Фанни Туризм

Намудҳои туризми экологӣ

Треккинг ё ки туризми пиёдагард – яке аз намудҳои туризми паҳн гашта ба ҳисоб меравад. Туризми пиёдагард тайёри махсус ва лавозимоти махсусро талаб намекунад. Бесабаб нест, ки маршрутҳои пиёдагард машҳурияти худро гум накардааст, ва яке аз намудҳои серталаб ба ҳисоб меравад, барои минтақаҳои саноати инкишоф ёфта ва урбанизми (шаҳришавӣ).

Ин намуди туризм бисёртар дар мамлакатҳои инкишоф ёфта; ШМА ва Германия ба чашм мерасад, ки онҳо бештар вақтҳои истироҳати худро ба туризми пиёдагардӣ сарф мекунанд. Ҳамин хел амрикоиҳо истироҳат мекунанд дар пейзажҳои миллӣ, пайроҳа; аврупоиҳо бошанд; — ба маршрутҳои пиёдагардӣ Норвегия, туристон аз дигар мамлакатҳо бошад, барои тамошои пайроҳаи Инков ва Андек ва ғайра.

Аммо туристони пиёдагард ба табиат зарари эстетикӣ ва экологӣ мерасонанд. Зарари эстетикӣ бисёртар бо партовҳо алоқамандӣ дорад, ки бисёртар аз қафои худ гурўҳҳое, ки инструкторони бепарво доранд, партофта мераванд; зарари экологӣ бошад дар он зоҳир мегардад, ки туристон ба табиат зарари моддӣ мерасонанд; дарахтонро мебуранд, растаниҳои фойданокро барои табобат ҷамъ мекунанд, гулҳои нодирро мекананд ва ғайра.

Ба маршрутҳои пиёдагарди байналхалқӣ дохил мешавад;

— пайраҳои пейзажи Аппаласи дар ШМА масофаи умуми 3473 км дарбар мегирад; аз Аппала ва 14- штатхои Амрико мегузарад;

— пайроҳаи Инков дар Перу – роҳи қадима буда, дарозиаш 33 км, ҷойгир мебошад, дар маркази Андох аз шаҳри Куско то шаҳри Магу- Пингу;

— маршрути Альпҳои Япония дарозиаш 38 км, сар мешавад аз шаҳри Комикот, мегузарад аз куҳҳои Яри ва Хатока;

— маршрути Оверленд – Трэк дар ҷазираи Тастания дар Австралия дарозиаш 80 км, мегузарад аз манзароҳои Альпи ва умуман ҷойхои номокуи (необитаемой).

Сайёҳат бо нотуралистон – якқатор турҳои экологи гуногун вуҷуд дорад, ки роҳбари мекунанд; олимони – нотуралистон мисол турҳои ботаникҳо ба худ дохил мекунад; шиносои бо растаниҳои тропики, ҷанголҳо, степей, тундра ва хоказо. Чунин гуногуниро дар зоология, орнитологи (шиносои бо парандаҳо), этномоги (шиносои бо ҳашаротҳо), ихтиологи (шиносои бо моҳиҳо), геологи ва дигар турҳо.

Нақши асосиро дар сафар бо нотуралистон олимони, ки экскурсонтҳоро бо ҳаёти табиат шинос мекунанд, мебозанд.

Маълумотҳои онҳо ҷаҳонбини экотуристонро васеъ намуда нақши асосиро барои нигоҳдори табиат мебозад. Яке аз минтақаҳои байналхалкие, ки барои нигоҳбини парандагон машгул аст, инҳо ба шумор мераванд;

— ботлоки субтропики Эверглейда (ШМА);

— ҷангалҳои тропики Косто – Рико;

— ботлокҳои экосистемави дар маҳалли Пантанал (Бразилия);

— води калони Рифтова (Кения);

— каламрави парки миллии Какаду (Австралия);

— нимҷазираи Антарктида (Антрактика);

Минтақахои номбар шуда маънои онро надоранд, ки онҳо шавқовар мебошад, балки тарзи қабули хуби туристон ба ин минтақаҳо, шумораи онҳоро зиёд мекунад.

Сафару сайёҳат бо вилосипед – дар яке аз мамлакатҳо вилосипед намуди асоси нақлиёт ба шумор меравад, асосан ин давлатҳои Осиё мебошад. Бинобарин дар Аврупо тенденсияи истифодабарии микдори вилосипедҳо зиёд шуда истодааст, бо баробари ин ҳар як оила метавонад, як ё якчанд мошини сабукрав дошта бошад.Баргаштани ин намуди нақлиёт ба табиат зараре намерасонад. Мисол дар Финляндия ба ғайр аз роҳҳои автомобилгард, роҳҳои вилосипед сохта шудааст, ва аз он фаъолона истифода мебаранд.

Се шакли асоси вилосипед вучуд дорад; роҳи, куҳи, кроссови.

Вилосипеди роҳи – барои кучаҳо пешбини шудааст бо шинаҳои борик ва колисаи тунук; Вилосипеди куҳи бо шинахои рефлени паҳн ва рессарҳои махсус барои зарбаҳоро хис накардан; Вилосипеди кроосави – ду гибрид, аз вилосипедҳои номбаршуда фарқ мекунад, ва беҳтар мебошад. Яке аз маршрутҳои машҳури вилосипеди дар куҳҳои Скалисти Канада, ва парки милли Бонф ва Часпер ҷойгир мебошад.

Сафару сайёҳати савора (верхом) –аспсавор ва (вьючены) ҳайвонҳо дар туризми экологи васеъ истифода бурда мешавад, ҳам барои туристон ва ҳам барои боркаши лозим мебошад.

Туризми аспи (конный туризм) –яке аз намудҳои туризми паҳн гашта ба ҳисоб меравад .Туризми аспи дар тамоми ҷаҳон инкишоф ёфта истодааст. Маршрутхои саворагарди гуногун мебошад : онҳо аз махаллхои куҳсор ,аз уҷасткаҳои оби (переправа); аз уҷасткаҳои барфи ,ки аз 50-80см боло набошад метавонанд гузаранд. Маршрутҳои саворагарди маҳдудиятҳои худро дорад : аспсаворон набояд бо роҳи мошингард ҳаракат намоянд .

Дар байни маршрутҳои саворагардон, ки шуҳрати байналхалқи доранд, инҳо ба шумор мераванд: паркҳои милли ШМА, Колифорнияро мисол овардан мешавад, ки барои ба ин турҳо рафтан бояд як сол пеш ҷойро брон намудан лозим аст.

Тоҷикистон метавонад ин намуди туризмро дар Сари Хосори Вилояти Хатлон инкишоф диҳад.

Ба ғайр аз аспҳо барои гузаронидани турҳои экскурсиони аз дигар намуди ҳайвонот истофода мебаранд. Ҳамин тавр дар парки милли Читан дар Непала пешниҳод мекунанд, сайру сайёҳат бо филҳо .

Турҳои дохили оби –ҳам бо талабот ва маршрут аз дигар намуди туризм фарқ мекунад. Турхои байдари, каякинг, маршрутхо бо истифодаи катомаранг ва плотхо ва гайра: -сайру сайёҳат, ки ба муҳити атроф зарар намерасонад.

Шумораи чойҳое, ки дар ҷаҳон машҳуранд, инҳо ба ҳисоб мепаванд:-Дарёи Татшеншини ва Алекс (Аляска ва Юкон, ШМА ва Канада ) ;

-Маршрутҳо бо лодка ва байдарка аз дарёи тропики Пакуара (Косто-Рико );

-Круиз аз Манауса то ҷангалҳои троники (дарёи Аллозоика –Бразилия);

-Сайёҳат бо теплаход, парахот, ё ки лодка (ба дарёи Сепик, Папуа –Гвенаи Нав); ва ғайра .

Ин намуди туризмро дар дарёи Помир, Варзоб, Ромит инкишоф дода метавонем.

Сайёҳати баҳри –дар сафарҳои дарозмуддати баҳри ташкилкуни турҳои экологи бо истифода аз теплаходҳо, ки андозаашон хурдтар мебошад аз теплахотҳои баҳри. Ба хайати ин гуруҳ экскурсаводон, лекторони даъват шуда ба барномаи тур дохил мешавад: чорабиниҳои махсус, чамъовари ва утилизатсияи партовҳои модди.

Дар экскурсияи кутоҳмуддат, туристон дар соҳили баҳр зиндаги намуда барои ба баҳр баромадан аз лодкахои матордор ва аз байдаркаи баҳри истифода мебаранд.

Яке аз намудҳои паҳнгаштаи сафарҳои баҳри дайвинг ба ҳисоб меравад. Ба ин намуди туризми экологи диккати ҷиди бояд дод, чунки он алокаманд аст бо решшавандаги ва захираҳои табии зудшикан ва окибатҳои ояндаи ин намуди сафар.

Дайвинг –шиновари бо никобҳои махсус, ё ки гутовар шудан бо акваланг. Ҷойҳое, ки бисёртар ба ин намуди туризм, туристон меоянд, ин Рифҳои Каралливи , ки яке аз чоёҳои зебо ва ҳамзамон бо нозукиҳои табиат шинос шудан. Рифи Каралливи хеле масоҳатикалонро дарбар мегирад, аз тропикҳо ва субтропикҳои оби масофаи умумиаш бо баҳогузори мутахассисон ба 600 ҳазор км2 мерасад: тақрибан 60 фоизи он аз Укёнуси Ҳинд ва баҳри Сурх ,25 %аз Укёнуси Ором , 15% аз Баҳри Кариб мегузарад .

Ба намудҳои шиновари дохил мешавад:

-шиновари археологи ба худ дохил мекунад : -кофтуковҳои киштиҳои гаркшуда ,аз ҳама бисёртар дар ҷазираҳои Оркнейски дар шимоли соҳили Шотландия ҷойгир мебошад;

-иштирок дар тахлилхои илми : — шиновари дар обҳои хунук яккатор ҳавасмандони ин намуд дар он акидаанд, ки баҳрҳое, ки ҳарорати онҳо паст мебошад, дар таркиби онҳо намояндагони гуногуни оби шино мекунанд.

Яке аз каламравҳои байналхалқи, ки барои туризми экологии баҳри таалуқ дорад инҳо ба шумор мераванд: Гулугоҳи Принс Вилян (Аляска, ШМА )-круизхо ва шинокардан дар байдаркаи баҳри; гулугоҳи (пролив) Чонстон (Калумбия, Канада) –заврақи экскурсия бо байдар, тамошо кардани касадкаҳо ва ғайра .

Спелеотуризм ба монанди дайвинг мебошад. Хусусан ин намуди туризм нигоҳдори релефҳои асоси, беҳатари худи туристон ва беҳатар нигоҳ доштани комплекси табиат, чалбнамудан бафаъолияти соҳаи туризм. Захираҳои ин намуди туризм ин мағораҳо (пещеры) ва комплексҳои магораҳо мебошад. Шумораи магораҳое, ки бисёртар диккати туристонро ҷалб мекунад: Гори Новоафони- яке аз ёдгориҳои табиати Абхазия ба ҳисоб меравад. Гор (пещера) соли 1961 кушода шуда буд, дар соли 1975 тунели сунъи сохта шуд ва аввалин туристон ҳамон сол онро тамошо карданд. .Толорҳои гуногуни гор нотакрори онро муайяннамуда дар ҷаҳон шуҳрати баланд дорад. Андозаи ин магора: дарозиаш 260м, баландиаш 50м ва бараш 75м-ро ташкил мекунад.

Муҳофизати мағора – ин натанҳо нигохдори объектҳои туристии нотакрор, дар зинаи аввал нигохбини оби тозаи нушоки, нигоҳбини лабараторияи табиати нотакрор, нигохдори маълумот дар бораи эпохаи гузашта.

Шикори варзиши дар қаламравҳои муҳофизати табиат –яке азнамудҳои туризме, ки диққати ҷиддӣ ва боақлона(грамотно) ташкил намудани турро дар назар дорад. Одатан дар паркҳои миллӣ шикорнамудан манъ аст, вале дар як қатор паркҳои миллӣ шикоркардан мумкин аст; мисол парки миллӣ дар ҷазираи Гавай шикор ба хукҳои ёбоӣ, дар парки миллӣ Зеландияи Нав ба оҳу ва шоҳгавазнҳо шикор мекунанд.

Вобаста ба тавсияҳои (рекомендации) ТУТ/ ОПТ ва ЮНЕП бояд шартҳои зеринро барои ташкил намудани шикори варзиши иҷро шавад.

-муайяннамудани усули шикор;

-муносибкардани афзоиши ба даст омада ;

-камнамудани муддати мавсим ;

-минтақаҳое, ки дар онҷо шикор намудан мумкин аст ;

-ташкил намудан барои ҷамъкардани партовҳо.

Минтақаҳои байналхалқӣ ва марказҳои туризми экологӣ.

Аврупо: Масоҳати он 10498 хазор км2 дарбар мегирад. Тавсифномаи минтақаи Аврупо (дар чадвали 5) нишон дода шудааст. Нигоҳ накарда ба масоҳати на он қадар калон табиати Аврупо гуногун мебошад. Аврупо ҷойи намоёнро барои инкишофи туризм ишғол менамояд. Ба ҳиссаи ҳамаи мамлакатҳои Аврупо 18 фоизи аҳолии кураи замин зиндагӣ мекунад, зиёда аз 70 фоизи бозори байналхалқӣ туристи ва тақрибан 69 фоизи асъорҳои воридшуда рост меояд. Яке аз минтақаҳое мебошад, ки туристон зиёд ворид мешавад, ва намуди туризми экологӣ дар ин минтақа хело инкишоф ёфтааст.

Амрикои Шимолӣ –сеюм континенти кураи замин ба ҳисоб меравад. Масоҳаташ 24238хазор км2-ро дарбар мегирад ва ба он Греландия ва

ҷазираи Баҳри Кабир дохил мешавад. Маълумотҳои ченаки қаламрав зичи аҳоли ва сатҳи урбанизатсия нишон дода шудааст (дар ҷадвали 6).

Дар худи Канада 34- парки миллӣ мавҷуд аст, ки дар онҷо ин намуди туризм инкишоф ёфтааст. Ва яке аз ҷойҳои истироҳати (туристони хориҷи) ба ҳисоб меравад.

ҷадвали 5

п/п

Номгўи минтақаҳо Масоҳат

км2

Зичи аҳолӣ,наф.

ба 1 км2

Аҳолии

Шаҳр%

Аҳолии

деҳот%

1 Аврупои Шимолӣ 853090 30 84 16
2 Скандинаваи ҷанубӣ

ва Дания

456564 61 87 13
3 Ҷазираҳои Британи 315160 291 87 13
4 Мамлакатҳои Бенилюкс 73016 302 92 8
5 Германия 356910 229 86 14
6 Фаронса
7 Нимҷазираи Пиринс 597170 80 69 31
8 Нимҷазираи Альпи 301270 196 69 31
9 Мамлакатҳои Алпи 94275 175 58 42
10 Аврупои Маркази 522180 124 65 35
11 Балкани Ғарбӣ 162135 140 44 56
12 Балгория ва Гретсия 263164 95 65 35
13 Румыния, Молдова, Украина 867740 92 62 38
14 Мамлакатҳои Балтии ва Белоруссия 375656 49 69 31
15 Россия 17075400 9 74 26

ҷадвали 6

Таснифномаи асоси Канада, ШМА,Мекихо

Номгўи минтақаҳо Масоҳат км2 Зичии аҳолӣ наф ,ба 1км2 Аҳолии шаҳр% Аҳолии деҳот%
1 Канада 9220970 3 78 22
2 ШМА 9166600 28 75 25
3 Аляска 1518800 0.3 68 32
4 Гавай 16759 69 89 11
5 Мехико 1958200 46 74 26

Амрикои Маркази ва Ҷанубӣ аз ҳама кураи замин, ки дорои табиати гуногун ва нотакрор нигоҳ дошта шудааст. Маълумотҳо дар бораи қаламрав, зичи аҳоли ва сатҳи урбанизатсияи минтақаи Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ нишон дода шудааст (дар ҷадвали 7).

ҷадвали 7

№ п/п Номгуи минтақаҳо Масоҳат км 2 Зичи аҳолии наф ,ба 1км 2 Аҳолии шаҳр % Аҳолии деҳот %
1 ҷазираҳои БассейнииКабир 229005 153 45 55
2 Амрикои Марказӣ 509640 60 47 53
3 Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ 2879060 19 78 22
4 Амрикои Ғарбӣ ва Шимолӣ 2641230 16 64 36
5 Бразилия 8511970 19 77 33
6 Амрикои Ҷанубии ҷануб 3882790 13 83 17

Як қатор минтақаҳое ҳаст, ки дар онҷо туризми экологӣ инкишоф ёфтааст: Африка- масоҳаташ 30335 ҳаз км2 ; Осиё -43608 ҳаз км2 ; Австралия ва Океания –масоҳаташ 8508238 км 2-ро дарбар мегирад .

Тоҷикистон минтақаи туризми экологӣ.

Масоҳати қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳаз км 2-ро дарбар мегирад. Қаламрави ҷумҳури на он қадар калон бошад, ҳам 22% -и он минтақаи туристии экологӣ эълон шудааст. Яке аз функсияҳои асоси муҳофизати табиати беҳамто, ёдгориҳои таърихӣ ва меросӣ фарҳанги мамлакат барои наслҳои оянда .

Вобаста ба таҳлилҳое, ки соли 2004 гузаронида шуда буд масоҳати умуми қаламрави миҳофизати табиат 3,1млн гектарро ташкил медиҳад,, ки он ба худ 4 –мамнуъгоҳ, ки масоҳати умумиаш 173418 гектар,13-парваришгоҳ, ки масоҳаташ 313260 гектар, як парки милли, ки масоҳаташ 2,6млн гектар, як парки таърихии табии масоҳаташ -3000 гектар ва як парки табии масоҳаташ 3805 гекрарро ташкил медиҳад.

Парки миллӣ, мамнуъгоҳи табиӣ ва қаламравҳои асоси муҳофизати Тоҷикистон.

Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» соли 1938 ташкил шуда, масоҳати умуми 49,7 ҳаз гекрарро ташкил медиҳад. Аз тарафи ҷануби ҷумҳури дар баланди 300-500м ҷойгир мебошад. Мақсади асоси ташкил намудани он ин нигоҳ доштани бешаҳои туқайзори аҷиб ( 24ҳаз гектар бешаи туқайзор ), ҳамчунин ҷангали Осиёи Миёна номгузори шудааст. Афсус, ки дар мамнуъгоҳ паланг нигох дошта нашуд, аммо дар қаламрави мамнуъгоҳ оҳуи бухороӣ, гурбаи қамишӣ, бузи даштӣ, фазан, кофтори ало(гиена полосатая),, аз он ҷумла намояндагони фауна нигоҳ дошта шудааст .

Мамнуъгоҳ дар Вилояти Хатлон ҷойгир мебошад, ки аз шахри Душанбе то мамнуъгоҳ бо мошини сабукрав 4-соат роҳ мебошад. Нархи сафар то объект бо такси 7- долл ва бо автобус 4-долл амрикоиро ташкил медихад. На он қадар дуртар аз мамнуъгоҳ нуқтаи таҷили мавҷуд аст, ва барои туристон ва тамошобинҳо нуқтаҳои хуроки миллӣ барои туристон тайёр мекунанд. Нархи онҳо тақрибан барои ношуста(завтрак) 2-2,5 долл, хуроки нисфирузӣ (обед) 3-4 долл ва хуроки шом 4-5долл барои як турист рост меояд .

Ба ғайр аз пардохти хизматрасони, барои ҳар як турист дар қаламрави мамнуъгоҳ истоданашон 1долл амрикои пардохт мекунанд.

Мамнуъгоҳи «Ромит » соли 1959 ташкил шудааст, масоҳаташ 16,2 хаз гекрарро ташкил медихад. Қаламрави мамнуъгоҳ серхорсанг ва манзараҳои сангин иҳота мекунад, ки дар баланди 1176-3195м аз сатхи баҳр ҷойгир мебошад. Яке аз дастовардҳои ин мамнуъгоҳ: ин ба таври сунъӣ парвариш намудани оҳуҳои бухороӣ, нигоҳ доштани комплекси генофондии табии мебошад.

Мамнуьгоҳ дар хушманзараи Дарёи Ромит, на он қадар дуртар аз шаҳри Ваҳдат ҷойгир мебошад. Мамнуъгоҳ 80-км дуртар аз шахри Душанбе ҷойгир мебошад. Ворид шудан ба қаламрави мамнуъгоҳ ташкил мешавад, бо розиги маъмурияти мамнуъгоҳ ва бо наклиёти муайян карда шуда. Дараи Ромит минтақаи туризм эълон шудааст ва ба туристони воридшуда маъмурияти мамнуъгоҳ хизматҳои туристӣ, ва аз он ҷумла экскурсия бо забони англисӣ пешниҳод мекунанд.

Мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум » соли 1983ташкил шудааст, аз тарафи ҷануб қатор куҳҳои Дарвоз, масоҳаташ 19,7 ҳаз гектарро ташкил медиҳад. Мақсади ташкил намудани мамнуъгоҳ дар қаламрави Осиёи Миёна дар он буд: бузи винтороги, морхура ва аз он ҷумла гусфандҳои ёбоӣ, ки дар Осиёи Миёна мавҷуд аст, нигоҳ дошта мешавад .Мамнуъгоҳ дар Ноҳияи Шурободи Вилояти Хатлон чойгир мебошад.

Дар мамнуъгоҳ бештар намудҳои туризми экологӣ, варзиши –куҳӣ ва шикори сурати (фотоохота) инкишоф додан мумкин аст.

Мамнуъгох дорои флора ва фаунаи гуногун, аз он ҷумла дорои манзараҳои аҷиб мебошад. Яке аз хусусияти асоси ин мамнуъгоҳ дар он аст, ки дар онҷо бузҳои винторогӣ мавҷуданд, ки дар ҷаҳон шумораи онҳо хело кам мондааст, ва дар китоби сурхи байналмилали қайд шудааст.

Мамнуъгоҳи «Зоркул» соли 2000-ум ба ҷойи базаи парваришгоҳи Зоркул ташкил шудааст. Масоҳати умумияш 87,7 ҳаз гектарро ташкил медиҳад, ва дар қаламрави Мурғоб ва Ишкошими ВМКБ ҷойгир мебошад.

Мақсади ташкил намудани мамнуъгоҳ ин муҳофизати комплекси табиати Шарқи Помир мебошад. Системаи асоси қаламрави муҳофизатии табиати Тоҷикистон ҳама манзараҳои гуногуни табиатро дарбар мегирад.

Бо шарофати он тақрибан 1200- намуди растани, 85 -намуди ҳайвоноти ширхур, 10 –намуди ҳайвоноти хазанда ,49-намуди моҳи ,346-намуди

паранда, ки бисёри онҳо шуҳрати байналҳалки доранд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 162-объекти туристӣ мавҷуд аст парваришгоҳ: Дар қаламрави ҷумҳурӣ 13-парваришгоҳ ташкил шудааст, ки аз он 8-тояш комплексӣ мебошад: Зарафшони, Искандар кул, Чилдухтарон, Сангвори, Мазкури, Октоши, Қаратоғ, мақсади ин комплекси муҳофизати табиат дар нигоҳдори гусфанди севертсова, фазани зарафшонӣ, ғози куҳӣ ,гусфандӣ куҳӣ, паланги барфӣ пистаи редколесӣ ва ғайра мебошад.

-3 парваришгоҳи ботаникӣ:- Сайватини, Кусавилсайи ва Алмосини, ки барои нигоҳдори арчаи ҷангалӣ ва барқарор намудани ҷойҳое, ки унгерни Виктор меруяд, пешбинӣ шудааст.

-2парваришгоҳи зоологӣ Дашти Чум ва Камаров пешбинӣ шудааст, барои нигоҳдори бузи винтороги «морхур », нигоҳбини хирси тян –шуни ва ғайра.

Масоҳати умумии парваришгоҳ 31326гектар, ё ки 35 фоизи қаламрави ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Парваришгоҳи калонтарин Мозкули, ки дар Помир ҷойгир мебошад, масоҳаташ 66,9ҳаз гектар, ва аз ҳама хурдтарин дар Зарафшон дар куҳҳои «Фон» ҷойгир мебошад, ки масоҳаташ 2,3 ҳаз гектарро ташкил медихад.

Мақсади дигари ташкил намудани парваришгоҳ аз он ҷумла ин нигоҳдори захираҳои табии,муҳофизати манзараҳои аҷиб, қаламрави рекриатсионӣ ва ёдгориҳои табиӣ мебошад .

Парки миллии Тоҷикистон (ПМТ) соли 1992 20-май таҳти рақами №267 аз тарафи Вазирони ҶумҳурииТоҷикистон ташкил шудааст.

Мақсад-мустаҳкам намудани муҳофизати табиат, захираҳои табиӣ, намудҳои флора ва фаунаи нобуд шуда истода, минтақаҳои экологӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ табиат, ташкил ва инкишофи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парки миллии Тоҷикистон қисми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ), ноҳияҳои Ҷиргатол ва Тавилдараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад. Парки миллии Тоҷикистон калонтарин ва асоситарин қаламрави муҳофизати ҷумҳурӣ (ва Осиёи Марказӣ ) ба ҳисоб меравад.

Масоҳаташ 2,6млн гектар, ё ки 18%-ро ташкил мекунад аз масоҳати умуми Тоҷикистон ,60% -и қаламрави (ВМКБ) дарбар мегирад .

Парки миллии Тоҷикистон соли 2030 статуси биосфериро доро шуда ба ЮНЕСКО дохил мешавад. Дар ин равия кор карда истодаанд.

ПМТ – ба нақша гирифтааст, бо маҳаллҳое, ки дар гирду атрофи парк истиқомат мекунанд, ҳамкори карда ва барои (ҳама гуна чорабиниҳо, инкишоф додани системаи хизматрасони кумак расонанд), ва аз ҳисоби он мизди меҳнати ва даромади иловагӣ пайдо кунанд.

Парки табию фарҳанги «Ширкент» дар қариби шаҳри Турсунзода 70 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Парк пешниҳод мекунад : ташкил намудани турҳои куҳи-варзишӣ, рекриатсионӣ, тамошо кардани захираҳои табии ва ғайра.

Пеш аз ворид шудан ба қаламрав бояд заявка барои нақлиёти муайян додан даркор аст.

Парки табии «Сари Хосор» дар нохияи Балҷувон ҷойгир мебошад.. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Балҷувон минтақаи туризми байналхалқӣ эълон шудааст. Масоҳати парк зиёда аз 300км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Чи хеле, ки маълум шуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шароит барои инкишоф додани туризми экологӣ мавҷуд аст, барои мустаҳкам намудани он бояд:

-маблағгузорӣ ба ин намуди туризм;

— мутахассисон ба ин соҳа ;

-мустаҳкам намудани инфрасохтор ;

— беҳтар намудани сатҳи реклама дар соҳаи туризм;

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *