Имкониятҳо ва вазъи бозори байналхалқии туризм дар замони ҳозира
Солҳои 70-ум Хитой ба бозори ҷаҳонии туристӣ фаъолияташро оғоз намуд. Бояд гуфт, ки дар мадди аввал агенти туристии Хитой имкониятҳои худро васеъ реклама намекард, вале хоҳишмандони ба Хитой сафар кардан хеле бисёр буд, ба ғайр аз ин шумораи онҳо беист меафзуд. Ин аз сабаби он буд, ки Хитой то ин дам қариб 30 сол аз ҷаҳони дигар дар афзалият буд.
Соли 1988 шумораи туристон нисбат ба соли 1979, 37 маротиба зиёд шуд. Дар тули ин 10 сол афзоиши ҳар солаи туритон дар ҶҲХ 25%-ро ташкил кард. Дар солҳои 1979-1988 барои Хитой ба сифати сарчашмаи асосии туристон Ҷопон ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико баромад мекарданд. Ба ҳисаи Ҷопониҳо 1/3 ҳисса ва ба Амрикоиҳо бошад аз 1/5 ҳисса рост меомад. Дар маҷмӯъ ҳиссаи Ҷопониҳо ва Амрикоиҳо нисфи ҳамаи туристонро ташкил медод . Ҳиссаи Англия, Фаронса ва Олмони Ғарбӣ 12-13%-и ҳамаи туристони ба Хитой сафаркунандаро ташкил мекард. Ба ҳиссаи Осиёи Ҷануби -Шарқӣ (Сингапур, Тайланд ва Филиппин) 11-12% -и туристон рост меомад.
Ба сарчашмаи сеюминдараҷаи бозори туристӣ Австралия ва Канада дохил мешавад. Ба ҳиссаи онҳо 10-11% -и туристон рост меомад.
Инак дар соли 80-ум вазни хоси Ҷопон. Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Англия. Олмони Ғарбӣ, Сингапур, Тайланд, Филиппин, Австралия ва Канада ҳамчун сарчашмаҳои туристӣ барои Хитой зиёда аз 85%-ро ташкил кард. Аз ин даҳ давлат, чортоаш дар Осиё ҷойгиранд.
Соли 1989 шумораи туристон дар Хитой якбора кам шуд. Якбора тағиротҳо дар азнавсозии бозорӣ туристӣ ба чашм мерасиданд. Вақте, ки ду сол пас сафаркунии туристон ба Хитой аз нав сар шуд, дар руйхати давлатҳо-сарчашмаҳои туристон Малайзия, Индонезия, Корея, Манголия ва Руссия пайдо шуданд.
Дар соли 1996 дар қатори 15 давлат калонтарин сарчашмаҳои туристон Ҷопон, Корея, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Руссия, Малайзия, Сингапур, Монголия, Филиппин, Англия, Тайланд, Олмон, Канада, Индонезия, Австралия, ва Фаронса буданд. Шумораи давлатҳои Осиё алакай ҳаштто буданд. Агар Руссияро зам кунем чунин мешавад, ки давлатҳои гирду атрофи наздик 60%-ро ташкил намуданд. Чунин азнавсози ба қонуниятҳои умумии бозори туристӣ ҷавобгӯ мебошад, зеро барои туристҳо аз давлатҳои хориҷи наздик бартариҳо ба мисли наздикӣ, хароҷотҳои кам, мусоидии мавқеи ҷуғрофи, адабтатсия ва ғайра вуҷуд дорад.
Соли 2000 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки бақайд гирифта нашудаанд ва ба ҳудуди Хитой ворид шудаанд 57,88 млн-ро ташкил дод. Ин назар ба соли 1999, 12,64% зиёдтар аст. Аз ҷумла 23,77млн. одам дар мамлакат ками кам дар муддати як шабонарӯз ҳузур доштанд, ин нисбат ба соли 1998 4,41% зиёдтар аст. Аз рӯи нишондиҳанда Хитой аз паси худ дар ҷаҳон ҷои шашумро нигоҳ медорад, иҷроиши барзиёди нақша 3,17%-ро ташкил дод. Даромади асъорӣ 12,074 млрд. долларро ташкил дод, ин нисбат ба соли 1999 18,37% зиёдтар аст. Аз рӯи ин нишондиҳанда Хитой аз ҷои нӯҳум ба ҳаштум гузашт. Ҳиссаи вай аз 0,82% дар соли 90-ум то 2,69% зиёд шуд.
Дар туризми Хитой бар ивази давраи афзоиши босуръат, давраи тараққиёти мӯътадил меояд. Мувофиқи ояндабинии раёсати Давлатии туристӣ дар соли 2010-ум шумораи туристон аз ҷумла онҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой камтар аз як шабонарӯз меистанд 54,4 -55 млн. одамро ташкил медиҳад. Даромади асъорӣ 14 млрд. доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод, хориҷиёне, ки ба Хитой меоянд албатта намояндагони маданиятҳои гуногун мебошанд. Лекин якчанд хусусиятҳои умумие, ки ба онҳо хосанд ҷудо кардан мумкин аст. Ин муносибат ба сайёҳӣ, ҳамчун воситаи худсобиткунӣ; хоҳиши саёҳати туристиро ба саҳифаи нави биографияи худ ва муносибатро ба сафарҳои туристӣ ҳамчун ба ҳодисаи ҷории ҳаёти худ табдил додан мебошад. Туризмро ҳамчун воситаи худсобиткунӣ шуморида одамон талаб мекунанд, то ба онҳо имконияти сафар кардан ба ҷойҳое, ки одатан хориҷиён кам мераванд ва дар онҳо имконияти ягон чизи нодирро дидан вуҷуд дорад, дода шавад. Барои ҳамин ҳам тамоили ҳавасмандии калон ба минтақаҳои дурдаст вуҷуд дорад. Агар пештар барои туристони Аврупоӣ ва Амрикоиӣ маршрути Пекин-Шанхай-Гуйлин нисбатан ҷозибанок бошад, дар солҳои охир шавқу рағбат ба шаҳрҳои Тянтсин, Хе-фе, Вени жоу, Вазиг нисбатан ҷозибанок шуданд. Туристони хориҷӣ бисёртар ба маршрутҳои махсус аҳамият медиҳанд, ки бо табиати «ваҳши» алоқа кунанд, бо табиати зинда ё ин, ки бо рафти реформ шинос шудан, мебошад.
Хориҷиёне, ки ба сафарҳо одат карданд, аз ҷои зист ва аз монеаи забонӣ наметарсанд, онҳо тез ба шароити зист одат мекунанд. Асосан танҳо, ё ин ки бо гурӯҳи начандон калон сафар мекунанд, онҳо меҳисобанд, ки сафарҳои колективӣ фақат талаботҳои индивидуалиро маҳдуд мекунанд.
Албатта, сафарҳои колективӣ ҳама вақт шахсони худро дар байни онҳое, ки ба хориҷа якумин мароти ба сафар мекунанд аз байни одамони сину солашон рафтагӣ меёбанд. Бисёрии туристон аз саёҳати пешаки прогрмаммаи тайёр карда даст мекашанд, кӯшиш мекунанд, ки худашон маршрутро тартиб диҳанд ва ба сафар раванд. Бо пайдошавии «Интернет» бисёри хориҷиён худашон авиабилетҳоро заказ мекунанд, ҳуҷраҳоро дар меҳмонхонаҳо брон мекунанд. Мувофики ин тамоил идораҳои туристӣ кӯшиш мекунанд, ки ба сервиси худ ин тасҳеҳотро дохил намоянд.
Торафт бисёри одамон дар ҷаҳон туризмро ҳамчун рӯйдоди оддӣ дар ҳаёти худ меҳисобанд, барои ҳамин ҳам вақте, ки хориҷиён дар як сол якчанд сафарҳо мекунанд, ғайр аз ин мӯҳлати ҳар як сафарҳо камтар шуданд, барои онҳо ин оддӣ шудааст.
Ба ин тамоил инчунин он, ки имрӯзҳо бисёри хориҷ иён роҳхатҳоро ҳамчун пештара як сол пеш ё ин, ки ним сол пеш заказ намекунанду, ҳама вақт ним моҳ – як моҳ пештар ва баъзан вақт як ҳафта пеш аз рафтан заказ мекунанд. Маълум аст, ки сафарҳое, ки ба дигар давлат мекунанд барои онҳо кори оддӣ шудааст. Инчунин ногаҳон баргардонидани роҳхатҳо зиёд шудаанд, агар дорандаи роҳхат мақсади аввалаи худро тағир диҳад. Барои ҳамин дар хамин ҷо ҳам аз идораҳои туристӣ қаишии калон талаб карда мешавад.