Фанни Туризм

Хусусиятҳои релеф, хамчун омили асосӣ барои тараққиёти туризми кӯҳсор

Табиати кӯҳсор пур аз тақозоҳо ва гуногуниҳост. Кӯҳҳо, ҳам ҷангалҳои мулоим ва қолини рангоранги кӯлҳо, биёбонҳои сангзори беканор, барфҳои дар офтобӣ ҷилодиҳанда, вулқонҳои оташфишон, пиряхҳои дароз, дарраҳои беохир, платои рости васеъ, мавзеи шаршараҳо, хазинаи асосии обҳои равон мебошанд.

К ӯ ҳ ҳ о – ин чашмаҳо, чарогоҳҳо, анборҳои яхини оби ширини бебаҳоянд. Кӯҳҳо аз захираҳои гуногуни табии: минералҳо, обҳо, заминҳо, наботот, чангалҳо хеле бойанд. Дар даҳсолаҳои охир намуди асосии туризм дар мавзеҳои кӯҳӣ – яъне туризми кӯҳӣ ба дараҷаи тез тараққӣ кард, ки ба ин намуд унсурҳои маърифатӣ, намуди туризми рекреатсионӣ ва фаъол дохил мешавад. Лекин ҳудудҳои кӯҳиро аз нуқтаи назари фаъолияти рекреатсионӣ кам омӯхтанд, аммо ин маънои онро надорад, ки кӯҳҳоро тамоман наомӯхтаанд.

Барои тараққиёти ҳамаи намудҳои туризми кӯҳӣ: маърифатӣ, хайкинг, треккинг, рафтинг, алпинизм, ғоромӯзӣ ва дигар намудҳо заминаҳои асосӣ хоҳ табии, хоҳ иҷтимоиву иқтисодӣ, аз он ҷумла таърихӣ хос мебошанд. Шароити кӯҳсор аз дашт фарқияти зиёд дорад. Сабабҳои алоҳидааш инҳо – зонаҳои ланшафтии баланд, экспозитсияи гуногуни нишебиҳои қаторкӯҳҳо, тақсимшавии релеф, структураи душвори геологӣ ва ғайра мебошанд. Ҳамаи ин факторҳо ланшафтҳои такронашавандаи кӯҳӣ ва манзараҳои кӯҳиро ташкил мекунад. Кӯҳҳо дар худ бардоштагиҳои васеъи қисми болоии заминро тасвир кардаанд, ки паси ҳам дар каторкӯҳҳо ва биёбонҳо бисёр ҷудо-ҷудо ва дар баландии 200 м. ҷойгир шудаанд.

Мавҷудияти релеф дар фаъолияти хоҷагидории инсонҳо хеле калон аст. Интихоби ҷой барои сокин шудан, ташкил намудани шаҳрҳо, ҷои қуллай барои сохтмон, электростансияҳои атомӣ, корхонаҳои рекреатсионӣ дар мисоли курортҳои баландкӯҳ, базаи лижаронии кӯҳӣ, ташкил кардани сайрхатҳои кӯҳӣ, ки барои омузиши релеф сафарбар мешуданд, хеле қуллайанд. Бо муайян кардани намуд ва шаклҳои релеф мумкин аст мавзеҳои барои азхудкунии хоҷагидорӣ, ҷойгиркунии чароғоҳҳо, даравкунӣ, кишту кори заминҳоро муайян кард. Релеф дар шаклпайдокунии ланшафтҳо ва иқлим мавқеи асосиро ишғол карда, фактории асосӣ ба шумор меравад.

Системаҳои кӯҳӣ ба таври анъанавӣ барои ташкил камудани фаъолиятҳои рекреатсионӣ хеле мусоиданд. Релефи гуногуни кӯҳ, ҷангалзорҳо ва дигар факторҳо, диққати одамони зиёдеро барои истироҳат ва табобат ба худ ҷалб намудаанд. Шаклҳои ҳархелаи релефи кӯҳии Осиёи марказӣ барои фаъолиятҳои рекреатсионӣ ҳам дар тобистон ва ҳам дар зимистон хеле мусоиданд, лекин аз сабаби норасоии омузиши баландкӯҳҳо, набудани инфраструктураи рекреатсионӣ, проблемаи нақлиёт барои тараққи додани фаъолиятҳои рекреатсионӣ дар мавзеҳои баландкӯҳи Осиёи марказӣ халал мерасонанд.

Заминаҳои гидрологии тараққиёти туризми кӯҳсор.

Кӯлҳои зиёде дар байни қаторкӯҳҳо, биёбонҳо ва теғаҳо, дар шакли ҳалқавӣ дар чуқуриҳои ноайён вуҷуд доранд. Якчанд намудҳои кӯлҳое вуҷуд доранд, ки махсусан барои кӯҳ мувофиқанд. Аз ҳама зиёдтар кӯҳои калон пайдоиши чуқури тектоникӣ доранд. Ҳавзаи кӯлҳое, ки пайдоиши тектоникӣ доранд, Хоҳ дар натиҷаи фурурафтани маҳали қишри замин, хоҳ дар натиҷаи ҳаракати тектоникӣ пайдо шудаанд. Ба намуди аввали кӯли чуқуртарин Байкал (1637 ) дохил мешавад, ки бо бисёр хусусиятҳояш ба кӯли кӯҳӣ мансуб аст, гарчанде на он қадар баланд аст (450 м). Фурӯхамии қишри замин, ки дар он ҷо кӯлҳои тектоникӣ ҷойгиранд, баъзан ярчкандҳо (партофтагиҳо) низ ҷойгиранд. Дар фурӯхамидаи тектоникии бузург яке аз кӯлҳои чуқури кӯҳии Осиёи миёна Иссиккӯл ҷойгир аст. Фурӯхамидаҳои тектоникӣ дар ҳавзаи асосии кӯли калонтарини пасикавказ кӯли Савсан дида мешавад. Пайдоиши ҳавзаи тектоникӣ дар Анд, Америкаи ҷанубӣ, кӯли Титикака дорад, ки яке аз кӯлҳои катонтарини баландкӯҳ (3812 м) ба ҳисоб меравад. Кӯли Қаракул дар Помир дар баландии 3914 м аз сатхи баҳр ҷойгир аст, ки пайдоишаш тектоникист.

Дар мавзеҳои кӯҳӣ замин дар баландии 1000м вокеъ аст, ки мувофиқи маълумотҳои М.И.Лвович қариб 1\5 ҳиссаи хушкиро ташкил мекунад, ки сеюмин захираи ҷаҳонии оби тоза ба ҳисоб меравад. Зичшавии шабакаи дарёҳо дар кӯҳ нисбат ба дашт хеле зиёдтар аст. Дарёҳое, ки аз баландкӯҳҳо сар мешаванд, аз ҳисоби пиряхҳо ва обу барфҳо ғизо мегиранд. Обҳояшон дар тобистон бисёр мешаванд. Оби дарёҳои кӯҳӣ барои обёрии заминҳое, ки дар дохили биёбонҳои кӯҳӣ ва ҳавзаҳо ҷойгиранд, аҳамияти калон дорад. Бо шарофати ин дарёҳо мардум биёбонҳоро обберӣ карда, дар биёбон ва нимбиёбонҳои мавзеҳои Осиёи миёна ва марказӣ, қисмати шимолу шарқии Ҳиндустон, дар Кавкази шарқӣ ва Африкаи шимолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар тараққиёти туризми кӯҳӣ мавқеи дарёву кӯлҳои кӯҳӣ ниҳоят калон аст. Намудҳои фаъолияти туристӣ, дар кӯҳ ташаккул додани намуди туризми рафтинг, оббозӣ дар дарёҳо ва кӯлҳои кӯҳӣ, варзишӣ, моҳидорӣ дар кӯлҳо, ки моҳӣ доранд ва инчунин туризми маърифатӣ аҳамияти калон доранд.

Шаршараҳои кӯҳӣ барои сохтмони гидроэнергетикӣ васеъ истифода мешаванд. Инчунин

Шаршараи Ғузғарф (Варзоб)

шаршараҳо барои туристон хеле диққатҷалбкунандаанд, онҳо объектҳои асосии туристӣ ба ҳисоб мераванд.

Олами набототи кӯҳсор.

Наботот, зонаҳои баландтарини қабати хокро иҳота кардаанд, ки геоботаникҳо ва ботанику географҳо онҳоро қабатҳои баланди хокӣ ном мебаранд. Аз сабаби тақсимшавии релеф дар кӯҳ шудгор кардани қисмати болоии кӯҳ назар ба дашт душвор аст. Ҷангал ҳамчун минтақаи муътадил, барои дарахтзоркунӣ ва чубтайёркунӣ истифода мешавад. Сухторҳо барои ҷангалҳои кӯҳӣ зарари калон мерасонанд, лекин ба ин нигоҳ накарда наботот дар кӯҳ нисбат ба дашт бештар нашъунумӯ меёбанд. Тарзи муҳофизатиашон гуногун аст. Он ҷо нисбат ба ҳудудхои аҳолинишин муҳофизат камтар аст. Барои мисол К.Каррилиндал кайд кардааст, ки дар давлатҳои европа муҳофизати табиати навбунёдёфтаи Пиренеев дар муқоиса бо дигар кӯҳҳои Европа беҳтарин аст. Дар муқоиса бо онҳо ӯ Кавказро мисол овардааст, ки дар ин ҷо бо меъёри калон набототи табии муҳофизат шудаанд, аз ҷумла ҷангалҳо. Ҷангалҳои кӯҳӣ дар равандҳои ҳаёт ва муҳофизати ланшафтҳо мавқеи асосӣ доранд. Мавқеи онҳо дар мубориза бар зидди равандҳои эрозионӣ, муҳофизати хок, ҳифзи обҳо хеле калон аст. Ҷангалҳо мавқеи асосиро дар муҳофизати табиат мебозанд, инчунин ҳаракати тези обро сустар гардонда, аз селфароиҳо муҳофизат мекунанд. Дар минтақаҳои болои дарахтон ҷангалро аз вайроншавӣ ва нестшавӣ муҳофизат мекунанд. Барои тараққиёти туризм ва дигар намуди истироҳатҳо дар табиат, мавқеи ҷангалҳо дар муҳофизати ҳолати аслии муҳит хеле калон аст. Онҳо аз ҳар намуди ифлосиҳо муҳитро тоза мекунанд. Дар байни рекреантҳо истироҳат дар ҷангал ҷои дуюмро мегирад, пас аз истироҳат дар об. Дар замони ҳозира анъанаи фоидаи ҷангалҳо ба саломатӣ ва захираҳои ҷангалӣ хеле паҳн шудааст. Тадқиқотчиён якчанд таъсиротҳои психоэмотсионалии ҷангалро барои саломатии инсон кор карда баромаданд. Хусусиятҳои фоиданоки ҷангал дар он аст, ки онҳо барои истироҳат, оромкунии асаб ва табобат роли калон мебозанд. Кабудизорҳо – воситаҳои асосии оромкунии асаб мебошанд. Факторҳои табобатӣ дар ҷангал – оромӣ, ҳавои мулоим, бӯи хуш ва гиёҳои табобатӣ мебошанд. Мувофиқи таҷрибаи мутахассисон истироҳати фаъол метавонад касалиҳои дилро паст кунад ва фишори хунро ба як андозаи муайян нигоҳ дорад. Набототи табии кӯҳсор на танҳо гуногунанд, балки нисбати набототи дашт бойтаранд. Растаниҳо дар кӯҳ бешубҳа бисёртар барои ҳолати аслии инсон ёри мерасонанд. Набототи чӯбини кӯҳ барои хоҷагии

ҷангал роли калонро мебозанд. Мавҷудияти факторҳои табобатии ҷангалҳои кӯҳӣ — ин рекреатсия ва баҳои курортии онҳо мебошад.

Олами ҳайвонот

Фаунаи кӯҳҳо нисбат ба фаунаи дашт қисман камтар аст. Намудҳои хеле кам барои биёбонҳо, даштҳо ва кӯҳҳои Осиёи марказӣ хос мебошанд. Дар кӯҳҳои Қрим бисёрии ҳайвонҳо вуҷуд надоранд. Сабаби асосиаш ин ҳолатҳои гуногуни экологӣ, ба ғайр аз ин дар равандҳои эволюсионӣ бисёрии ҳайвонҳо ба шароити кӯҳ ва аз ҷумла дар қаторкӯҳҳо тоқат карда натавонистанд. Ҳамин тавр намудҳои махсуси

Гусфанди Марко Поло (архар)

ҳайвонҳои кӯҳӣ пайдо шуданд. Ба монанди зоти бараҳои кӯҳӣ дар кӯҳҳои Евроосиё ва шимолу ғарбии Америка. Махсусан, хусусияти кӯчиши фаунаи баландкӯҳҳо хеле маҳдуд аст. Ба ин мисол шуда метавонад: барраи кӯҳии-архар, ки дар баландкӯҳҳои Помир, Тиёншон ва Тарбагатая дида мешавад. Дар кӯҳҳо бисёр ҳайвоноти шикорӣ ва қиматбаҳо, ки гӯшт ва пашми қиммат доранд, зиндагӣ мекунанд. Ҳайвонҳое ҳастанд, ки ба инсон зарар мерасонанд. Масъалан ба чарогоҳҳо омада, ҳайвоноти хонагиро тӯъмаи худ мекунанд. Инчунин мавҷудияти наботот ва ҳайвонот барои тараққӣ додани туризми маърифатӣ, шикорӣ, биологиву экологӣ ва дигар намудҳои туризм хеле бузург аст.

Ланшафти кӯҳсор.

Ба ланшафтҳои кӯҳӣ хусусиятҳои муайяни ҳудудҳои кӯҳӣ, мавзеҳои кӯҳӣ, шароитҳои комплексҳои табии кӯҳ таъсир мерасонанд. Зонаҳои баланди ланшафти кӯҳӣ хислатҳои муайяни байни гармӣ ва намиро муқаррар мекунад. Синфи ланшафтҳои кӯҳӣ ба якчанд зерсинфҳо ҷудо мешавад: баландкӯҳ, миёнакӯҳ, пасткӯҳ, ҳавза ё чоҳҳои байникӯҳӣ ва ғайра. Қонуни асосии муфассали дифференсиалии ланшафти кӯҳ – зонаи баландкӯҳ мебошад. Дар спектори зонаи баландкӯҳ рахҳо маълум мешаванд. Ҳар як рах дорои комплекси муайяни шароити табии мебошад. Зонаҳо ба типҳои ланшафтҳои кӯҳӣ тақсим мешаванд. Барои мисол дар Кавказ ланшафтҳои доманакӯҳҳо ва пасткӯҳҳо дар шаклҳои ҳархела фарқ мекунанд. Дар нишебии шимолии Кавкази бузург ин ланшафтҳо дар минтақаи муътадил, дашт ва дашту ҷангалҳо – дар ғарб ва марказ бошад– нимбиёбон ва дашт мебошанд. Дар доманакӯҳҳо ва пасткӯҳхои Пасикавказ ланшафтҳои субтропикӣ ҷойгиранд, дар ғарб ва ҷанубу шарқӣ – ҷангалҳои намнок, вуҷуд доранд. Дар доманакӯҳҳо зонаи кӯҳии ҷангалӣ ҷорист.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *