аст. Дар шимол инҳо: қаторкӯҳҳои Петр 1, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ҷойгир аст. Баъдтар ба онҳо дар шарқи қисмати охири қаторкӯҳхои Академияи илмҳо, қаторкӯҳи Петр 1 ва Дарвоз, ки ба ду зонаи шимолии тектоникӣ зонаи берунӣ ва шимолии Помир таалуқ доранд, дохил мешаванд.

Қаторкӯҳҳои Ванҷ, ки то қаторкӯҳхои Язгуломи ҷануби паҳн шудаанд, ба зонаи тектоникӣ Помири марказӣ дохил мешаванд. Дар қисмати ҷанубтар паси ҳам, ки дар зонаи ҷанубу ғарбии Помир қаторкӯҳҳои Рушон (қуллаи Патхор 6083 м) Шуғнон ва Шохдара ҷойгир шудаанд.

Помири шарқи тамоман дигар хел хусусиятҳои релефашро дорад. Дар ин ҷо, дар қисмати марказии даманакӯҳҳо, релефи қадим боқи мондааст. Ба релефи Помири шарқи хусусияти даштҳо ва ҳавзаҳои калону васеъ хос аст, ки то баландии 3500-4500 метр мерасанд. Байни онҳо қаторкӯҳҳои баланд ва маҳалҳои кӯҳӣ ҷой гирифтаанд, ки баъзан баландии онҳо зиёда аз 6000 метр мерасад (қуллаи Советских Офицеров «Афсарони Шӯравӣ» дар қаторкӯҳҳои Музкол 6233 метр). Дар шимолу шарқии қисмати Помир ҳавзаҳои калону ҳамвори сарбастаи бо кӯлхо мавҷуданд.

Дар Помири шарқӣ ҳавзаи кӯли Қарақул ба зонаи тектоникӣ Помири шимоли: қаторкӯҳҳои Музкул ва мавзеи кӯли Рангкул – ба зонаи марказӣ, ҳавзаи дарёи Оксу – ба зонаи ҷанубу шарқии Помир таалуқ доранд. Тамоми Помир ба рахи субтропики дохил мешавад.

Дар Помири шарқи, нисбат ба дигар ҳудудҳои кӯҳии Помиру-Олой, ки боришот дар баҳор ва тобистон мешавад, дар Помири шарқи тобистон боришот зиёдтар аст. Иқлим дар Помири шарқи ниҳоят хушк, континентали мебошад (дар баландии қариб 400 метр ҳарорати миёнаи моҳи январ то 20 градус С, моҳи июл бошад +8 градус С мешавад). Дар даштҳои Помири ғарби ҳарорат баландтар (дар баландии қариб 2100 метр ҳарорати миёнаи моҳи январ -7,4 градусС, моҳи июл +22,5 градус С). Нисбат ба Помири шарқи дар Помири ғарби боришот зиёдтар мешавад, махсусан дар қисмати шимолиаш.

Хатҳои барфи дар канори шимолу ғарбии Помир дар баландии 3600-3800 метр мегузаранд. Дар мавзеи пиряхи Федченко 4200-4400 метр, дар қисмати маркази ва арки онҳо то баландии 5200-2240 метр мерасанд. Яхҳои Помир ниҳоят бузурганд, асосан дар қисмати шимоли ва шимолу ғарби. Дар Помир қариб 7100 пирях (6730 агар пиряхҳои даштиро ҳам ҳисоб кунанд) маълум аст. Майдони яхҳо тақрибан то 7500 км2 тул мекашад, ки зиёда аз 10% тамоми қисми болоии Помирро ишғол кардаанд. Бо шумора ва майдони пиряхҳо Помир ҷои якумро байни ноҳияҳои кӯҳиву пиряхии И.Д.М. мегирад. Аз нисф зиёди майдони яхпуш ба қисмати шимолу ғарбии Помир рост меояд.

Дар ин ҷо ҳамаи пиряхҳои калони Помир, аз ҷумла пиряхи Федченко, ки пиряхи баландтарини И.Д.М. ва яке аз пиряхи калонтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дарозиаш 77 км, майдонаш 651,7 км2, ғавсии максималии ях дар қисмати марказӣ 1000 метр.

Пиряхи Грум-Гржимайло дарозии қариб 37 км дошта, майдонаш 143 км2. пиряхи Гармо, ки байни қаторкӯҳҳои Петр 1 ва Дарвоз воқеъ аст, дарозии 30,4 км ва масоҳати 114 км2-ро дорад. Даҳ пиряхи Помир дарозии зиёда аз 20 км доранд.

Дарёҳои Помир ба ҳавзаи Амударё таалуқ доранд, ки дар қисмати болоӣ номи Панҷро гирифтаанд. Аз ҳама калонтарин Қизил-су, Сурхоб, Вахш. Канори дарёҳои Помири шарқӣ ва ҳавзаҳои Яркенда ва Нангара дохил мешаванд.

Ҳамаи дарёҳо ғизогирии барфу пиряхӣ доранд.

Кӯли калонтарини Помир-Қаракӯл дар Помири шарқӣ ҷойгир аст. Дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Чуқурии кӯл то 236 метр мерасад. Обаш намак дошта, барои нушидан истифода намешавад. Дар зимистон обаш ях мекунад. Дар яке аз ҳавзаҳои Помири шарқи кӯлҳои на он қадар калони Шуркӯл ва Рангкул ҷойгиранд. Кӯли Шуркӯл намакин аст, Рангкӯл бошад қариб оби тозаи ошомиданӣ дорад. Кӯлҳои равони Помир кӯли Сарез, Яшикӯл ва Зоркӯл мебошанд. Зоркӯл аз кӯлҳои дигари Помир баландтар ҷойгир аст. Дар баландии 4 125 метр. Аз ҳама кӯли калони равони Помир Сарез мебошад. Дар соли 1911 дар натиҷаи ғалтидани кӯҳ пайдо шудааст.

Зонаҳои баланд дар кӯҳҳои Помир дар қисмати ғарбӣ ва шарқӣ гуногун тасвир ёфтаанд. Дар Помири ғарби зонаҳои баланд васеъ ҷойгир шудаанд, вале аз сабаби набудани ҷангалҳо на он қадар васеъанд. Растаниҳо ва дарахтон хеле кам дида мешаванд. Дар нишебиҳои сангин арча мерӯяд, ки дарахти кӯҳӣ мебошад. Дар соҳилҳои дарёҳо дарахтони ар-ар, бед ва ғайра месабзанд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *