Фанни Туризм

Фаъолияти саёҳатӣ

Саёҳат шакли хизматрасониест, ки ҳангоми тарҳрези ин ё он барномаи туристӣ пешниҳод мегардад. Ғайр аз ин саёҳат асоси туризми маърифатӣ маҳсуб меёбабад. Маҳз барои ҳамин дар таркиби унсурҳои индустрияи туристӣ, саёҳат нақши муассир дорад.

Мафҳум ва моҳияти саёҳат – мувофиқи матлабе, ки дар «Қомуси турист» оварда шудааст, «саёҳат» ин ташрифи фардӣ ва гуруҳӣ ба маконҳои ҷолиб осорхонахо ва гайра бо максади бардошти маърифат ва ё фархангию ҷаҳонбинӣ зери назари роҳбалад мебошад.

Муҳақиқон Т.М.Глушанок ва Н.М. Хуусконен зикр менамоянд, ки дар фаъолияти амали саёҳат дар чанд ҷанба дида мешавад, яъне;

— шакли мустақили таълиму тарбия, инчунин ҳамчун кисми таркибии дигар шаклҳои таълиму тарбия;

— шакли ташкили фароғати фарҳангӣ, корҳои тарбиявӣ;

— яке аз зинаҳои маърифат;

— шакли паҳншавии донишҳои илмӣ, тарбияи ғоявӣ;

— чорабиниҳои баҳри тарбияи ватандустӣ, меҳнатпарварӣ, зебоипарастӣ, табиатдустӣ, инчунин ҳамчун қисми таркибии раванди ташакулёбии шахсият равонагардида;

— шакли муносибати байнихамдигарии роҳбалад бо сайёҳон, муносибати дутарафаи сайёҳон ва шакли муносибати сайёҳ бо обекти мавҷуда.

Саёҳат як қатор вазифаҳои муҳимеро иҷро менамояд. Дар рафти саёҳат, роҳбалад ба сайёҳон ҷиҳати боздид аз объекти туристӣ кўмак менамояд (вазифаи аввал), оид ба ин объектҳо гирифтани иттилооти зарурӣ (вазифаи дуюм), дарқи моҳияти таърихии объект (вазифаи сеюм) бардошти донишҳои амалӣ ҷиҳати таҳлили объект (вазифаи чорум).

Саёҳат дорои нўҳ нишонаи ҳатмӣ мебошад:

— тўли вақт аз як соати академикӣ то 1 рўз;

— мавҷудияти сайёҳон- теъдоди гурўҳ (15-30 нафар) ва ё фардӣ;

— мавҷудияти роҳбаладӣ соҳибтахассус, ки саёҳатро пиёда мегардонад;

— мавҷудияти объекти намоишӣ;

— намоиш ва боздид аз обеъкти сайёҳӣ;

— ҳаракати ширкаткунандагони саёҳат мутобиқи нақшаи хатсайри мураттабгардида;

— шиносоӣ бо обеъктҳо ҳангоми таваққуф дар ҷойҳои муайян;

— намоиши мақсадноки обеъктҳои саёҳатӣ;

— фаъол будани ширкаткунандагони саёҳат.

Вобаста ба мазмун саёҳат мавзўӣ ва умумӣ мешаванд. Саёҳати умумӣ дар намоиши обеъктҳои гуногун асоснок гардидааст. Ҳангоми ин гуна намоиш сайёҳ таассуроти умумиро оид ба шаҳр, кишвар, вилоят, ҷумхурӣ, минтақа ба худ касб менамояд. Саёҳати мавзўӣ ба барасии як мавзўъ ё як масоил бахшида шудааст ва он ба омўзиши таърих, истеҳсолот, адабиёт, санъатшиносӣ, табиатшиносӣ (экологӣ), меъмории шаҳрсозӣ бахшида мешавад.

Аз рўи таркиби иштирокдорон саёҳат ба намудҳои зерин ҷудо мешавад: барои афроди калонсол: барои кўдакон ва наврасон: барои сокинони маҳаллӣ: барои хориҷиён. Аз рўи шумораи иштирокдорон бошад, саёҳат фардӣ ва гуруҳӣ мешавад. Вобаста ба тарзи ҳаракат, саёҳат ба пиёдагардӣ ва истифодаи намудҳои гуногуни нақлиёт ҷудо мешавад.

Аз рўи шакли гузаронидан саёҳат ба намудҳои зерин ҷудо мешавад, яъне саёҳати оммавӣ, саёҳати гардишӣ, саёҳати мусоҳибавӣ, саёҳат-консерт, саёҳат-намоишнома ва ғайра.

Саёҳат хусусияти донишпазирӣ низ дорад, яъне ҳангоми сафари саёҳати сайёҳ — тадқиқотчӣ барои худ донишҳои нав ба навро касб менамояд. Чунончӣ, амалиётҳои сайёҳи тоҷик Ашуров А.Т. ва сафарҳои ў ба Арктика, Антрактида инчунин ба мазеҳои яхбандиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гаштааст, ки тахассусияти касбии ў боло равад. Саёҳат василаи хубест, ки дар ташаккули ҷахонбинӣ ва ғанигардии маънавиёти одамон нақши муассир дорад. Саёҳат талаботҳои маънавии инсонро қонеъ мегардонад. Ғайр аз ин сайёҳон дар раванди саёҳат ба маконҳои хушманзараи табиат, олами наботот ва ҳайвонот, корхонаҳои азим, сохтмонҳои нав, санъати меъмории шаҳрсозӣ таассуроти навинро ба худ мегиранд.

Барномаҳои саёҳатие, ки аз ҷониби ширкатҳо омода мегардад, сохторан чунин аст (расми25).

Расми 25. Сохтори барномаҳои хизматрасонии сайёҳӣ

Як қатор марҳилаҳои тарҳрезишудаи хизматгузориҳои сайёҳиро ҷудо мекунанд:

— муайян намудани мақсад ва вазифаи саёҳат:

— интихоби мавзўъ:

— номгўи адабиёт ва тартиб додани фехрасти китобҳо;

— шиносоӣ бо экспозитсияҳо ва фондҳои осорхонаҳо аз рўи мавзўъ;

— номгў ва омўзиши иншоотҳои сайёҳӣ;

— саёҳати давродаврӣ;

— таҳияи матни назоратии саёҳат;

Бастубандии «ҷузъдони роҳбалади саёҳат»:

— интихоби усули равиши гузаронидани саёҳат;

— муайян намудани техникаи гузаронидани саёҳат;

— тартиб додани роҳкироҳои методологӣ;

— қабули (супоридани) сайр;

— тасдиқи саёҳат ба сифати маҳсулоти ширкати туристӣ.

Масъулине, ки гузаронидани саёҳатро ба уҳда доранд, дар ширкати туристӣ бояд кормандони махсуси омодашудаи касбиро, яъне гид дошта бошанд, ки онҳо тавонанд барои туристон хидмати заруриро анҷом диҳанд. Набудани гид — тарҷумон ё паст будани қобилияти касбии он метавонад дар аснои сафар таассуроти туристонро коста гардонад. Талабот нисбати гид — тарҷумонҳо гуногун мешавад, вале умдатарини онҳо ин талаботҳо мебошанд:

— дониши мукаммали маводи воқеӣ ва маҳорати тағйир додани матни он бо назардошти хусусиятҳои гурўҳи туристон, синну сол ва ҳайати иҷтимоии онҳо;

— дарки масъулият ба касби худ ва ҳисси бедор намудани муҳаббат ба шаҳр, кишвар дар миёни ширкаткунандагони гуруҳ;

— ба таври мунтазам васеъ намудани ҷаҳонбинии худ, сайқал додани маҳорати касбӣ ва донишҳои забони хориҷӣ, риоя намудани қоидаҳои меъёрӣ ва муносибати дурусти мутақобила бо туристон;

Уҳдадории гид — тарҷумон:

— дорои дониши хуб ва иҷрои ҷиддии қоидаҳои кабул ва хизматгузории туристони хориҷӣ;

— ҳамсафар будан бо гурўҳи туристон аз шурўи барнома то охири он;

— таъмини тарҷумаи шифоҳӣ дар вақти гузаронидани ҳамаи сайрҳое, ки аз ҷониби ташкилкунандагон пешбинӣ шудааст;

— назорати ҷиддӣ аз болои муассисаҳои ҷойгиркунонӣ ва равандҳои талаботҳо нисбати хизматгузорӣ ба туристони хориҷӣ;

— ба таври мунтазам фаъолияти илмӣ – маърифатии худро тамрин намояд (ба монанди омодагии маводи методӣ, дастури шифоҳӣ ва мураттаб намудани ҷузъдони роҳбаладон ва ғайра).

Ҳангоми ҷойгиркунонии туристон гид вазифадор аст:

  • ба кормандони меҳмонхона оид ба омадани гурўҳи туристон иттилоот дода, онҳоро муаррифӣ намояд;
  • ба маъмурияти меҳмонхона ҷиҳати ҷобаҷогузории туристон кўмак намояд;
  • аз болои пур намудани корти сабтӣ назорат намояд;
  • рўйхати туристонро бо нишондоди кортҳои меҳмонхонаи онҳо мураттаб намояд;
  • оид ба барномаи ташрифотӣ дар нуқтаи мазкур қаблан иттилоъ диҳад;
  • ҳангоми хориҷ шудани туристон аз меҳмонхона, дурустии супурдани калидҳои утоқҳо аз ҷониби онҳо ба маъмурро тафтиш намояд.

Ҳангоми кор бо туристон ба гид қатъиян мамнўъ аст:

  • худсарона тағйир додани хатсайри ба нақша гирифташуда;
  • ворид намудани тағйиротҳо ба барнома;
  • тағйир додани замони гузаронидани сайеҳат инчунин давомнокии он;
  • худсарона ташкил намудани боздид аз объектҳои берун аз нақшаи туристӣ.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *