Фанни Туризм

Водии Ҳафткул (маълумоти умуми)

ВОДИИ ҲАФТКӮЛ

Дар рӯи замин мавзеҳои зиёде мавҷуд аст, ки табиат ба инсон зебоиҳои худро ҷилвагар месозад, вале ба гумон аст, ки чунин ҷойе пайдо шавад, ки дар удуди начандон бузурги миёни ҷинсҳои кӯҳии нотакрор, дар доманакӯҳҳои барфпӯши бо марғзору ҷангалҳо иҳотагардида ва дар зери осмони софу нилгун кӯлҳои рангобаранг ҷойгир ва оби он тобишҳои гуногуне аз ранги сабзи паст то бунафши баланд дошта бошад.
Буриши мураккаби қаторкӯҳҳо ва обшавии пиряхҳо тӯдаи пораҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва кӯҳпораҳоро ба ҳаракат оварда, барои дар дараву мавзеҳои ҷудогона пайдо шудани кӯлҳо боис гардидааст. Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад. Кӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лагжида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст. Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарҳ мекунад. Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад. Онҳоро баъзан яке аз ҳафт мӯъҷизаҳои олам низ ном мебаранд. Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кӯли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст ва тамошои кӯлҳои баландтар душвортар аст, зеро роҳи он мушкилгузар аст. Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад. Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шӯхи Шинг низ ранги осмонӣ медиҳад. Вақте дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад.
Дар бораи пайдоиши кӯлҳои мазкур ривояте мавҷуд аст, ки замоне дар ин дара оҳангаре сукунат доштааст, ки соҳиби 7 духтари нозанине будааст. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро дида, ба ӯ ошиқ мешавад.

5

33

Падари духтар розӣ буд, ки ӯро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки ҳамсари ин марди пир гардад. Ва духтари зирак ба чунин қарор омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро мегузорад, зеро бовар дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ӯ ҳеҷгоҳ баромада наметавонад. Ҳокими солхӯрда гӯё аз нерӯи ишқ болу пар гирифта бошад, ки шарти гузоштаи духтари оҳангарро дар зарфи 40 рӯз ба ҷо оварда, як қасри зебои тиллоие бунёд намуд. Духтари ҷавон чораи дигаре наёфта, дар рӯзи тӯй бо либоси арӯсӣ аз боми қаср худро ба замин меафканад ва ҷон медиҳад. Гӯё дар ҷойи фавти ӯ кӯли Мижгон пайдо шуда, кӯлҳои дигар аз ашки хоҳарони ӯ ба вуҷуд омадааст.Дар муқобили ин ривояти халқӣ геологҳо мегӯянд, ки ин кӯлҳо бар асари заминҷунбӣ арзи вуҷуд кардааст. Қобили зикр аст, ки номи кӯлҳо як маънои рамзие дорад ва ба ҳолату хусусиятҳои он робита дорад. Масалан: яке аз кӯлҳо Ҳушёр ном дорад, зеро дар гирду атрофи он морони заҳрноки хавфнок хеле зиёд гашутугузор мекунанд ва Ҳушёр номидани он шояд бо он сабаб бошад, ки одамонро огоҳ месозад, то эҳтиёт шаванд. Кӯли дигар Ҳазорчашма ном дошта, он аз оби мусаффои ҳазорон чашмаҳо ва дарёчаҳои хурд ба монанди Ҳисору Дарахти Сурх пур мешавад. Дар атрофи кӯл дарахтони тӯс месабзад. Мегӯянд, тухми ин дарахтро ба инҳо паррандагон овардаанд. Дар замони қадим аз инҳо як шохаи Роҳи Абрешим мегузаштааст.
Кӯҳҳои Фон қисмати баландтарини қаторкӯҳҳои Зарафшон буда, аз шарқ бо дарёи Фондарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кӯлҳои Марғузор ва дарёи Шинг иҳота шудааст. Дарёҳои ҳавзаи Зарафшон, аз ҷумла дарёи Шинг аз миёни водиву дараҳои танги кӯҳсорон ҷорӣ гардида, дар макони обгурези дарёҳо дар кӯлҳои дар ин ҳавзабуда танзим мешавад. Дар мавзеи гирду атроф дарахтони тӯс, ангат, сафедор, бутаи зирк, настаран, қот ва табулға руста, кӯҳдоман ва дараҳо бо растаниҳои марғзорӣ, теппагӣ ва нимбиёбонӣ, аз қабили сечак, астрагал, пиёз, явшон, пудина, ҳулбӯй, тимён ва амсоли ин пӯшонида шудааст.
Водии Ҳафткӯл натанҳо бо кӯҳҳову кӯлҳо ва дарёҳояш, балки бо мавзеҳои таърихиву макони муқаддасаш низ машҳур аст. Аз водии Ҳафткӯл тавассути ағбаи Товасанг ба кӯлҳои Кӯли калон ва Искандаркӯл сафар кардан мумкин аст.

15

4

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *